Ҳизби Таҳрир зидди мустамликашавии Тунис аст!

Ҳизби Таҳрир зидди мустамликашавии Тунис аст!

Ҳизби Таҳрир зидди мустамликашавии Тунис аст!

Рӯзи сешанбе 25-уми октябр мақомоти Тунис майдони Касбаро ба нишасти низомиён ва хадамоти амниятӣ табдил дод;  ҳамаи даромаду баромадҳо аз майдони қасри ҳукумат баста шуданд.

Худи ҳамон рӯз Ҳизби Таҳрир дар Тунис намоише ба нақша гирифт, ки дар он ҳизб ба муқобили сиёсати ба мустамликадорон фурӯхташавии Тунис даъват кард. Аъзоёни ҳизб натавонистанд дар майдон ҷамъ шаванд, аммо бо вуҷуди ин ҳизб тавонист суханронӣ кунад ва паёми худро бирасонад.

Якум: «Хоҳиши хомӯш кунонидан ва нагузоштани Ҳизби Таҳрир оиди эълони рад карда шудани созишномаи байни ҳукумат ва Сандуқи байналмилалии асъор нишон медиҳад, ки давлат иродаи сиёсии худро надорад. Сафирони хориҷӣ ба касе иҷозат намедиҳанд, ки бар муқобили ҳукмронии Ғарб ва воситаҳои молиявии он изҳори ақида кунанд.

Дуюм: «Қарзҳои хориҷӣ ба истиқлолият ва тасмимҳои сиёсии кишвар зарари воқеӣ мерасонад».

Сеюм: «Мо ба ғайр аз рад кардани мабдаи капиталистӣ ва низоми иқтисодии он ва ба ҷои он таъсис додани лоиҳаи Ислом дигар чорае надорем».

Намоиши эътирозӣ бо шиорҳои зидди сиёсати ҳукумат, ки мардум ва кишварро ба мустамликадорон гарав гузошта буд, баргузор гардид. Ҳайати намояндагони Ҳизби Таҳрир дар Тунис барои супурдани номаи кушод ба назди раёсати ҳукумат ҷам омаданд: «Имзо карда шудани созишнома бо Сандуқи Байналмилалии Асъор ин воситаи мустамликашавии Тунис мебошад».

 

Аз силсила хабарҳои маҷаллаи «Ар-Роя» рақами 415.

8 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads