ИМА метавонад ба таври иловагӣ дар Аврупо мушакҳо (ракета)-ро ҷойгир кунад.

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

ИМА метавонад ба таври иловагӣ дар Аврупо мушакҳо (ракета)-ро ҷойгир кунад.

25-уми ноябр, соли 2021

Хабарҳо:

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Маскав аз имкони истиқрори мушакҳои миёна ва наздикпарвози Амрико дар Аврупо изҳори нигаронӣ карда, аз “бӯҳрони мушакӣ”-и нав ҳушдор додааст.

«Мо дар бораи перспективаҳои дар Аврупо пайдо шудани ракетаҳои миёна ва кутоҳпарвоз саволҳои калон дорем, ки мо ба куҷо меравем?! «Дар ин ҷо, зоҳиран, бӯҳрони нав наздик мешавад», — гуфт муовини вазири корҳои хориҷӣ Сергей Рябков дар «Шабакаи якум.»

«Моро муносибате, ки дар Амрико нисбати нақши яроқи ядроӣ ба вуқӯъ омада истодааст, ба ташвиш меандозад. Онҳо ҳадди истифодаи силоҳи ҳастаиро паст мекунанд ва барои ин доктриналӣ ва моддӣ омодагӣ мебинанд.”-гуфт дипломати рус.

Қобили зикр аст, ки Иёлоти Муттаҳида дар соли 2019 аз «Паймони аз байн бурдани мушакҳои кӯтоҳ ва миёнапарвоз,» Русияро дар нақзи он муттаҳам карда хориҷ шуд. Русия ин иттиҳомотро рад намуда қайд кард, ки Вашингтон дар пайи таҳкими ҳузури низомии худ дар Аврупо аст. Ба дунбол, НАТО ташаббуси Русияро дар бораи худдорӣ аз истиқрори мушакҳои миёна ва наздикпарвоз дар Аврупо дар пайи боздоштани ин паймон рад кард.

Шарҳ:

Америка чун хамеша бо яроқҳои худ ба сулҳу амонӣ таҳдид мекунад. Вай амалҳои душманона ва иғвоангезеро, ки ба офатҳои эҳтимолӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, бе назардошти арзишҳо ё манфиатҳо, ба ғайр аз манфиати худаш, анҷом медиҳад.

Масъалаи Аврупо мушкилтарин проблемаи умумиҷаҳонӣ мебошад. Амалиётҳои Штатҳои Муттаҳида метавонад боиси ҷанги ҷаҳонӣ гардад, зеро онҳо ба манфиатҳои мамлакатҳои тавонои дорои яроқи ядроӣ дахолат мекунанд.

Амрико аз кишварҳои Аврупои Шарқии Иттиҳодияи Аврупо истифода мекунад, то минтақаро зери гегемония ва назорати худ нигоҳ дорад ва Русияро бо таҳдиди дар пешистодаи НАТО, Амрико ва Аврупо таҳрик ва таҳдид кунад. Дар сурати ҷанги васеъмиқёс, Амрико чизеро аз даст намедиҳад, зеро ҷанг на дар хоки он, балки дар замини Русия ва Аврупо сурат мегирад.

Амрико ба наздикшавии Русия ва Аврупо халал мерасонад, зеро ин маънои онро дорад, ки Аврупо гӯё дигар ба Амрико ниёз надорад. Дар ин замина мо мебинем, ки чи гуна Амрико ба ифтитоҳи лӯлаи гази аз Русия ба Аврупо  — «Ҷараёни шимол — 2»  мухолиф аст. Дар баробари ин, Аврупо ба муқобили Амрико хеле заиф аст, зеро иттифоқи он ноустувор ва заиф аст ва бӯҳрони киштиҳои зериобии атомии байни Австралия ва Франция далели беҳтарини ин аст. Ҳаминро ҳам бояд дар хотир дошт, ки Аврупо армияи ягонаи мустақили мустаҳкам надорад, бо вуҷуди он ки барои барпои он кӯшишҳо карда буд.

Истиқрори мушакҳои Амрико дар Аврупо ба Русия фишор меорад, сарфи назар аз он ки Президенти Беларус Лукашенко ба амнияти кишварҳое чун Лаҳистон ва Латвия бо ҳазорон муҳоҷир аз Ховари Миёна ба марзҳояшон фиристодааст, таҳдид мекунад, . Илова бар ин, истиқрори мушакҳо ба маънои пуштибонӣ аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки ба Амрико содиқ аст,  аз ин иқдом комилан розӣ ҳастанд ва ҳамчунин ба маънои пуштибонии пинҳонии ҳукумати Украина ва ҳушдор ба Русия аз паёмадҳои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Украина аст.

Имрӯз ҷаҳон аз сабаби режимҳои капиталистӣ, ки  дар бораи талафоти одамон фикр накарда,  байни худ мубориза мебаранд, дар вазъияти даҳшат, тарсу ваҳм ва ноустувор зиндагӣ мекунад. Барои башарият ва миллатҳои рӯи замин аз аҳмақии ин режимҳои золим ва ҷинояткор наҷотдиҳандае нест, магар Хилофати Рошида бо тариқати нубувват. Давлати Исломӣ ба инсоният дар ҳар ду дунё саодат меорад.

 

Махсус барои Радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир

Муҳаммад ат-Тамизий

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads