Сабаби ба куштори даҳшатбор дар Зелландияи Нав набудани Хилофат мебошад

Намоиши даъвати қумандонони самимии ҳарбӣ, барои кӯмак намудан ба Ҳизби Таҳрир баҳри бунёди Давлати Хилофат.

Санаи 22.03.2019 Ҳизби Таҳрир дар Бангладеш пас аз намози Ҷумъа дар масҷидҳои мухталифи шаҳрҳои Дакка, Читтагонг, ва Силхет намоишҳои оммавӣ барпо намуд. Ҳадафи барпо кардани ин намоишҳо, баёни норозигӣ нисбати куштори ғайриинсонии мусалмонон дар Зелландияи Нав, ва  муроҷиъат ба қумандонони самимии ҳарбӣ барои кӯмак расонидан ба Ҳизби Таҳрир дар  дуюмбора барпо намудани Хилофати Рошида буд. Дар намоишҳо ба намози Ҷумъа омадагон иштирок карданд.

Эй мусулмонон! Ин ҷинояти ваҳшатовар алайҳи мусалмонони Зелландияи Нав як ҳодисаи ҷудогона нест, балки ин, нафрат ва адовати даҳсолаи ғарби мустамликадор ва ВАО-и ифлоси он, нисбат ба мусулмонон мебошад. Ин  Ҷанги Салибии ҷадид бар зидди Ислом аст, ва он дар баённомаи 74 саҳифагии манифести қотил равшан аст, ки ӯ дигаронро низ даъват кардааст, то аз ӯ намуна гиранд ва корҳои зерро оғоз намоянд:

-Террор кардани мусулмонон,

-бераҳмона куштани онҳо ва байни хурдсолон, занон ва пиронсолон фироқ андохтан

Дар яроқи ӯ рӯйдодҳои таърихии Ҷангҳои Салибӣ  алайҳи Хилофат, навишта шуда буд. Аён аст, ки ин куштор ба нафрати асрҳои гузаштаи салибдорон ишора мекунад, ва ин оташест, ки  дубора аланга гирифта истодааст ва он ба дигар минтақаҳо мекӯчад.

Бешубҳа маҳз набуди Хилофат сабаби асосӣ дар рух додани ин  ҷинояти ваҳшиёна дар Зелландияи Нав гашт. Нобудии Хилофат ба гузаштани замини мусулмонон ба дастони ғарб ва зиндагӣ кардан дар зери таҷовузи он, мусоид гардид.  Бинобар ин дар ин моҳи Раҷаб мо хостем шикасти Давлати Исломро ба шумо ёдоварӣ кунем, ки 98 сол қабл санаи 28 уми моҳи Раҷаб (03 марти соли 1924)  Англия бо воситаи гумоштаи худ Мустафо Камол Ататурк тавонист сипари мусалмонон-Халифаро барҳам диҳад. Хилофат 1400 сол дар дунё ҳукмрон буд ва ба Ғарб имкон намедод, бар мусалмонон зулмро раво бинад.  Пас аз суқути Хилофат Ғарб заминҳои моро пароканда намуд ва ба сари мо ҳокимони гумоштаи худро овард. Баъд аз ин, мустамликадор таҷовузи худро на танҳо нисбати кишварҳои мусалмонон, балки нисбати мусалмонони дунё идома дод. Имрӯз мо дар ҳоле умр ба сар мебарем, ки  бехатарии  мусалмонон, на дар кишвари худ, ва на дар дигар ҷойи дунё вуҷуд надорад.

Эй Мусулмонон! Мо аъзоёни Ҳизби Таҳрир, дар ин моҳи Раҷаб мехостем ёдовар шавем, ки бар муқобили Ғарб ва ҷосусони он,  Хилофат – сипари  Уммат ногузир аст. Имрӯз беш аз ҳарвақта вуҷуди он заруртар мебошад. Охир, танҳо Халифаҳо Умматро аз таҷовузи Ғарб озод карда метавонанд. Бо пурқувват кардани Хилофат ва мақоми аввалин додан ба он дар арсаи ҷаҳонӣ,  дар зери байрақи  он мусалмонон ва артиши онҳо гирд меоянд. Айнан ҳамин роҳ, ягона роҳи интихобкардаи Аллоҳ, барои ҳифзи молу ҷон ва шарафи мусалмонон мебошад. Айнан ҳамин роҳ дар қалби душманони мо хавфро ҷойгузин мекунад ва ба фикри ҳеҷ яке аз онҳо нияти  ба Ислом ва мусалмонон зарар расонидан намеояд.

Эй мусулмонон, аз қумандонони самимӣ талаб намоед, то ки низоми кунунии ғарбиро бекор кунанд ва ба Ҳизби Таҳрир, дар сохтани дуюмин Хилофати Рошида дасти кӯмак дароз намоянд.

Эй Қумандонҳо, то ба кай ба ваҳшигарӣ бар алайҳи уммат сукут мекунед? То ба кай ба ин ҳокимони ҳақир хизмат менамоед? Охир онҳо ба

—Ҳисоб кардани кушташудаҳои мусулмонон,

—Нашр кардани аксҳои ҷасади онҳо дар маҷаллаҳо,

—Ба забон овардани суханҳои пуч,

—Ҳамкорӣ бо ғарб дар ҷангҳои Салибии онон ва фишороварӣ ба фарзандони Уммат машғуланд.

Аз ин ҳокимон рӯй тобед ва дар ҷониби мусулмонон бошед! Ба Ҳизби Таҳрир ёрӣ диҳед, он гоҳ Хилофат шуморо ба ҷиҳоде, ки бародарон ва хоҳарони худро ҳифз менамоед раҳнамуд месозад, чӣ тавре, ки Муътасим Биллоҳ ба нидои зани мазлума ҷавоб дода буд. Зеро Халифа маҳз ҳамин тавр шарафи зани муслимаро ҳимоя мекунад. Пайғамбар (с.а.в) фармуданд:

الإِمَامُ جُنَّةٌ يُقَاتَلُ مِنْ وَرَائِهِ وَيُتَّقَى بِهِ

«Имом ин сипарест, дар паси ӯ ҷанг карда ва бо ӯ ҳимоя карда мешавад» (Муслим).

 

Маркази иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Бангладеш

22.03.2019

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads