Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 4

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Амрико ва омилҳои парокандашавӣ. Қисми – 4

Дар ин қисм мо суханро дар бораи омилҳои сеюми парокандакунандае идома медиҳем, ки ҷомеаи Амрикоро аз ҳам ҷудо мекунад, ҳукумати федералиро бо пошхӯрии кулл ва аз иттиҳоди Амрико ҷудо шудани иёлотҳоро таҳдид менамояд.

Ин омил таназзули иктисодӣ, фарқи калони байни ҳаҷми маҳсулоти миллӣ ва ҳаҷми хароҷоти дохилию хоричӣ (яъне сухан дар бораи ҳаҷми карзи давлатии ИМА меравад), касри (дефитсит)-и буҷет ва баланси савдо мебошад.

Механизми пошхӯрии иқтисодӣ аллакай дар ИМА ба ҳаракат оварда шудааст.  Тибқи маълумоти Вазорати молияи ИМА, қарзи умумӣ барои соли 2019 ба ≈22 трлн. доллар расид, аз ҷумла қарзи шахсони гуногун ба маблағи ≈ 17 трлн. ва қарзи дохилии давлатӣ ба ≈6 трлн долл расидааст.  Дар тамоми таърихи Амрико чунин ҳолат руй надода буд.  Идораи Конгресси ИМА оиди буҷет дар баёнияи худ, дар соли 2019 нашр шуда хабар додааст, ки дефитсити буҷаи федералӣ дар  соли 2019    984 млрд. долларро ташкил дод,  он ба 4,6% ММД баробар аст.  Дар як нашрияи дигар ин идора менависад: «Дар семоҳаи дуюм маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД-и воқеӣ) аз рӯи ислоҳотӣ инфлятсия тақрибан 12% коҳиш меёбад, ки баробар ба 40% коҳиши солонаи ин семоҳа аст.

Сатҳи бекорӣ дар семоҳаи дуюм бояд ба ҳисоби миёна тақрибан 14% ташкил диҳад … Дефитсити буҷети федералӣ 3,7 трлн. доллар пешбинӣ шудааст.».  Дар соли 2018 дефитсити баланси савдои ИМА ба 621 млрд. доллар расид, ки баландтарин дар даҳсола аст.  Дар гузориши сухангӯи махсуси СММ оиди умури фақри шадид ва ҳуқуқи башар Филип Алстон (Philip Alston) омадааст, ки дар ИМА 41 млн. нафар (12,7%) дар фақирӣ, 18,5 млн. нафар дар фақирии шадид ва беш аз 5 млн. нафар дар қашшоқӣ умр ба сар мебаранд.

Ҳукумати Амрико бо воситаи самти нави сиёсӣ, аз ҷумла дар сиёсати берунӣ пошхӯрӣ ва таназзули иктисодиёт; бори гарони худро тавассутӣ маҷбуркунӣ бо доллар  ва ҳукмронӣ дар системаи валютаи чаҳонӣ ба дӯши бозингарони дигар гузоштан;  маҷбур намудани мамлакатҳои тараққиёбанда, хусусан мамлакатҳои истеҳсолкунандаи нафт пинҳон кардан мехоҳад. Инчунин назорат намудани  фурӯши силоҳ дар ҳамон минтақаҳое, ки вай таъсири сиёсӣ дорад, аз ҷумла дар мамлакатҳое, ки дар он ҷо ҷанҷолҳои мусаллаҳона ва бӯҳронҳои сиёсиро ба амал меоварад.  Қобили зикр аст, ки ҳукмронӣ дар системаи  валютаи ҷаҳонӣ  барои баровардани коғазҳои қиматнок ба маблағи миллиардҳо доллар ва онҳоро давра ба давра дар бозори молиявӣ ҷойгир намуданро имкон медиҳад.  Роҳҳои дигари найрангҳои иқтисодӣ низ ҳастанд, ки Амрико барои пӯшонидани камбудиҳои худ истифода мебарад.

Бо вуҷуди ҳамаи ин амалиётҳои хукумати федералӣ, гоҳ-гоҳ фитнагариҳои он ба рӯи об мебароянд.  Мо қаблан зикр кардем, ки пандемияи коронавирус шумораи зиёди муаммоҳои ҷомеаи Амрикоро фош кардааст, ки муҳимтарини онҳо бад шудани вазъи иқтисодӣ мебошад.  Аммо бад шудани вазъи иқтисодӣ ба тамоми ҷаҳон низ таъсир расонд, зеро пандемия хусусияти глобалӣ дорад.

Пандемияи соли 2020 ба иқтисодиёти ИМА зарбаи сахт зада, ҳукуматро аз сабаби пошхӯрии ширкатҳо, корпоратсияҳо, афзоиши бекорӣ, коҳиши тиҷорати хориҷӣ ва дохилӣ ва коҳиши маҳсулоти миллӣ ба вазъияти душвор гузошт.

Ин таназзули иқдтисод  барои ягонагии мамлакат ва қобилияти ҳукумати федералӣ барои назорат кардани вазъият хавфнок аст. Таназзули иқтисодӣ ва дигар муаммоҳои иқтисодӣ боиси афзоиши қарзи давлатӣ мегардад, ки  аллакай ҳамаи хатҳои сурхро убур кардааст.

Хавфи дуюм дар норозигӣ ва нахостани баъзе иёлотҳои бой бардоштани бори гарони иёлотҳои камбағал  ҳаст.  Сабаби ин нуқтаи назари манфиатпарастӣ, ки бо ақидаҳои капиталистӣ ташаккул ёфтааст, аз ҷумла — худпарастӣ мебошад.  Бадтар шудани вазъият  ва бӯҳронҳое, ки паси дигар меоянд, на танҳо аз инқилоб дар ҷомеаи Амрико, балки инқилобҳои ҷудошавӣ ва баромадани ниҳоии иёлотҳо аз иттиҳод низ далолат мекунад.

 4) Муноқишаи шадиди сиёсӣ байни ду ҳизби асосӣ, сиёсати Трамп барои рафъи бӯҳрони сиёсӣ, афзоиши тафриқа ва парокандагӣ дар ҷомеаи Амрико.

Сухан дар бораи марҳилаи пеш аз интихоботи қарибулвуқӯъ меравад, зеро дар пасманзари фазои пешазинтихоботии соли 2020 хусусияти низоъ байни ду ҳизби асосӣ як гардиши хеле хатарнокро касб кардааст.  Кор то ба иттиҳоми хиёнат ва забоняккунӣ бо нерӯҳои беруна, аз ҷумла – дар масъалаи интихоботи президентии соли 2016 рафта расид. Дар мавриди Трамп, пӯшида нест, ки бахши хеле калони миллати Амрико имрӯз  ба сабаби нажодпарастиву риторикаи ӯ ба муқобили африқоиҳо, муҳочирон, гурӯҳҳои этникии мамлакатҳои Осиё, аз ӯ норозӣ мебошанд.

Мавқеи миллати Амрико ба он далолат мекунад, ки дар ҳар лаҳза инқилоб рух дода метавонад, зеро таърихи Амрико пур аз ин гуна инқилобҳо, бахусус дар замони ташкили ИМА аст.  Имрӯз як қатор иёлотҳо, дурусттараш гурӯҳҳои муайяни этникӣ, бо бурҳоноварии  таназзули иқтисодӣ ва инчунин сиёсати кӯдакона ва беандешаи Трамп, ҷудошавиро талаб мекунанд.  Эҳтимол меравад, ки бо наздик шудани интихобот вазъ боз ҳам гармтар шавад, хусусан агар Трамп бори дигар пирӯз шавад.

5) Муаммои синфӣ доираҳои Амрико ва иқтисодро фаро мегирад, хусусан вақте ки 1% — и синф аз болои сарватҳои кишвар, бозорҳои молӣ ва муассисаҳои бузурги молиявӣ назорат мекунад.

 

Ҳамд Табиб – Байтулмуқаддас

14 Муҳаррами 1441 ҳиҷрӣ

09.02.2020 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads