Бо Исроил мӯътадил сохтани алоқаҳоро ва Натаняҳуро намепазирем
Санаи 17 июли соли 2023-ӣ милодӣ қасри шоҳӣ эълон кард, ки шоҳ аз сарвазири сохтори яҳудӣ нома гирифтааст. Дар номаи мазкур Натаняҳу ба ӯ хабар медиҳад, ки сохтори яҳудӣ хоки Марокаш будани Саҳрои Ғарбиро эътироф мекунад. Дарҳол пас аз интишори хабар, карнайҳои мӯътадилгардонӣ баланд садо доданд ва ин эътироф ҳамчун ғалабаи таърихӣ ва дастоварди бесобиқаи дипломатияи ғолибонаи Марокаш нишон дода шуд! Санаи 20-уми июли соли 2023 милодӣ шоҳ эълон намуд, ки сарвазири сохтори яҳудиро барои боздид аз Марокаш даъват кардааст.
Қатораи мӯътадил гардонидани алоқаҳо бо сохтори яҳудӣ, ки 12 октябри соли 2020 оғоз ёфт, аз рӯзи аввал бо суръати тез ба ҳаракат даромад. Бо назар андохтан ба шумораи созишномаҳои имзошуда, гуногунии соҳаҳои онҳо ва боздидҳои мутақобила кас ба осонӣ дарк мекунад, ки онҳо ба дарронидани пардаи муносибатҳои сиррӣ ва ошкор сохтани он рағбати сахт доштанд. Ба назар мерасад, ки сарфи назар аз воқеаи баҳсу мунозира бо Алҷазоир, корҳо пешакӣ омода шуда буданд.
Аммо барои ҳосил кунонидани боварӣ ба ин пастравии мудҳиш ва пӯшонидани айбҳо, онҳо корҳои зеринро анҷом доданд:
Онҳо масъалаи баҳсу мунозира бо Алҷазоирро аз будаш зиёд карда тавре нишон доданд, ки гӯё Алҷазоир барои ба Саҳрои Кабир зада даромада, аз Марокаш кашида гирифтани он омодагӣ мебинад. Онҳо иддао карданд, ки шитоби Марокаш ба сӯи яҳудиён барои ба даст овардани силоҳ ва фанноварии низомӣ буда, ин чиз ба Марокаш имкон фароҳам меорад, ки аз болои ҳамсояи худ ғолиб гардад. Ҳокимони Алҷазоир низ барои саҳеҳ вонамуд кардани ин тасвир саҳми худро гузоштанд. Ин далели он аст, ки нақша аз доираи Марокаш ва Алҷазоир фаротар аст ва дар болои онҳо ҷонибе мавҷуд аст, ки ин масъаларо ҳамоҳанг месозад.
Онҳо иддао карданд, ки ин масъаларо бо маъмурияти Аббос ва ҳатто бо Ҳамос мувофиқа карда, розигии онҳоро ба даст овардаанд. Ба гуфтаи онҳо, ин ду тараф дар мӯътадил шудани равобити Марокаш бо сохтори яҳудӣ ҳеҷ боке намебинанд. Модоме ки халқи Фаластин аз ин мӯътадилшавӣ қаноатманд бошад, пас чӣ расад ба онҳо!
Онҳо иддао карданд, ки ин мӯътадилшавӣ ҳатман маънои тарк кардани мардуми Фаластинро надорад ва онҳо дастгирӣ намудани аҳли Фаластинро дар форумҳои байналмилалӣ ва тавассути Фонди Байтулмуқаддас, инчунин бо воситаи раёсати шоҳ дар Кумитаи Байтулмуқаддас идома хоҳанд дод.
Онҳо иддао карданд, ки ин мӯътадилшавӣ ба онҳо имкон фароҳам меорад, ки аз пешрафти илмию техникии яҳудиён ва аз қудрати лоббии яҳудӣ, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, баҳра баранд.
Ин баҳонаҳо танҳо афроди содда ва ё касонеро, ки Аллоҳ ба дилҳояшон мӯҳр задааст, фиреб медиҳанду халос. Аммо ононе, ки ба миқдори камтарини ақл соҳиб ҳастанд, медонанд, ки хиёнат, агарчи ҳазор баҳона оварда шавад, ҳамоно хиёнат боқӣ мемонад ва ҳаром ҳаром боқӣ мемонад, ҳатто агар бо ҳазор узр пӯшонида шавад.
Аммо ҳақиқати ҳол чунин аст:
Сохтори яҳудӣ сохтори золим ва ҷинояткор аст, ки умдатан бар асоси дуздидани сарзамини Исроъ ва Меъроҷ, сарзамини муқаддасот, сарзамини паёмбарону асҳоби киром, сарзамини шаҳидон ва сарзамини қурбониҳое, ки дар тӯли таърих ҷой доштанд, барпо гаштааст. Пас оё онро эътироф намудани дузд, ки моликияти соҳиби аслӣ моликияти ҳамин соҳиб аст, қонунӣ будани моликиятро ягон зарра меафзояд?! Нархи ин эътироф чанд аст? Оё нарх ин аст, ки ҷонибе, ки дузд замини ӯро дуздааст, ҳаққи дуздро барои баҳрабардорӣ аз ин замин эътироф мекунад ва эълон менамояд, ки ӯ дар масъалаи ин ҳаққи худ бо дузд кашмакаш нахоҳад кард. Қасам ба Аллоҳ, ин тақсимоти ноодилона аст! Агар қудрат дар Саҳрои Кабир дар дасти яҳудиён мебуд, мо мегуфтем, ки Марокаш онҳоро эътироф кард ва онҳо аз Саҳро даст кашиданд. Аммо қудрат дар он комилан дар дасти Марокаш аст ва касе наметавонад дар он бо Марокаш рақобат кунад. Пас чунин шуд, ки дар муқобили эътирофи дузд, яъне моликияти Марокаш будани заминҳоеро, ки Марокаш аслан ва амалан соҳибӣ он аст, эътироф намудани сохтори яҳудӣ, Марокаш аз замини муқаддас даст кашид. Оё ин мардум ақли расо доранд? Ё дар дилҳояшон қуфлҳо ҳаст?!
Баҳс бо Алҷазоир баҳси сохта аст, на воқеӣ. Гарм ё сард шудани он асосан ба нақшаҳои абарқудратҳо вобаста буда, Марокаш ва Алҷазоир дар ин кор даст надоранд. Аз ин рӯ, танҳо одами нодон ё содда ин низоъро аланга медиҳад ё онро тасдиқ менамояд. Зеро аҳли Марокаш ва Алҷазоир бародарони якдигаранд, ки аз такрори шиори “бародарон, бародарон” хаста намешаванд. Дин, забон, таърих ва ҷуғрофияи онҳо ягона буда, бо андаке ҳикмат мумкин аст, ки на танҳо ин муноқишаро аз байн бурд, балки метавон ин ду кишварро ба ҳам муттаҳид сохта, ба тухми давлати абарқудрат дар Африқои Шимолӣ, ки тавони густариш ва зам кардани кишварҳои исломии боқимондаро дорад, табдил дод. Пас чӣ гуна мумкин аст, ки кор аз мавҷудияти ихтилоф оғоз шуда, то ба сафед кардани амали ҳаром, ба мисли ба оғӯш гирифтани душмани ғосиб омада расад?!
Иддаои он, ки Марокаш барои мӯътадил сохтани алоқаҳо бо сохтори яҳудӣ аз Аббос ё Ҳамос розигӣ гирифтааст, узри қобили қабул нест. Эътидол бо яҳудиён ҳаром аст, зеро онҳо ғосиб ва ҷинояткор буда, муқаддасотро поймол месозанд ва мардуми Фаластинро бо зулму зӯроварӣ ба қатл мерасонанд. Пас чӣ гуна бо ин ҷинояткорон муросо карда метавонед?! Ҳаром будани сулҳ бо онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои фиқҳиест, ки ҳукми он қатъӣ буда, ба ҳамагон равшан аст. Бо онҳое, ки мусалмононро мекушанд ва кишварҳояшонро ишғол менамоянд, бастани дилхоҳ созиш шаръан ҷоиз нест. Ба ин кор розӣ будани шахс, новобаста аз кӣ будани ӯ, ҳурмати онро кам намесозад.
Иддаои он, ки аз мӯътадил сохтани алоқаҳо бо яҳудиён фоидаи иқтисодӣ ба даст овардан мумкин аст, аз надонистани табиати ин мардум шаҳодат медиҳад. Зеро хислати табиии яҳудиён чашмгуруснагӣ ва худхоҳӣ мебошад. Биёед ба Миср як назар андозем. Аз рӯзи мӯътадил шудани алоқаҳои он бо яҳудиён 45 сол гузашт. Аз рӯзи ба эътидол омадани алоқаҳои Урдун бо онҳо 29 сол сипарӣ шуд. 30 сол мешавад, ки маъмурияти Фаластин сохтори яҳудиро расман эътироф намуд. Пас ин одамон аз равобити худ бо яҳудиён чӣ фоида гирифтанд? Оё шароиташон беҳтар шуд? Оё онҳо ҳосили хуб гирифтанд ё корҳояшон сол ба сол бадтар мешавад?! Оё Марокаш умед дорад, ки аҳволи вай аз аҳволи дигарон беҳтар хоҳад шуд? Ё умедвор аст, кореро, ки дигарон бо вуҷуди ақлу ҳушёрии худ натавонистанд анҷом диҳанд, метавонад ба сомон расонад?!
Ҳатто агар тасаввур кунем, ки Марокаш метавонад манфиатҳои иқтисодиро ба даст орад, ки ин бениҳоят душвор аст, чӣ зишт аст он манфиате, ки бо хун ва фарёдҳои занҳое, ки шавҳару фарзандони худро гум кардаанд, олуда мебошад. Чӣ зишт аст он манфиате, ки аз ҳисоби оҳу нолаи асирон, гурезагон ва таъқибшудагон ҳосил мешавад. Ин манфиатҳо ғайриқонунӣ ва ҳаром мебошанд, ки аз пои соҳибаш кашолакунон ӯро сӯи дӯзах хоҳанд бурд. Паёмбар ﷺ фармуд:
لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ لَحْمٌ نَبَتَ مِنَ السُّحْتِ، وَكُلُّ لَحْمٍ نَبَتَ مِنَ السُّحْتِ كَانَتِ النَّارُ أَوْلَى بِهِ
“Гӯште, ки аз ғизои ҳаром парвариш ёфтааст, вориди биҳишт нахоҳад шуд. Ҳар гӯште, ки аз ғизои ҳаром рӯёнда шудааст, оташ ба он ҳақдортар аст”.
Хунҳои шаҳидон ва оби дидаи мазлумон ба ҳар касе, ки даст ба дасти ин ҷинояткорон мегузорад ва ҳатто ба касе, ки ба рӯяшон бо табассум менигарад, лаънат мехонад.
Он ҳаққе, ки Фаластин ва мардуми он бар мо дорад, аз чанд дирҳаме, ки мо аз тангаҳои худ ба онҳо мепартоем, бузургтар мебошад. Он бузургтар аст аз суханоне, ки мо бо он дар Созмони Милали Муттаҳид баромад карда, аз заъф ва хории худ дар баробари яҳудиён шикоят мекунем ва аз СММ илтиҷо менамоем, ки барои боздоштани онҳо дахолат кунад. Ҳаққи Фаластин дар дӯши мо ин сафарбар намудани артишҳо ва аз яҳудон озод сохтани он аст. Пас бо ин ҳоли худ, ки озодкунии онро ба мӯътадилкунии алоқаҳо бо ғосиби он ва ба кӯмак ба ӯ иваз намудаед, бо Аллоҳ чӣ гуна вомехӯред? Дар тӯли таърих Марокаш сарзамини пуршараф буд ва дар паҳни футуҳот ба сӯи Аврупо дар шимол ва ба ҷангалҳои Африқо дар ҷануб ҳамчун гузаргоҳ хизмат мекард. Ана барои ҳамин ҳадаф бояд ки фаолиятбарон кор баранд, на ин ки ба зону зада, чизи беҳтарро ба чизи паст иваз намоянд.
Марокаш ва кишварҳои исломии боқимонда ба эътидол сархам нахоҳанд шуд, зеро муҳаббат ба Фаластин ба мусалмонон бо шири модар гузаштааст. Ҳар гоҳе ки онҳо сухани Ӯ Таолоро мехонанд:
﴿سُبْحَانَ الَّذِي أَسْرَى بِعَبْدِهِ لَيْلاً مِّنَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ إِلَى الْمَسْجِدِ الأَقْصَى الَّذِي بَارَكْنَا حَوْلَهُ لِنُرِيَهُ مِنْ آيَاتِنَا إِنَّهُ هُوَ السَّمِيعُ البَصِيرُ﴾
“Пок аст он зоте, ки бандаи худро шабе аз Масҷид-ул-ҳаром ба масҷиди Ақсо, ки гирдогирдашро баракат додаем, сайр кунонд, то баъзе аз оёти худро ба ӯ бинамоем. Албатта Ӯ шунавову биност!” (Сураи Исро, 1)
чашмонашон сӯи масҷиди Ақсо бо иштиёқ менигаранд. Ҳар вақте ки онҳо сухани зерини Паёмбарро ﷺ мехонанд:
لَا تُشَدُّ الرِّحَالُ إِلَّا إِلَى ثَلَاثَةِ مَسَاجِدَ؛ مَسْجِدِ الْحَرَامِ، وَمَسْجِدِي هَذَا، وَالْمَسْجِدِ الْأَقْصَى
“Танҳо ба се масҷид сафар анҷом дода мешавад: Масҷид-ул-ҳаром, ин масҷиди ман ва масҷиди Ақсо”,
аз аҳволи уммат дар зери ҳокимони давлатчаҳои нобакор таассуф мекунанд ва муштоқи рӯзе ҳастанд, ки дар он ба Ақсо расида, онро аз найзаҳои истилогарон пок месозанд. Инчунин, ҳар гоҳе ки онҳо шитобкориҳои ҳокимон ба сӯи душманони Аллоҳро мебинанд, сухани зерини Ӯ Таоло ба ёдашон мерасад:
﴿فَتَرَى الَّذِينَ فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ يُسَارِعُونَ فِيهِمْ يَقُولُونَ نَخْشَى أَن تُصِيبَنَا دَائِرَةٌ فَعَسَى اللهُ أَن يَأْتِيَ بِالْفَتْحِ أَوْ أَمْرٍ مِّنْ عِندِهِ فَيُصْبِحُواْ عَلَى مَا أَسَرُّواْ فِي أَنْفُسِهِمْ نَادِمِينَ﴾
“Онҳоеро, ки дар дил беморӣ доранд, мебинӣ, ки ба сӯҳбаташон шитофта мегӯянд: “Метарсем, ки ба мо осебе расад”. Аммо бошад, ки Аллоҳ фатҳе падид орад ё коре кунад, он гоҳ аз он чӣ дар дил ниҳон дошта буданд, пушаймон шаванд” (Сураи Моида, 52).
Ин созишномаҳои хоинона эътимоди мусалмононро ба ваъдаҳои Аллоҳ ва ёрии Ӯ ҳаргиз ба ларза намеоранд. Онҳо танҳо ба мусалмонон боз ҳам равшантар месозанд, ки ҳокимон аз ҷумлаи онҳо нестанд ва ғаму ташвиши онҳо дигар аст. Аз ин рӯ, ин ҳокимон дар хурсандиҳо ва дардҳои уммат ширкат намеварзанд. Онҳо роҳеро барои худ ихтиёр кардаанд, ки аз роҳе, ки Аллоҳу Расул ﷺ барои бандагон ихтиёр намудаанд, тамоман фарқ мекунад. Роҳи онҳо ба дӯстӣ гирифтани кофирон ва изҳори муҳаббат ба онҳо мебошад, ҳарчанд ба зиёни дин ва амнияти аҳолиашон бошад. Кишвари Уқба ибни Нофеъ, Мӯсо ибни Нусайр ва Ториқ ибни Зиёд, кишвари Юсуф ибни Ташфин, Яъқуб ал-Мансур ва дигар пешвоёни Ислом аз он нафрат мекунад, ки қадами як ҷинояткори золим, ки аз дастонаш хуни мусалмонон мечакад, ба он гузошта шавад. Барои ҳамин, мо ба онҳо мегӯем: “Мо шуморо намепазирем. Аллоҳ шуморо ва касонеро, ки шуморо даъват ё қабул намуданд, аз хайр маҳрум кунад. Ҳароина замони бо шикасту мағлубият ронда шудани шумо наздик аст. Пас шуморо оғӯши онон фиреб надиҳад, чун оқибати ҳамаи шумо як, яъне ҳалокат мебошад.
Вазъият барои ҳар касе, ки чашмони бино дорад, рӯшан ва ошкор шуд. Ҳар нафаре, ки қаблан аз ин гумоштаҳо умеди нек дошт, бо чашми сар дид, ки оқибати корҳо чӣ шуд. Пас эй мусалмонон, ба чизе шитобед, ки шуморо аз ин ҳолат наҷот медиҳад. Ба некӣ ва сарбаландии ин дунёву охират шитобед ва дастони худро болои дастони мо гузоред. Аз миёни худ ансореро бароред, ки ба мисли саҳобагони ансор, барои ёрӣ расонидан ба дин байъат карда, ба натиҷаҳое, ки пешиниёни онҳо ҳосил кардаанд, мерасанд. Шояд Аллоҳ бо дастони шумо фатҳро ато кунад.
Муаллиф: устод Муҳаммад Абдуллоҳ