Хурӯҷи Амрико аз Ироқ — озодӣ ё идомаи ишғол?

hizb-tojikiston.info

Хурӯҷи Амрико аз Ироқ — озодӣ ё идомаи ишғол?

08.01.2022

Амрико ва иттифоқчиёнаш пас аз ҳуҷумҳои 11 сентябр ба Афғонистону Ироқ ҳамла оварда, аввал як кишварро дар соли 2001, сипас дар соли 2003 бо баҳонаи ҷанг алайҳи “терроризм” дуюм кишварро ишғол карданд.

Аммо нерӯҳои ишғолгар ба муқовимати мардуми афғон бо сарварии Толибон ва мардуми Ироқ, ки намояндагони чанд гурӯҳ буданд, дучор шуданд. Ин муқовимат ба қӯшунҳои Амрико талафоти калон расонид.

Аммо манзараи умумӣ дар ду кишвар гуногун буд. Дар Афғонистон муқовимат бист сол тӯл кашид ва ин ҳамларо, тӯлонитарин ҷанге, ки Амрико то ҳол ба он ҷалб нашуда буд, табдил дод. Вай иродаи муҷоҳидини афғонро шикаста натавонист ва ин ӯро маҷбур кард, ки баромада равад. Котиби Давлатии Амрико Энтони Блинкен, бо ҳимоят аз чораҳои андешидаи Байден, борҳо дар бораи хурӯҷи бесарусомонии нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон чунин гуфтааст: «Агар 20 сол ва садҳо миллиард доллар дастгирӣ, технология ва омӯзишу машқҳо кифоя накарданд, пас чаро як соли дигар, панҷ ё даҳ сол муҳим бошад?»

Дар Ироқ манзара дигар буд. Муқовимат роҳбарияти ягона надошт. Гурӯҳи ҷангии «Ҷайш Муҳаммад», ки ба он сарбозони артиши Ироқ пас аз пароканда шуданаш шомил шуданд, гурӯҳи исломгарои «Ансорул-Ислом», «Артиши мардуми ордени Нақшбандӣ» ва дигар гурӯҳҳоро ёдовар шудан мумкин аст. Мақсади ягонаи ин гурӯҳҳо бо яроқу аслиҳае, ки аз суқути давлат боқимонда буд, гирифта, бар муқобили истилогарон мубориза бурдан буд. То замони гурӯҳи «Тавҳид ва ҷиҳод» бо сардории Абӯмусъаб аз-Зарқавӣ ба хатти муқовимат дохил шуданаш, муковимат ба истилогари Америка зарари калон мерасонид. То соли 2006 ал-Зарқавӣ  таъсиси «Шӯрои Муҷоҳидин»-ро бо ҳадафи муттаҳид кардани тамоми гурӯҳҳои мусаллаҳи суннӣ дар Ироқ эълон кард. Он вақт ин гурӯҳ барои истилогар чапғалатона ҳимоят эҷод карда, мегуфтанд, ки “ҷанг бо рафидиён аз мубориза бо истилогар муҳимтар аст” ва ба ин аз Қуръон истинод меоварданд:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ قَٰتِلُواْ ٱلَّذِينَ يَلُونَكُم مِّنَ ٱلۡكُفَّارِ وَلۡيَجِدُواْ فِيكُمۡ غِلۡظَةٗۚ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُتَّقِينَ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Бо кофирон, ки дар наздикии шумо ҳастанд, ҷанг кунед. Ва бигзор онҳо ба сахтгирии шумо боварӣ ҳосил кунанд. Ва бидонед, ки Худо бо парҳезгорон аст.»  (Тавба, 123).

Пас аз вафоти ал-Зарқавӣ ҷои ӯро Абӯ Умар ал-Бағдодӣ гирифт ва дар навбати худ эълом дошт, ки номи «Шӯрои  Муҷоҳидин» ба «Давлати Исломии Ироқ» табдил дода мешавад. Вай аз тамоми ҷиноҳҳо даъват кард, ки ба ӯ байъат кунанд ва  алайҳи гурӯҳҳои муқовимати суннӣ, ки аз байъат сарпечӣ карданд, муборизаро оғоз кард. Муқовимат ба низоъҳои кӯркӯронаи мазҳабӣ табдил ёфт, ки дар натиҷа мардуми зиёди бегуноҳ кушта шуданд. Истилогар аз душвориҳо халос шуда, дар роҳаш дигар ба муқобилият дучор нашуд. Вай ба ташаккули система ва расидан ба ҳадафҳои худро оғоз кард. Баъд зиёда аз шаст гурӯҳҳои мусаллаҳ ташкил карда шуд. Ҳамаи инҳо  бахусус баъд аз тасарруфи шаҳрҳои Мосул, Анбар ва Салоҳиддин  аз тарафи ДИИШ  ба Эрон содиқ буданд.

Пас аз аз байн бурда шудани ДИИШ ва баргардонидани қаламравҳо, бархе аз ин гурӯҳҳо ба вижа пас аз кушта шудани фармондеҳи Қудс Қосим Сулаймонӣ, муъовини раҳбари эътилофи нерӯҳои сафарбарии мардумӣ Абӯмаҳдӣ ал-Муҳандис, мояи нороҳатии Амрико шуданд. Ҳамин тавр, ҳарчи бештар садоҳо баланд шуданд ва нерӯҳои амрикоиро маҷбур карданд, ки Ироқро тарк кунанд, илова бар ин, ин гурӯҳҳо барои хурӯҷи нирӯҳои Амрико мӯҳлат муқаррар карданд, “вагарна онҳо бо истилогар ба ҷанги ошкоро ворид мешаванд”.

Парлумон аз нақзи истиқлолияти Ироқ ба хашм омада, ба ихроҷи нерӯҳои амрикоӣ аз ин кишвар раъй дод. Аммо раъйи порлумони Ироқ ҳатмӣ набуд. Сипас, Ҷо Байден, Раисиҷумҳури Амрико ва  нахуствазири Ироқ, Мустафо ал-Козимӣ дар бораи хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ ба хотири хатми ҳузури низомии сарбозони амрикоӣ дар ин кишвар созишнома  имзо карданд. Бо вуҷуди ин рӯйдодҳои пурсарусадо,  бо эълони созишнома, Иёлоти Муттаҳида чӣ тавре, ки аз Афғонистон баромад, Ироқро низ пурра тарк накард. Дар баёнияи муштарак дар пайи чаҳорумин даври «муколамаи стратегӣ» миёни Бағдод ва Вошингтон гуфта мешавад, ки «муносибатҳо дар арсаи амниятӣ комилан ба хатти омӯзиш, машварат, кӯмак ва табодули иттилоъоти иктишофӣ  мегузаранд.»

Дар баёния ҳамчунин гуфта мешавад, ки пойгоҳҳои низомии артиши Амрико истифодакарда, «пойгоҳҳои Ироқ ҳастанд, ки тибқи қонунҳои Ироқ фаъолият мекунанд» ва нерӯҳои мустақари байналмилалӣ дар ин пойгоҳҳо танҳо дар ҷанг алайҳи ДИИШ кӯмак хоҳанд кард.

Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки хурӯҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Ироқ сурат намегирад, балки вазифаи нерӯҳои амрикоӣ дар Ироқ аз ҷанг ба омӯзиш ва машварат мегузарад. Аз ин рӯ, дар поёни истилои Амрико мо шоҳиди бузургтарин фиреби мардуми Ироқ  ҳастем. Дар хакикат, мамлакат озод карда намешавад, балки истилогар боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Истиқлолият бо роҳи халос шудан аз ҳар гуна ҳукмронии берунӣ ба даст меояд ва ҳеҷ як мамлакат то аз ҷиҳати сиёсӣ, маданӣ, иктисодӣ ва харбӣ аз мустамликадорон пок нагардад, худро озодшуда хисоб карда наметавонад. Шакли соддатарини ишғол — ишғоли ҳарбӣ мебошад ва хатарноктарин ишғол — идеологӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ мебошад. Худованд мефармояд:

وَلَن يَجۡعَلَ ٱللَّهُ لِلۡكَٰفِرِينَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ سَبِيلًا

«Худованд роҳи кофиронро бар зидди мӯъминон намекушояд»   (4:141).

Ҳамин тариқ, Аллоҳ таъоло ҳукмронии кофиронро бар мусулмонон, чӣ аз ҷиҳати ақидавӣ, чӣ ҳарбӣ, чӣ сиёсӣ ва чӣ иқтисодӣ ҳаром кардааст.

Озод шудани кишвар аз ишғоли ҳарбӣ  на бо гуфтушуниду найранг, балки бо муқовимати мусаллаҳона ва ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ ба даст меояд. Ироқ ба маънои томаш мамлакати ишғолшуда мебошад. Бо дарназардошти ҳузури истилогар — конститутсияи он, системаҳои сиёсӣ ва иқтисодии он дар кишвар,  хурӯҷи ҳарбӣ аҳамияте надорад. Гузашта аз ин, Амрико намехоҳад сарбозони худро аз Ироқ берун барад, балки танҳо фиреб мекунад ва вазифаҳои низомии худро тағйир медиҳад.

Ҳоло мебинем, ки ҳукумат, ки ба истилогар хидмат мекунад, ин пирӯзии зоҳириро дар расонаҳо чӣ гуна ҷашн мегирад. Аз чунин фиреб бадтар боз чизе ҳаст?!

Мо мехоҳем ба мусулмонони Ироқ муроҷиат карда, бипурсем: магар даъват кардан ба хурӯҷи қӯшунҳо, дар ҳоле ки нуфузи сиёсӣ, идеологӣ ва иктисодии истилогар дар мамлакат нигох дошта мешавад, хиёнат ва фиребу найранг нест?! Истиқлолият ва зиндагии шоиста танҳо баъди аз ҳама гуна забтҳо озод шудани кишвар имконпазир мегардад. Аммо онҳое, ки ба истилогар хизмат мекунанд, бо вай гуфтушуниди нобаробар мекунанд ва ба гурӯҳҳои вобастаи сиёсӣ такя мекунанд, ки ба ин қодир нестанд.

Балки мусулмонон ба давлати идеологӣ ва ҳокимони ба умматашон содиқ ниёз доранд. Ин давлат бояд дар тамоми соҳаҳои давлат ва ҷомеа аз рӯи Қуръону Суннат идора шавад. Ва дар роҳбарият бояд Халифаи солеҳу росткоре бошад, ки сипари Уммат шавад. Системаҳои сиёсӣ, идеологӣ ва иқтисодӣ бояд бо эҳсосоти исломии мусалмонон созгор бошанд. Ин роҳи ягонаи аз ҳамаи шаклҳои истилогарӣ комилан озод шудан аст.

 

Газетаи «Ар-рая».

Мағозаи Дибаг, Ироқ

25-уми Чумъадаул-аввал, 1443 ҳиҷрӣ

29.12.2021 милодӣ.

Ироқ.     ИМА

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads