Бо аврати кушодае, ки бисёр паҳн шудааст, чӣ гуна бояд муошират кард?

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Бо аврати кушодае, ки бисёр паҳн шудааст, чӣ гуна бояд муошират кард?

Аз Abdullah Ibn AlMufakkir

Савол:

Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотуху, амири азизи мо. Ман ба Аллоҳ дуо мекунам, ки шуморо муҳофизат кунад, саломат бошед, то ки доимо дар сафи даъват бошед ва ба шумо умри дароз диҳад, то тавонед бештар ибодат кунед. Ман аз Аллоҳ хоҳиш мекунам, ки ба шумо имкони шоҳидии зуҳури Хилофати Рошидаи дуввумро бидиҳад, ман аз Ӯ хоҳиш мекунам, ки ин даъватро мустаҳкам ва ҳифз кунад, тақвият бахшад ва Умматро дар зери парчами Расули Худо муттаҳид созад.

Саволи ман дар бораи мардоне, ки ба занҳо менигаранд. Тавре ки мо медонем, дар Ғарб, бештари занон авратаҳои худро, хусусан дар тобистон гӯё ки ба намоиш мегузоранд. Тавре ки ман медонам, нигоҳ кардан ба аврати кушоди зан барои мардон, новобаста аз он ки зан ҷолиб аст ё на, ба мисли аврати марди дигар ҳаром аст, ҳатто агар марди аввал ӯро ба худ ҷалб накунад ҳам. Ман нигоҳи бо ҳавасро дар назар дорам. Бале, як ҳамкасб метавонад зишт бошад, аммо ба ҳар ҳол, барои муошират бо ӯ, мард маҷбур мешавад, ки ба ӯ аз як бор зиёд нигоҳ кунад. Масалан, мусулмони донишҷӯ наметавонад дар кори синф пурра ширкат варзад, зеро муаллима бо аврати кушода дарс медиҳад, аз оғози дарс ба ӯ нигоҳ як бор нигоҳ карда, то охири дарс ба ӯ нигоҳ накарда наметавонад, ҳатто агар вай пир ва зишт бошад ҳам. Вазъият дар хариду фурӯш низ ҳамин тавр аст.

Аз ин рӯ, ман чунин саволҳо дорам: оё ман дуруст мефаҳмам, ки нигоҳ кардан ба аврати зан бо истиснои назари аввал ҳаром аст,  ин ҷо фарқ надорад, ки зан зебо ё зишт аст. Ин шабеҳи манъи нигоҳ ба аврати мард аст, ҳатто агар ҷазби ӯ набошад ҳам. Агар нигоҳ кардан ба занон ҳаром бошад, оё коре, ки муошират бо занони кушодааврат сурат мегирад, бо назардошти маҷбурӣ (зарурат) ҷоиз аст? Метавонед фаҳмонед, ки назари аввал чӣ маъно дорад? Оё шумо аниқ карда метавонед, ки «бояд нигоҳашонро ба зер афкананд,» маънояш чист ва кадом ҳолатро дар назар дорад?

Ҷавоб:

Валейкум ассалом ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу.

Дар мавриди аврати кушодаи занҳо, ки хеле васеъ паҳн шудааст ва дар шароити кунунӣ аз он канорагирӣ кардан душвор аст. Азбаски Ислом дар ҳаёти ҷомеа вуҷуд надорад, Худованд ба мо ду чизро амр мекунад:

  • Нигоҳатонро ба поён афканед, яъне то андозае, ки барои роҳгардӣ ва зарурати коратон нигоҳ кунед.
  • Пас аз як нигоҳи ногаҳон боз нигоҳе нафиристед.

Мо дар ин бора дар китоби «Низоми иҷтимоӣ» муфассал навиштем; Биёед ин ҷо аз он китоб иқтибос меорем: «… аз он замоне, ки фарҳанги Ғарб дар кишварҳои мусулмонон паҳн шуд бар мо системаи куфр ҳукмронӣ карда истодааст. Занони ғайримусалмон нимбараҳна, бо сандуқи сина,  тахтапушт,  мӯй ва дасту ва пойҳои кушода дар кӯчаҳо бемалол сайругашт мекунанд.  Баъзе муслимазанҳо ба онҳо тақлид карда, низ ҳамин тавр ба кӯчаҳо баромаданд. Ин ҳолат ба дараҷае расид, ки мард дигар наметавонад дар ҷойҳои ҷамъиятӣ байни муслимазан ва ғайримуслимаро фарқ кунад.

Мардони мусалмоне, ки дар ин шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд, наметавонанд ин бадиро бартараф кунанд. Дар ин шаҳрҳо бе дидани аурати занон зиндагӣ кардан ғайриимкон аст, зеро моҳияти зиндагӣ ва шакли манзилҳо боиси он мегардад, ки мард ногузир аврати занро мебинад. Ҳеҷ кас наметавонад, ҳарчанд  кӯшиш кунад ҳам, худро аз дидани сандуқи сина, пушт, мӯй ва дасту пойҳои бараҳна муҳофизат кунад, . Ин танҳо дар он ҳол  мумкин аст, ки агар мард дар хонаи худ нишаста берун набарояд, ин барои ӯ комилан ғайриимкон аст, зеро ба ӯ лозим аст бо одамони зарурӣ, аз қабили хариду фурӯш, иҷора, киро кардан ва ғайра ҳаётан муҳим вохӯрад. Вай наметавонад ин муомилаҳоро ба аврати зан нанигариста барқарор кунад, аммо манъи нигоҳ ба зан дар Қуръон ва Суннат возеҳ омадааст. Аз дасти мард дигар чӣ коре меояд?  Аз ин мушкилот ду роҳи халосӣ вуҷуд дорад:

  • Нигоҳи ногаҳонӣ, нигоҳест, ки шахс дар роҳ мебинад. Дар ин сурат нигоҳи аввали ӯ бахшида мешавад, аммо тибқи ҳадиси аз Ҷарир ибни Абдуллоҳ ривоятшуда, набояд бори дуввум нигоҳ кунад:

سَأَلْتُ رَسُولَ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ عَنْ نَظَرِ الْفُجَاءَةِ فَأَمَرَنِي أَنْ أَصْرِفَ بَصَرِي

«Аз Расули Худо (с.а.с) дар бораи нигоҳи ногаҳонӣ пурсидам, Эшон (с.а.с)  гуфтанд, ки нигоҳатро ба дигар сӯ гардон» (Муслим).

Аз Алӣ (р) ривоят шудааст:

قَالَ لِي رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ لَا تُتْبِعِ النَّظْرَةَ النَّظْرَةَ فَإِنَّمَا لَكَ الْأُولَى وَلَيْسَ لَكَ الْآخِرَةُ

«Паёмбари Худо (с.а.с) ба ман гуфтанд:» Нигоҳатро пас аз нигоҳи  якум нафирист. Ту ҳақ дорӣ, ки танҳо назари аввалро бубинӣ, аммо ҳақ надорӣ, ки дуввум бор нигоҳ кунӣ.»    (ривояти Аҳмад аз Бурайда).

  • Бо зане ки сараш, дастҳояш ва дигар андомҳояш одатан кушода аст. Дар ин сурат мувофиқи ривояти Абдуллоҳ ибни Аббос, нигоҳро ба дигар сӯй кардан лозим аст:

كَانَ الْفَضْلُ رَدِيفَ رَسُولِ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ فَجَاءَتِ امْرَأَةٌ مِنْ خَثْعَمَ فَجَعَلَ الْفَضْلُ ينْظُرُ إِلَيْهَا وَتَنْظُرُ إِلَيْهِ وَجَعَلَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَصْرِفُ وَجْهَ الْفَضْلِ إِلَى الشِّقِّ الْآخَرِ

«Вақте ал-Фазл аз паси Расули Худо (с.а.с) ба аспе савор шуда буд, як зан аз қабилаи Ҳасъам ба назди онҳо омад. Ал-Фазл ба он зан нигоҳ кардан гирифт, зан низ ба ӯ нигоҳ мекард. Он гоҳ Набӣ (с.а.с) сари ӯро ба дигар тараф гардонида монданд. (Бухорий).

Аллоҳи Таъоло фармудааст:

قُل لِّلۡمُؤۡمِنِينَ يَغُضُّواْ مِنۡ أَبۡصَٰرِهِمۡ وَيَحۡفَظُواْ فُرُوجَهُمۡۚ

«Ба мардони мӯъмин бигӯ, ки чашмони худро поён кунанд ва узвҳои таносули худро ҳифз намоянд.» (24:30).

Ҳалли ин мушкилӣ он аст, ки мард бояд  чашмонашро поён карда, корашро идома диҳад. Масалан, мард  ҳангоми сӯҳбатҳои зарурӣ, ҳангоми сафар, дар нақлиёт, ҳангоми нишаст дар ҷои кушод дар гармӣ ва ғайра чашмонашро бояд поён кунад. Ин ҳолатҳо як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаёти иҷтимоии инсон мебошанд, ки ӯ наметавонад бидуни он кор кунад, аммо дар айни замон ӯ наметавонад аврати кушодаро аз байн барад. Аз ин рӯ, ӯ бояд бо назардошти матни оят нигоҳашро поён кунад ва барояш кори дигаре комилан манъ аст.

Дар ин ҷо гуфтан ҷоиз нест, ки ин нуқс як падидаи фарогир аст ва худро аз он эҳтиёт кардан душвор аст. Ин қоида хилофи Шариат аст, зеро агар ҳаром як падидаи густарда шуда бошад, ҳаром ҳалол намешавад ва инчунин агар ҳалол дар ҳаёти одамон қариб вуҷуд надошта бошад, ҳаром намешавад. Гуфтан нодуруст аст, ки ин занон кофир ҳастанд ва бинобарин бояд бо онҳо ҳамчун бо канизак муомила кунанд, зеро аврати онҳо аврати каниз аст. Ин тавр гуфтан мумкин нест, зеро ҳадис умумӣ буда, маънои онро дорад, ки он ба ҳамаи занҳо дахл дорад, на танҳо ба занони муслима.

Расули Акрам (с.а.с) фармудаанд:

إِنَّ الْجَارِيَةَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ يَصْلُحْ أَنْ يُرَى مِنْهَا إِلَّا وَجْهُهَا وَيَدَاهَا إِلَى الْمَفْصِلِ

«Вақте ки духтар давраи ҳайзро оғоз мекунад, ҳеҷ кас набояд ки авраташро бубинад, ба ҷуз рӯй ва кафи даст.» (ривояти Абу Довуд аз Қатода).

Ин ҳадис ба таври возеҳ ба зан нигоҳ карданро манъ мекунад, хоҳ вай муслима бошад ва ё кофир. Ҳадис умумӣ буда, маънои онро дорад, ки он ба ҳама муқаррарот, аз ҷумла  ба муқаррароти мавриди назар дахл дорад. Гирифтани қиёси байни зани ғайримусалмон ва каниз нодуруст аст, зеро барои ин асосе вуҷуд надорад.  Он мардоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд ва маҷбуранд ҳангоми харидуфурӯш, сӯҳбат, иҷора, киро кардан ва ғайра бо ҷомеа ва занони ғайримусалмони кушодааврат муошират мекунанд, бояд дар давоми ин муносибат чашмони худро ба зер афкананд ва худро ба андозаи нигоҳе, ки ба онҳо лозим аст, маҳдуд кунанд.» (охири иқтибос).

Умедворам, ки ин ҷавоб дарбаргиранда хоҳад шуд, аммо Худованд беҳтар медонад!

Силсилаи ҷавобҳои олим Ато ибни Халил Абӯ Ар-Рашта, Амири Ҳизби Таҳрир ба саволҳои дар саҳифаи Фейсбук додашуда, дар мавзӯи «Фиқҳ»

 

  9 Зулҳиҷҷа 1442 ҳиҷрӣ

19/07/2021

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads