Ҳизби Таҳрир умматро ба ҳалли муаммои тақдирсоз бурда мерасонад.

Ҳизби Таҳрир умматро ба ҳалли муаммои тақдирсоз бурда мерасонад.

Ҳангоме ки Аллоҳи Таъоло Паёмбарро (с.а.с) бо дини навтарин фиристод ва замоне ки Паёмбар (с.а.с) ба ақидаҳо, мафҳумҳо ва анъанаҳои куфр мухолифат карда, мардумро ошкоро ба ин дин даъват карданро оғоз намуданд, кофирон бо муқовимат ва хоҳиши зарар расондан Паёмбарро (с.а.с) истиқбол намуданд. Мушрикон кӯшиш карданд, ки Паёмбарро кушанд ва ба даъвати ӯ хотима бахшанд. Онҳо кӯшиданд, то ӯро ба Аммора ибни Валид ибни Муғира, ки барҷастатарин ва зеботарин ҷавонони Макка буд, иваз кунанд. Қурайшҳо Амморро ба назди Абӯтолиб оварданд, то ӯро ба фарзандӣ қабул кунад ва ба ивазаш Муҳаммадро ﷺ, ки мехостанд бикушанд, ба онҳо диҳад. Мушрикон воқеан ба муомилоти муваффақ умед доштанд, зеро медонистанд, ки Абутолиб ҳанӯз Исломро қабул накардааст.  Аммо, Абутолиб ба онҳо чунин посух дод: «Чӣ бад аст он чӣ ба ман пешниҳод мекунед! Оё шумо дар ҳақиқат мехоҳед писари худро ба ман диҳед, то ман ӯро нигоҳубин кунам, вақте ки ман ба шумо писарамро медиҳам, шумо ӯро мекушед?! Ин ҳеҷ гоҳ рӯй нахоҳад дод!» Инчунин, Уқба ибни Абӯмуайт, ки яке аз шахсони бо шакли қабеҳтарин озордиҳандагони муслимон буд, кӯшид то Расулуллоҳ(с.а.с)-ро бикушад. Вақте ки Расулуллоҳ (с.а.с) намоз мехонданд, Укба аз қафо ба наздашон омад ва либосашро багардани Паёмбари Худо печонида, буғӣ карданро сар кард, то даме ки Абубакри Сиддиқ наздик шуданд ва ӯро тела дода гуфтанд: «Оё шумо воқеан одамеро, ки » Парвардигори ман Аллоҳ аст,» — мегӯяд, мекушед? Охир, ӯ бо нишонаҳои равшан аз Парвардигоратон бар шумо зоҳир шудааст».

Абӯҷаҳл низ ба қатли Расули Худо(с.а.с) кӯшидааст. Боре ӯ бо қавми худ мулоқот баргузор намуд ва онҷо гуфт, ки Расули Худо (с.а.с) худоёни онҳоро сарзаниш карда, динашонро мазаммат мекунад ва сипас куштани Эшонро пешниҳод намуд ва онро амали хайр ва ягона роҳи халосӣ аз даъваташон номид. Одамони ҷамъомада забон як карданд, ки Паёмбарро (с.а.с)ҳангоми намоз хонданашон бикушанд. Онҳо интизори фурсат шуданд ва вақте ки Расули Худо ба замин саҷда карданд, Абу Ҷаҳл сангеро гирифта назди ӯ рафт, аммо Худованди Бузург Паёмбарашро наҷот дод. Ғайр аз ин  Расули Акрам (с.а.с) аз тарафи Абӯлаҳаб ва завҷааш Умм Ҷамила низ борҳо ба озору таҳқир гирифтор шудаанд. Боре мушрикони калонсоли Макка дар макони анъанавии Дар-Надва ҷамъ омада, бо Расули Худо (с.а.с) чӣ гуна мухолифат карданро муҳокима намуданд, то роҳи халос шуданро  интихоб намоянд. Бисёр кӯшишҳои гуногуни куштор ва таъқибро номбар карданд, инчунин дар тӯли се сол дар як дара Раулуллоҳ(с.а.с)-ро  муҳосира намуданд.

Мушрикони Макка медонистанд, ки Расули Худо (с) дини наверо овардаанд ва бо он тамоми динҳои дигарро хомӯш карданианд. Аз ин рӯ, онҳо кӯшиданд, ки дини навро ҳангоми тавлидаш  буғӣ кунанд  ва ба афзоишу қувват гирифтани он монеъ шаванд. Аммо ҳамаи ҳаракатҳои онҳо натиҷа надод, онҳо Расуллоҳ(с.а.с)-ро дошта натавонистанд. Эшон(с.а.с) амалҳои таҷовузкоронаи онҳоро нодида гирифта, даъвати Исломро идома доданд, зеро таъсиси дин вазифаи асосии Он Ҳазрат (с.а.с) буд. Расулуллоҳ(с.а.с) барои ҷони худро қурбон кардан ҳар замон омода буданд, аммо ягон лаҳза аз кори худ бознаистоданд. Эшон кӯшиданд, то бар болои инсонҳо ягона Ислом ҳукмрон бошад. Аллоҳи Субҳонаҳу ва Таъоло мефармояд:

 

هُوَ الَّذِي أَرْسَلَ رَسُولَهُ بِالْهُدَى وَدِينِ الْحَقِّ لِيُظْهِرَهُ عَلَى الدِّينِ كُلِّهِ وَلَوْ كَرِهَ الْمُشْرِكُونَ

  “Ӯ Зотест, ки паёмбари худро барои ҳидояти мардум фиристод бо дине дурусту барҳақ, то ӯро бар ҳамаи динҳо пирӯз гардонад, ҳарчанд мушриконро хуш наёяд.” (9:33)

Дар китоби «Сира»-и Ибни Исҳоқ омадааст, ки вақте Қурайшҳо ин суханонро ба Абутолиб гуфтанд, ӯ ба назди Паёмбар (с.а.с) омад ва  гуфт: «Эй писари бародарам! Одамони халқи шумо ба назди ман омаданд, ин ва ин чизро гуфтанд. Пас ба ман ва худатон раҳм кунед ва он чизеро, ки ман бардошта наметавонам маҷбур накунед, то ман бардорам» Расули Худо (с.а.с) фаҳмиданд, ки амакашон аз муҳофизати он кас монда шудааст дигар ӯро муҳофизат намекунад ва месупорад. Пас Расули Худо (с.а.с) фармуданд: 

«Эй амакам! Ҳатто агар онҳо офтобро ба дасти ростам ва маҳтоб дар дасти чапам диҳанд, ба шарте ки ин корамро тарк кунам, ман то он даме, ки Аллоҳ онро пурра ошкор накунад ва ё то дами маргам аз он даст намекашам! »

То даме, ки Аллоҳ аҳолии Ясрибро бо динаш мустаҳкам накард, Расули Худо(с.а.с)  аз даъваташон бознаистоданд.

Имрӯз Ҳизби Таҳрир низ айнан ҳамин роҳро пайравӣ карда, ҳаёти   Расули Худо (с.а.с)-ро ҳамчун намуна мегирад. Вазифаи асосии Ҳизб барқарор кардани тарзи ҳаёти исломӣ бо таъсиси Хилофати дуввуми рошида, бо тариқати нубувват ва тақвияти дини Аллоҳ аз болои динҳои дигар мебошад.

Ҳизб сирати Паёмбари Акрам (с.а.с) -ро омӯхта, фаъолияти бунёди дин ва хилофатро ба се марҳила тақсим кард:

Аввал — марҳилаи маърифат аст, то одамоне пайдо шаванд, ки ақида ва тариқати Ҳизбро қабул карда ба гурӯҳбандии ягона табдил ёбанд.

Дуввум — марҳилаи ҳамкорӣ бо уммат аст, то уммат татбиқ ва паҳн кардани Исломро вазифаи асосии худ шуморад ва барои татбиқи Ислом дар зиндагии худ кор кунад.

Саввум — марҳилаи талаби нусрат аз соҳибони қудрат ва нуфуз аст. Ин ба хотири ба даст овардани қудрат ва пурра татбиқ кардани Ислом мебошад.

Аъзоёни Ҳизби Таҳрир дар ин роҳ сахт меҳнат мекунанд, ҷон ва молу мулки худро  дар ин роҳ қурбон мекунанд ва дар назди худ паҳни ин рисолати тақдирсозро ҳамчун вазифаи ҳаётиашон мегузоранд. Онҳо ҳеҷ гоҳ аз даъвати мардум хаста намешаванд, то мардум ақидаҳои Ҳизбро қабул ва дастгирӣ кунад ва ба задухӯрдҳое ки дар роҳи онҳо меояд, тоб орад. Аъзоёни Ҳизб аз ҷониби ситамгарон ба ҳабс ва намудҳои гуногуни шиканҷа дучор мешаванд. Бисёрии онҳо дар зиндонҳо, боздоштгоҳҳо ва ҳатто берун аз он то ба ҳоли марг расидан шиканҷа карда шуданд. Аммо ин ҳама Ҳизбро аз роҳи худ дур накард ва баръакс ба ӯ устуворӣ ва эътимодро зам кард, ки ин Ҳизб имрӯз таҳти роҳбарии олими барҷаста Ато ибни Халил Абу ар-Рашта роҳи Паёмбар (с) -ро пеш гирифтааст. Аллоҳ ин Ҳизбро ҳифз намуда, нусраташро ато гардонад.

Ҳизби Таҳрир ҳамаи мусалмононро даъват мекунад, ки ба ӯ ҳамроҳ шаванд ва дар ҳалли вазифаи асосӣ якҷоя бо ӯ кор кунанд, то нури Ислом паҳн гардад ва низоми Аллоҳ бар ҳамаи низомҳои дигар ғолиб ояд. Мусалмонон бояд саъй кунанд, то дар як муддати кӯтоҳ  Хилофатро бунёд намоянд.  Танҳо дар Хилофат Ислом аз болои ҳамаи динҳо, ақидаҳо ва эътиқодҳо ғолиб меояд. Ва танҳо дар Хилофат Ислом метавонад дубора ҳамчун паёми Аллоҳ дар тамоми ҷаҳон татбиқ ва паҳн гардад.

 

Абдулхолик Абдун Алӣ.

Узви Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Судон

11 Зулҳиҷҷа 1442 ҳиҷрӣ

21 июли соли 2021.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads