https://www.facebook.com/hizb.tojikiston.5/videos/104409960831948/
Ҳизби Таҳрир – ҳизби Исломӣ ва сиёсӣ мебошад. Ғояи он аз нав эҳёкунии ҳаёти Исломӣ буда, онро бо воситаи барқарорсозии Давлати Хилофат амалӣ мегардонад.
Тариқати Ҳизби Таҳрир – аз ҳаёти дар Макка гузаронидаи Пайғамбари Аллоҳ (с.а.в.с) то бунёди Давлати Исломии аввалин гирифта шудааст. Бинобар ин, тариқати мо танҳо бо корҳои ақидавӣ-сиёсӣ маҳдуд мегардад. Ҳизби Таҳрир аз тариқати корҳои зӯроварӣ истифода намекунад ва гурӯҳҳои силоҳбадастро маблағгузорӣ наменамояд.
Тариқати Ҳизби Таҳрир бо тағйирёбии ҳолатҳои сиёсӣ, тағйир намеёбад, бинобар ин, воқеаҳои сиёсии дунё ва Тоҷикистон ба тариқати Ҳизб ягон зарра таъсир расонида наметавонад. Асос ва сарчашмаи фаъолияти Ҳизб Қуръон ва Ҳадисҳои Пайғамбар Муҳаммад (с.а.в.с) мебошад, бинобар ин, Ҳизб ҳатто ба зулм ва шиканҷа дучор гардад ҳам, аз воқеаҳои сиёсати беруна мутаассир намегардад. Имрӯзҳо ин гуна зулм аз тарафи намояндагони тоғут нисбати аъзоёни ҳизб мушоҳида мегардад.
Оё медонед, ки:
- Ҳизби Таҳрир соли 1953 аз тарафи як гурӯҳ олимони Исломӣ, таҳти роҳбарии Суди Исломии шаҳри Ерусалим Тақиюддин ан-Набаҳонӣ таъсис дода шудааст.
- Дар Ӯзбекистон аз охирҳои солҳои 90-ум сар карда, тахминан 10 000 нафар аъзоёни Ҳизби Таҳрир ба ҳабс гирифта шудаанд.
- Ҳамаи ташкилотҳои ҳуқуқҳои инсонӣ, ҳам дар дунё ва ҳам дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъқибкунии аъзоёни Ҳизби Таҳрирро мутлақо беасос ва ғайриқонунӣ шуморида, талаб доранд, ки ин гуна рафтор нисбати Ҳизб фавран қатъ карда шавад. (Human Rights Watch, Amnesty International, Мемориал, Гражданское содействие, «За права человека», Центр «Сова», «Права человека в Центральной Азии»).
- Роҳбари ҳозираи Ҳизб, олими усули фиқҳ (асосҳои ҳуқуқҳои исломӣ), муҳандис, Ато Абӯрашта ҳар сол ба рӯйхати панҷсад нафар мусалмонони нуфузноктарин, дар нашрияи “The Muslim 500”, бахши “Сиёсатмадорон” дохил карда мешавад.
- Баъди он ки Ато Абӯрашта барои шоҳи Иорданияро танқид карданаш 3 сол аз озодӣ маҳрум гардид, соли 1998 ташкилоти ҳимояи ҳуқуқҳои инсонӣ “Amnesty International” ӯро “зиндонии виҷдон” номида буд.
- Ҳизби Таҳрир ягон намуди маблағгузории берунаро — хоҳ аз тарафи давлат бошад, хоҳ аз тарафи шахс қабул намекунад. Сарчашмаи ягонаи молияи Ҳизб маблағи ҳаққиаъзогӣ мебошад, ки ҳар моҳ аъзоёни ҳизб месупоранд.
- Ҳизби Таҳрир ҳизби Исломӣ ва сиёсӣ мебошад, ки фаъолияти он дар зиёда аз 40 кишварҳои дунё густариш ёфтааст. Ин ҳизб аз рӯзи таъсисёбиаш, дар таърихи ҳастии худ ягон маротиба самт, манҳаҷ, дастовардҳо ва ғояи худро тағйир надодааст.
- Марказ-офиси иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар шаҳри Бейрути Ливан қарор дорад.
Давлатҳое, ки фаъоияти Ҳизб густариш ёфтааст:
Иодания,Фаластин,Ироқ, Ливан, Туркия, Руссия, Яман, Скандинавия, Ӯзбекистон,
Миср, АфриқоиҶанубӣ, Индонезия, Бангладеш, Судан,Бритониё, Покистон,Қирғизистон,
Амрико, Сурия, Афғонистон, Нидерландия, Тунис, Австралия, Марокко, Австрия,