Баромади Шайх Носир Ризо дар назди Шӯрои Судон бо талаби эълон кардани Хилофат

Ба ҳамагон маълум аст. Ин вохӯрии Имомон, олимон ва нотиқон бо касони дар раъси ҳукумати кишварбуда, яъне хоссатан бо бародарони мо аз Шӯрои низомӣ мебошад.

Мо суханҳои зеринро гуфтани ҳастем: Аввалан, ҳокимият ин масъулият аст. Агар танҳо як рӯз бошад ҳам ҳукм ронӣ, пас аз барои он пурсида мешавӣ. Зеро Пайғамбар (с.а.в) фармуданд: Ҳокимият, ин амонат яъне, чизи боварӣ карда шуда аст. Он ба соҳибони ҳукм Рӯзи Қиёмат шармандагӣ надомат меорад. Ба ғайр аз он касоне, ки ин амонатро бо ҳаққ гирифтанд ва масъулияти худро дуруст иҷро карданд.

Аллоҳ Таъоло ба шумо муроҷиъат карда мегӯяд: (Ва шахсоне, ки бо нозилкардаи Аллоҳ ҳукм намеронанд,  кофирон, золимон ва фосиқонанд). Бинобарин, мо дар зери ҳокимияти Аллоҳ истода суханҳои ӯро аз Қурон такрор мекунем:

“На савганд ба парвардигорат, ки имон наёваранд, магар он, ки дар низоъе, ки миёни онҳост, туро довар қарор диҳанд ва аз ҳукме, ки ту медиҳӣ, дар дилашон хараҷ (шубҳае) наёбанд, ва мутлақ таслими он нагарданд”.

Ин маънои онро дорад: Ба ҳар яки мо воҷиб аст, ки дар масъалаи ҳукм ба Шариъати Аллоҳ муроҷиат кунем. Ин масъулият аст ва иҷрои он ба ҳар як мард ва зани мусулмон воҷиб мебошад.

Пешвои мо ва намунаи беҳтарин барои ҳаётамон – Расули Акрам (с.а.в) мефармоянд:

Вақте меояд, ки корҳо бо ҳам даромехта мешаванд ва ҳама ҷоро ошӯб фаро мегирад. Касе, умр мебинад, байни инсонҳо ихтилофи зиёдеро мушоҳида мекунад. Ҳамон вақт суннати ман ва суннати халифаҳои рошида, яъне пайравони роҳи ростро мустаҳкам доред. Онро бо дандонҳои решагӣ маҳкам бидоред.”

Бародарони гиромиқадр!  Масъала дар ҳукмронии шӯрои низомӣ ва ҳукумати илмонӣ (дунявӣ) нест. Балки масъала дар он аст, ки мо бояд Аллоҳро ибодат кунем ва дигар инсонҳоро низ ба итоати Ӯ водор созем. Ин кор бо роҳи барпо кардани Шариати Аллоҳ ва бо низоми Ӯ ҳукм рондан амалӣ мегардад. Муаммо ин аст, ки шумоён афсар – низомиён ҳастед, шумоён соҳиби қувва ва дорои имкони ҳимояткунанда ҳастед. Ин маънои онро дорад, ки мувофиқи Шариъат нақши шумоён чунин аст; чӣ тавре, ки ансориён амал карда буданд, шумо низ ҳамонро иҷро намоед. Шумо бояд ҳокимияти шарр ва дурӯғинро бартараф намуда, ба Халифае байъат кунед, ки Исломро дар байни мардум, Шариатро дар Давлати Хилофат бо манҳаҷи Расулуллоҳ (с.а.в.с) татбиқ менамояд. Вазифаи шумоён алҳол ҳамин аст!

Бародарони азиз! Ин суханҳо набояд танҳо эҳсосотро ба ҷунбиш оварад. Мо бояд дар бораи манҳаҷи Расулуллоҳ (с.а.в.с) ҳарф занем. Паёмбар (с.а.в.с) баъди худ ҳокимиятро гузошта чунин гуфтаанд:

“Баъди ман пайғомбаре намеояд, Халифаҳо меоянд ва онҳо бисёр мешаванд.”

Моҳияти кор дар он аст, ки барпо кардани Хилофат аз рӯи минҳоҷи Паёмбар(с.а.в.с) кори ногузир аст. Ҳукуматро ба ҳокимияти илмонӣ таслим накунед. Онро ба Уммат супоред ва бигузор ин Уммат ба Имоме байъат кунад, ки Шариатро барояш татбиқ менамояд! Вазифаи шумоён бо далелҳои номбаркардаамон ҳамин аст! Хилофат бояд бино карда шавад, то ки қатл ва хунрезии мусалмонон хотима ёбад. Лоиҳаи Хилофат бояд амалӣ гардад!

Сониян, шумо бояд ҳуқуқҳо ва моликияти мусалмононро, ки замоне, онро кашида гирифта буданд, баргардонед. Ин дуюмин талаби мо аст!

Талаби сеюмини мо ба боигарии Уммат тааллуқ дорад. Ояндаи сокинони ин кишвар ба манфиати “маблағгузорони хориҷа” ба савдо гузошта шуда истодааст! Ин кишварро ҳар чӣ зудтар аз онҳо тоза намоед!

Дар хотима ман ҳар яки шумоёнро даъват менамоям, ки ба ин кор ба хотири Аллоҳ, ҳам дар корҳои ошкоро ва ҳам дар ниҳонӣ холисона муомила кунед! Ба кишварҳои мусалмонон ҳеҷ гоҳ бадӣ наомада буд. Бадӣ замоне омад, ки ҳокимият ба дасти шахсони ба куфр содиқ фаромад! Мо алҳол дида истодаем, ки сиёсатмадорони амрикоӣ чӣ тавр ба ҷунбиш омадаанд. Аввалин шахсоне, ки бо аъзоёни ҳукумат ва ин Шӯро мулоқотҳо оростанд, амрикоиҳо буданд! Мо мушоҳида дорем, ки намояндагони аврупоӣ низ дарҳол ҳозир гаштанд. Ба тарафи онҳо гузаштанро ҳатто фикр ҳам накунед!

Аллоҳи Таъоло моро чунин огоҳ кардааст:

«Эй касоне, ки имон овардаед, душмани Ман ва душмани худро ба дӯстӣ ихтиёр макунед. Шумо бо онон тарҳи дӯсти маяфканед ва ҳол он ки онҳо ба сухани ҳаққе, ки бар шумо омадааст, имон надоранд.»                        (60:1)

Кишварҳои мо чӣ будани бадиро намедонистанд, то даме, ки куфр ба кишварҳои мо по ниҳод. Кофиронро ба худ дӯст магиред, ва ба онҳо садоқат нишон надиҳед! Аллоҳ бар шумо баракот ва савоб ато фармояд!

Баромади Шайх Носир Ризо дар назди Шӯрои Судон бо талаби эълон кардани Хилофат.

Нутқи Роҳбари Кумитаи маркази робита бо Ҳизби Таҳрир, Шайх Носир Ризо дар назди Шӯрои низомиёни Судон.

Судон, Якшанбе, 15-уми Шаъбон, 1440 с.ҳ./21.04.2019с.м.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads