Мақсади мо барпо кардани давлат аст, на ба даст овардани қудрат

Мақсади мо барпо кардани давлат аст, на ба даст овардани қудрат

Ҳизби Таҳрир ҳизбест, ки мақсадаш азнавсаркунии ҳаёти исломӣ аст.  Мавҷуд будани ин ҳизб дар миёни Уммат гувоҳӣ медиҳад, ки эҳсосоти он бо вуҷуди ҳама ошуфтаҳо ба ақида таҷассум ёфтааст.

Ин ақида аз як гурӯҳи инсонҳои шуурнок ба миён омад, сипас равшан гардид ва дар заминаи он ҳизб ташкил ёфт.  Сипас ин ҳизб ба паҳн кардани ақидаи худ дар байни мусулмонон идома кард. Ислом ин мабдаъ буда, эҳсоси ботинии Уммат мебошад. Ҳизб ин эҳсосотро баён мекунад ва бояд ҳамин тавр боқӣ бимонад. Бояд зикр кард, ки ин эҳсосот бар асоси фаҳмиши дурусти мабдаъ, яъне фикр ва амале, ки ба он равона шудааст, бунёд гардидааст.

Ҳизб ба ақида, бахусус ба мабдаи Ислом, фикр ва қонунҳои он такя мекунад. Ҳизб ба фард такя намекунад, ҳарчанд дониш, қудрат ва мавқеи ӯ дар миёни мардум бузург бошад ҳам;  ба мадади одамон, чӣ хурду чӣ бузург, умед намебандад;  ба он чизе, ки барои амалй гардондани фаъолияташ имконият медиҳад, сарфи назар аз он ки чӣ қадар ҷозиб набошад такя намекунад. Ҳизб ба он чизе, ки ӯро ба қудрат наздик мекунад ва ё роҳи онро осон мекунад ба худ асос намегирад, баръакс, танҳо ба ақида такя мекунад. Яке аз изҳороти маъруфтарини ҳизб ин аст: «Ҳадафи мо бунёд кардани давлат аст, на ба даст овардани қудрат». Рушди мабдаъ боиси тараққиёт мегардад. Рушд маънои ба даст овардани қудрат нест, балки муттаҳид шудани Уммати исломӣ дар атрофи ақидаи исломӣ ва зиндагӣ бар пояи он аст, ки ҳатман ба қудрат оварда мерасонад.  Аз ин бармеояд, ки худи ба даст овардани ҳокимиятро мақсад гузоштан мумкин нест, ҳокимият ин натиҷаи рушди мабдаъ мебошад.

20 Ҷумадул аввали соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads