Аз оғози ҷанг дар Судон сад рӯз гузашт. Кӣ аз он манфиат мебинад?

hizb-tojikiston.info

Аз оғози ҷанг дар Судон сад рӯз гузашт. Кӣ аз он манфиат мебинад?

Муноқишаи мусаллаҳона дар Судон дар байни артиш ва қувваҳои аксуламали зуд 15 апрели соли 2023 милодӣ сар зад ва аз он замон то ба имрӯз Судон шоҳиди харобкориҳо, куштор, азобдиҳӣ ва тахриби инфрасохтор, бемористонҳо, корхонаҳо ва иншоотҳои ҷамъиятӣ шуд. Инчунин мо шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр бозорҳо, мағозаҳо ва амвол ғорат карда мешаванд, одамон аз хонаҳояшон ронда, занон таҷовуз ва мошинҳо рабуда мешаванд, ҳуҷҷатҳои заминҳо, ҳукмҳои маҳкамаҳо ва ҳуҷҷатҳои расмӣ дар вазоратҳои федералӣ оташ зада мешаванд.

Зиёда аз сад рӯз шуд, ки харобкорӣ, мутаассифона, бо дастони фарзандони ҳамин кишвар идома дорад. Пас ин ҷанг, куштору ғорат баҳри чист, эй мардум? Ин харобкорӣ, рондан аз хонаҳо ва таҷовуз барои чист? Барои чӣ бо дастони худ иншоотҳоро вайрон мекунеду кишвари худро хароб месозед?!

Касе, ки ба ин ҷанг беғаразона ва бо шуури сиёсӣ назар андохта, ҳодисаҳоро ба таври дақиқ пайравӣ намояд, чизҳои зеринро пай хоҳад бурд:

Якум — Дар оғози ҷанг сафири Амрико дар Судон изҳор дошт, ки ин ҷанг кори дохилӣ аст. Сипас, баъди гузашти рӯзҳо Департаменти давлатии ИМА тавассути Кирбӣ ба каналҳои Ал-Арабия ва Ал-Ҳадас рӯзи 8 июли соли 2023 милодӣ изҳороти дигаре дод. Дар он гуфта мешуд, ки ИМА дар ҳамкорӣ бо Арабистони Саудӣ ҷонибҳои даргирро дар Судон ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар робита ба оташбас ва инчунин иҷозаи расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ҳамаи минтақаҳо пайваста даъват хоҳад кард. Кирбӣ эълом кард, ки дипломатҳои амрикоӣ бо ҷиддият дар ин самт кор мебаранд. Ӯ таъкид кард, ки Вашингтон аз талоши дастёбӣ ба оташбаси доимӣ дар Судон даст нахоҳад кашид. Ин дар ҳолест, ки вазорати умури хориҷии Судон таъйид кард, ки нерӯҳои мусаллаҳ қодиранд дар як муддати кӯтоҳ шӯришро пахш намоянд.

Оё Судон ба давлати ИМА табдил ёфт?! Пас аз изҳори он, ки ин ҷанг як кори дохилӣ аст, чаро Амрико ба ин масъала ошкоро дахолат карда, Ҷиддаро ҳамчун макони музокира дар миёни ду ҷониби даргир таъин мекунад?!

Баёноте, ки сухангӯи минтақавии Департаменти давлатии ИМА Ҳала Ғарит зери унвони “Ду тарафи даргир дар Судон иродаи сиёсӣ надоранд” изҳор намуд (Ал-Арабия/Ал-Ҳадас, 7 июли соли 2023 милодӣ), боз як бори дигар таъкид месозад, ки Амрико низоъро дар Судон идора мекунад. Сухангӯи Департамент аз ҷумла чунин гуфт: «Роҳи ҳал дар Судон дипломатия аст, на ҷанг». Вай афзуд: «Мо бо Арабистони Саудӣ, Иттиҳоди Африқо ва Иттиҳоди Аврупо барои ҳалли муаммои Судон кор мебарем». Инчунин афзуд, ки бояд як ҳукумати ғайринизомӣ таъсис дода шавад. Инҳо далели равшани он аст, ки Амрико риштаи бозиро дар Судон нигоҳ медорад. Ҳақиқати ҳол ҳамин аст, эй мусалмонон. Амрико шарти хостаашро мегузорад ва ду тарафи даргирро ба нишастан ба мизи гуфтушунид маҷбур мекунад. Масалан Департаменти давлатии ИМА, ҳангоме ки гуфтушунид дар Ҷидда дар 21 июни соли 2023 милодӣ ногаҳон мутаваққиф шуд, инро дар баёния чунин асоснок кард: «Гуфтушуниди Судон дирӯз ба таъхир афтод, зеро тарзи баёнияи онҳо ба тарзи хостаи мо рост наомад».

Дуюм— Сафири ИМА дар Судон изҳор дошт, ки “расидан ба ҳалли музокиравӣ маънои бозгашт ба вазъи мавҷударо, ки то 15 апрел вуҷуд дошт, надорад” (Сомонаи Sudan News, 12 июли 2023 милодӣ). Ин маънои онро дорад, ки Амрико намехоҳад пас аз ин ҷанг ба созишномаи чаҳорчӯбавӣ ва ё чизи дигар баргардад, балки мехоҳад Судонро ба тарзи нав, ки бо хостааш созгор аст, бисозад.

Бо ин маълум мешавад, ки тарафҳои даргир даҳҳо ҳазор фарзандони моро мекушанд, беш аз се миллион нафарро аз хонаҳои худ ронданд ва бо вайрон кардани ҳазорон корхона, садҳо беморхона ва ғайра бо арзиши даҳҳо миллиард доллар манфиатҳои мардумро халалдор сохтанд. Бо вуҷуди ҳамаи ин, тарафҳои даргир дар гумроҳии худ якравӣ мекунанд. Онҳо ақлу фаросат надоранд ва аз чизе ибрат намегиранд, балки хостаи Амрикоро ба иҷро мерасонанд, чун онҳо бозичаи дасти ӯ мебошанд. Ҳарчанд артиш метавонад масъалаи ҷангро ҳал кунад, тавре ки раҳбарони артиш ва вазири корҳои хориҷии Судон изҳор доштанд, вале онҳо бо дастури Амрико ин корро намекунанд. Зеро Амрико намехоҳад дар ин ҷанг касе пирӯз шавад, тавре Кирбӣ ба телевизиони Ал-Ҳадас 7 июли соли 2023 милодӣ изҳор дошт. Ӯ гуфт: «Дипломатҳои амрикоӣ дар ин самт бо ҷиддият кор мебаранд ва Вашингтон аз талоши дастёбӣ ба оташбаси доимӣ дар Судон даст нахоҳад кашид». Пас Амрико оташбаси доимиро мехоҳад, на ҳалли масъаларо. Ҳамчунин, он чизеро мехоҳад, ки сухангӯи Амрико зикр кардааст: «Роҳи ҳал дар Судон дипломатия аст, на ҷанг».

Бале, дар инҷо дастовардҳои мабдаӣ ва сиёсие ҳастанд, ки Амрико мехоҳад ба тариқи ба вуҷуд овардани ин ҷанги бемаънӣ ва лаънатӣ ба даст орад. Аз ҷумла:

1- Заиф сохтани артиш ва қувваҳои аксуламали зуд, яъне заиф кардани нерӯи низомӣ дар Судон, ки ҳадафи ибтидоии стратегӣ барои Амрико аст. Зеро артиши Судон дар Африқо дар ҷои даҳум, дар олами араб дар ҷои шашум ва дар ҷаҳон дар ҷои 68-ум қарор дорад. Сарбозони артиши Судон шуҷоъ ва ҷасур буда, яке аз қавитарин ҷанговарони ҷаҳон мебошанд. Бинобар ин, он бояд заиф карда шавад, то Судон як кишвари заиф гашта, тақсим кардани он ва фурӯъ бурдани он осон гардад.

2 — Ба куллӣ ба даст гирифтани артиш дар Судон. Зеро Амрико дар масъалаи азхуд кардани кишварҳо ба қиёдати артиш такя мекунад, чун онро барои сайди сарбозони “фарбеҳ” макони хуб ва замини ҳосилхез медонад, то онҳоро нигоҳубин карда, ба гумоштаҳое табдил диҳад, ки барои ба рӯёб баровардани манфиатҳои амрикоӣ зимоми ҳукуматро ба даст мегиранд.

3- Ҳал кардани ояндаи қувваҳои аксуламали зуд, ки онро худи Амрико таъсис дода буд:

Якум: Қувваҳои аксуламали зуд дар Хартум боқӣ мемонанд, то дар гумоштаҳои Бритониё (қувваҳои озодӣ ва тағъирот) тарсу ваҳмро ҷойгир кунанд ва абзоре бошанд, ки ҳар лаҳза Амрико онҳоро барои аз қудрат дур сохтани гумоштаҳои аврупоӣ истифода мебарад. Ногуфта намонад, ки Амрико қувваҳои аксуламали зудро дар як қатор бо гумоштаҳои аврупоӣ (қувваҳои озодӣ ва тағъирот) мегузорад. Аммо ин корро вай барои ба чашм пошидани хок ва фиреб додани оммаи мардум ва сиёсатмадорон анҷом медиҳад. Зеро ҳарчанд вай нишон медиҳад, ки қувваҳои аксуламали зуд ва қувваҳои озодӣ ва тағъирот дар як хандақ ҷойгир ҳастанд, дар асл ҳақиқат хилофи ин аст ва ин фақат як бозии чиркинест, ки Амрико ба роҳ меандозад.

Дуюм: Минтақаи Дарфур барои назорат ба қувваҳои аксуламали зуд супорида мешавад. Агар фурсати ҷудошавӣ пеш ояд, онгоҳ маҳз вай минтақаро зери назорати худ гирифта, аз болои ҳаракатҳои мусаллаҳона, ки аз ҷиҳати ҳарбӣ ва иқтисодӣ тобеи Аврупо буда, конҳои тиллоро дар Ҷабалу Омир соҳибӣ мекунанд, бартариятро ба даст хоҳад овард.

4- Дар натиҷаи сар задани ин ҷанг созишномаи чаҳорчӯбавӣ канор гузошта шуд. Ин созишнома ба гумоштаҳои Бритониё барои гирифтани зимоми ҳокимият қариб ки имкон фароҳам оварда буд. Бо дур карда шудани созишномаи чаҳорчӯбавӣ, гумоштаҳои Бритониё низ аз мизи гуфтушунидҳо барканор шуданд. Пас Амрико талош дорад, ки гумоштаҳояш бидуни рақобат кор баранд, то сухани Амрико дар ҳамаи масъалаҳо дар Судон олитарин гардад.

5- Пас аз он ки раҳбарони артиш, ки ба Амрико вобаста ҳастанд, пуштибонии васеи мардумиро дар идораи умури кишвар дар давраи ахир аз даст доданд, ин ҷанг ба онҳо дубора пуштибонии васеи мардумиро ато кард. Ҳоло пуштибонии мардум аз артиш ба таври оммавӣ баргашт ва шиори «як артиш, як халқ” дар ҳама ҷо садо медиҳад.

6- Амалҳои ғоратгарӣ, роҳзанӣ, таҷовуз ба номус ва куштани афроди бесилоҳ ва ихроҷи онҳо аз хонаҳояшон, ки аз ҷониби қувваҳои аксуламали зуд анҷом дода мешавад, мардумро водор ба он мекунад, ки ҳама гуна ҳаллеро, ки қувваҳои аксуламали зудро аз хонаҳояшон, беморхонаҳо ва иншооти дигари ҷамъиятӣ берун месозад, қабул кунанд. Пас дилхоҳ ҳалле, ки ин амалҳои зиштро бозмеистонад, аз ҷониби мардум пазируфта хоҳад шуд, агарчи он ҷудошавии Дарфур ва ё ҳадафҳои дигаре бошанд, ки ба нафъи Амрико ҳастанд.

Дар охир мо ба мардуми Судон мегӯем: Мо бояд ба ҳодисаҳое, ки дар атрофи мо рӯй медиҳанд, бо чашми кунҷков ва хирад назар андохта, онҳоро ба таври комил идрок ва ба таври дуруст таҳлил намоем. Мо бояд тамоми забоняккуниҳоеро, ки зидди кишвар ва уммати исломии мо нигаронида мешаванд, фош созем. Зеро мо уммати ҳабибамон Мустафо ﷺ ҳастем. Пас мо бояд ҳақиқати корҳоро идрок карда, бидонем, ки ин кофири мустамликадор аст, ки дасисаҳоро эҷод намуда, иҷроишашро ба гумоштагонаш месупорад. Бидонед, ки ҳалли ягона барои мо ин баргаштан ба сӯи китоби Аллоҳ ва суннати Расулуллоҳ ﷺ буда, иззати мо танҳо дар Ислом аст ва азбаски мо иззатро дар чизҳои дигар ҷустуҷӯ намудем, Аллоҳ моро хор кард.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads