Туркия ба оштишавии мухолифон ва режими ҷинояткор даъват менамояд
Дар якчанд шаҳрҳои шимоли Сурия ба нишони эътироз алайҳи изҳороти Вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Чавушоғлу, ки ӯ дар изҳороти худ оиди зарурати оштишавии мухолифони Сурия ва режими Асад сухан кардааст, тазоҳуротҳои чандинҳазора шуда гузаштанд.
Човушоғлу хабар дод, ки ӯ қаблан дар пойтахти Сербистон Белград бо Вазири умури хориҷаи режими Сурия Файсал Микдод вохӯрда буд. Човушоғлу ба хабарнигорон чунин изҳор дошт: «Дар нишасти кишварҳои ҳамроҳнашуда дар Белград бо вазири хориҷаи Сурия сӯҳбати кӯтоҳе доштам». «Мо бояд бо ягон роҳ мухолифат ва режимро дар Сурия оштӣ кунонем, вагарна сулҳ намешавад.»
Мудири дафтари иттилоотии Ҳизб ут-Таҳрир дар Сурия, Аҳмад Абдулваҳоб изҳороти мазкурро шарҳ дод:
«Режими Туркия мухолифонро ба «оштӣ намудан бо режим» даъват мекунад ва ин изҳорот чизи наве нест. Дар ин ҷо мавқеи амалии гурӯҳҳои фраксионӣ муҳим аст. Оё онҳо танҳо бо маҳкум ва маломат кардани чунин хиёнат нисбати мардуми Сурия маҳдуд мешаванд? Оё онҳо кинаи мардумро фурӯ мебаранд? Оё онҳо алоқаашонро бо разведкаҳои кишварҳое, ки дар садри он Туркия меистад ва ба ном халқи Сурияро «дастгирӣ» менамоянд, канда мекунанд? Пас, мавқеи роҳбарони гурӯҳҳо чӣ гуна хоҳад буд? Реаксия ё амалҳои зудэҷодро ҷавобан ба ягон ҳодиса асоси ҳаракати худ карда гирифтан нодуруст аст.
Инчунин, набояд бо пайроҳаҳои каҷ рафт, зеро онҳо ба ҳадафи дилхоҳ оварда намерасонанд. Тазоҳуротҳо гувоҳӣ медиҳан, инқилоб дар халқи Сурия ҳанӯз ҳам аланга мезанад. Зарур аст, ки ин намоишҳо ба тартиб дароварда шаванд ва пеш аз ҳама бояд талабҳои онҳоро равшан муайян намуд. Барои ба муваффақият ноил шудан лозим аст, ки тамоми робитаҳо бо режими Туркия ва хадамоти махсуси он, ки бо хадамоти махсуси режими Сурия ҳамкорӣ мекунанд, канда карда шаванд. Инчунин муносибатҳоро бо аҳли ҷамъияти байналхалқӣ канда, аз таслим шудан даст кашидан лозим аст. Пас аз он инқилобро ба дасти худ бояд баргардонд, на ба дасти режими Туркия ё гурӯҳҳои фраксионии бо он алоқаманд.
Бар пояи принсипҳои инқилоб устувор истодан лозим аст, ин бошад– сарнагун сохтани режим ва ба Ислом додани ҳукмронист. Режими Туркия, чун ҳарвақта, бо дурӯғ гуфтан ва каноргирӣ намудан, ҳаракат мекунад, то ки норозигии мардуми Сурияро аз худаш бартараф созад. Вай тамоми имкониятҳояшро дар Сурия ба кор мебарад, то иродаи мардумро пахш намуда, рисолати худро дар нобуд сохтани инқилоби Сурия анҷом диҳад».
Аз шӯъбаи ахбороти газетаи «Ар-рая», №404
19 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ.