بِسْمِ اللهِ الرَّحْمٰنِ الرَّحِيم
Фарқияти Ҳизби Таҳрир аз дигар ҳизбҳо.
Ҳизби Таҳрир – ҳизби сиёсӣ-байналхалқӣ мебошад, ки бар асоси Ислом созмон дода шудааст ва бо фаъолияти сиёсӣ машғул мебошад.
Ҳизб дар байни Уммат фаъолият мебарад, ва Умматро хабардор мекунад, то ӯ муаммои Исломро ҳамчун муаммои худ қабул кунад.
Ҳизб фаъолияти худро ба роҳнамоии Уммат – ба сӯи барқарорсозии Хилофат равона кардааст, ки онро Аллоҳ фармудааст. Ҳизб – гурӯҳбандии сиёсӣ мебошад, он гурӯҳбандии (мисли насроният) руҳӣ, таълимдиҳӣ ва ё хайрия нест. Ақидаи Исломӣ ҷон, мағз ва ҳаёти ӯ мебошад. Ҳизб бо сабаби вазъиятҳое, ки бо Уммат рух додааст, ва ё дар натиҷаи пошхӯрии ягон гурӯҳбандие ва на аз ягон сохтор ва низоме ба вуҷуд наомадааст. Ҳизб ба хитоби Аллоҳ ҷавобан таъсис дода шудааст:
وَلۡتَكُن مِّنكُمۡ أُمَّةٞ يَدۡعُونَ إِلَى ٱلۡخَيۡرِ وَيَأۡمُرُونَ بِٱلۡمَعۡرُوفِ وَيَنۡهَوۡنَ عَنِ ٱلۡمُنكَرِۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ ١٠٤
“Ва бояд аз байни шумо гурӯҳе бошад, ки ба некӯӣ (Ислом) даъват кунад, ба маъруф фармояд ва аз мунакар боздорад. Ва инҳо (гурӯҳ) растагоронанд.” (3:104)
Ҳизб бо мақсади аз нав барқароркунии Уммат, ки ба ҳолати афтода омада мондааст ва озодкунии он аз нуфузи ақидаҳо, қонунҳо ва низомҳои кишварҳои гегемонии куфр эҳё гаштааст. Яке аз вазифаҳои он баҳри барқарорсозии Давлати Хилофат фаъолият бурдан аст, ки он ҳокимияти Исломиро ба ҳаёт бармегардонад.
Ояти “Бояд аз байни шумо гурӯҳе бошад,” фаъолияти ҳизбро дар ду ҷода муайян кардааст:
- Даъват ба хайр (ба Ислом.)
- Ба маъруф фармудан аз мункарҳо боздоштан.
Талаби оят дар бобати барпои гурӯҳбандӣ қатъӣ мебошад, зеро дар оят қарина низ омадааст, ки ба воҷибияти ин кор далолат мекунад. Даъват ба Ислом, ҳамчунин амри маъруф ва наҳйи мункар барои ҳар як мусулмон фарз аст. Ба ин Ҳадиси Расули Акрам(с.а.с.) низ ишора мекунад:
وَالَّذِي نَفْسِي بِيَدِهِ لَتَأْمُرُنَّ بِالْمَعْرُوفِ وَلَتَنْهَوُنَّ عَنِ الْمُنْكَرِ أَوْ لَيُوشِكَنَّ اللَّهُ أَنْ يَبْعَثَ عَلَيْكُمْ عِقَابًا مِنْ عِنْدِهِ ثُمَّ لَتَدْعُنَّهُ فَلَا يَسْتَجِيبُ لَكُمْ
«Қасам ба Зоте, ки ҷони ман дар дасти Ӯст! Шумоён амри маъруф ва наҳйи мункар мекунед, вагарна Аллоҳ бар шумо ҷазое мефиристад, ки баъди ин шумоён ба Ӯ дуо мекунед, Ӯ ба дуоҳои шумоён ҷавоб намедиҳад.» (ат-Тирмизӣ). (тарҷумаи маъновӣ).
Дар матни ин Ҳадис низ карина омадааст, ки қатъияти талабро ифода мекунад, яъне он ҳатмӣ (воҷиб) аст.
Аммо сиёсӣ будани гурӯҳ ногузир аст. Ба ин ояти 3-и сураи Оли Имрон далел шуда метавонад. Ин оят талаб мекунад, ки гурӯҳе бояд бошад ва фаъолияи ин гурӯҳро, ки аз даъват ба хайр, амри маъруф ва наҳйи мункар иборат аст, ояти мазкур муайян карда додааст. Чунин амалиётҳо ба монанди амри маъруф ва наҳйи мункар нисбати ҳокимон низ бурда мешавад; онҳоро муҳосаба ва ба онҳо насиҳат карда мешавад. Ин корҳо низ яке аз корҳои муҳимми сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки бояд онро гурӯҳ анҷом диҳад.
Ҳизби Таҳрир ҳизби Исломӣ мебошад ва бар асоси Ақида ва ҷаҳонбинии Исломӣ таъсис дода шудааст. Ҳизб барои корҳои худ баъзе фикрҳо, қонунҳо ва қарорҳои Исломиро табаннӣ (қабул) кардааст. Тариқати Ҳизб – ин тариқати Пайғамбари Аллоҳ (с.а.с) мебошад. Ҳизб барои барпои Давлати Хилофат бо ҷидду ҷаҳд фаъолият мебарад. Дар натиҷа Ҳизб ва Хилофат инъикоскунандаи ҳамдигар шуда монданд, яъне агар калимаи Ҳизб гуфта шавад, мафҳуми Хилофат дарҳол ба ёд меояд ва ё баръакс. Ҳизб бо як қатор сифатҳои беназири худ аз дигар гурӯҳбандиҳо фарқ мекунад:
-
1) Ҳизб на бо бадномкунии Хилофат, балки барои барқароркунии он ҳаракат мекунад.
Соли 1952 олими Исломӣ – Тақиюддин ан-Набаҳонӣ Ҳизби Таҳрирро таъсис додааст. Аз ҳамон вақт инҷониб ҳизб баҳри барпои Хилофат бо ҷидду ҷаҳд фидокорӣ ва мухлисиро намоиш дода меояд. Ба ҳамаи зиддиятҳо ва озордиҳии ҳокимону ҳампаймонони ночизи онҳо нигоҳ накарда, Ҳизб даъвати худро идома дода меояд. Ҳизб аз хатти кашидаи Ислом ба миқдори мӯе берун набаромада роҳ мепаймояд.
Аммо муносибати ҳизбу ҳаракатҳои дигарро ба се намуди зайл шарҳ додан мумкин аст:
А) Ҳизбҳое, ки бар зидди барпои Хилофат мубориза мебаранд. Инҳо ҳизбҳои дунявӣ, миллӣ-ватанпарастӣ ва сотсиалистӣ мебошанд. Маҳз чунин ҳизбҳо дар кишварҳои мусулмонон низоми тоғутро дастгирӣ менамоянд. Инчунин, ҳизбҳое ҳастанд, ки нақши мухолифати хаёлиро мебозанд, дар асл онҳо бо воситаи ҳокимони хоин побанди колонизаторҳо мебошанд. Ҳамаи онҳо бо маданияти секуляристии Ғарб заҳролуд гаштаанд, ки онҳоро бо оҷонсиҳои Ғарб дар шахсияти ҳокимони нокас алоқаманд менамояд. Дар натиҷа онҳо дар назди чашмони Уммат афтода монданд, гарчанде, ки онҳо бо ёрии дастгирии хоҷаҳояшон худро соҳиби қувва карда нишон диҳанд ҳам.
Б) Ҳизбҳои Исломии мӯътадил. Ин ҳизбҳо дар бораи номувофақати Ислом бо маданияти Ғарб сухан меронанд, дар айни замон ба секуляризм либоси исломро мепӯшонанд. Бо ин мехоҳанд, башараи манфур ва душманидоштаи онҳоро нисбати Ислом ва мусулмонон пинҳон намоянд. Ин ҳизбҳо шиорҳои бодабдабаи исломиро талаффуз намуда, дар паси он секуляризмро пинҳон мекунанд. Ин ҳизбҳо бар зидди Ислом мубориза мебаранд, қонунҳои шаръиро бадном мекунанд ва ба мафҳумҳои Ғарб шаклҳои исломӣ дода онро дохил мекунанд. Масалан, онҳо демократияро ҳамчун Шӯро гуфта шарҳ медиҳанд, Шӯро бошад, бо қонунгузории Исломӣ тасдиқ гаштааст. Фаъолияти чунин ҳизбҳо барои омехтакунии пиндорҳои исломӣ бо мафҳуми куфр, инчунин ҷорӣ намудани онҳо байни мусалмонон равона карда шудааст, то ин ки онҳо низ як қисми маданияти ғарб гарданд.
Чунин ҳизбҳо хатари бузург доранд, зеро онҳо барои ҷудокунии мусалмонон аз Ислом саҳм мегузоранд. Имрӯз дар байни мардум мафҳуми тадриҷ (оҳиста-оҳиста) тарғиб карда мешавад. Ин мафҳум маънои онро дорад, ки ҳокимияти Исломӣ бояд бо татбиқи демократия ояд. Бо сухани дигар, мегӯянд, ки сараввал бо қонунҳои куфр оғоз карда шавад, сониян ба татбиқи Шариат гузашта мешавад. Пайравони ин мафҳум боварӣ доранд, ки алҳол замони Халифат нарасидааст. Аз ин чунин фаҳмида мешавад, ки онҳо ниҳоне доранд.
В) Гурӯҳҳое ҳастанд, ки бо бадном кардани Хилофат машғул мегарданд, чунин фикрҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё он мошинаи ҷаллодӣ ва зулм бошад… Ин гурӯҳҳо умед мекунанд, ки мардум аз Халифа дар даҳшат ва ҳарос меафтанд ва онҳо маҷбур аз Хилофат худро канор мегиранд. Барои ин онҳо қонунҳои Аллоҳро ғайриинсонӣ, золимона гуфта нишон медиҳанд, то ин ки мардумро ба тарафи қонунҳои секуляристӣ тела диҳанд. Дар ин кор ба онҳо ВАО низ шабу рӯз дар бораи сиёҳкунии Хилофат барномаҳоро таҳия намуда кӯмак мерасонад.
Аммо Ҳизби Таҳрир баръакси инҳо, волоияти қонунҳои Исломро нишон медиҳад ва мефаҳмонад, ки барои ҳокимият танҳо Низоми Ислом шоиста аст. Ҳизб ба нодуруст нишондиҳии ВАО нигоҳ накарда, шакли ҳақиқии онро намоиш медиҳад ва ин мардумро ҷалб сохта ба сӯи худ мекашад, мардум онро дастгирӣ менамоянд. ВАО манзараҳои бадномкунандаеро, ки ин гурӯҳҳо сохтаанд, истифода мебарад. Ҳизб ношоямии капитализм ва қонунҳои онро ошкор мекунад ва мефаҳмонад, ки сабаби асосии муаммоҳо ва бӯҳронҳои ба сари инсоният омада маҳз капиитализм мебошад.
-
2) Даъвати Ҳизб ба барқароркунии Хилофат – ин даъвати муносиб барои барқарорсозии Ислом мебошад.
Ҳамаи ҳизбҳо новобаста аз ҳадафҳои онҳо, Исломро ҳамчун дини шахсӣ нишон медиҳанд, ки он ба ҳаёт, ҷомеа ва давлат омехта намегардад. Бинобар ин, онҳо ҳалли муамморо аз душман меҷӯянд, бо ин дар ҳар як муаммо ба онҳо илтиҷо менамоянд, ҳол он ки сарчашмаи ин муаммоҳо худи душман мебошад. Инро онҳо дар низоъҳои Яман, Лубнон, Ироқ ва дигар кишварҳо ба таври возеҳ намоиш доданд.
Айни замон Ҳизб Исломро ҳамчун сарчашмаи мукаммал барои идора кардани корҳои ҳаёт намоиш медиҳад. Сабаб он аст, ки Ислом ин фикрат ва тариқат аст. Фикрат — ин Ақида (ҷаҳонбинӣ) мебошад, ки аз он ҳамаи ҳукмҳои Шаръии мутааллиқ ба корҳои ҳаёти инсон ҷӯш зада мебарояд. Тариқат – ин паҳни даъват ба ақида, муҳофизати ақида ва татбиқи қонунҳои Шаръӣ мебошад. Давлат бошад, тариқати амалӣ барои татбиқи қонунҳои Шаръӣ, барои муҳофизати Ақида ва барои паҳни Ислом ба тамоми олам бо роҳи даъват ва ҷиҳод арзи вуҷуд мекунад.
-
3) Ҳизб дар корҳои барқарорсозии Хилофат тариқати Пайғамбар (с.а.с)-ро ҷиддӣ риоя мекунад.
Ҳизбу ҳаракатҳои дигар дар масъалаи тариқати барпои Хилофат ба ду намуд ҷудо мешаванд:
- Ҳизбҳое, ки дар бобати тариқати Расулуллоҳ (с.а.с.) ва табиқи Ислом ҳатто фикр ҳам намекунанд. Равшантар карда гӯем, онҳо Исломро, ки фикрату тариқати худро доро аст, бурида мегузаранд. Барои ин гуна ҳизбҳо фарқе нест, ки бо кадом роҳ ба ҳокимият расидан лозим аст, барои онҳо муҳим он аст, ки чӣ гунае, ки набошад, луқмаеро канда гиранд. Чӣ қадаре, ки аз тарафи Уммат қурбон шаванд ҳам, барои онҳо арзише надорад. Ин ҳизбҳо ҳизбҳои секуляристӣ мебошанд, ки либоси Исломиро ба бар карда, ба сари Уммат ва мусалмонон секуляризмро меоранд.
- Гурӯҳҳое ҳастанд, ки фикр мекунанд, маҳз онҳо бо тариқати Пайғамбар (с.а.с.) кор бурда истодаанд. Оре, онҳо ҳокимияти Исломӣ ва татбиқи аҳкомҳои онро мехоҳанд, аммо тариқати муайянкардаи онҳо зиддигарии моддӣ ва ҷиҳод мебошад. Бурдани амалиётҳои ҳарбӣ бо роҳи тайкардаи ҳаёти Расулуллоҳ (с.а.с.) зид мебошад, ки дар китобҳо нишон дода шудааст. Дар ҳамаи китобҳо навишта мешавад, ки Пайғамбари Аллоҳ (с.а.с.) дар давраи Макка бо амалиётҳои моддӣ шитоб накардаанд. Зиёда аз ин дар Макка Ӯ (с.а.с.) мусалмононро ба сабр даъват мекарданд. Масалан, нисбати хешутаборони Абӯтолиб ва дигар мусалмонон ба мӯҳлати се сол байкот эълон карда буданд, бо вуҷуди ин, Пайғамбар (с.а.с) бар зидди Қурайшиҳо бо муборизаи моддӣ барнахостанд. Ин ба он далели қатъӣ мешавад, ки баҳри барпои Давлати Исломӣ бо амалиётҳои ҳарбӣ фаъолият бурда намешавад, балки мубориза танҳо бо фаъолияти фикрӣ-сиёсӣ муқайяд мегардад.
Ҳизб бо он ки дар роҳи барқарорсозии Давлати Хилофати Рошидаи Дуюм тариқати Расулуллоҳро (с.а.с.) бо ҷиддият риоя мекунад, аз дигар ҳизбҳо фарқ дорад. Охир, дар Мадина чӣ гуна барпо кардани Давлат аз тарафи Расулуллоҳ (с.а.с.) барои мо намуна аст ва барои мо зарур аст, ки дар ин кор Ӯ (с.а.с.)-ро пайравӣ ва тақлид намоем?! Аллоҳи Таъоло дар Қуръон Карим мефармояд:
لَّقَدۡ كَانَ لَكُمۡ فِي رَسُولِ ٱللَّهِ أُسۡوَةٌ حَسَنَةٞ لِّمَن كَانَ يَرۡجُواْ ٱللَّهَ وَٱلۡيَوۡمَ ٱلۡأٓخِرَ وَذَكَرَ ٱللَّهَ كَثِيرٗا
«Ҳар оина дар Расули Аллоҳ барои шумо намунаи зебое ҳаст, барои ононе, ки ба Аллоҳ ва Рӯзи Қиёмат умед доранд ва Аллоҳро пайваста ёд мекунанд.» (33:21),
قُلۡ إِن كُنتُمۡ تُحِبُّونَ ٱللَّهَ فَٱتَّبِعُونِي يُحۡبِبۡكُمُ ٱللَّهُ وَيَغۡفِرۡ لَكُمۡ ذُنُوبَكُمۡۚ وَٱللَّهُ غَفُورٞ رَّحِيمٞ
«Бигӯ: «Агар Худоро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Ӯ низ шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад, ки ӯ омӯрзанда ва меҳрубон аст!»» (3:31),
وَمَآ ءَاتَىٰكُمُ ٱلرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَىٰكُمۡ عَنۡهُ فَٱنتَهُواْۚ
«Он чизеро, ки Пайғамбар бароятон биёвард бигиред, ва аз он чизе, ки боздошт, худдорӣ намоед.» (59:7).
Ин ва ҳамин гуна оятҳо ба он далолат мекунанд, ки Пайғамбар (с.а.с)-ро ба сифати намуна гирифтан кори ногузир аст. Касе агар сирати Расулуллоҳ (с.а.с)-ро аз давраи Макка то Мадина омӯзад, мебинад, ки Он кас (с.а.с.) се марҳиларо гузаштаанд ва дар ҳар сеи ин марҳила коорҳои хосеро ба анҷом расонидаанд. Ин ҷанбаҳоро омӯхта, Ҳизб барои барпои Хилофат се марҳиларо муайян кард, ки гузаштани ҳар яки онҳо кори ногузир мебошад:
- Марҳилаи сақофӣ. Дар ин марҳила шахсиятҳое ба вуҷуд меоянд, ки ба фикрат ва тариқати Ҳизб бовар мекунанд, то ки дар оянда гурӯҳбандӣ ташаккул дода шавад.
- Марҳилаи якҷоя амалкунӣ. Дар ин марҳила Ҳизб бо Уммат омехта шуда ҳамкорӣ мекунад, то ки ба Уммаат фаҳмишотҳои дурусти Исломиро расонад. Ин ба Уммат имкон медиҳад, ки Исломро ба сифати роҳбар дар ҳаёти худ қабул намояд.
- Марҳилаи қабули ҳокимият. Дар ин марҳила Ислом татбиқ карда шуда, он бо роҳи даъват ва ҷиҳод ба саросари олам паҳн карда мешавад.
4) Ҳизб барои муттаҳидкунии Уммат фаъолият мебарад, на барои пароканда кардани он.
Ҳизб дар даъвати худ ҳеҷ гоҳ таваққуф намекунад, балки фарзандони Умматро пайваста даъват менамояд, то ки ба фаъолияти барпои Хилофати Рошидаи Дуюм ҳамроҳ гарданд, ки бо ин Уммат аз нав муттаҳид мегардад. Маҳз ҳамон вақт Уммат ягонагиву байроқи худро соҳиб мегардад ва онҳоро давлати ягона идора мекунад. Уммат дар тӯли садсолаҳо чунин ҳаёт ба сар бурдааст. Аллоҳи Таъоло ба мусалмонон фармуд, ки дар шакли ягонагӣ дар сояи маърифати сиёсии ягона сарҷамъ гарданд. Аллоҳи Таъоло мефармояд:
وَٱعۡتَصِمُواْ بِحَبۡلِ ٱللَّهِ جَمِيعٗا وَلَا تَفَرَّقُواْۚ
«Ҳамагӣ ба ресмони Аллоҳ чанг занед ва пароканда нагардед.» (3:103).
Ӯ Таъоло ба ягонагӣ фармуда ва аз ҷудоиву парокандагӣ боздошт:
إِنَّ هَٰذِهِۦٓ أُمَّتُكُمۡ أُمَّةٗ وَٰحِدَةٗ وَأَنَا۠ رَبُّكُمۡ فَٱعۡبُدُونِ ٩٢
«Муҳаққақ, ки дини шумо – дини ягона аст ва Ман Парвардигори шумо ҳастам, пас маро парастиш кунед!» (21:92)
Бинобар ин, Ҳизб ҳар чизи колонизаторон овардаро рад ва инкор мекунад: миллатгароӣ, ватанпарварӣ, сарҳадҳои сохтаи байни мусалмонон, ки бо созишномаи Сайс-Пико кашида шудааст. Маҳз ҳамин Умматро ба миллатҳои гунонгун ҷудо намуд, ки онҳо баҳри ҳимояи марзҳои сунъӣ таёр ҳастанд, ҳамдигарро бикушанд. Ҳизб мекӯшад, ки пиндорҳои мусалмононро ба таври решагӣ иваз намояд, ба ҷои он назарияи дурустро ҷойгир намояд: ногузирии ягонагии Уммат, ҳастии Давлати ягона ва байрақи ягонаи – “Ал-Уқоб.”
Мо мебинем, ки ҳизбҳои дунявӣ ва ҳизбҳои либоси исломипӯшида чӣ тавр сарҳадҳои сохтаи Сайс-Пикоро муқаддас мешуморанд. Ин сарҳадҳо кишварҳои мусалмононро ба зиндонҳои бузург табдил додааст. Ин ҳизб ва пайравони онҳо ватанпарвариро ҳамчун пойдевор тарғиб мекунанд ва мешуморанд, ки агар лозим ояд, баҳри он ҷон фидо кардан лозим аст. Ҳамин тавр, ҷанги бо номи фитна меҳробе гаштааст, ки мусалмонон бо мафҳуми ватанпарварӣ худро қурбон мекунанд.
5) Ҳизб лоиҳаи Исломӣ дорад,ки Умматро аз нав зинда мегардонад
Мо ҳизбҳои дар олами мусалмонон фаъолбударо васф карда, омӯхтем, ки ягон тои онҳо дар даст лоиҳаи Исломӣ надоранд. Ягона ҳизбе, ки онро дорост – Ҳизби Таҳрир мебошад. Ҳизби Таҳрир – ягона ҳизбест, ки дорои лоиҳаи исломӣ мебошад. Ин лоиҳа аз Қуръон, Ҳадис, Иҷмои саҳобагон ва Қиёс сарчашма гирифтааст. Ҳизб ба Уммат лоиҳаи сиёсиеро пешкаш намуд, ки дустур ва қонунҳо ҳамагӣ мутлақо исломӣ ҳастанд. Дар ин бора ҳамаи моддаҳои Лоиҳаи Дустури Давлат Хилофат худ садо медиҳанд, ки онро Ҳизб омода кардааст. Ин ҷо мо баъзе моддаҳоро меорем:
Моддаи 1. Ақидаи исломӣ асоси давлат аст. Бинобар ин, барои пайдо шудани ягон чиз дар таркибу ҷиҳози давлат, ё дар муҳосаба карда шудани он ва ё дар тамоми корҳои тааллуқдори давлат фақат ақидаи исломӣ асос карда мешавад. Дар айни вақт, ақидаи исломӣ асоси дустур ва қонунҳост, яъне ба мавҷуд будани ягон чизи алоқадори ҳар дуи онҳо танҳо он гоҳ рухсат дода мешавад, ки агар он аз ақидаи исломӣ сарчашма гирад.
Моддаи 6. Ба давлат ҷоиз нест, ки дар ҳокимият, қазо, идораи корҳо ё соҳаҳои монанди ин байни шаҳрвандонро ҷудо кунад. Балки воҷиб аст, ки қатъи назар аз нажод, ранги пўст, дин ва миллат ба ҳама бо як назар нигоҳ кунад.
Моддаи 8. Забони арабӣ забони ягонаи Ислом аст. Давлат танҳо ин забонро истифода мебарад.
Моддаи 23. Давлат бар сездаҳ асос барпо мегардад:
- Халифа
- Муовинон (вазирони тафвиз)
- Вазирони танфиз
- Волиён
- Амири ҷиҳод
- Амнияти дохилӣ
- Корҳои хориҷӣ
- Саноат
- Қазо
- Манфиатҳои мардум
- Байтулмол
- Иттилоот
- Маҷлиси уммат (шўро ва муҳосаба)
Моддаи 90. Маҳкамаи мазолим ҳақ дорад ҳар як ҳоким ё коркуни давлатро сабукдўш кунад, чунон ки ҳақ дорад халифаро сабукдўш кунад.
Моддаи 97. Сиёсати идора кардани муассиса, идора ва шўъбаҳо дар низом ба соддагӣ, дар анҷоми корҳо ба тезкорӣ ва ба лаёқатманд будани шахсони мутасаддӣ асос меёбад.
Моддаи 113. Мардон ва занон (дар ҷомеа) бояд дар ҳоли аз ҳам ҷудо кардашуда зиндагӣ кунанд. Онҳо фақат аз рўи эҳтиёҷҳое монанди ҳаҷ ва савдо, ки шариат рухсат медиҳад ва сабаби ба як ҷо ҷамъшавӣ мегарданд, мумкин аст ҷамъ шаванд.
Моддаи 127. Се навъи моликият мавҷуд аст: моликияти хусусӣ, моликияти умумӣ ва моликияти давлат.
Моддаи 134. Замини мурда (нообод) ба воситаи ободкунӣ ва иҳота карда гирифтан мулк карда мешавад. Аммо заминҳои дигар фақат бо сабаби шаръӣ: мерос, харида гирифтан ва иқтоъ (ҷудо карда додани давлат) ба мулк табдил меёбанд.
Моддаи 171. Ғояи аз таълим чашмдоштшуда ба вуҷуд овардани шахсияи исломӣ ва бо илму маърифатҳои тааллуқдори тамоми соҳаҳои ҳаёт ғанӣ гардондани одамон мебошад. Бинобар ин, роҳҳои таълим чунон муайян карда мешавад, ки ин ғояро ба рўёб мебароранд. Ҳар як роҳе, ки ба ин ғоя намебарад, манъ карда мешавад.
Моддаи 185. Нишон додани бузургии фикрҳои исломӣ дар идораи корҳои шахс, уммат ва давлат аз пурқувваттарин роҳҳои сиёсӣ ба шумор меравад.
Моддаи 187. Паҳн кардани даъвати исломӣ меҳвар буда, сиёсати хориҷӣ дар гирди он давр мезанад. Алоқаҳо бо тамоми давлатҳо ба ҳамин асос барпо мегарданд.
Моддаи 190. Дар созмонҳое, ки ба асоси Ислом бунёд нашудааст ё аҳкоми Исломро татбиқ намекунад, иштирок кардани Давлати Исломӣ ҷоиз нест. Ба ҷумлаи ин гуна созмонҳо созмонҳои байналхалқӣ, монанди СММ, Суди байналхалқӣ, Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, инчунин созмонҳои минтақавӣ, монанди Иттиҳоди давлатҳои араб дохил мешавад.
6) Ҳизб гурӯҳҳои этноконфессионалӣ ва ба ин монандро рад мекунад.
Душманони Ислом муваффақ гаштаанд, ки дар байни мусалмонон оташи фитнаро дар гиронанд. Барои ин онҳо низоъҳои этноконфессионалӣ, ватанпарварӣ ва миллиро ангезиш доданд, ки аз ин хуни даҳҳо ҳазор мусалмонон рехта мегардад. Кофирон бо ёрии ҳокимон ва ҳизбҳо ин гуна низоъҳои хунинро пайваста ангезиш медиҳанд. Танҳо Ҳизб хатари ҳаводории кӯркӯронаи гурӯҳҳои этноконфессионалиро ба таври мунтазам ба Уммат кушода медиҳад. Ҳамзамон Ҳизб ҳизб ба он ишора мекунад, ки фидокорӣ бояд барои Аллоҳ, Расул (с.а.с.) ва мусалмонон бошад, на балки баҳри гурӯҳҳои этноконфессионалӣ, ватанпарварӣ ва миллӣ. Аллоҳи Таъоло мефармояд:
هُوَ سَمَّىٰكُمُ ٱلۡمُسۡلِمِينَ
«Аллоҳ шуморо мусалмон номид.» (22:78).
Ичунин, Расули Худо (с.а.с) низ моро огоҳ кардаанд:
دَعُوهَا فَإِنَّهَا مُنْتِنَةٌ
«Тарк кунед онро! Зеро он (даъвати ҷоҳилӣ) манфур аст.» (Бухорӣ).
7) Ҳизб огоҳии сиёсӣ дорад ва метавонад Умматро аз забоняккунӣ ва мақсадҳои нопоки душман ҳимоя кунад.
Огоҳии сиёсӣ – ба олам аз як гӯшаи муайян нигоҳ кардан аст. Ба олам бидуни як нуқтаи назар нигоҳ афкандан сабукандешӣ аст, на огоҳии сиёсӣ. Танҳо ба як минтақа ва ё маҳал нигоҳ кардан, як нигоҳи холӣ аст, на огоҳии сиёсӣ. Огоҳии сиёсӣ дар натиҷаи ҳастии ду элемент ба вуҷуд меояд:
- Нигоҳ бояд ба тамоми олам бошад.
- Нигоҳ бояд аз ягон нуқтаи назар барояд.
Вақте, ки мо ба дигар ҳизбҳо эътибор медиҳем, мебинем, ки онҳо огоҳии сиёсӣ надоранд, зеро онҳо аз ин ду элемент маҳрум гаштаанд. Ҳамзамон мо мебинем, ки Ҳизби Таҳрир дорои огоҳии сиёсӣ мебошад. Ва ин ҳизб фидокоронаю мухлисона барои ташаккули чунин огоҳӣ бар Уммат мекӯшад, тто ки Уммат аз мақсадҳои нопок ва забоняккунии онҳо худро эмин карда тавонад.
8) Ҳизб бо фаҳмиши дақиқ ва равшане тавсиф мешавад, ки ба қудрати далеловарӣ асос ёфтааст.
Ҳизби Таҳрир аз дигар ҳизбҳо бо тафаккури амиқ ва равшани худ нисбати бисёр масъалаҳо дар асосноккунии далелҳо фарқ мекунад. Новобаста аз он ки он бо ҳаёти шахсӣ ё бо низомҳои зиндагӣ вобаста аст (ҳукумат, иқтисод, ҷазо, доварӣ, маориф, сиёсати хориҷӣ ва ғайра). Ин ҷо ягон ҷои таҷҷубовар нест, зеро мафҳумҳои Ҳизб мутлақо аз манбаъҳои Шариат гирифта шудааст. Ин сарчашмаҳо: Қуръон, Сунна, Иҷмои сахабагон ва қиёс мебошанд.
Ҳизб ҳамчун сарчашмаи Шариат аз халқҳои пешин, Масалиҳ-ул-Мурсал (манфиатҳои муайяншуда), истиҳсон (барои баррасии ягон чизи хуб) ё дигар намудҳои иҷмоъ истифода намекунад. Аз ин рӯ, ин мавқеъ дили инсонро ором мекунад, зеро шахс медонад, ки қонунҳои баровардашуда қонунҳои Шариат ҳастанд, ҳатто агар дигарон бо ин розӣ набошанд ҳам. Имрӯз мо мебинем, ки чӣ гуна дигар ҳизбҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба далелҳо муроҷиат намекунанд, танҳо он гоҳ рӯ меоранд, ки ҳангоме муаммои шахсӣ сар мезанад ва ё аз ин барои гурӯҳ ва ё одамон манфиате бошад.
9) Ҳизб барои пешравии худ муайян чизҳоро табаннӣ кардааст, то ки пеши тафриқа гирифта шавад.
Дар байни гурӯҳбандиҳои дигар гурӯҳбандие нест, ки барои ҳаракати худ як қатор қоидаҳо ва қонунҳоро табаннӣ (қабул) карда бошанд ва риояи ҳатмии ин табаннӣ барои ҳар як аъзо қонун бошад. Ҳизб ягона шуда, баъзе фикрҳо ва китобҳоро махсус табаннӣ намуд ва ҳар яъзои худро ба риояи ҳар яки ин табанниҳо маҷбур кард.
Аммо дигар ҳизбҳо баъзе мафҳумҳоро ба ном табаннӣ карданд:
Муҳаббат ба ватан
Ҳимояи марзҳои сунъии кишвар
Риояи қонунҳои дунявӣ
Бо шиорҳои Амрикоию Англисӣ ва дигар кишварҳо баромада ҷанг кардан.
Маҳз аз ҳамин сабаб мо мебинем, ки баъди чанд муддат ин ҳизбҳо ба чанд гурӯҳчаҳое тақсим шуда, пош хӯрда мераванд. Сабаб ин аст, ки дар онҳо мафҳуми табаннӣ вуҷуд надорад.
Аммо Ҳизби Таҳрир аз сабаби дорои табаннӣ буданаш ҳамчун ҳизби яклухт пойдор мемонад. Имрӯз ин ҳизб таҳти роҳбарии олими усули фиқҳ Ато ибни Халил Абӯ Ар Рашта фаъолият мебарад. Ғарб бо воситаи оҷонсҳои худ натавонист, ки ҳизбро бесубот намуда пош хӯронад. Бо изни Аллоҳ ҳамаи ҳаракатҳои онҳо бар абас мераванд, ҳизб бошад, роҳи худро идома медиҳад.
10) Ҳизб бо мусалмонон дӯст ва бо кофирон, намояндагон онҳо ва мунофиқон душман аст.
Ҳизб ба мусалмонон бо нигоҳи призматикӣ менигарад, яъне онҳо мусалмон ҳастанд. Бинобар ин, ҳизб ба ҳамаи мусалмонон муроҷиат мекунад, то ки онҳо ба фаъолияти барпои Хилофат ҳамроҳ шаванд ва аз нақшаҳои куфр боэҳтиёт бошанд. Ҳизб Умматро даъват мекунад, то ки низоъҳои аз тарафи Ғарб ва оҷонсиҳои он ангехташударо тарк намоянд, инчунин байни худ душманӣ наварзанд. Кофиронро бошад, мо бояд душман шуморем, зеро ин фармони Аллоҳ аст. Аз ин лиҳоз ҳизб мусалмононро даъват мекунад:
Аз принсипҳо ва қарору қонунҳои Ғарб рӯй гардонанд.
Низоми мавҷударо барҳам дода, ба ҷои он Хилофати Рошидаро бори дуюм барпо намоянд.
Ҳизбҳои дигар бошанд, бо душманони Уммат дӯстӣ меварзанд ва алоқаҳои худро бо он мустаҳкамтар месозанд. Ҳамзамон муомилаи байни онҳо хусуматомез аст, инро мо дар Яман, Лубнон ва Ироқ мушоҳида кардаем. Ҳизби Таҳрир бо тамоми қувва мекӯшад, то ки байни онҳо хунрезӣ нашавад, ҳамзамон мебинем, ки дигар гурӯҳҳо ҷавононро ба ин хунрезию куштор сафарбар мекунанд.
11) Ҳизб дар роҳи худ мустаҳкам истодагарӣ мекунад, аз ягон фикрҳои худ даст намекашад.
Дар мушоҳидаи ҳизбҳои дигар мо дар роҳи интихобкарда суботро намебинем, онҳо аз фикрҳои дар аввал қабулкардаи худ даст мекашанд. Ин ҳизбҳо назарияҳои худро аз нав дида баромада, тариқати тафаккури худро тағйир медиҳанд ва принсипҳои дар аввал интихобкардаи худро инкор мекунанд. Фикрҳои фасоди дар аввал инкоркардаи худро минбаъд қабул мекунанд.
Танҳо Ҳизби Таҳрир аз рӯзи таъсисёбиаш то ин дам бетағйир боқӣ монд. Ин ҳизб фикрҳои худро риоя намуда, роҳи интихобкардаи худро тай менамояд. Ҳизб аз рӯзи аввал даъват менамуд, ки низомҳои илмонӣ ва дунявӣ барҳам дода шавад ва бар болои харобаҳои он ҳокимияти Исломӣ созмон дода шавад. Имрӯз низ Ҳизб айнан ба ҳамин даъват мекунад. Масалан, Ҳизб аз рӯзи аввал демократияро низоми куфр номида буд, имрӯз низ онро тасдиқ мекунад. Ҳатто таҳлилҳои сиёсии 60 сол пеш кардаи он, то ҳол дигаргун нагаштааст. Ба ҳақиқати ин таҳлилҳо мардум кайҳо бовар карда қаноатманд гаштаанд.
Ҳизби Таҳрир барои Уммат пешвои арзандаи сиёсӣ мебошад. Зеро, танҳо Ҳизб барои барпои Хилофат фаъолият мебарад ва Исломро ҳамчун мабдаи мукаммал намоиш медиҳад.
Ҳизб:
Босуботона тариқати Пайғамбар (с.а.с.)-ро пайравӣ мекунад.
Барои муттаҳидгардонӣ ва ягонагии Уммат мекӯшад.
Ватанпарварӣ, миллатгароӣ ва вокунии аломатҳои этноконфессионалиро рад менамояд. Ҳизб лоиҳаи сиёсиро дорад, ки муаммои тамоми оламро ҳал мегардонад. Ҳизб дорои огоҳии сиёсӣ ва тафаккури амиқи аз далелҳо қувватнокшуда мебошад. Ҳизб табанниро қабул кардааст, ки аз пошхӯрӣ ва тақсимшавӣ ҳизбро эмин медорад. Ҳизб дӯсти мусалмонҳост, аммо бо душманони Уммат боадоват ва дар роҳи худ матину устувор аст. Ҳамаи ин сифатҳои беназири Ҳизб водор месозад, ки танҳо ӯ бояд пешвои Уммат бошад. Ҳизб метавонад тарзи зиндагии исломиро таҳти сояи Давлати Хилофати Дуюм барқарор созад. Баъдан, Исломро бо роҳи даъват ва ҷиҳод ба тамоми олам мерасонад.
Аз Муғира ибни Шӯъба ривоят мешавад, ки Пайғамбар (с.а.с.) фармудаанд:
لَا تَزَالُ طَائِفَةٌ مِنْ أُمَّتِي قَائِمَةً بِأَمْرِ اللهِ لَا يَضُرُّهُمْ مَنْ خَذَلَهُمْ أَوْ خَالَفَهُمْ حَتَّى يَأْتِيَ أَمْرُ اللهِ وَهُمْ ظَاهِرُونَ عَلَى النَّاسِ
«Гурӯҳе аз уммати ман, ки бо фармони Худованд истодаанд, вуҷудияти худро қатъ нахоҳанд кард. Касе, ки онҳоро бе ёрӣ гузорад ва ба онҳо мухолифат кунад, ба онҳо ҳеҷ зарар расонида наметавонад, то он вақте ки фармони Худованд фаро мерасад ва онҳо дар миёни мардум пирӯз мегарданд». (Ривояти Муслим).
Шайиф Шарадӣ – Яман.
Ал-Ваъй.