Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Боздиди зуд-зуди намояндагони Амрикову Русия нишонаи тезутундшавии низоъ аст

23 август вазири дифои Русия Сергей Шойгу бо сафари корӣ ба Ӯзбекистон ташриф овард.

24 август Шойгу дар нишасти вазирони дифоъи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонхой дар Тошканд ширкат дошт. Дар он мулоқот Шойгу Амрикоро дар ҷанг дар Украина ва тахриби сохтори мавҷудаи амниятӣ дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ айбдор намуд.  Қаблан, рӯзи 22 август Мирзиёев як ҳайати вакилони Конгресси ИМА Трент Келли ва Дарин Лаҳудро ба ҳузур пазируфт.

Вақтҳои охир мақомоти Амрико ва кишварҳои таҳти нуфузи он буда ва ҳамчунин ҳайатҳои Русия бештар ба Ӯзбекистон сафар мекунанд, ки ин аз шиддат гирифтани низоъ дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Ӯзбекистон дарак медиҳад. Дар ҳоле, ки Амрико ширкати Русия дар ҷанги Украинаро як фурсати тавсеаи доираи нуфузаш дар кишвари мо медонад, Русия эҳтиёткорона аз ҳимояти манофеи худ дар Осиёи Марказӣ, бахусус дар Ӯзбекистон фаромӯш намекунад. Ин минтақа як минтақаи хеле муҳими сипарӣ барои Русия аст, мисли Украина, зеро ӯ намехоҳад Ӯзбекистон ва Осиёи Марказиро ба дасти Амрико диҳад.  Дар тарафи дигар Чин аст, ки асосан дар самти иқтисодӣ барои таҳкими мавқеъаш дар кишвари мо ва минтақа кору фаолият мекунад.

Ин мустамликадорон даҳҳо солҳо аст, ки ба сари мамлакати мо дасти хунини худро дароз намуда, худро ҳамчун дӯст вонамуд карда, барои манфиати худ талош доранд.  Дар ҳақиқат, мақсади онҳо барои мо мусалмонон некӣ кардан нест, балки ба василаи ҷосусони худ аз миёни мардуми мо, ки аз Аллоҳ наметарсанд ва танҳо барои хушнудии хоҷагони худ мекӯшанд моро ғулом созанд ва сарвати моро ғорат кунанд, то муддати дароз дар тахтҳои худ нишинанд. Вазифаи онҳо ин аст, ки моро аз Ислом дур кунанд ва дар хориву тарс аз онҳо нигоҳ доранд. Агар ягон инсони солимфикр андаке андеша кунад, дарк мекунад, ки давлатҳои мустамликадоре, ки мусулмононро бад мебинанд, аз қабили Амрикову Русия, Чину Аврупо дар давоми даҳсолаҳо ба кишвари мо хайре наовардаанд, балки танҳо ҷанг, гуруснагй, фалокат, харобй, фалокат ва коррупсияро оварданд.  Ҳар кӣ дар бораи суханони Аллоҳи мутаъол тафаккур кунад, мефаҳмад, ки мусалмон ҳеҷ гоҳ дӯсти онҳо набояд шуд:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لا تَتَّخِذُواْ الْكَافِرِينَ أَوْلِيَاء مِن دُونِ الْمُؤْمِنِينَ

«Эй касоне, ки имон овардаед, ба ҷои мӯъминон кофиронро дӯст магиред». [4:144]

ْ لَا تَتَّخِذُواْ ٱلۡيَهُودَ وَٱلنَّصَٰرَىٰٓ أَوۡلِيَآءَ

«Яҳуд ва насороро ба дӯстӣ нагиред«. [5:41]

Ҳокимони хиёнаткор бо вучуди мамнӯъи қатъии Аллоҳ, бо душманони мо робитаи наздик месозанд ва ҳеҷ шарме намедоранд, ки то мурдан ба нафъи ин кофирон хизмат кунанд ва онро барои худ шараф медонанд!  Мо мусулмонон ба ин ҷиноятҳои ваҳшиёна алоқае надорем. Мо ба душманони Ислом ва мусалмонон хушомад намекунем ва аз онҳо кӯмак интизор нестем, балки танҳо ҳукмронии Исломро эътироф мекунем ва омодаем барои амалӣ шудани он ҷони худро фидо кунем.

 

Бахши иттилоотии Ҳизби Таҳрир Ӯзбекистон

 3 Сафари соли 1444 ҳ.

 30.08.2022 м.

 № 02/1444

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads