Ато Абӯ Рашта — Амири Ҳизби Таҳрир
Ал-Ваъй
Санаи 11-уми Сафар-ул-хайр 1424 ҳиҷрӣ (13.04.2003м.) Шӯъбаи шикоятҳо (Девон-ул-мазолим) — и Ҳизби Таҳрир, Олими асосҳои Шариати исломӣ, Мутахассиси муҳандисӣ — Ато Абӯ Рашта (Абӯ Ёсин) — ро баъди интихобот ба ҳайси Амири Ҳизби Таҳрир оммавӣ эълон кард. Шайх аз Аллоҳи мутаъол умеди зиёд дорад, ки ӯро ба пирӯзӣ расонад.
Шӯъба таваҷҷуҳи бузург ва хизматҳои шоистаеро, ки шайх дар кори даъват зоҳир кардааст, ба эътибор гирифта, қобилияти дуруст ба роҳ мондани фаъолияти Ҳизб ва хубтару беҳтар истифода бурдани нерӯи ҷавононро ҷиддан ба назар гирифтааст.
Тарҷумаи ҳол
Ато ибни Халил ибни Аҳмад ибни Абдулқодир Хатиб Абӯ ар-Рашта соли 1362 ҳиҷрӣ (1943 м.) дар деҳаи кӯчаки Раанаи устон (вилоят)-и Халили Фаластин дар хонаводаи диндорон ба дунё омадааст. Дар кӯдакӣ ҳаводиси мудҳиш дар Фаластин ва ишғоли яҳудиён дар сарзаминҳои Фаластин дар соли 1948 бо кӯмаки инглисҳо ва хиёнати ҳокимони арабро шоҳид шуда буд. Дар натиҷа, оилаи ӯ маҷбур шуд, ки ба ӯрдугоҳи гурезаҳо дар наздикии шаҳри Халил кӯчида равад.
Маълумоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифтааст. Соли 1959 ба зинаи миёна гузашт ва шаҳодатномаи хатми давраи якуми мактаби миёнаи маълумоти умумии ба номи «Ҳусейн ибни Алӣ»-и шаҳри Халилро гирифт. Соли 1960 Ато Абӯ Ар-Рашта мактаби миёнаи ба номи ба номи «Иброҳим»-и шаҳри Қудсро бо атестати дараҷаи олӣ хатм намуд. Худи ҳамон сол ба Донишгоҳи Қоҳира дохил шуд ва соли 1966 дар соҳаи муҳандиси сохтмон дипломи дараҷаи бакалавриро ноил гардид. Пас аз хатми таҳсил дар донишгоҳ дар бисёр кишварҳои араб ба ҳайси муҳандис кор кардааст. Аз рӯи ихтисоси худ китоби «Миёнарав дар ҳисоби ҳаҷм ва назорати биноҳову роҳҳо»-ро навиштааст.
Ато Абӯ ар-Рашта дар миёнаҳои солҳои 1950-ум ҳангоми таҳсил дар мактаб ба Ҳизби Таҳрир пайваст. Дар роҳи Аллоҳ борҳо дар зиндонҳои золимон зиндонӣ шуд. Бо вуҷуди ин, ӯ фаъолияти худро дар Ҳизб, дар сатҳи маъмурию ҳизбӣ идома дод. Ато Абӯ ар-Рашта дар ҳизб ба ҳайси дорис, аъзо, мушриф, нақиби махаллӣ, узви шӯрои вилоят, мӯътамад, намояндаи расмӣ, узви шӯрои амир фаъолият бурдааст. Санаи 13-уми апрели соли 2003 бо изни Худованд салоҳиятҳои раҳбари Ҳизбро ба ӯҳда гирифт ва Шайх аз Аллоҳ илтиҷо мекунад, ки дар бардошти ин бори гарон кӯмак кунад.
Асарҳои хаттии ӯ:
1)Тахфиф дар пояҳои илми тафсир. Тафсири сураи «Бакара».
2) «Тахфиф дар асосҳои ҳуқуқи исломӣ» (дастур барои таълими илми усул-ул-фиқҳ).
3) «Бӯҳронҳои иқтисодӣ, воқеият ва ҳалли онҳо аз нигоҳи Ислом».
4) «Юриши нави салибӣ ба нимҷазираи Араб ва Халиҷ».
5) «Сиёсати саноат ва сохтмони давлатӣ дар лоиҳаи саноат».
Дар баробари ин дар таҳти роҳбарии ӯ китобхои зерин ба табъ расидаанд.
а) «Асосҳои нафсияи исломӣ (тарбиявӣ)»;
б) «Мушкилоти сиёсии кишварҳои истилошудаи мусулмонон»;
в) Тағйиру илова ба китоби «Мафоҳими сиёсӣ»;
г) «Асосҳои барномаи таълимӣ дар Давлати Хилофат»;
д) «Ҷиҳози давлатии Давлати Хилофат дар раёсат ва идора».
Ў аз Худованди мутаъол сидқан ниёз дорад, то дар иҷрои амоноте, ки бар ў гузошта шудааст — даъвате, ки Худои Мутаъол ва Расули Ў (с.а.в) дўст медоранд, ёрӣ ва сабр ато фармояд ва инчунин бо саъю кўшиши ӯ бо бунёди Хилофати Рошида пирўзӣ насиб гардонад. Албатта, Ӯ шунаво ва иҷобаткунанда аст.
Яке аз амалҳои аҷиб дар замони раҳбарии ӯ ин буд, ки чӣ тавр Ҳизби Таҳрир рӯзи 24 раҷаби 1426 (02.09.2005) ба мусулмонон бахшида ба ҳаштодум солгарди харобшавии фоҷиавии Хилофат нидо кард. Ҳизби Таҳрир дар тамоми кишварҳои мусалмонӣ, аз Индонезия то шарқ, дар соҳилҳои уқёнуси Ҳинд то Марокаш, дар соҳилҳои уқёнуси Атлантик то ғарб, пас аз намози ҷумъа Ҳизби Таҳрир бо садои баланд ба тамоми мусулмонон нидо кард. Ин муроҷиатнома самараи беҳамто бахшид. Илова бар ин, умуман амалиёти Ҳизб бар он аст, ки дар конфронсу раҳпаймоӣ ва ҳамоишҳояшон ҳақиқатро ошкор кунад.
Се соли гузаштаи роҳбарии амири феълӣ корвони некӣ шуда буд. Аз Аллоҳи Мутаъол мехоҳем, ки ин хайрро афзуну бобаракот кунад. Бо хости Аллоҳ аломатҳои некӣ ва пирузӣ барои Ҳизб дар замони амири кунунӣ аллакай маълум шудааст. Аз Аллоҳ таманно дорем, умеди моро ҷомаи амал бипӯшонад дар замони роҳбарии ин шайх бо изни Худованд даврони пирӯзӣ биёяд.
Ба гуфтаи бисёре аз шариконаш, амир бо парҳезгорӣ, фидокорӣ, риояи қатъӣ ва дониши Ислом маъруф аст. Ба шайх он чизе ӯ дар иҷрои ваколатҳои гуногун дар роҳбарии фаъолияти ҳизб, махсусан ваколатҳои намояндаи расмӣ, муътамад ва аъзои шӯрои амири пештара таҷрибаи калон дорад, ёрии калон мерасонидааст. Ин водор намудааст, ки ӯ дар ваколати роҳбарии Ҳизб, барои ҳамаи аъзоёни масъул чи гуна амалиёт, назорат ва фаъолият равиши зарурии корбариро аниқ ва дуруст фаҳмад. Аз ин рӯ, ҷавонон мебинанд, ки амирашон чӣ гуна гӯё бо онҳо ҳамроҳ зиндагӣ мекунад ва онҳоро дар ҳар як ҷузъиёт назорат мекунад. Ба шарофати ин ӯ имкониятҳои шаббобонро моҳирона ва оптималӣ истифода мебарад.
Ҳамин тавр, дар Масҷиди шарифи Ақсо оғози фаъолияти Ҳизби Таҳрир дар ибтидои солҳои 50-уми нимаи асри гузашта эълом шуд. Мақсади асосии он муайян карда шуд — ин барпо намудани Хилофати Рошида аст. Аввалин касе, ки ба Ҳизб раҳбарӣ кард, Олими моҳир, ташаббускор ва барҷаста Шайх Тақийюддини Набҳонӣ буд, ки то дами марг, бисту панҷ сол вазифаи амириро бошарафона иҷро кард.
Пас аз даргузашти ӯ дар соли 1977 олими бузурги Ислом Шайх Абдулқадими Заллум эстафетаро ба ӯҳда гирифт, ки дар замони худ шумораи ҳизбиҳоро афзоиш дод. Дар он замон шумори аъзоёни Ҳизб ба таври назаррас афзуда, нуфузи он дар бисёрии кишварҳои ҷаҳон густариш ёфт. Ба сифати амир ӯ тавонист қувваҳои ҳазорон мусулмонро ба таври аъло муташаккил ва ҳамоҳанг созад. Баъдан дар синни ҳаштодсолагӣ, ки муддати чаҳоряк аср бори раҳбарии Ҳизбро бар дӯш дошт, ин зиндагиро тарк кард.
Сипас раҳбарияти Ҳизбро дар соли 2003 яке аз равшантарин ва шарифтарин уламои Ҳизби Таҳрир, Донишманди асосҳои шариати исломӣ — Ато Абӯ ар-Рашта қабул кард, то ҳосили он чиро, ки ду амири пешина дар даврони худ кишт карда буданд ва некӯиҳои худ илова кардаашро бо нерӯи нав, якҷоягӣ бо Ҳизб ҷамъоварӣ кунад. Беҳтарин чизе, ки дар бораи ин се амир метавон гуфт, ин сухани аҷиби яке аз бародарони мусалмон аст: «Аллоҳи таъоло ба саъю кўшиши ин се амир се чизро таҷассум кард. Се амирон се марҳаларо аз сар гузарониданд: якум таъсис дод ва муттаҳид кард, дуввумӣ эълон, паҳн ва таъсирбахш намуд, саввумӣ баҳри пирӯзӣ баромад ва ба хости Худо пирӯз хоҳад шуд». Омин.