Танҳо Хилофат метавонад таҳқири Пайғамбар Муҳаммад (с) ва ҳамла ба Қуръонро боздорад
Хабар:
Рӯзи 22-уми август дар шаҳри Бергени Норвегия, роҳбари гурӯҳи «Қатъи Исломикунонии Норвегия»-ро ҳангоми тазоҳурот алайҳи ислом ва мусалмонон латукӯб карданд. ОИ «VG.NO» хабар медиҳад: «Роҳбари SIAN-ро дар Берген латукӯб карданд — пас аз ин ҳодиса аз сари ӯ хун мерехт. Дар ин ҷо роҳбари SIAN, Ларс Торсен ҳангоми ҷашнгирӣ дар Берген рӯзи шанбе мавриди ҳамла қарор гирифт. Чанд нафарро полис боздошт кард.»
Рӯзи 28-уми август дар шаҳри Малмои Шветсия пас аз сӯзонидани Қуръони Карим аз ҷониби намояндагони ҳизби ростгарои якрави Дания «Самти Дурушт» ошӯб сар зад. Хабаргузории «Sydsvenskan» иттило медиҳад: “Шоми рӯзи ҷумъа дар ноҳияи Розенгарди Малмо намоишҳои эътирози алайҳи сӯзондани Қуръон шадидан авҷ гирифт. Ба сӯи полис ашёҳои даргирифта истода ҳавола шуд, дар кӯчаи Амиралсгатан сӯхтор рух дод ва чанд нақлиёт оташ зада шуд. Полис ин ҳодисаро шӯришҳои хушунатомез номид ва аз рӯи ин ҳодиса чанд нафар боздошт шуданд.
Рӯзи 29-уми август дар шаҳри Ослои Норвегия ошӯбҳо пас аз он сар заданд, ки намояндагони гурӯҳи «Қатъи исломигардонии Норвегия» Қуръонро дар пеши мардум пора карда, пешоб намуданд ва мисли тӯби футбол зери по карданд. ОИ «VG.NO» хабар дод ки пас аз зидди тазоҳурот 29 нафар боздошт шуданд. Ҳангоме ки созмони зидди исломии SIAN дар Осло дар наздикии Стортинг алайҳи ислом ва мусалмонон намоиш ташкил кард, садҳо нафар зидди тазоҳургарон дар майдон ҷамъ омаданд.
Рӯзи 3-уми сентябр хабаргузории «Sydsvenskan» хабар дод ки пас аз харобкориҳои дар Малмо ҳоло Палудан нақша дорад дар Стокҳолм Қуръонро бисӯзонад. Иғвогар Расмус Палудан ният дорад, ки Қуръонро дар Стокҳолм бисӯзонад — ва барои гирифтани иҷозат оиди амали намудани нақшааш дар панҷ нуқта муроҷиат кардааст. Ҳамин тариқ, полис дубора маҷбур шуд, ки дар бораи маҳдуд кардани озодии ҷамъомад ва баён қарор қабул кунад.»
Рӯзи 1 сентябр маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавӣ «Charlie Hebdo» нашри карикатураҳои пайғамбар Муҳаммадро, ки ҳамлаи террористии соли 2015-ро барангехта буд, такрор намуд.
Шарҳ:
Дар тӯли чанд соли охир ҳамлаҳо ба муқаддасотҳои Ислом ва мусалмонон афзоиш ёфтанд — карикатураҳои пайғамбар Муҳаммад (с) нашр мешаванд ва Қуръон масхара карда шуда, сӯзонда мешавад. Кофирон бешармона ва ошкоро нафрати худро нисбат ба Ислом ва мусалмонон бо таҳқири муқаддасоти мо намоиш дода, ҳис мекунанд, ки беҷазо хоҳанд монд. Ин бо он далел асоснок шудааст, ки ҳеҷ яке аз кишварҳои мусулмонӣ ин кофиронро ба ҷавобгарӣ намекашанд. Ҳеҷ як ҳокиме, ки дар кишварҳои мо ки қудратро ба даст овардааст, як сарбозеро барои ҷазо додани ин кофирон нафиристод. Ҳатто подшоҳони Арабистони Саудӣ, ки худро посбони ду муқаддасот эълон кардаанд, ҷуръат намекунанд, ки кофиронро барои таҳқири пайғамбар Муҳаммад (с) ва масхара кардани Қуръон ба ҷавобгарӣ бикашанд.
Мо шоҳид гардидем, ки вокуниши мусулмонҳо тӯл накашид. Ҳар як мусулмон Паёмбар Муҳаммад (с)-ро дӯст медорад ва ваҳйи Аллоҳи Мутаол Қуръон дар дили ҳар як мусулмон ҷой дорад, аз ин рӯ мусулмонон ба кӯчаҳо баромада эътирози худро намоиш медиҳанд ва аксар вақт ин эътирозҳо ба шакли ошӯбҳо мубаддал мегарданд. Кофирон фавран мешитобанд, ки мусулмононро аз ҷониби бад нишон диҳанд, мусулмонон бошад дар навбати худ ба ошӯб даст мезананд, ба нашрия ҳамла мекунанд ва ғайра. Оре, чунин бетартибиҳо мушкилоти мусулмононро ҳал намекунад. Бале ин кори хуб нест. Аммо Аллоҳи Таоло дар Қуръони Карим гуфтааст:
يَسْأَلُونَكَ عَنِ الشَّهْرِ الْحَرَامِ قِتَالٍ فِيهِ قُلْ قِتَالٌ فِيهِ كَبِيرٌ وَصَدٌّ عَنْ سَبِيلِ اللَّهِ وَكُفْرٌ بِهِ وَالْمَسْجِدِ الْحَرَامِ وَإِخْرَاجُ أَهْلِهِ مِنْهُ أَكْبَرُ عِنْدَ اللَّهِ وَالْفِتْنَةُ أَكْبَرُ مِنَ الْقَتْلِ
«Туро аз ҷанг кардан дар моҳи ҳаром мепурсанд. Бигӯ: «Ҷанг кардан дар он моҳ гуноҳе бузург аст. Аммо боздоштани мардум аз роҳи Ҳақ ва кофир шудан ба ӯ ва Масҷидулҳаром ва берун рондани мардумаш аз он ҷо, дар назди Худованд гуноҳе бузургтар аст ва фитна аз қатл бузургтар аст! (9:217)
Кофирон намегӯянд, ки худи онҳо мусулмононро ба ин ошӯбҳо барангехтаанд ва худро маҳкум намекунанд. Ин кофирон дар куфри худ ғарқ шудаанд ва фикр намекунанд, ки ин кирдорашон гуноҳи азим аст. Гузашта аз ин, ин кофирон мехоҳанд мусулмонони ба Аллоҳ имон овардаро гумроҳ бисозанд.
Ба ҳар як мусулмони соҳиби фикри солим маълум аст, ки ин вазъиятро танҳо Давлати Исломӣ Хилофат бо сардории халифаи одил ислоҳ мекунад. Ин аллакай дар таърихи мусулмонон рух дода буд, вақте ки кофирон дар Англия мехостанд Пайғамбарро масхара бикунанд, халифаи Усмонӣ онҳоро бо ҷазо додан таҳдид кард ва кофирон фавран аз ҷиноятҳое, ки дар хусуси он фикр карда буданд баргаштанд.
Имрӯз барои мусулмонон танҳо ягона роҳе боқӣ мондааст, ки он ҳам бошад бар асоси минҳоҷи паёмбарӣ барпо кардани дувумин Давлати Хилофати Рошида мебошад. Ва бо барпо шудани Давлат, Халифа ҳар касеро, ки ба муқаддасотҳои ислом ва мусулмонон даст дароз кардааст, ба ҷавобгарӣ хоҳад кашид ва Аллоҳ мададгори мӯъминон аст.
Илдар Ҳамзин