Бештар аз як миллион хитоӣ аз хонаводаи уйғуртаборон маскан гирифт

Бештар аз як миллион хитоӣ аз хонаводаи уйғуртаборон маскан гирифт

Ҳукумати Хитой бештар аз як миллион хитоии маҳаллиро ба хонаводаи мусулмонҳои уйғуртабор ҷойгир кард. Онҳоро муваззаф намуд то ин ки дар хусуси тарзи зиндагонии уйғурон, хоссатан  роҷеъ  ба риояи онҳо ба арзишҳои дини Ислом,  маълумот гирд оваранд.

Дар хабар омадааст, ки ин меҳмонони нохонда ба хонаводаи Уйғурҳо ҳамчун » пайвандонашон» ворид мешаванд, вале дар асл ҷосус ҳастанд ва онҳо дараҷаи майли оилаҳоро ба дини Ислом мушоҳида менамоянд ва дар ин хусус  ҳукуматро хабардор месозанд.

Дар ҳисоботи омодакардаи инсоншиноси амрикоӣ Даррен Байлер, «пайвандони хитоӣ» ҳангоми зист бо уйғурон намоз хондан ва ё нахондан, рӯза доштан , риояи сатру ҳиҷоби занону духтаронро, аз ҷумла дараҷаи истифодабарӣ аз калимоти исломиро  дар оилаи онҳо, мушоҳида мекунанд ва филфавр ба дафтарчаи ҷайбӣ қайд менамоянд. Ҳатто истифодабарии «Ассалому алайкум» ва «Дуруду паём» бо ҳамсоягон боиси таваҷҷӯҳи хос мегардад. Тавъам шавқу салиқаи  вакилони оиларо ба бозиҳои қарта,  муносибати  аъзои хонавода ба барномаҳои телевизионӣ, силсилафилмҳо замонавӣ низ тафтиш карда мешавад.

Чунончӣ пешниҳоди сигор ва ё машруботи масткунанда аз ҷониби хитоиҳо, агар  мусулмон рад кунад, тавъам  парҳез намудани занҳо аз дастфишорӣ бо  «ақрабомард» ва ҳоказоҳо низ ҳолатҳое ба шумор меравад ки қайди он ҳатмист.

Ҳадаф, муайянкунии мусулмонҳое мебошанд ки лоиқи интиқол ба лагерҳои махсус ҳастанд.

Тибқи омори интишоркардаи Маркази Ҷамъияти Осиё, маълумотҳои зикрёфта барои муайнкунии турктаборони уйғур  низ роҳандозӣ шудааст. Дар ҳисобот гуфта мешавад, ки танҳо соли 2014 бештар аз 200 ҳазор, соли 2016 110 ҳазор, соли 2017 бошад бештар аз як миллион хитоиҳои таҳҷоӣ барои вуруд ба ҳамзистӣ ба хонаводаи  уйғуртаборони деҳот, фиристода шудааст.

Худи ҳукумати Хитой низ ин хабарро расман тасдиқ намуд. Вале ин ҳолат дар матбуоти Хитой ҳамчун  пойдории алоқаҳои дӯстона байни гурӯҳҳои этникӣ ва кӯмакрасонӣ ба шаҳрвандони кишвар, аз ҷумла бо мақсади  пайдо кардани тартиби «ҳамшарикӣ» байни соҳибкорон ва амалдорон,  талқин карда мешавад.

Сарчашма — Сомонаи Туркистон

http://tj.turkiston.biz

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads