Талбандагии ҳукумати Тунис кишварро ба ҳалокат тела медиҳад

Талбандагии ҳукумати Тунис кишварро ба ҳалокат тела медиҳад

Рӯзи ҷумъа 4 ноябри соли 2022 Президенти Тунис Қайс Саид дар Қасри Карфаген дар ҳузури директори Бонки марказӣ Марвон Ал Аббосӣ директори генералии Хазинаи Асъори Араб Абдурраҳмон ал Ҳамидиро ба ҳузур пазируфт.

Ал Ҳамидӣ дар суханронии худ гуфт, ки ин нишаст дигаргуниҳои бузургеро, ки дар Тунис дар робита ба қабули барномаи иқтисодӣ ва ҳамоҳангӣ бо Хазинаи Байналмиллалии Асъор ба амал меояд, таъкид мекунад.  Ӯ мутмаин аст, ки ин оғози таҳаввулоти бузург дар кишвар, яъне ба даст овардани суръати баланди рушд ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.

Худи ҳамон рӯз сарвазир Наҷла Будин Ромдан ал Ҳамидиро дар қасри ҳукумат дар Касба ба ҳузур пазируфт. Ин мулоқот баъд аз имзои созишномаи «қарзи оддӣ»-и байни Тунис ва Хазинаи Асъори Араб ба маблағи 74 миллион доллари ИМА баргузор гардид.

Дар робита ба ин ҳодиса Бахши иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Тунис дар баёнияи худ ба чанд нукта равшанӣ дароварда аст:

  1. Ин қарзҳо мардумро хароб карда, давлатро занҷирбанд мекунад ва иродаи ӯро аз байн мебарад. Қарзҳо, як роҳи ҳалли иқтисодӣ барои Тунис буданд ва боқӣ мемонанд. Пас аз инқилоб, қарз ба ҳадде афзоиш ёфт, ки ҳаҷми он дар байни солҳои 2011 ва 2022 ду баробар афзуда, ба 115 миллиард динор расидааст, ки ба 80% ММД-и кишвар баробар мебошад.
  2. Изҳороти Ал Хамидӣ асосан капиталистӣ буда, бо забони режимҳои араб ҳарф мезанад, ки он маънои майл ба тафаккури кишварҳои мустамликавӣ пайравй кардан аст. Ин тафаккур барои хусусигардонӣ ва ғорат кардани сарват ва маҳрум кардани Уммат аз ҳаққи соҳибии он аст.
  3. Агар ба сиёсати ночизи ҳукумати президент умед баста бошед, пас ягон муаммои Тунис ҳал нахоҳад шуд! Дар натиҷаи ин сиёсати беқобилият ба мамлакати мо зарари калон расид ва ин ҳақиқати равшан аст.

Ҳалли мушкилоти иқтисодии Тунис ва дигар кишварҳои мусалмонӣ дар татбиқи низоми иқтисодии ислом аст, ки ба захираҳои ин кишвар тибқи ҳукми Аллоҳи мутаол иртибот мекунад. Закот аз тиҷорату пул, хазина, хараж, ушр, фай (ғаниматҳо), сарватҳои умумӣ, аз қабили нафт, газ, маъдан ва ғайра — давлат ин амволро дар соҳаҳои муайянкардаи шариат сарф мекунад.

 

Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя»  № 417

22 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads