Долон (коридор)-и ғаллаи Туркия ба кӣ хизмат мерасонад?
Хабар:
Дар Истанбул миёни Русия ва Украина бо миёнаравии СММ ва Туркия оиди азнав давом додани содироти ғалла аз бандарҳои Украина созишнома ба имзо расид. Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон, ки пеш аз имзо намудан суханронӣ намуд, ин рӯзро «таърихӣ» номид. Вай изҳор дошт, ки созишнома гуруснагиеро, ки миллиардҳо нафар дар саросари ҷаҳон бо он рӯбарӯ мешаванд, пешгирӣ мекунад («Садои Амрико», версияи туркӣ, 22 июли 2022).
Шарҳ:
Дар пасманзари таҳримҳои ИМА ва Иттиҳодияи Аврупо, Русия бандарҳои Украинаро, ки аз онҳо ғалла бароварда шуданаш мумкин буд, бастааст. Сипас, бо миёнаравии Туркия ҷонибҳо дар бораи кушодани долони ғалла созиш намуданд, ки мувофиқи он наздик 20-25 миллион тонна ғалла бароварда мешавад. Инчунин таҳримҳо алайҳи Русия дар муносибат бо содироти ғалла ва нуриҳои минералӣ сабуктар карда шуданд.
Баъд аз созиш СММ, НАТО, ИА, Русия ва бахусус ИМА изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Туркия миннатдорӣ баён карданд. Туркия дар кӯшиши пинҳон кардани нақши сиёсии худ, ки Амрико ба он вогузор кардааст, ба масъалаи гуманитарӣ ва хавотирӣ аз хатари гуруснагӣ таъкид намуд. Нақши сиёсии Туркия аз он иборат аст, ки дар сурати рӯйдодҳое, ки метавонад нақшаҳо ва манфиатҳои Амрикоро дар бӯҳрони украинӣ халалдор созад, дар муколама бо Русия миёнарав боқӣ монад. Дахолати Туркия дар робита ба бӯҳрони ғалла ва ноил шудан ба натиҷа аз нақши муайян доштани он равшан шаҳодат медиҳад. Як моҳ пеш аз ҳамлаи Русия ба Украина сухангӯи раисиҷумҳури Туркия Иброҳим Қалин оид ба нақши байналхалқии кишвараш изҳор дошт. Ҳангоми баромади худ дар форуми баҳсие, ки аз ҷониби маркази таҳлилии «The Circle Foundation» дар Лондон баргузор шуд, Қалин изҳор намуд: «Туркия омода аст дар коҳиш додани шиддат байни Русия ва Украина ҳама нақшро бозад. Мо ин корро ҳамчун иттифоқчиёни Русия ва Украина ва азҷумла чун аъзои НАТО анҷом медиҳем»,— «Turkiye Gazetesi», 20.01.2022.
Воқеъан созишномае, ки дар Истамбул бо ташаббуси Туркия имзо шуд, ба Русия имкон надод, ки чун дар мавриди нафту газ, масъалаи ғалларо чун фишанги сиёсӣ истифода барад.
Ҳарчанд Русия аз ин созиш изҳори қаноатмандӣ карда бошад ҳам, рӯзи дигар ба бандари Одесса зарбаи мушакӣ анҷом дод ва ба ин васила нишон дод, ки агар бихоҳад, метавонад масъалаи ғалларо ҳамчун қартаи козирӣ истифода кунад. Ҳамзамон, вазорати дифои Туркия изҳор дошт, ки ҷониби Русия ба ҳамла ба бандари Одесса ягон хел муносибате надорад, баъдан Русия ба таври возеҳ изҳор дошт, ки зарба аз тарафи ӯ сурат гирифтааст. Туркия идрок менамояд, ки фурӯ рафтани созиш ғайри қобили қабул аст ва он ба равобити байниҳамдигарии Амрико ва Аврупо таъсир хоҳад расонд. Русия чунин меҳисобад, ки бо идомаи бӯҳрони ғалла мушкилоти иқтисодии Аврупо хеле афзоиш ёфта, дар натиҷа ба Амрико барои сабук кардани таҳримҳо алайҳи Русия фишор хоҳад овард, зеро таваррум дар минтақаи евро ба 9% расида, аврупоиҳоро хеле нигарон кардааст. Русия тавассути бӯҳрони ғалла заъифиҳои Аврупоро муайнян намуд ва ба чӣ корҳо қодир буданашро нишон дод. Бар асоси созишномае, ки дар Истанбул имзо шуд, ба ғайр аз ғаллаи Украина, таҳримҳо алайҳи ғалла, нуриҳои минералӣ ва маҳсулоти марбути русиягӣ лағв шуданд.
Дар мавриди Амрико бошад, дар ивази ширкаташ дар ҷанги русияву украина ӯҳдадориҳои худро дар назди Аврупо иҷро накардааст, зеро нархи ин ҷангро на Амрико, балки Аврупо, ки ба нерӯи барқ ва ғизои Русия вобаста аст, пардохт мекунад. Аз ин сабаб, ҳалли бӯҳрони ғалла барои он муҳим аст, ки Аврупо дар мадори ИМА ҳаракатро идома диҳад. Мутаассифона, ин манфиатҳои муҳими мустамликавии амрикоиро Туркия дар зери пардаи муаммоҳои гуманитарӣ ба рӯёб мебарорад. Аммо вақте ки шаҳрҳои Сурия аз ҷониби нерӯҳои Русия ва Асад муҳосира шуданд, ҳамон Туркия ҳеҷ иқдоме накардааст. Ҳазорон мусулмон дар Сурия аз сабаби набудани дастрасӣ ба ғизо аз гуруснагӣ мемурданд, аммо Туркия дар ин масъала ягон нақше набозид. Кӯмаки СММ бошад аз фиристодани халтаҳо барои ҷасадҳо ба мардуми Сурия иборат буд.
Инак, созишнома оиди долони ғалла, ки дар Истамбул ба имзо расид на барои аз хавфи гуруснагӣ муҳофизат кардани одамон, балки барои ҳифзи манфиатҳои Америка ва Ғарби кофир пешбинӣ шудааст, зеро мамлакатҳои капиталистӣ ҳеҷ гоҳ дар бораи инсоният ва муаммоҳои он фикр намекунанд. Имрӯз дар ҷаҳоне, ки онҳо ҳукмронӣ мекунанд 821 миллион нафар гурусна ба ҳисоб гирифта шудааст. Ягона чизе, ки барои онҳо муқаддас аст, ин манфиатҳои мустамликавӣ ва ҳукумати фасодзадаи бадахлоқ мебошад.
Ягона давлате, ки ба мардум бо раҳму шафқат муносибат менамояд ва ҷаҳонро аз бӯҳронҳои сунъӣ, ки кишварҳои мустамликадор ба вуҷуд овардаанд раҳо хоҳад кард, — ин Хилофати Рошидин аст, ки рамзи раҳмат, фаровонӣ ва адолат мебошад.
وَاِذَا قِيلَ لَهُمْ لَا تُفْسِدُوا فِي الْاَرْضِ قَالُٓوا اِنَّمَا نَحْنُ مُصْلِحُونَ
«Чун ба онҳо мегӯянд: «Дар рӯи замин фасод макунед!»,— онҳо ҷавоб медиҳанд: «Танҳо мо ислоҳкунандагонем» (2:11).
Махсус барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб ут-таҳрир
Муҳаммад Эмин Йилдирим
11 Муҳаррами 1444 ҳиҷрӣ