Шайх Абдулқадим – Заллум вориси беҳтарин
Ал-Ваъй
Шайх, олими бузург Ибни Юсуф ибни Абдулкадим ибни Юнус ибни Иброҳим Шайх Заллум. Соли 1342 ҳиҷрӣ (с.1924 м) дар шаҳри Халил дар оилаи бонуфузе ба дунё омадааст, ки бо диндориаш маъруф аст. Падараш (раҳимаҳуллоҳ) Ҳофизи Қуръон буда, дар замони Хилофат то охири умраш муаллими мактаб буд. Амаки падараш Абдулғаффор Юнус Заллум дар замони Хилофат муфтии вилояти Халил буд. Хонаводаи Заллум масъулияти хидмати Масҷиди «Иброҳим» ва нигоҳдории биноҳои Паёмбар — Яъқуб алайҳиссаломро бар ӯҳда дорад ва ҳамчунин аз Минбар дар рӯзҳои ҷумъа ва дигар чорабиниҳо илмро боло мебарад. Дар Идҳо ва ҷашнҳо низ барандаи илм аст. Давлати Усмонӣ супоришҳои хидмати масҷиди Иброҳимро дар байни хонаводаҳои маъруфи Халил тақсим мекард. Нигоҳубин ва хидмати Масҷиди «Иброҳим» барои ин хонаводаҳо шаъну шараф ба ҳисоб мерафт.
Шайх ҷавонии худро дар шаҳри Халил гузаронида, он ҷо ба воя расидааст. Ӯ мактаби миёнаи ба номи “Иброҳим”-ро хатм кардааст. Падараш, раҳимаҳуллоҳ, дар синни понздаҳсолагӣ ӯро ба Ал-Азҳар барои омӯхтани илми Шариъати исломӣ (фиқҳ) мефиристад, то ӯро барандаи ҳақиқии фиқҳ ва даъват ба сӯи Аллоҳи мутаъол гардонад. Соли 1939 Абдулқадим Заллум ба Қоҳира рафт ва таҳсилро дар Донишгоҳи Ал-Азҳар оғоз кард. Соли 1942 дар бораи хатми марҳилаи аввали таҳсил дар Донишгоҳи Ал-Азҳар шаҳодатнома гирифт. Соли 1948 факултаи улуми исломии (Шариат) Донишгоҳи Ал-Азҳарро хатм кардааст. Соли 1949 унвони олими қонунбарори исломиро гирифт, ки ба унвони доктори замони ҳозира баробар аст.
Дар замони ҷанги Исроилу Фаластин Шайх Абдулқадим Заллум ба ҷамъкунии ҷавонон, дар бозгашт аз Миср барои ҷиҳод дар Фаластин машғул буд. Аммо дар бозгашти ӯ оташбас ва анҷоми ҷанг аллакай эълон шуда буд. Бо вуҷуди хоҳиши сахти худ барои ширкат дар ҷиҳоди Фаластин, ӯ ба ин муваффақ нашуд. Дар байни рафиконаш ӯ иззату муҳаббати калон дошт. Ӯ бо лақаби «Фаришта» маъруф буд. Ӯ яке аз беҳтарин шогирдони намунавӣ ба ҳисоб мерафт.
Баъди бозгашт ба шаҳри Халил дар соли 1949 Абдулқадим Заллум ба омӯзгорӣ шурӯъ кард ва ду сол дар мактабҳои деҳаи Байт-ул-лаҳам муаллим таъин шуд. Сипас дар соли 1951 шайх ба мактаби шаҳри Усома ибни Мункиз дар Халил ба ҳайси омӯзгор гузашт.
Абдулқадим соли 1952 бо Шайх Тақийюддин (раҳимаҳуллоҳ) шинос мешавад, борҳо ба Қудс сафар карда, дар атрофи мавзӯи «ҳизб» дарсҳо ва гуфтугӯҳо ташкил мекунанд. Ӯ ба Ҳизби Таҳрир ҳанӯз аз ибтидои фаъолияташ пайвастааст. Соли 1957 шайх ба ҳайати роҳбарияти ҳизб дохил шуд. Шайх сухангӯи боистеъдод буд, ӯро мардум эҳтиром мекарданд. Рўзҳои ҷумъа дар як гӯшае бо номи «Юсуфия»-и масҷиди «Иброҳимӣ» пеш аз намоз Абдулқадим Заллум дарсҳо медод, ки дар он шумораи зиёди ҷамоат бо муҳаббат иштирок мекарданд. Абдулқадим Заллум пас аз намози ҷумъа дар бахши дигари бо номи «Суҳн»-и масҷиди «Иброҳимӣ» дар ҳузури ҷамоъати зиёди мусалмонон аз минбар, мавъиза мехонд. Дар солҳои 1954 ва 1956, дар ҷараёни интихоботи парлумонӣ, шайх номзадии худро пешбарӣ кард, аммо бинобар тақаллуби мақомот, ӯ натавонист пирӯз шавад. Дере нагузашта Шайхро боздошт ва дар зиндони Ҷафр дар миёни биёбон зиндонӣ карданд. То дами Аллоҳ ӯро наҷот доданаш солҳои зиёдеро дар ин зиндон сипарӣ кард.
Абдулқадим Заллум, раҳимаҳуллоҳ, дарвоқеъ такягоҳи боэътимоди амири Ҳизби Таҳрир ва тире дар тирдон буд, ки бо он амир дилпурона дар корҳои махсусан муҳим истифода мекард. Даъват барои ӯ аз хонавода, фарзандон ва лаззатҳои олами фано бартарӣ дошт. Ӯро як рӯз дар Туркия, рӯзи дигар дар Ироқ, рӯзи сеюм дар Миср, баъд дар Лубнон ва Урдун дидан мумкин буд. Вай дар он ҷое буд, ки амир мехост ӯро бубинад, дар паҳлӯи амир вазифаи худро иҷро мекард. Дар Ироқ рисолати хеле муҳимро, ки танҳо шахсиятҳои далер ва қавӣ метавонанд онро иҷро кунанд, рисолате, ки амир таҳти сарпарастии ў ба ў супорид, иҷро кард. Шайх бо хости Аллоҳ дар ин бобат кори зиёдеро анҷом дод.
Пас аз даргузашти Шайх Тақийюддини Набҳонӣ маҳз Абдулқадими Заллум амири Ҳизби Таҳрир интихоб шуд ва ба ҷои амири якум, бурдани ин амонат — даъватро ба дӯши худ гирифт. Вай ин бори гаронро ба дӯш гирифта, тамоми душворию монеаҳои сари роҳаш бударо паси cap кард. Вай садои даъватро баланд карда, майдони амалиётро васеъ кард, то ба мусулмонони Осиёи Миёна ва ҷануби Осиёи Шарқӣ расид ва раъди нидо ба Аврупо ва дар саросари дунё паҳн гардид.
Дар поёни замони раҳбарии ин донишманди бузург, вақте шайтон дар зери шуури як гурӯҳи хурде, ки бо истифода аз орзуи шайх талош карданд, ҳаракатро аз роҳи рост баргардонанд, ошӯб ба амал омад.
Ин гурӯҳи вайронкорон, агар раҳмати Аллохи таъоло ва баъдан ҳикмату азми шайх намебуд, ба бадани Ҳизб осеб расониданӣ буданд. Бо вуҷуди ин, кӯшишҳои вайронкунандагон барои эҷоди парокандакунӣ бо нокомӣ анҷом ёфтанд. Ҳизб аз пешина дида қоматашро росттар кард ва қавитар гардид ва ин гурӯҳ аз пеши назар нопадид шуда дар тумани фаромӯшӣ гум шуда рафт.
Ин олими бузург бори гарони даъват ва сарварии онро то ҳаштодсолагиаш бар дӯш дошт. Шайх Абдулқадими Заллум наздик шудани мӯҳлати умри худро ҳис карда хост, барои паҳни ин даъват, ки сеяки умри худро, ба сифати ёрдамчии боэътимоди амир, сипас бевосита ҳамчун амири Ҳизби Таҳрир бахшида буд, бо Аллоҳи Бузург бо қалби ором мулоқот кунад. Вай тасмим гирифт, ки аз масъулияти роҳбари ҳизб даст кашад ва шоҳиди зиндаи раванди интихоби амири нав гардад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд. Рӯзи душанбеи 14 Муҳаррами Ҳарам, 1424 ҳиҷрӣ (17.03.2003) аз мақоми амири Ҳизби Таҳрир истеъфо дод.
Пас аз чиҳил рӯз донишманди барҷаста, амири Ҳизби Таҳрир Шайх Абдулқадим Заллум рӯзи чаҳоршанбеи 27-уми Сафар-ул-хайри 1424 ҳиҷрӣ (29.04.2003) дар синни ҳаштодсолагӣ дар шаҳри Бейрут дунёро тарк кард. Дар кохи «Абӯ Ғарбий Шааравӣ»-и шаҳри Халил чамъомади наздикони ӯ ба баёни таъзия барпо гардид. Шаҳр хеҷ гоҳ ин гуна вохӯриро надида буд, аз ҳамаи шаҳру деҳот одамон паи ҳам меомаданд. Дӯстони зиёде аз шоирону хатибону нависандагон бо қироати шеъру суханронӣ изҳори ҳамдардӣ карданд. Телефон бе таваққуф занг зада, ба ҳозирон ба муносибати марги шайх аз Судон, Қувайт, Аврупо, Индонезия, Урдун, Миср, Сурия, Амрико ва дигар давлатҳо суханони тасаллият расониданд. Ҳамчунин, дар дигар шаҳрҳои мухталиф низ ёдбуд ва таъзияи марги ӯ баргузор гардид.
Шайх раҳимаҳуллоҳ дар назди ҳақиқат шуҷоъ буд ва ба хотири Аллоҳ аз таънаву маломати ягон маломаткунанда наметарсид, пайваста ва монда нашуда дар роҳи даъват фаъолият ва сабр мекард. Ӯ бо саховатмандӣ ва ахлоқи баландаш машҳур, дар он чӣ мубоҳ аст ором, одамдӯст ва олиҷаноб буд. Ӯ ҳамчунин бо дӯст доштани намоз дар умқи шаб машҳур буд. Вақте ки оёти Аллоҳи таъолоро мехонд, чашмонаш пур аз ашк мегашт, базӯр худдорӣ мекард ва гоҳе гиряашро дошта наметавонист. Бештари умри худро дар таъқибу саркӯби ҳокимони золим ва хиёнаткор сипарӣ кард, то Худованд ӯро ба назди Худ гирифт ва дар рӯзи Қиёмат подошашро бар Худ вогузор кард. Аллоҳ раҳмату мағфираташ кунад.
Ин асарҳои хаттии ӯ Нашрияҳои Ҳизби Таҳрир гардиданд:
1) «Моликият дар давлати хилофат»;
2) Ислоҳ ва илова ба китоби «Низоми ҳокимият дар ислом»;
3) «Демократия низоми куфр аст»;
4) «Қарори шариат оид ба клонкунӣ, трансплантатсияи узвҳо, исқоти ҳамл ва марг»;
5) «Барномаи Ҳизби Таҳрир»;
6) «Шиносоӣ бо Ҳизби Таҳрир»;
7) «Хашми Амрико барои аз байн бурдани Ислом»;
8) «Юриши салибии Буш бар зидди мусулмонон»;
9) «Нустувории биржаҳои фондӣ»;
10) «Ногузирии муборизаи маданиятхо».
Абдулқадим Заллум