Донишгоҳҳои Фаластин идеяи баробарҳуқуқиро баррасӣ карданд.
27 НОЯБРИ СОЛИ 2021
Итттҳоди донишҷӯёни Фаластини «Идрок» дар Донишгоҳи Политехникӣ, донишгоҳҳои Ал-Халил ва Ал-Қудс варақаҳо тақсим кард, ки занони мусалмон ба адолати Исломӣ ниёз доранд, на ба баробарҳуқуқии Ғарб иброз карда шуд.
Дар варақа таъкид мешавад, ки дар паси идеяи «баробарҳуқуқӣ» Ғарб меистад ва он ҳамчун вокуниш ба беадолатӣ нисбати занон дар Ғарб, инчунин изҳори хашму ғазаб нисбат ба низоме, ки муносибати байни мардон ва мардонро танзим мекунад, ба вуҷуд омадааст.
Дар идома он гуфта мешавад: «Мо рафтори қасдан гумроҳкунандаро мебинем, ки гӯё баробарӣ ва адолат ҳар ду як чиз бошад. Маҳз ҳамин мафҳум ба дастгирии баъзеҳо сабаб шудааст, зеро одамон табиатан адолатро дӯст медоранд ва аз беадолатӣ нафрат доранд.
«Иттифоқи донишҷӯён аз нотавонии Ғарб нисбати ҳимояи ҳуқуқи занон ва беэътиноӣ дар ғамхории ӯ ҳамчун як инсон, инчунин занонро дар масъалаи мансаб ва даромад бо мардон ба рақобаткунӣ шавқманд мекунонанд, ёдовар шуданд.
«Оё аз рӯи инсоф аст, ки занон бо вуҷуди шароити вазнини иқтисодӣ, бар замми корҳои хонагӣ ва тарбияи кӯдакон иҷрои вазифаҳои мардона дошта бошанд?» — мепурсанд аҳли иттиҳод.
Дар идома таъкид мешавад, ки Ислом низоми иҷтимоии худро дорад, ки ваҳдати ҷомеаро кафолат медиҳад ва хушбахтии ҳақиқии занону мардонро таъмин мекунад.
Дар Донишгоҳи политехникӣ фаъолон плакатҳоеро овехта буданд, ки дар он ибораҳои адолати Ислом, мақоми зан дар Ислом, беадолатии капитализм нисбат ба занон ва поймол кардани ҳуқуқҳои онҳоро тавсиф мекунанд.
Шарҳи хабарҳои газетаи «Ар-рая».
24.11.2021