Саммити НАТО дар Литва ва далолатҳои он

بسم الله الرحمن الرحيم

Саммити НАТО дар Литва ва далолатҳои он

Савол:

Нишасти Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар Литва, яке аз ҷумҳуриҳои назди Балтика, ки дар марзи Русия воқеъ аст, рӯзи 12.07.2023 баргузор шуд. Ин нишаст чӣ натиҷа дод? Чаро он дархости Украинаро барои пайвастан ба НАТО рад кард? Ҳодисаҳои ҷанг дар Украина ба куҷо равонаанд?

Ҷавоб:

Барои равшан кардани ҷавоб ба саволҳои дар боло мазкур мо инҳоро баррасӣ мекунем:

1- Дар баёнияи ниҳоии НАТО ҳудуди 90 банд зикр шуд, ки бархе ба ҷанги Украинаву Русия ва бархеи дигар марбут ба дигар мавзӯъҳо буданд. Он баёнияе гардид, ки тамоми масоили байналмилалиеро, ки ба бартарӣ ва нуфузи хоссатан Амрико дар ҷаҳон ва умуман Ғарб дар ҷаҳон дахл доранд, дарбар гирифт. Аз ин рӯ, дар он бандҳое мавҷуд ҳастанд, ки ба Русия ва ҷанг дар Украина, ба Чин ва кишварҳои минтақаи уқёнуси Ҳинд ва уқёнуси Ором, ба муносибатҳо бо Иттиҳоди Аврупо, Ховари Миёна, Эрон, Ироқ, Урдун ва Африқо тааллуқ доранд. Бинобар ин, дар он бартарияти Ғарб, ҳукмронии ҷаҳонии он ва исботи пешвоии он дар ҷаҳон, инчунин таҳдиди Ғарб ба дигарон ва кӯшиши таҳмили ҳукмронии худ бар онҳо зоҳир мешавад. Ин баёния нақшаҳоро барои оянда ба бор овард, ки ҳукмронии Ғарбро бо роҳбарии Амрико ва ҳатто ҳукмронии Амрикоро аз номи НАТО таъмин мекунад. Амрико ба далели ноил шудан ба як дастоварди бузург барои НАТО, аниқтараш барои таҳмил кардани ҳукмронии худ бар давлатҳои НАТО, аз ҷумла бар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо, қариб ки аз шодӣ парвоз мекунад. Амрико тавонист ризоияти Туркияи Эрдуғонро барои узвияти Финляндия ва Шветсия дар НАТО ба даст оварда, бо илова кардани онҳо ба НАТО мехоҳад онро таҳким бахшад. Бо ин кор вай ба кӯшишҳои аврупоӣ бо сарварии Фаронса зарбаи сахт зад, ки қаблан барои раҳоӣ аз ҳукмронии Амрико ва сохтани як нерӯи мустақили аврупоӣ, ки аз қудрати Иттиҳоди Аврупо маншаъ гирад, иттиҳоде, ки заиф ва ба Амрико мутеъ шудааст, талош мекард. Ҳол он ки пеш аз ин, моҳи ноябри соли 2019 президенти Фаронса Макрон баён карда буд, ки “майнаи сар”-и НАТО мурда аст ва талаб карда буд, ки Аврупо нерӯи худро дошта бошад. Ин дар навбати худ ғазаби Амрикоро ба бор овард ва сабаби он гашт, ки вай барои тақвияти НАТО кор барад. Пас аз ин, ҷанг дар Украина сар зад ва ин фурсати муносибе гашт барои Амрико, то берунравии Аврупоро аз таҳти нуфуз, ҳукмронӣ ва такаббури Амрико пешгирӣ намояд.

2- Оид ба Украина: Амрико аз шомил кардани он ба паймон дар ҳоли ҳозир худдорӣ кард. Президенти ИМА Байден дар поёни нишаст чунин гуфт: “Роҳбарони НАТО ба мувофиқа расиданд, ки Украина пас аз ҷанг узвиятро ба даст хоҳад овард” (BBC, 12.07.2023). Сухангӯи Департаменти давлатии ИМА Элизабет Стикни гуфт: “Узвияти Украина дар НАТО дар айни замон имконнопазир буда, дар аснои ҷанг матраҳ нахоҳад шуд. Вашингтон дар нишасти НАТО авлавиятро дар он мебинад, ки дастгирии Украина идома ёбад” (Sky News, Al Jazeera 11.07.2023). Дар баёнияи ниҳоие, ки раҳбарони НАТО оиди он ба мувофиқа расиданд, чунин омадааст: “Ояндаи Украина дар НАТО аст.. Ҳамгироии евроатлантикии Киев зарурати иҷрои нақшаи амали узвиятро бекор сохт”. Дар баёнот чунин омадааст: “Танҳо дар он замоне ки аъзоёни паймон мувофиқат кунанд ва шартҳо иҷро шаванд, мо метавонем Украинаро барои пайвастан ба ин эътилоф даъват намоем” (Al Jazeera, 11.07.2023). Ҳамин тавр, раҳбарони НАТО изҳор намуданд, ки омода нестанд узвият дар паймонро ба Киев таклиф намоянд ё ҷадвали вақтии пайвастшавиеро, ки Украина мехоҳад ба даст орад, эълон кунанд. Аммо онҳо талаби иҷрои ба истилоҳ “нақшаи амалҳо барои узвият”-ро лағв карданд, ки дар роҳи пайвастан ба паймони НАТО барои Украина як монеае эҷод мекард. Яъне баробари тамом шудани ҷанг Украина ба НАТО мепайвандад ва шояд вазъият тағйир ёбад ва кишварҳои НАТО маҷбур шаванд, ки Украинаро ба он бипайванданд ва шояд ҳатто мавқеи Амрико, ки тасмимгирандаи асосӣ дар он мебошад, тағйир ёфта, аз пайваст кардани Украина эълон кунад. Ҳамин тариқ, Русия дар тамоми ҳисобҳои худ дар мавриди эълони ҷанг алайҳи Украина нокомгашта хоҳад шуд.

3- Мавқеи Амрико Зеленский, раисҷумҳури Украинаро ба хашм овард. Аз ин рӯ, ҳангоме ки ӯ дар роҳ ба сӯи саммит аз мӯҳтавои изҳороти ниҳоӣ хабар ёфт, дар Твиттер бо хашм навишт: “Муайян накардани чаҳорчӯби замони узвияти Украина дар НАТО амалест бемаънӣ, бесобиқа ва бемантиқ. Норӯшанӣ дар ин масъала заифист ва муайян накардани чаҳорчӯби вақтии узвият дар НАТО метавонад дар оянда ба як мавзӯи савдо табдил ёбад”. Сабаби аз мавқеи Амрико ба ғазаб омадани ӯ ин буд, ки изҳоротҳои ниҳоӣ дар асл мавқеи давлати тасмимгиранда маҳсуб меёбанд, ки баъдан дар саммитҳо ва конфронсҳо муҳокима карда шуда, ислоҳоти зарурӣ ворид ё бидуни тағъирот тасдиқ карда мешаванд. Аъзои ҳайати амрикоӣ аз хашми Зеленский ба ғазаб омада, аз ӯ хостанд, ки ором шавад ва кӯмаки амниятии ваъдашударо бипазирад. Президенти Украина Зеленский ба ин чизе ҷавоб надод, балки бо назардошти он, ки НАТО  ҳанӯз соли 2008 ӯҳдадориашро дар хусуси корбарӣ оиди дар оянда ба худ ҳамроҳ кардани Украина эълом дошта буд, изҳороти худро тағъир дода гуфт: “НАТО ба Украина амният хоҳад дод  ва Украина паймонро мустаҳкамтар хоҳад кард” (ВВС, 12.07.2023). Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт: “Ҷадвали вақтӣ барои пайвастани Украинаро муайян накардани ҳампаймонони НАТО президенти Украина Зеленскийро нороҳат кардааст”. Бо вуҷуди ин, вай “ба пуштибонии пайвастаи НАТО аз Украина таъкид кард” ва “тавофуқи аъзоҳои паймон дар масъалаи нақшаи ҳамаҷонибаи дифоӣ барои муқовимат ба Русия ва пуштибонии низомии Киевро” эълон кард (Al Jazeera, 11.07.2023). Пас Амрико пайвастани Украинаро дар ҳоли ҳозир рад кард, чун намехоҳад ба ҷанги бевосита кашида шуда, сарбозонашро барои бурдани ҷанг ба онҷо фиристад, чуноне ки ин тақозои моддаи 5-уми паймони дар Вашингтон басташудаи НАТО мебошад, яъне таҷовуз ба дилхоҳ узви НАТО таҷовуз ба ҳамаи узвҳои он маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, Амрико мехоҳад таҷҳизот ва аслиҳа бифиристад, то украиниҳо тавассути онҳо бо русҳо ҷангида, баъди мағлубияти Русия Украина ба НАТО ҳамроҳ шавад ва нерӯҳои Амрико ба онҷо ворид гарданд ва Амрико тавонад пойгоҳҳои низомии худро дар масофаи начандон дур аз пойтахти Русия Маскав ҷойгир кунад.

4- Дар изҳорот, тавре ки бисёре аз расонаҳои хабарӣ интишор карда, баъзеи онҳо ҳатто тафсилот ва бандҳои онро нашр кардаанд, таъкид шудааст, ки “ҳампаймонҳо барои рафъи таҳдидҳо ва чолишҳои аз ҷониби Русия пешомада ҳамкории зичро идома хоҳанд дод ва Русия бузургтарин таҳдид ба амнияти ҳампаймонон дар НАТО ва ба сулҳ дар минтақаи евроатлантикӣ аст”. Аз ҷумла, дар банди 34-уми изҳорот чунин омадааст: “Дар вокуниш ба воқеи комилан тағйирёбандаи амниятӣ, мо дифоъи дастаҷамъонаи паймонро зидди тамоми таҳдидҳои аз ҳама самтҳо оянда тақвият медиҳем. Аз соли 2014 (вақте ки Русия Қримро забт карда, ҳузури худро дар шарқи Украина тақвият дод) ва бахусус дар нишасти Мадрид — 2022 мо тасмимҳое гирифтем, ки барои таҳкими минбаъдаи мавқеъамон ва таъини равиши равшан барои шаклгирии босуръати низомӣ нигаронида шудаанд. Имрӯз мо дар мавриди тадбирҳое ба мувофиқа расидем, ки барои афзудани таҳкими мавқеи боздорандагӣ ва дифоии паймони НАТО дар ҳама маҷолҳо, аз ҷумла барои таҳкими хатти аввали мудофиа ва қобилияти паймон барои зуд тақвият додани ҳар як ҳампаймони зери таҳдид қароргирифта муҳим ҳастанд. Мо ин тадбирҳоро комилан амалӣ хоҳем сохт ва ҳар як рақиби эҳтимолиро аз ҳама гуна имкониятҳои эҳтимолии таҷовуз маҳрум хоҳем кард..” Дар ​​нишасти НАТО дар моҳи июни соли 2022 санади нави консепсияи стратегии НАТО интишор шуд, ки дар он Русия таҳдиди бузургтарин ва мустақим ба амнияти иттифоқчиён маҳсуб мешуд. Ин дар ҳолест, ки Чин на ҳамчун таҳдид, балки ҳамчун давлате эътибор шуд, ки НАТО ва арзишҳои онро ба чолиш мекашад. Баёнот Русияро аз ҳамаи рӯйдодҳои дар Украина ҷараёндошта ҷавобгар хонда, баён медорад, ки вай на танҳо ба амният ва сулҳ дар Аврупо, балки дар минтақаҳои дигари олам низ таҳдид мекунад. Инчунин, вай ишора ба он менамояд, ки Русия қувваи низомиашро дар якчанд минтақаҳо афзоиш дода, ба мавҷудияташ дар манотиқи баҳри Балтика, баҳри Сиёҳ ва баҳри Сафед тақвият бахшидааст. Вай Русияро дар нигаҳдории қисмҳои калони ҳарбӣ дар Арктика айбдор сохта, онро дар гузаронидани амалиётҳои иғвогарона дар наздикии сарҳадҳои НАТО, анҷом додани манёврҳои васеъ бидуни огоҳдиҳӣ ва афзоиши шиддат дар ҳамсоягии ҷанубии НАТО, бахусус дар Шарқи Наздик, Африқои шимолӣ ва марказӣ муттаҳам кард. Бо вуҷуди ин, дар изҳорот гуфта мешавад, ки “паймон дар пайи муқобила бо Русия нест ва ин иттиҳод ба он таҳдид намекунад, аммо сиёсат ва амалҳои душманонаи Русия онро аз шарикии мо дур месозанд” (Al Jazeera, 11.07.2023). Чунин лаҳн барои раҳгум занонидани Русия нигаронида шудааст, то вай хаёл кунад, ки Ғарб бар вай раҳм дорад ва миёни онҳо ҳамдигарфаҳмие вуҷуд дорад. Бо ин Ғарб мехоҳад вайро дудила кунад, то Русия дар миёни умед ба тафоҳум ва роҳи берун шудан аз бунбасти Украина ба тарзи вайро розикунанда ва миёни ноумедӣ аз тафоҳум ва ғарқ шудан дар ин ботлоқ ба муддати тӯлоние, ки натиҷаашро касе кафолат намедиҳад, қарор гирад, бахусус баъди он, ки Русия дар Украина ғӯтида, ба далели душвор будани амалисозии аҳдофи худ, онҳоро ба рӯёб набаровард. Дар ин вазъияти норӯшан ва ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанге, ки Ғарб бо сардории Амрико барои расидан ба мақсадҳои худ онро дароз карданӣ мешавад, чунин ба назар мерасад, ки ҳоло ҳама кишварҳои ғарбӣ, ки Ҷопон ҳамроҳи онҳост, нуқтаи назари Амрикоро қабул кардаанд ва он ҳам бошад шикасти Русия ва тағъири шароит дар он, бахусус дар раҳбарияти сиёсии он. Дар ҳошияи нишаст раҳбарони G7 изҳороте пахш карданд, ки дар он изҳори ҳимоят аз Украина дар дифоъ зидди таҷовузи Русия баён гардид, новобаста аз он, ки он чӣ қадар давом мекунад (BBC, 12.07.2023).

5- Онҳо ба тавонмандиҳои ҳастаии худ баҳои баланд дода эълом карданд, ки барои рушди он, тавре ки дар моддаи 44-ум гуфта шудааст, саъй хоҳанд кард. Онҳо гуфтанд: “Иқтидори ҳастаии стратегии паймон, бахусус Амрико, гарави амният ва ҷилавгирӣ аз таҷовуз аст. Паймон барои кафолати эътимоднокӣ ва самаранокии боздорандаи ҳастаӣ тамоми чораҳои заруриро меандешад ва баҳри инкишоф додани нерӯи ҳастаии НАТО, зудҳаракатии он ва қобилияти мутобиқ шудан ба таҳаввулоти байналмилалӣ талош хоҳад кард”. Онҳо Русияро аз истифода аз силоҳи ҳастаӣ дар ҷанг бо Украина ҳушдор доданд, ки бо таҳдидҳои пӯшида ифода ёфт. Онҳо гуфтанд, ки “ҳар гуна истифода аз силоҳи ҳастаӣ алайҳи паймон табиати низоъро (дар Украина) ба куллӣ тағъир хоҳад дод”. Дар ҷаласаи охирини худ кишварҳои НАТО дар моддаи 28-ум таъкид карданд, ки онҳо ҳадди ақал 2% маҷмӯи маҳсулоти дохилии солонаро барои хароҷоти низомӣ барои нигоҳ доштани бартарии технологӣ ва идомаи модернизатсия ва ислоҳоти нерӯҳои НАТО сарф хоҳанд кард, ки ин маънои як мусобиқаи нави мусаллаҳшавиро дорад. Инчунин онҳо таъкид намуданд, ки барои модернизатсияи НАТО барои даврони нави дифоъи дастаҷамъона саъй хоҳанд кард. “Аъзоён дар масъалаи тааҳҳудоти қатъии худ ва азму иродаашон бар кӯмаки якдигар алайҳи ҳар як таҷовузгар, ҳифзи ҳар як ваҷаби заминҳои ҳампаймонҳо аз ҷониби давлатҳои паймон, ҳам дар замин ва ҳам дар ҳавою баҳр, муттаҳид ҳастанд”, — гуфта мешавад дар бандҳои изҳорот. Пас Ғарб бо сарварии Амрико барои рушди иқтидори ҳастаии худ кӯшиш карда, таҳдид мекунад, ки онро истифода мебарад. Боз вай талош меварзад, ки иқтидори низомии худро дар тамоми соҳаҳо инкишоф диҳад ва ин ҳама дар ҳолест, ки Ғарб алайҳи ҳар кишваре, ки ба даст овардани иқтидори ҳастаӣ ё рушди он ва ё рушди иқтидори низомии худро дорад, мубориза мебарад. Зеро онҳо, чунон ки дар бандҳои 56, 57 ва 84-уми изҳорот гуфта шудааст, фаъолиятҳои ҳастаии Эрону Куриёи Шимолӣ ва таҷрибаҳои Кореяи Шимолӣ барои рушди тавонмандиҳои мушакиашро маҳкум карданд.

6- Дар мавриди Чин бошад, дар бандҳои 6, 23, 24, 25 ва 55-ум онҳо ба он ишора карданд, зеро онҳо “амбитсияҳои Чин ва сиёсати зӯроваронаи онро, ки манофеъ, амният ва арзишҳои онҳоро ба чолиш мекашад, маҳкум намуданд”. Онҳо бар ин назаранд, ки “стратегия, ниятҳо ва тақвияти низомии Чин норавшан” буда, “амалиёти гибридӣ ва киберии Чин, лаҳни конфронтатсионии он ва маълумоти бардурӯғ алайҳи ҳампаймонон нигаронида шуда, ба амнияти НАТО зарар мерасонад”. “Он нуфузи иқтисодии худро барои эҷоди вобастагии стратегӣ ва таҳкими нуфузи худ истифода мебарад ва мекӯшад, ки тартиботи байналмилалии бар қоидаҳо асосёфтаро, аз ҷумла дар фазои кайҳонӣ, киберӣ ва баҳрӣ, халалдор созад. Он инчунин кӯшиш мекунад, ки бахшҳои калидии технологӣ ва саноатӣ, инфрасохтори муҳим, маводҳои стратегӣ ва занҷирҳои таъминотро назорат кунад”. Онҳо аз Чин даъват карданд, ки ҳамчун узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид нақши созанда иҷро кунад, ҷанги Русия алайҳи Украинаро маҳкум кунад, талошҳои ҳарбии Русияро ба ҳеҷ ваҷҳ дастгирӣ накунад ва аз густариши хабарҳои бардурӯғи Русия дар бораи муттаҳам кардани Украина ва НАТО дар ҷанг алайҳи Украина даст кашад. Дар айни вақт, онҳо таъкид намуданд, ки барои ҳамкории созанда  бо Чин, аз ҷумла дар масъалаи шаффофияти дуҷониба бо ҳадафи ҳимояи манфиатҳои стратегӣ омода ҳастанд”. Аз ин ҷост, ки онҳо Чинро ҳамчун таҳдид барои Ғарб ва НАТО эълон накарданд, ҳарчанд амбитсияҳои онро маҳкум намуданд, ки ба манофеъи онҳо ва ҳукмронии ҷаҳонии онҳо таҳдид мекунад, яъне таҳти раҳбарии Амрико бар олам ҳукмронӣ намудани Ғарбро зери хатар қарор диҳад ҳам. Ба ҷои ин онҳо танҳо стратегия ва барномаҳои низомии онро норӯшан хонданд. Мо ба ин мавзӯъ дар ҷавоб ба саволи “Зиёрати Блинкин ба Чин” санаи 03.07.2023 ишора карда будем. Аз ҷумла, чунин гуфта будем: “Аммо яке аз аҳдофи муҳими ин сафари амалинашуда ин аст, ки Амрико мехост як канали иртиботот миёни артиши Чин ва Амрикоро бо аҳдофи ҷосусӣ боз кунад! Ба назар мерасад, ки Чин инро дарк карда, кушодани чунин каналро қатъан рад намуд”. Илова бар ин, онҳо диққати худро ба ширкатҳои минтақавӣ ҷалб карда, чуноне ки дар моддаи 85-ум омадааст, ба  ”таҳдидҳои Чин дар минтақаи Ҳинду Уқёнуси Ором” ишора намуда арз карданд, ки “ҳаводис дар ин манотиқ ба амнияти евроатлантикӣ таъсири мустақим дорад” ва “аз иштироки шарикон — Ҷопон, Австралия, Зеландияи Нав ва Кореяи Ҷанубӣ, ва таҳкими муколама ва ҳамкорӣ бо онҳо истиқбол карданд”. Пас Амрико кӯшиш мекунад, ки Чинро ба қадри имкон зери фишор қарор дода, барои афзоиши ин фишор акнун аз НАТО истифода мебарад.

7- Дар изҳорот ба бартарияти Ғарб бар Шарқи Наздик ва Африқо дахл карда шудааст, чунончи дар моддаи 82-ум ва моддаи 83-ум суханони зерин ворид шудаанд: “Шарқи Наздик ва Африқо ду минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ мебошанд ва мо барои амиқтар кардани иштироки сиёсӣ ва иртибот дар дипломатияи ҷаҳонӣ ҳамроҳ бо шарикони қадимии худ дар Муколомаи Баҳри миёназамин ва Ташаббуси Истамбул барои ҳамкорӣ саъй хоҳем кард. Инчунин, мо робитаамонро бо созмонҳои минтақавӣ, мисли Иттиҳоди африқоӣ ва Шӯро барои ҳамкории давлатҳои Халиҷ, афзоиш хоҳем дод. Паймон  бастаҳои таҳкими мудофиаро барои Ироқ, Урдун, Мавритания ва Тунис амалӣ карда истодааст. Мо инчунин бо ҳукуматдорони Урдун масъалаи дар Аммон боз намудани идораи алоқаи НАТО-ро муҳокима хоҳем кард”. Вай ба масъалаҳои “дастгирии Ироқ, субот дар он ва мубориза бо ДОИШ тамаркуз карда, аз ҷумла чунин суханро дарбар гирифтааст: “Бо дархости ҳукумати Ироқ, мо дар назар дорем, ки миссияи НАТО дар Ироқро бо ҳадафи додани машварат ба Вазорати корҳои дохилии Ироқ оид ба масъалаҳои полиси федералӣ васеъ кунем”. Яъне НАТО ин минтақаро як минтақаи нуфузи сирф Ғарбӣ медонад, ки Амрико дар он талош мекунад нуфузи худро таҳким бахшад ва барои бо он фиреб додани НАТО, ки гӯё дар ин минтақае, ки шоҳиди рақобати кишварҳо, бахусус байни Амрико, Бритониё ва Фаронса шудааст, вай барои манфиати НАТО кор мебарад.

8- Фикрати ташкилкунии блокҳо яке аз хатарноктарин фикратҳо барои ҷаҳон аст, чуноне ки мо дар китоби худ “Мафҳумҳои сиёсии Ҳизб-ут-Таҳрир” зикр кардаем. Ин фикрат дар гузашта боиси ҷангҳои ҷаҳонӣ ва ҳамчунин таҷовуз алайҳи Афғонистон, Ироқ ва Ливия гардид. Вақте ки Шартномаи Варшава, ки рақиби НАТО буд ва ба Ғарб таҳдид мекард, ба охир расид, НАТО бояд пароканда мешуд. Аммо Амрико мехост, ки ҳукмфармоии худро бар кишварҳои ғарбӣ, бахусус Иттиҳоди Аврупо нигоҳ дорад ва онро бар зидди дигар кишварҳо истифода барад. Бинобар ин, ин паймон хатарноктарин блоке дар роҳи башарият аст, ки инсоният дар таърихаш мислашро аз рӯи ҳаҷму тавоноӣ надидааст. Зеро ба он кишварҳое дохил мешаванд, ки дорои силоҳи қатли ом ва иқтидори саноатӣ ва технологӣ буда, бузургтарин ва хатарноктарин кишвари мустамликадор, яъне Амрико, ки дар Ҷопон аз силоҳи ҳастаӣ истифода бурдааст, раҳбари он мебошад. Амрико барои васеъ ва тақвият додани ин паймон исрор варзида, мехоҳад тавассути дар олам барангехтани ҷангҳои харобкунанда нуфузи худро дар ҳама ҷо вусъат диҳад ва ҳукмфармоияшро бар ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон бор кунад. Тақвият бахшидан ва вусъат додани он ҷиноят алайҳи инсоният буда, боиси ҷангҳои харобиовар ва таҷовузкорона мегардад, зеро давлатҳои он ба далели дар паси худ доштани давлатҳои бисёре, ки онҳоро пуштибонӣ хоҳанд кард, ҷуръаткунон ба дигарон ҳамла мекунанд, ки ин боиси талафотҳои бузурги инсонӣ ва моддӣ мешавад. Илоҷи ягона барои ҳалли ин мушкил мубориза бурдан бо фикрати блокҳо ва фикрати мавҷудияти НАТО ва ошкори он ҳақиқат аст, ки ҳеҷ далеле барои мавҷудияти НАТО дигар вуҷуд надорад ва он паймонест таҷовузкор. Муборизаи мазкур тавассути эҷоди афкори ом дар саросари олам дар ин бора анҷом меёбад.. Аз ин рӯ, ҷаҳон ниёз ба давлате дорад, ки онро аз ин вазъ наҷот диҳад ва танҳо давлати Хилофати Исломӣ барои иҷрои ин вазифа лаёқатманд аст, ки барои ҷаҳониён некӣ ва раҳмат хоҳад шуд.

وَمَا أَرْسَلْنَاكَ إِلَّا رَحْمَةً لِّـلْعَالَمِينَ

Ва фиристодем туро фақат барои он, ки мехостем ба мардуми ҷаҳон раҳмате ато кунем.

30-уми Зулҳиҷҷа, соли 1444ҳ

18.07.2023м

Амири Ҳизб-ут-Таҳрир

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads