Сӯзонидани Қуръон сафарбар кардани артишҳоро талаб мекунад, на маҳкум кардан ва лаънат хонданро

Сӯзонидани Қуръон сафарбар кардани артишҳоро талаб мекунад, на маҳкум кардан ва лаънат хонданро!

Бо иҷозати мақомоти Шветсия рӯзи шанбеи 21 январи соли 2023 ифротгар Палудан Қуръони Каримро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм оташ зада, Уммати исломӣ ва эътиқоди онро таҳқир кард.

Ду рӯз қабл, Палудан изҳор дошта буд, ки Қуръони Каримро дар назди масҷиде дар Дания, дар паҳлӯи сафоратҳои Туркия ва Русия месӯзонад ва аз мақомоти дахлдор иҷозат гирифтааст. Рӯзи душанбеи 23 январи соли 2023 ифротгар Эдвин Вагенсвелд, раҳбари ҷунбиши тундрави аврупоиҳои ватанпарвар зидди исломишавии Ғарб (PEGIDA) дар Ҳолланд пас аз иҷозати мақомот Қуръони Каримро пора карда, таҳти назорати полис чанде аз саҳифаҳои онро дар шаҳри Гаага оташ зад. Рӯзи ҷумъа, 27 январи соли 2023 дар Копенҳаген дар наздикии сафоратхонаҳои Туркия ва Русия се ҳодисаи ҷудогонаи сӯзондани Қуръон рух дод (27/01/2023, Ал-Ҷазира).

Дар як изҳороти хаттӣ Донишгоҳи Ал-Азҳар сӯзондани Қуръонро шадидан маҳкум кард. Ал-Азҳар аз «Ҷомеаи байналмилалӣ, созмонҳо ва раҳбарони ҷаҳон даъват кард, ки бар зидди кӯшишҳои таҳқир кардани арзишҳои муқаддас истодагарӣ кунанд ва аз таҳқири мафҳуми озодии баён ҷилавгирӣ кунанд.» «Чунин амалҳои ифротгароёна эҳтироми инсони мутамаддинро нисбат ба Қуръони Карим коста нахоҳад кард ва китоби муқаддас барои тамоми башарият роҳнамо боқӣ хоҳад монд», — гуфта мешавад дар изҳороти хаттии Ал-Азҳар. Ал-Азҳар бо даъват ба таҳқиқи ин ҳодисаҳои такроршаванда таъкид кард, ки “иҷозати чунин амалҳо таҳти шиори озодии баён талошҳоро барои мусоидат ба сулҳ, муколамаи байни динҳо ва ба равобити Шарқ ва Ғарб халалдор мекунад” (28.01.2023, almogaz.com).

Ҳарчанд сӯзондани Қуръон ба Қуръон зиён намерасонад ва фазилатҳои онро аз қалби мусалмонон нест карда наметавонад, аммо ин таҳқири мустақим ба Уммати исломӣ ва ҳамла ба эътиқоди он аст.  Ба он бо махкуму маломат ва лаънатҳои одди ҷавоб додан мумкин нест, балки артишҳоро барои кӯмак ба китоби Аллоҳ ва дини Ӯ сафарбар кардан лозим аст. Сӯзонидани Қуръон ин эъломи ҷанг алайҳи Уммати исломӣ ва дини он ва ҳамчунин як зуҳури бадбинии ниҳонӣ дар қалби Ғарб аст, ки тавассути расонаҳо ба хотири дур кардани мардуми ғарб аз Ислом барангехтан мебошад. Онҳо аз манфиатҳои мардуми ғарб дида, бештар манфиатҳои шахсии худро дар назар доранд. Мардуми ғарб воқеияти ин динро намедонанд. Аммо ин дин бо қонунҳои худ мардуми ғарбро ҳам дар ин дунё ва ҳам дар охират наҷот медиҳад. Меъёр ва муқаррароти ин дин ҷаҳони онҳоро ба низом медарорад, зиндагии онҳоро осон мекунад, ниёзҳои моддию маънавии онҳоро қонеъ мекунад, бигзор онҳо бифаҳманд, ки дар баробари арзишҳои моддӣ дигар арзишҳое низ ҳастанд, ки ҳангоми иҷрои амалҳо бояд ба назар гирифта шаванд.

Дар мавриди озодии баён, ки ба он ғарб таблиғ мекунад, ин танҳо озодӣ ва иҷозаи тамоми кор нисбат ба Ислом ва муқаддасоти он аст.  Ҳеҷ кас ҷуръат намекунад, ки бо баҳонаи озодии баён китобҳои муқаддаси яҳудиён ё насрониёнро сӯзонад, ба бачабозон ё як ниҳоди саҳюнистӣ ба таври лафзӣ ё ҷисмонӣ ҳамла кунад. Мо аниқ медонем, ки ба Ислом танҳо давлате кӯмак карда метавонад, ки танҳо аз мавҷудияти он Ғарб метарсад ва аз зикри номаш меларзад.  Давлате, ки Исломро дар зиндагӣ татбиқ хоҳад кард ва бо хости Аллоҳ онро ба дунё хоҳад расонд. Ин давлат Хилофати Рошида аст, ки бо минҳоҷи нубувват барпо хоҳад шуд. Ҳокимоне, ки бо Уммати исломӣ ва ақидаи он душманӣ доранд ва аз душманони Уммат пуштибонӣ мекунанд, наметавонанд ба Ислом кӯмак кунанд. Дар атрофи онҳо уламои бад ҳастанд, ки аъмоли зишти онҳоро сафед мекунанд ва Умматро аз ҳисоботи онҳо бозмедоранд. Дар байни онҳо ҳатто касоне ҳастанд, ки ғарб ва созмонҳои байналмилалиро даъват мекунанд, то муқаддасоти мусалмононро ҳифз кунанд, гӯё онҳо аз таҳрибшавии дину эътиқод ва муқаддасотҳои мо бехабаранд!

Мо интизори артиши Уммат ҳастем.  Мо ба низомиёни поквиҷдон муроҷиат мекунем, ба дину бародарии онҳо муроҷиат мекунем ва аз онҳо ба номи Аллоҳ мепурсем, ки чӣ тавр шумо хомӯш истодаед, вақте ки дини шумо таҳқир мешавад ва муқаддасҳоятон  поймол мешавад?  Оё дар миёни шумо шахси солимфикр ҳаст, ки ҳангоми таҳқири Ислом ва эътиқоди он хунаш дар ҷӯш ояд? Шумо авлоди фотеҳони бузург ҳастед, ки ҳамеша сипар ва нигаҳбони Уммат буданд. Агар шумо тарафдори Ислом набошед, пас онро ки тарафдорӣ мекунад? Ба ғайр аз шумо, ки ба Ислом нусрат медиҳад?  Бидонед, ки дар рӯзи Қиёмат барои ин дар назди Аллоҳ пурсида хоҳед шуд.  Пас ба дини Аллоҳ нусрат диҳед, то дар рӯзи Қиёмат аз зумраи наҷот ёфтагон ва сафед шудагон шавед! Умедворем, ки Худованд бо дасти шумо фатҳҳоро ба мусулмонон ато мекунад ва ба воситаи шумо Исломро олӣ мегардонад, то ба наҷоти бузург ноил шавед. Умедворем, ки ин суханҳоро фаромӯш нахоҳед кард ва онро ба ҳукми Худованди мутаол мегузорем.

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ ٱسۡتَجِيبُواْ لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُمۡ لِمَا يُحۡيِيكُمۡۖ

«Эй касоне, ки имон овардаед, чун Худову паёмбараш шуморо ба чизе фаро хонанд, ки зиндагиятон мебахшад, даъваташонро иҷобат кунед…».   [8:24]

 

 

Баёноти матбуотӣ

Бахши иттилоотии Ҳизби Таҳрир Миср

Якшанбе 7 Раҷаби соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads