Мухтасаран дар бораи Ҳизби Таҳрир
Ҳизби Таҳрир ҳизби сиёсии исломӣ аст, ки ҳадафаш барқарор кардани тарзи ҳаёти исломӣ тавассути барпо намудани давлати Хилофат мебошад.
Тариқати Ҳизби Таҳрир аз тариқати ҳаёте, ки Паёмбари Аллоҳ (с.а.в.) пеш аз таъсиси нахустин давлати Исломӣ дар Макка, паси сар карда буданд, гирифта шудааст. Бинобар ин, тариқати мо фақат бо кори сиёсӣ ва идеологӣ маҳдуд аст. Ҳизби Таҳрир зӯроварӣ, гурӯҳҳои мусаллаҳро дастгирӣ ва маблағгузорӣ намекунад.
Тариқати Ҳизби Таҳрир бо тағйири вазъияти сиёсӣ тағйир намеёбад, аз ин рӯ, рӯйдодҳои ҷаҳон ва Украина ба тариқати Ҳизби Таҳрир таъсире надоранд. Фаъолияти мо бар матни Қуръон ва Суннати Расул — Муҳаммад (с.а.в.) асос ёфтааст, бинобар ин, аз рӯйдодҳои сиёсӣ ва ҳатто саркӯб ва шиканҷаҳое, ки режимҳои мустабид алайҳи аъзоёни мо анҷом медиҳанд, таъсир намерасонад.
Оё шумо медонед, ки:
Ин ҳизб дар соли 1953 аз ҷониби гурӯҳе аз уламои исломӣ бо роҳбарии қозии Додгоҳи шариатии шаҳри Байтулмуқаддас Тақиюддин ан-Набҳонӣ таъсис шудааст.
Русия ягона кишваре дар ҷаҳон мебошад, ки дар он Ҳизби Таҳрир ҳамчун созмони террористӣ эътироф шудааст.
Русия ягона кишваре дар ҷаҳон ҳаст, ки тибқи қонун танҳо барои узвият дар Ҳизби Таҳрир эътироф намудани худ, ҳабси абад пешбинӣ шудааст.
Ҳудуди 10 000 аъзоёни ҳизб дар Ӯзбекистон зиндонӣ шудаанд, ки бештари онҳо аз охири солҳои 90-м дар зиндон қарор доранд. Пас аз гузаштани мӯҳлат, мақомот парвандаи нави ҷиноӣ бофта, онро тамдид мекунанд. Ҳар дафъае, ки мӯҳлат ба охир мерасад, мақомот мӯҳлатро илова менамоянд.
Ҳамаи созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон, ҳам дар фазои пасошӯравӣ ва ҳам дар ҷаҳон, таъқиби аъзоёни Ҳизби Таҳрирро комилан беасос ва ғайриқонунӣ медонанд ва қатъи фаврии онро талаб мекунанд («Human Rights Watch», «Amnesty International», «Мемориал», «Кӯмаки шаҳрвандӣ», «За права человека», Маркази «Сова», «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ»).
Роҳбари феълии ҳизб, донишманди илми усули фикҳ (асосҳои шариати исломӣ), муҳандис Ато Абӯ Рашта ҳамасола ба бахши «Сиёсат», дар феҳристи панҷсад нафари бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон тибқи нашрияи солонаи «The Muslim 500» ворид мешавад.
Созмони ҳуқуқи башар “Amnesty International” дар соли 1998 Ато Абу Раштаро ҳамчун «асири виҷдон» эътироф кард, пас аз боздошташ дар Урдун ва барои танқиди подшоҳи Урдун, ба се соли зиндон маҳкум карда шуд.
Ҳизби Таҳрир як ҳизби сиёсии исломиест, ки дар беш аз 40 кишвари ҷаҳон фаъолият дорад. Он ҳизбест, ки дар тӯли таърихи худ самти ибтидоии худ, мақсад ва тариқати ба он расиданро заррае тағйир надодааст.
Ҳизби Таҳрир ҳама гуна маблағгузории хориҷаро, чи аз ҷониби давлат ва чӣ аз ҷониби шахсони алоҳида бошад, рад мекунад. Ягона манбаи маблағгузорӣ, хаққи аъзогии ҳармоҳаи аъзоёни ҳизб мебошад.
Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Лубнон, дар шаҳри Бейрут ҷойгир аст.