Азоби гурезаҳо дар марзи Туркияву Юнон
Хабар: Рӯзи 28 октябр шабакаи телевизионии “Ал Ҷазира” як бахши дигареро бо номи “Артиши зулумот” дар чаҳорчӯби барномаи “Он чизе, ки ниҳон аст, бештар мебошад” пахш намуд.
Дар ин шумораи барнома дар бораи ранҷу азоби гурезаҳо, ба хусус суриягиҳо дар марзҳои Юнон дар роҳ ба сӯи Аврупо нақл карда мешавад, ки баъзеҳо онро қитъаи тавлиди ширу асал медонанд! Ҳуқуқвайронкунии даҳшатнок алайҳи гурезагон дар марзҳои Аврупо аз ҷониби зархаридони ниқобпӯш, ки чеҳраашон номаълум аст, ошкор шуд. Онҳо аз рӯи нақшаи аниқ ва барои мақсадҳои муайян амал мекунанд. Янис Варуфакис, вакил аз мухолифин ва собиқ вазири молияи Юнон, нақл намуд: “Институтҳои аврупоӣ, Иттиҳоди Аврупо, ҳукумати Юнон ва ҳукуматҳои дигар алайҳи башарият ҷиноят болои ҷиноят содир мекунанд. Онҳо дидаву дониста шарқи Баҳри Миёназаминро ба қабристони обӣ табдил доданд, ки ҳамаи ин кор барои нигоҳ доштани ҷараёни муҳоҷирон карда мешавад». Натали Грубер, мудири Фонди кӯмак ба муҳоҷирин гуфт: «Он чӣ рӯй медиҳад, ҷинояти муташаккили давлатҳост ва он аз Хорватия то Булғористон содир мешавад». Дар шумораи ин барнома чанд акс ва наворҳои видеоӣ нашр шудааст, ки қонуншикании даҳшатноки «Артиши зулумот» алайҳи гурезагон дар манотиқи наздимарзӣ тавассути баҳр ва замин сабт гардидааст. Аз ҷумла, дар марз бо Юнон ҷасади қурбониён, аз ҷумла кӯдаконе, ки бо дастури хадамоти амнияти Юнон дидаву дониста аз сӯи афроди ниқобпӯш ғарқ карда шудан аз баҳри Эгей берун оварда шуданд, намоиш дода шуд.
Шарҳ: Он чизе, ки дар боло зикр шуд, ки хадамоти амниятии Юнон гурезаҳои зиёдеро дар баҳр ғарқ кардааст, танҳо як бахше аз корҳое аст, ки кишварҳои ғарбӣ дар тӯли садсолаҳо инҷониб алайҳи мусалмонон ва дигар мардумон анҷом медиҳанд. Таърих бо мисолҳои муносибати ғайриинсонии кишварҳои ғарбӣ бо ғайриаврупоиҳо бой аст. Ин кишварҳо бардурӯғ худро кишварҳои мутамаддини ҷаҳони якум меноманд, ба ғайр аз тамаддуни аврупоӣ дигар тамаддунро қадр намекунанд ва ба дигар халқҳо бо назари таҳқиру нафрат менигаранд. Онҳо нисбат ба гурезаҳо, ки маҷбуран аз ҷангҳо ва офатҳои табиӣ фирор мекунанд, заррае инсонигарӣ намекунанд; барои наҷот ёфтан онҳо тайёранд, ки бо киштиҳои хурд тавассути баҳрҳо гузаранд, вале ин кишварҳои «тамаддун ёфта» онҳоро рӯирост дар баҳр бераҳмона ғарқ карда, ба қатл мерасонанд. Сипас мебинем, ки чӣ гуна ин «тамаддун ёфтагон» шабу рӯз дар бораи арзишҳои худ, идеяҳо, фарҳанг, инсоният ва пешрафти илму саноат ҳарф мезананд! Ҳар як инсоне, ки дар Ғарб зиндагӣ дорад, дарк мекунад, ки онҳо тамаддун ва пешрафти илму саноати худро дар мағзи сари халқҳои дигар ва бо ғорати сарватҳои онҳо бунёд кардаанд. Бо ибораи дигар гӯем, ин Ғарби такаббур бар дӯши халкҳои ҷаҳон бори гарон аст, на бештар.
Гарчанде, ки масъалаи дар барнома бардошта шуда ба Юнон тааллуқ дошт, аммо он ба ҳамаи кишварҳои аврупоӣ дахл дорад ва ба ин возеҳ собиқ вазири молияи Юнон низ ишора кардааст: «Он чи дар марзҳои Юнон рух медиҳад, бо ҳама кишварҳои Иттиҳоди Аврупо мувофиқа шудааст.» Сиёсати кишварҳои аврупоӣ дар қиболи гурезаҳо, ба хусус мусулмонон, қабули афроде аст, ки дар соҳаҳои илмӣ ё кор муфид мебошанд. Аз касоне, ки «фоида» надоранд, ба кишварҳои худ бармегардонанд, ҳол он ки маҳз ҳамин давлатҳои Ғарб дар кишварҳои «сеюм»- и ҷаҳон ҷанг меафрӯзанд, бо воситаи гумоштагони худ (аз қабили ҳокимони мусалмонон) халкҳоро нобуд карда, ҳаёти онҳоро ба дўзахи тоқатнопазир табдил медиҳанд. Ҳар кӣ аз бозгашт саркашӣ кунад, бе раҳму шафқат дар баҳр ғарқ мекунанд. Дар баробари ин, Ғарб ба тамоми ҷаҳон таълим додани “ҳуқуқи инсон”-ро идома медиҳад, ҳарчанд маҳз худи ӯ ба инсон дахолат карда, инсонияти ӯро нобуд кардааст!
Имрӯз тамоми ҷаҳон дар оташи капитализм фурузон аст ва ҳама бесаброна интизори он замон ҳастанд, ки инсон ба бахту саодат ноил шуда, инсондустӣ ва хислатҳои наҷибро нигоҳ дошта метавонад. Барои инсони тафаккур кунанда пӯшида нест, ки ин кор танҳо бо роҳнамоии дини Ислом амалӣ мегардад, ки Худованди мутаъол онро барои оламиён ҳамчун раҳмате фуруд овардааст. Ин ягона динест, ки инсонро гиромӣ медорад, ҳуқуқи ӯро ҳифз мекунад ва зиндагии бехатарро кафолат медиҳад. Татбиқи ин дар амал мавҷудияти Хилофати дуюми Рошидаро тақозо мекунад, ки ҳукмронии он аз рӯи минҳоҷи нубувват сурат мегирад. Ин давлат зулму бедодгариро аз байн бурда, байрақи ҳақиқат ва адолатро баланд мебардорад. Парвардигоро, замони барпошавии Хилофатро наздик бикун ва моро аз зумраи сарбозону шоҳидони он бигардон!
Махсус барои радиои Бахши иттилоотии марказии Ҳизби Таҳрир
Муҳаммади Абӯ Ҳишом
7 Раббиуссонии соли 1444 ҳ.