Ҳусийҳо бар зидди қонунҳои Аллоҳ чуръат карданд!

Ҳусийҳо бар зидди қонунҳои Аллоҳ чуръат карданд!

Иштирокчиёни нишасте, ки вазорати адлия ва Палатаи савдо ва саноат дар пойтахти Яман дар Санъо баргузор карданд, тарҳи қонунеро, ки муомилоти риборо манъ мекунад, баррасӣ намуданд.

Лоиҳа бо назардошти таҷрибаи арабӣ ва байналмилалӣ барои омӯзиш ба кумитаҳои қонунгузорӣ, иқтисодӣ ва шариат фиристода шудааст. Муҳокима 5 декабри соли 2022 баргузор гардид ва дар он муфтии калони Яман Шамсуддин Шарофиддин, вазири адлия Набил Азонӣ, вазири корҳои дохилӣ Исмоил Маҳакарӣ, намояндаи вазорати оид ба корҳои парлумон ва корҳои шӯро Алӣ Абу Холиқ, ва мушовири Шӯрои Олии Сиёсӣ Абдулазиз Бағдодӣ иштирок карданд.

Дар навбати худ Бахши иттилооти Ҳизби Таҳрир дар Яман як баёнияи матбуотӣ нашр намудааст, ки дар он гуфта мешавад: «Иштирокчиёни баҳс масъалаҳои дуюмдараҷаро баррасӣ карда, масъалаҳои асосиро фаромӯш мекунанд. Магар намедонанд, ки дар кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла Яман бо Ислом ҳукм карда намешавад?!  Ё онҳо инро комилан дарк мекунанду мардумро масхара мекунанд?! Иштирокчиёни баҳс ҷуръат карда, ба қонунҳои Аллоҳи мутаол таҷовуз карданд. Онҳо ҷуръат карданд, ки баҳси «оё онҳоро аз рибо мувофиқи шариат мамнӯъ кунем ё минбаъд низ ба қонунҳои ботили Ғарб пайравӣ кунем»-ро ба миён гузоранд. Ба ҷойи он ки ба фармудаҳои Худованди Мутаъол: «Шунидем ва итоат мекунем», посух диҳанд, шартномаҳои ҳаромкардаи исломро мебанданд ва бо онҳое, ки муҳаббат ба фарҳанги ғарб доранд, баҳсу мунозира мекунанд. Аллоҳи Мутаол мефармояд:

«Ҳеҷ марди мӯъмину зани мӯъминро нарасад, ки чун Худову паёмбараш дар коре ҳукме карданд, онҳоро дар он корашон ихтиёре бошад, ҳар кӣ аз Худову паёмбараш нофармонӣ кунад сахт дар гумроҳӣ афтодааст».

[33:36]

Ҳизби Таҳрир, Уммати исломӣ ва бахусус мардуми Яманро ба татбиқи пурраи Ислом дар тамоми соҳаҳои ҳаёти инсон даъват мекунад. Ҳизби Таҳрир як тарҳи мукаммалеро барои «Давлати исломӣ» омода кардааст, ки дар бораи назари исломӣ ба иқтисод баҳс мекунад, ки онро метавон дар китоби «Низоми иқтисодӣ дар Ислом»-и ҳизб ба таври муфассал дарёфт кард. Ин лоиҳа танҳо дар Хилофати дуюми Рошида, ки барпо намудани он ҳатмист, татбиқ мешавад.  «Он чизе, ки бидуни он воҷиб амалӣ намешавад, худ низ воҷиб аст».

 

Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» №421

20 Ҷумадул аввали соли 1444 ҳ.

14 декабри соли 2022 м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads