Конфронсҳои бемаънӣ ва суханҳои пуч

Конфронсҳои бемаънӣ ва суханҳои пуч

Хабар:  12 феврали соли 2023 дар қароргоҳи Лигаи давлатҳои араб дар Қоҳира ба ном «Конфронси муқовимат ва рушд дар Байтулмуқаддас» ба кори худ оғоз намуд.   :

Конфронс бо тавсияи нишасти машваратии охирин дар Алҷазоир баргузор карда шуд ва аз номи халқҳои араб ва мусулмонҳо барои дастгирӣ ва таҳкими устувории сокинони Қуддус (Байтулмуқаддас), ки дар хатти аввали мудофиаи шаҳри ишғолшуда қарор доранд, равона шудааст.

Конфронс ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мушкилоти Қуддус, ба хусус талошҳои «яҳудигардонии»  Масҷидул-Ақсо, инчунин қонунвайронкунӣ ва ҷиноятҳои бардавоми «исроилӣ»-ро, ки ба зулму ситами  аҳолии Фаластин нигаронида шудааст пешниҳод намуд.

Лигаи давлатҳои араб изҳор намуд, ки таваҷҷӯҳ дорад, ки  ҷанбаҳои иқтисодӣ ва сармоягузорӣ низ дар баробари меҳвари ҳуқуқӣ ҷой  дошта бошанд, бо назардошти он далел, ки ҳавасмандкунии сармояҳо ба Қуддус калиди таҳким бахшидани устувории халқи фаластин мебошад . Аз ин рӯ ба конфронс сармоягузорони арабӣ, фондҳо ва онҳое, ки ба рушд ва сармоягузорӣ ба ҷаҳони араб таваҷҷӯҳ доранд даъват шуданд, то онҳо воқеан ба дастгирии фаластиниҳо имконият пайдо намоянд.

Дар конфронс сардори ҳукумати Марокаш Азиз Аҳоннуш, ки  шоҳ Мухаммади VI-ро намояндагӣ мекунад иштирок дошт, ки дар кумитаи ба ном «кумитаи Байтулмуқаддас» раисӣ мекунад. Инчунин раисҷумҳури Миср Абдулфаттоҳ Си-си, раиси мухторияти Фаластин Маҳмуд Аббос, шоҳи Урдун Абдуллоҳи II ва Дабири кулли ЛДА  Аҳмад  Абул Ғайт ҳузур доштанд.

Дар изҳороти хотимавии худ роҳбарони арабӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват карданд, ки барои таъмини ҳимояи байналхалқии халқи Фаластин чораҳо андешанд. Онҳо аз Шӯрои Амнияти СММ даъват карданд, ки масъулияти иҷрои қатъномаҳои фаластиниро ба дӯш гирад. “Барои боздоштани сиёсати ғайриқонунии “Исроил” алайҳи халқи фаластинӣ, —  шаҳраксозии онҳо ва ишғоли нави онҳо кор бурдан лозим аст, зеро ин вайрон кардани қонунҳои байналхалқӣ, қатъномаҳои СММ, Конвенсияи чаҳоруми Женева ва хулосаи машваратии Додгоҳи байналхалқӣ мебошад. Бояд муқаддасоти исломӣ ва насронӣ дар Қуддус муҳофизат карда шаванд ва аз талошҳои “Исроил” барои тағйири мақоми мавҷудаи таърихӣ ва ҳуқуқии ин шаҳри муқаддас ҷилавгирӣ карда шавад. Ва инчунин пеши роҳи тақсим кардан ва тағйир додани номи мубораки масҷиди Ақсо гирифта шавад», — гуфта шуд дар конфронс.

Дар  изҳороти хотимавӣ иштирочиёни конфронс ҳамлаҳои батакрор ба Масҷидул-Ақсо ва ҳамлаҳои раҳбарияти «Исроилӣ» ва сокинони душманидоштаро ба амнияти намозгузорон шадидан маҳкум карданд.  Инчунин гуфта мешавад, ки «Исроил» ғайриқонунӣ ба калисоҳо фишор меорад, то ақалиятҳои насрониро аз шаҳри муқаддас берун намоянд.

Дар изҳорот ҳушдор дода мешавад, ки нақзи дағалонаи мақоми ҳуқуқӣ ва таърихии зиёратгоҳҳои Қуддус аз ҷониби Исроил нақзи тавофуқҳо ва ӯҳдадориҳои байналхалқӣ мебошанд, ки дар пайомад ба сулҳу амнияти минтақа таъсир мерасонанд.

Раҳбарони араб ба риояи қатъномаҳои СММ ва хулосаи Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО , ки мувофиқи он Масҷидул-ул-Ақсо ибодатгоҳ танҳо барои мусалмонҳо аст ва ҷузъи ҷудонашавандаи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ мебошад, даъват намуданд.

Шарҳ: Чунин конфронсҳо — ҷуз як минбар барои сӯҳбатҳои хушку холие, ки ягон маъное надоранд, чизи дигаре нест. Мо мешунавем, ки чӣ гуна иштирокчиёни конфронс  ҷомеаи ҷаҳониро илтиҷо мекунанд, ки фаластиниёнро дастгирӣ намоянд ва қатъномаҳои байналхалқиро иҷро кунанд. Айни замон худи мамлакатҳои араб  тамоман ягон чорае намеандешанд, балки фақат бо суханҳои хушку холӣ маҳдуд мешаванд, зеро ин гуна конфронсҳо аллакай даҳҳо маротиба гузаронда шуда буданд ва чуноне ки мо мебинем, онҳо ягон натиҷае наоварданд.

Изҳороти ниҳоии конфронси ЛДА шоҳидӣ медиҳад, ки суханронии он барои татбиқ ва амалӣ шудан нест, балки он  гапҳои беҳудаест, ки барои расонаҳо мебошад, то конфронс ва Лигаи давлатҳои арабро  дар партави муборизони кори Фаластин тасвир намояд. Гарчанде дар асл моён  аз онҳо  танҳо амалҳои бемаъниеро мебинем, ки ягон ҳадаф надоранд. Агар ба мазмуну мундариҷаи конфронс диққат диҳем, мебинем, ки онҳо чӣ тавр таклиф, даъват, ишора, талаб, таъкид, маҳкум, огоҳ мекунанд ва ғайра. Ҳама изҳоротҳои онҳо ба он нигаронида шудааст, ки касе аз берун ба сохтори яҳудӣ, ки алайҳи мардуми Фаластин ҷиноят содир мекунад, фишор оварад. Аз ҷумла, онҳо  аҳли ҷомеаи ҷаҳонӣ ва давлатҳои абарқудратро илтимос менамоянд.

Агар мамлакатҳои араб дар изҳороти худ ҷиддӣ мебуданд ва дар ҳақиқат беҳбудии халқи Фаластинро мехостанд, онҳо илтимос намекарданд ва масъулияти худро ба гардани дигарон намегузоштанд. Ҳамаи ин бори дигар ишора мекунад, ки ҳокимони давлатҳои араб ҷосусони давлатҳои абарқудрат ва иттифоқчиёни сохтори яҳуд буда, бо онҳо пинҳонӣ ва ошкоро муносибатҳоро ба эътидол меоранд.

Он захирае, ки кишварҳои арабӣ доранд, натанҳо барои хотима додан ба беадолатӣ нисбати фаластиниҳо басанда мебошад, зиёда аз он, басанда аст, ки ба сохтори яҳудӣ хотима бахшад ва Амрико ва монанди он барин золимонро дар назди мусалмонҳо ба зону шинонад.

 

Махсусан барои радиои Дафтари марказии иттилооти

Ҳизб ут-Таҳрир Аҳмад Ҳатованӣ

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads