Амрико, Русия, Хитой ва тарафдоронашон бо оташ бозӣ мекунанд, ки он барои ин ҷаҳон ягон хубие намеорад!
Баёноти матбуотӣ
Аён гашт, ки маъмурияти Байден низ, мисли пешиниёни худ, соҳиби тафаккури торик мебошад. Танҳо дар давоми чанд моҳи охир он намоиш дод, ки ҳадафи вай нигоҳ доштани ҳукмронии худ дар иқтисодиёти ҷаҳонӣ мебошад ва барои то ба дараҷаи олӣ тезу тунд кардани ҳама гуна вазъиятҳои сиёсии ҷаҳон ягон муаммое надорад.
Дар охири ҳамин моҳ, бо мақсади эҳё кардани рейтинги коҳишёфтаи Ҳизби Демократӣ дар пешорӯи интихоботи дарпешистодаи Конгресс, раиси Палатаи намояндагони ИМА Нэнси Пелосӣ, бо сафари худ ба Тайван Хитойро, ки бе он ҳам норози аст ба иғво андохт.
Ҷаҳон ҳанӯз фаромӯш накардааст, ки чӣ гуна раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден дар моҳи феврали соли ҷорӣ барои барангехтани муноқишаи байни Русия ва Украина бо изҳороти чандинкарата оиди он, ки раисҷумҳури Русия Владимир Путин тасмим гирифтааст, ки ба Украина ҳамла кунад, боисрор кор бурд, ки ин як тактикаи ошкори тела додани Путин ба ин иқдом буд.
Дар ниҳояти кор иғвоҳои Байден ба муваффақият ноил шуд ва ҳоло ҷаҳон маҷбур аст бо фалокати Русияву Украина мубориза барад, ки оқибатҳои оламшумули ҷаҳонӣ барои амнияти озуқаворӣ, суботи иқтисодӣ ва ҳаросҳои ҷомеа аз эҳтимоли сар задани зимистони ядровиро ба бор овард.
Акнун навбати Хитой расидааст, ки ба вартаи фиреби Амрико биафтад. Амрико дар манотиқҳои атрофи Хитой як силсилаи оташро афрӯхт, то дараҷае, ки ин шӯълаи сӯзон Хитойро маҷбур месозад, ки ҳузури худро дар иқтисоди ҷаҳонӣ маҳдуд намояд.
Саволи калоне ба миён меояд: ҳамаи ин барои чист? Ин кишварҳо ба мо чӣ гуна ҷаҳонро ваъда медиҳанд?! На Амрико, на Хитой ва на Русия – аз ягонтои онҳо умеде нест, ки онҳо ҷаҳони беҳтареро, ки инсоният сазовор аст, бунёд созанд.
Агар ду ифодаи англисӣ якҷоя карда шавад, пас мо мегӯем, ки вақти он расидааст, ки «фили сафедро дар ҳуҷра» бишносем, яъне дидан ва эътироф кардани чизи бешубҳа равшан. Вақти он расидааст, ки ҷаҳон аз эътироф кардани он факт, ки капитализм ва дигар ақидаҳои башарӣ бардурӯғ ва ҳалокатоваранд, натарсад. Онҳо мисли ҳайвони ваҳшии гаронбаҳое шуданд, ки дар хона мондааст ва қиммати он қобилияти инсоният барои зинда мондан аст.
Ислом зиёда аз ҳазор сол дар ҳаёт татбиқ шуда, миллиардҳо одамонро хушбахт гардонд ва ҳамааш аз он сабаб аст, ки Ислом ба адолати ҳуқуқҳо ва пешрафти инсон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт аҳамияти бузург медиҳад. Моён ду намунаи оддиро интихоб намудем:
Шариати Исломӣ аввалин шуда пояҳои низоми қазоро асос гузошт… Маҳз Хилофат дар Бағдод дар асри ҳаштум Хонаи Хирад (маркази академӣ ва фикрӣ)-ро таъсис дод, ки гаҳвораи бисёр илмҳо, аз ҷумла — илми муодилаи математикӣ, яъне алгебра буд, ки дертар ба як қатор олимони ғарбӣ имкон дод, ки бо ёрии он кашфиёти худро ба амал оранд.
Мо бори дигар муфаккирон, уламо ва шахсҳои бонуфузро дар ВАО даъват менамоем, ки бо Ҳизб ут-Таҳрир ҳамкорӣ намуда, ба одамони соҳиби нерӯ ва қудрат фишор оваранд, бо кор бурдан барои барпо намудани хилофати ваъдашуда бо минҳоҷи пайғамбарӣ ба эҳёи дуввуми Уммати Исломӣ ноил гарданд.
يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ اسْتَجِيبُواْ لِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ إِذَا دَعَاكُم لِمَا يُحْيِيكُمْ
«Эй касоне, ки имон овардаед! Вақте, ки Аллоҳ ва Расулаш шуморо ба он чизе, ки ба шумоён ҳаёт мебахшад даъват намоянд, иҷобат кунед» (8:24).
Салоҳиддин Адада
Мудири Идораи марказии иттилооти Ҳизб ут-таҳрир
Шанбе, 29 Муҳаррами соли 1444 ҳиҷрӣ