Гиромитарини шумо дар назди Аллоҳ парҳезгортарини шумост.
Аллоҳи мутаъол мефармояд:
وَمَا خَلَقْتُ الْجِنَّ وَالْإِنسَ إِلَّا لِيَعْبُدُونِ
«Ҷин ва инсонро танҳо барои ибодат офаридам.» (51:56).
Имрўз мебинем, ки ҷавонони мусалмон саросема ба сўи неъматҳои дунё мешитобанд ва ба шариати Аллоҳ бо ченаки манфиату ҳаваси худ итоат мекунанд. Мебинем, ки онҳо бе ҳеҷ гуна омилҳои боздошти динӣ ба гуноҳ меафтанд. Мебинем, ки чӣ гуна даъватгарон хақиқатро намегӯянд, ба андешахои куфр посух дода наметавонанд ва дар паси баҳонахои сохта пинҳон мешаванд, ки ҳатто худашон онро қабул надоранд. Мебинем, ки онҳо ба ҷои мубориза ва нобуд кардани фарҳанги ғарбӣ, баръакс аз онҳо ғояҳо мисли оппортунистҳо (шахсе, ки нуқтаи назари ҳақиқии худро пинҳон карда ба вазъият мутобиқ мешавад) нусхабардорӣ мекунанд.
Мо дар симои ин ҷавонони мусалмони бемор бо ҳаққе, ки онҳоро ба сухану кирдори рост ҳидоят мекунад, рӯ меоварем ва аз ин танҳо ризогии Аллоҳро мехоҳем. Мехоҳем чанд далели марбут ба ҷавонони мусалмонро зикр кунем:
1 – Ҷавонони муслим дар донишкадаҳо дар ҳолати огоҳ буданашон муртакиби гуноҳ мегарданд. Ҷавонони муслим дарк мекунанд, ки муошират ва танҳоӣ бо занони номаҳрам мувофиқи Шариат мамнӯъ аст. Аммо мебинем, ки бисёре аз онҳо ба амалҳои ҳаром даст мезананд. Оё онҳо ин суханони Расули Худо (с.а.в.)-ро нашунидаанд:
لَا يَخْلُوَنَّ رَجُلٌ بِامْرَأَةٍ، إِلَّا مَعَ ذِي مَحْرَمٍ
«Мард набояд бо зане танҳо бимонад, агар дар паҳлӯяш маҳрам набошад.»
(Бухорӣ)
Инчунин аз Савбон ривоят карда мешавад:
لأَعْلَمَنَّ أَقْوَامًا مِنْ أُمَّتِي يَأْتُونَ يَوْمَ الْقِيَامَةِ بِحَسَنَاتٍ أَمْثَالِ جِبَالِ تِهَامَةَ بِيضًا فَيَجْعَلُهَا اللَّهُ عَزَّ وَجَلَّ هَبَاءً مَنْثُورًا قَالَ ثَوْبَانُ : يَا رَسُولَ اللَّهِ صِفْهُمْ لَنَا ، جَلِّهِمْ لَنَا أَنْ لاَ نَكُونَ مِنْهُمْ وَنَحْنُ لاَ نَعْلَمُ ، قَالَ : أَمَا إِنَّهُمْ إِخْوَانُكُمْ وَمِنْ جِلْدَتِكُمْ وَيَأْخُذُونَ مِنَ اللَّيْلِ كَمَا تَأْخُذُونَ وَلَكِنَّهُمْ أَقْوَامٌ إِذَا خَلَوْا بِمَحَارِمِ اللَّهِ انْتَهَكُوهَا
«Паёмбари Худо (с) фармуданд: «Ман аз пайравони худ шахсонеро мешиносам, ки дар рӯзи Қиёмат ба андозаи кӯҳҳои сафеди Тиҳома бо аъмоли нек меоянд. Аммо Аллоҳ онҳоро ба хоки бехташуда табдил медиҳад». Саубон гуфт: Эй Расули Худо! Хислатҳои онҳоро ба мо тавсиф кунед, то ки мо аз он бехабар монда, яке аз онҳо нашавем». Паёмбар (с.а.в.) фармудаанд: «Дар ҳақиқат, онҳо бародарони шумо ҳастанд ва пӯсташон монанди пӯсти шумост. Онҳо шабро мисли шумо тақсим мекунанд, вале агар онҳо бо ҳаромкардаҳои Аллоҳ танҳо монанд, онро вайрон мекунанд.»
(Ибни Моҷа).
Мо бародарони мӯъмини худро аз гуноҳ ва нофармонӣ огоҳ карданӣ ҳастем.
2 – Мо дар миёни бисёре аз ҷавонони мусалмон ва ба хусус дар миёни ҳомиёни даъват дар назди дурӯғ ва андешаҳои куфр, чӣ дар сатҳи донишгоҳ ва чӣ дар сатҳи ҷаҳони Ислом, хомӯш истоданро мебинем. Ин аз тарси гуфтани ҳақ ва ё аз нотавонӣ ба посух додан мешавад.
Агар сабаби набудани посух ба нотавонӣ вобаста дошта бошад, пас ин натиҷаи он аст, ки ҷавонони мо бо чунин фикру ақидаҳо чӣ гуна бархӯрд кардан, нуқтаҳои заъф ва мухолифи исломро намеомӯзанд. Мо мебинем, ки иддае аз ҷавонони мусалмон дар фанҳои дар донишгоҳҳо таълим додашуда талош мекунанд, аммо дар як рӯз ҳадди ақал як соатро барои омӯзиш ё мутолиаи маърифати исломии худ сарф намекунанд. Мусалмон чӣ гуна метавонад ба ақидаҳои куфр посух диҳад, агар нафаҳмад, ки чӣ гуна онҳо бо Ислом мухолифанд ва ҳатто намедонад, ки онҳо аз ақидаи куфр омадаанд, агар онро дар ҷои дигаре нашунида бошад…
Ин аст заъфи ҷавонони мусалмони мо. Онҳо бояд инро дарк кунанд ва бо омўхтани Ислом ба ислоҳи худ кор кунанд. Исломро омӯхта дарк кунанд, ки андешаву ақидаҳои куфр чӣ гуна ба ақли солим ва Ислом рост намеояд. Мо, мусулмонони азиз, вазифадорем, ки худро тарбия ва сақофатнок кунем ва даъватро вазифаи асосии ҳаёти худ гардонем. Расули Худо (с.а.в.) фармудаанд:
إِنَّ اللَّهَ تَعَالَى يَقُولُ يَا ابْنَ آدَمَ تَفَرَّغْ لِعِبَادَتِي أَمْلَأْ صَدْرَكَ غِنًى وَأَسُدَّ فَقْرَكَ وَإِلَّا تَفْعَلْ مَلَأْتُ يَدَيْكَ شُغْلًا وَلَمْ أَسُدَّ فَقْرَكَ
«Аллоҳи Таъоло мегӯяд: «Эй фарзанди Одам барои ибодати Ман фориғ шав ва Ман қалби туро бо боигарӣ пур мекунам ва туро аз камбағалӣ раҳо мекунам. Агар чунин накунӣ, Ман туро бо ташвишҳои (дунё) машғул месозам ва камбағалилро аз ту дур намекунам.»
(Аҳмад.)
Аллоҳи Таъоло мефармояд:
قُلْ هَلْ يَسْتَوِي الَّذِينَ يَعْلَمُونَ وَالَّذِينَ لَا يَعْلَمُونَ
«Бигӯ: «Оё онон, ки медонанд ва онон, ки намедонанд, баробаранд?» (39:9).
Агар ҳақро нагуфта хомӯш истодан аз тарс бошад, пас ин як мушкилоти бузургест, ки дар миёни мусалмонон паҳн шудааст
ва ҳалли он чунон, ки баъзеҳо тасаввур мекунанд осон нест. Ин мушкилӣ ба заиифи имон вобастагӣ дорад. Оё мусалмонон намедонанд, ки Худованд дар рӯзи Қиёмат ба касоне, ки, ба писандида мефармоянду аз нописандида бозмедоранд ва ба некӣ даъват мекунанд, ваъдаи комёбӣ додааст?! Аллоҳи мутаъол мефармояд:
وَلْتَكُنْ مِنْكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنْ الْمُنْكَرِ وَأُوْلَئِكَ هُمْ الْمُفْلِحُونَ
«Дар миёни шумо бояд гурӯҳе бошанд, ки ба некӣ даъват кунанд, ба писандида бифармоянд ва аз нописандида боздоранд. Ана онҳо растагоронанд.» (Оли Имрон:104).
Расули Акрам(с.а.в.) фармудаанд:
مَنْ رَأَى سُلْطَانًا جَائِرًا مُسْتَحِلًّا لِحُرَمِ اللَّهِ نَاكِثًا لِعَهْدِ اللهِ مُخَالِفًا لِسُنَّةِ رَسُولِ اللهِ يَعْمَلُ فِي عِبَادِ اللهِ بِالْإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ فَلَمْ يُغَيِّرْ عَلَيْهِ بِفِعْلٍ وَلَا قَوْلٍ كَانَ حَقًّا عَلَى اللهِ أَنْ يُدْخِلَهُ مَدْخَلَهُ
«Ҳар кас ҳокими золимеро бубинад, ки он чиро, ки Худо ҳаром кардааст, ҳалол кунад, бо Худо паймонро қатъ кунад, Суннати Расули Худо (с)-ро поймол кунад, бо бандагони Худо (с) гунаҳкорӣ ва душманӣ кунад, агар онҳо чунин ҳокимро бо сухан ва амал ислоҳ накунанд, Худованд ба ҳамон ҷое, ки чунин ҳокимро партофт, онҳоро низ мепартояд.»
(Табаронӣ).
Ӯ (с.а.в.) ҳамчунин гуфтаанд:
سَيِّدُ الشُّهَدَاءِ حَمْزَةُ بْنُ عَبْدِ الْمُطَّلِبِ وَرَجُلٌ قَامَ إِلَى إِمَامٍ جَائِرٍ فَأَمَرَهُ وَنَهَاهُ فَقَتَلَهُ
«Сайиди шаҳидон Ҳамза ибни Абдулмутталиб ва он шахсе, ки дар назди ҳокими золим истода амри маъруф ва наҳйи мункар кард ва барои ин кушта шуд.»
(Ҳоким).
Пас, чӣ шуморо аз биҳишт бозмедорад?! Чӣ беҳтар аз мавқеи ҷаноби шаҳидон бошад?! Ҳақро эълон кардан маънои бо Аллоҳ будан ва таваккал карданро дорад. Шояд Худованд ба василаи ту ин Умматро пирӯз гардонад. Аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят аст, ки Расули Худо (с.а.в.) фармуданд:
المُؤْمِنُ الَّذِي يُخَالِطُ النَّاسَ، وَيَصْبِرُ عَلَى أَذَاهُمْ خَيْرٌ مِنَ الَّذِي لَا يُخَالِطُ النَّاسَ وَلَا يَصْبِرُ عَلَى أَذَاهُمْ
«Мӯъмине, ки бо мардум муошират мекунад ва ба зулми онҳо сабр мекунад, беҳтар аз мӯъминест, ки бо мардум муошират намекунад ва ба зулми онҳо таҳаммул намекунад.»
(Ибни Моҷа).
3 — Вақтҳои охир дар байни ҷавонон шунида мешавад, ки ба ҳамдигар, аз сабаби пайрави ҷамоатҳои гуногуни Исломӣ буданашон, суханҳои бад мегӯянд. Ба онҳо тавсия медиҳем, ки ба суханони Худованд гӯш диҳанд:
وَلاَ تَجَسَّسُوا وَلاَ يَغْتَبْ بَعْضُكُمْ بَعْضًا أَيُحِبُّ أَحَدُكُمْ أَنْ يَأْكُلَ لَحْمَ أَخِيهِ مَيْتًا فَكَرِهْتُمُوهُ وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ تَوَّابٌ رَحِيمٌ
“Эй касоне, ки имон овардаед, аз бисёре аз гумонҳо бипарҳезед. Зеро баъзе аз гумонҳо дар ҳадди гуноҳ аст. Ва дар корҳои пинҳонии якдигар ҷосусӣ макунед. Ва якдигарро ғайбат макунед. Оё ҳеҷ як аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад? Пас онро нохуш хоҳед дошт. Ва аз Худо битарсед, зеро Худо тавбапазиру меҳрубон аст!” (49:12)
Ғойба (ғайбат кардан) бадтарин корест, ки байни ҷавонони мусалмон рӯй медиҳад. Сабаби ин заъфи афкори чавонон ва ба дараҷаи ҷоҳилӣ афтодани онҳост. Ҷавонони имрӯза ба ҷои он ки бо бародари мӯъмини худ мулоқот карда, хатоҳояшро ислоҳ кунанд, дар назди дигарон тӯҳмату тамасхури ӯро авлотар медонанд.
Ҳар касе, ки ба яке аз гурӯҳҳои исломӣ пайравӣ мекунад, бояд равшан дарк кунад, ки вай пайравӣ он нест, балки пайрави Ислом аст. Ва агар бо далелҳои шаръӣ рӯбарӯ шавад, ки гурӯҳаш мухолифи он пайравӣ мекунад, бояд аз ин гурӯҳ берун шавад ва ё ҳадди ақал фикри устувори худро бигӯяд. Аммо пас аз дарёфти далелҳои зидди Шариъат аз гурӯҳ берун наояд ва ё ақидаи онро во нагузорад, пас ӯ пайрави Ислом нест, балки пайрави шахсиятҳо ё манфиатҳои худ аст. Расули Худо (с.а.в.) фармудаанд:
لَيْسَ مِنَّا مَنْ دَعَا إِلَى عَصَبِيَّةٍ
«Аз мо нест, касе, ки ба эътиқоди кӯр (асобия) даъват мекунад.»
(Абу Довуд).
Ӯ (с.а.в.) ҳамчунин фармудаанд:
لاَ يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى يَكُونَ اللَّهُ وَرَسُولُهُ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِمَّا سِوَاهُمَا
“Мӯъмин намешавед, магар он вақт, ки Аллоҳ ва Расулашро аз ҳама чиз бештар дӯст доред.”
(Бухорӣ Муслим)
Кӯр-кӯрона пайравӣ кардан ба як шахс ё гурӯҳро Ислом эътироф намекунад. Ҷустуҷӯи ҳақиқат ва ризогии Худо — худ комёбӣ аст. Итоат, ихлос ва фидокории мо бояд танҳо ба сӯи Аллоҳу Расул (с.а.в.) ва мӯъминон бошад. Як гурӯҳ танҳо аз рӯи дараҷаи эътиқоду фидокорӣ ба Ақидаи Исломӣ ва қонунҳои Шариат метавонад бар гурӯҳи дигар бартарӣ дошта бошад.
Аз ин рў, муносибати ҷавонони ҳизбу ҳаракатҳои исломии мавҷуда бо ҳам бояд бародарона ва дўстона бошад. Муҳити худро аз ҳама чизҳои душманӣ, саркашӣ, таҳқиркунӣ, масхаракунӣ, назарногирӣ, иғвогарӣ, пастзанӣ ва ғайра ба назар мерасанд, тоза кардан лозим аст. Бояд гуфт, ки баҳси масъалаҳо миёни гурӯҳҳо дар сатҳи идеологӣ, мавқеъ ва роҳҳои ҳалли Шаръӣ бар асоси Ислом маҳдуд карда шавад. Инчунин бояд дӯстиро тавассути ҳузури мутақобилан дар идҳо, нигоҳ доштани тамос дар рӯзҳои хурсандӣ ва рӯзҳои ғамгин, посух додан ба даъватҳо ва иштирок дар вохӯриҳо, лексияҳо ва ғайра таҷассум кунед.
Илова бар ин, бояд муваззаф шавад, ки ҳаракатҳо ҳамеша бо равиш, қонун ва ақидаи исломӣ роҳи ростро пеш гиранд. Ва ин кор на бо ғайбат ва нафрати мутақобила, балки бо поксозии равиш ва баҳси созандаи идеологӣ барои расидан ба ҳадаф, ки ризоияти Парвардигори ҷаҳониён аст, сурат мегирад.
Мӯҳтарам ҷавонони мусалмон! Мо бо зикри хамаи ин камбудихо на танхо онро нишон додан, балки мехохем, ки шумо онхоро эътироф ва ислоҳ кунед. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки парҳезгорӣ кунед, Исломро амиқ дарк намоед ва тибқи қонунҳои Шариат зиндагӣ кунед. Аллоҳ таоло мефармояд:
وَاتَّقُوا اللَّهَ وَيُعَلِّمُكُمْ اللَّهُ وَاللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمٌ
“Аз Аллоҳ битарсед. Аллоҳ шуморо таълим медиҳад ва Ӯ бар ҳар чизе огоҳ аст!” (2:282)
Аз журнали «Ал-ваъй», раками 2
21.07.1987