Тоҷикистон: ба қонуни дар бораи дин 10 сол пур шуд (ВИДЕО)

Тоҷикистон: ба қонуни дар бораи дин 10 сол пур шуд

Хабар:

Санаи 2-уми июли соли 2019 дар шаҳри Душанбе конфронс бахшида ба даҳ солагии қабули қонуни дар бораи «Озодии дин ва иттиҳодияҳои динӣ» баргузор гардид, дар ин хусус радиои Озодӣ иттило дод. Дар конфронс мансабдорон қонуни дар бораи динро бисёр таъриф намуда, босамар ва зарур будани онро қайд намуданд. Чун одатӣ ҳимоятгарони ҳуқуқ қонуни мазкурро ҳамчун акти поймолкунандаи ҳуқуқи инсон танқид менамоянд.

Ёдрас мекунем, ки тибқи қонуни қабулшудаи соли 2009 дар бораи дин, имконияти ҷавонон ба рафтани масҷид ва гирифтани таълимоти динӣ маҳдуд карда шуд, инчунин гузоштани намоз берун аз масҷид ва таҳсилот дар донишгоҳҳои исломии хориҷӣ қатъиян манъ карда шуд. Ғайр аз ин, дар натиҷаи қабулшавии қонуни мазкур аксарияти масҷидҳо дар қаламрави кишвар баста шуданд.

 

Шарҳ:

Бояд қайд намуд, ки раиси Маркази исломшиносии Тоҷикистон Файзулло Баротзода ташкилотҳои ҳимоятгарони ҳуқуқро, ки қонуни мазкурро танқид мекунанд дар яктарафа буданашон айбдор донист. Баъдан дар ҳамсӯҳбат бо хабарнигорон ӯ иброз намуд: «Қонун барои пешравии ҷомеа, таъмини амният дар давлат, сулҳу осудагӣ ва барои озодии виҷдон муҳим мебошад».

Дар асл бошад, аён аст, ки режим на барои амнияти давлат, балки барои амнияти худ ғамгин мебошад. Зеро эҳёшавии Исломе, ки Раҳмон бо он сахт мубориза мебарад, барои амнияти мардум ҳеҷ таҳдиде надорад, вале барои режим — хоби мудҳиш мебошад.

Тӯли даҳ соли охир сатҳи фишорорӣ нисбати дин дар Тоҷикистон дар ҳақиқат тадриҷан ба сатҳи комилан боло бардошта шуд ва қабулгардии қонун дар бораи дин мисли нуқтаи оғози нақшаи пурвусъати Раҳмон оиди тозакунии аз Ислом ва мутобиқати мардум гардид. Эҳтимол аст, ки дар замони гузашта чунин стратегия қабул шуда буд ва то ҳол амалӣ мегардад. Зимнан, стратегияи мазкур на аз тарафи мутахассисони маҳаллӣ, балки аз ҷониби мутахассисони хориҷӣ тайёр карда шудааст. Зеро барои «осудагӣ» дар минтақаи Осиёи Марказӣ тамоми бозингарони байналхалқӣ — ҳам ИМА ва ҳам Русия ҳавасманд мебошанд, зимнан ҳар ду давлат аллакай дар мубориза алайҳи ҳаракатҳои исломӣ дар кишвари мазкур бевосита иштирок варзиданд.

Раҳмон ва режими он, мисли дигар ҳамкасбони ӯ дар минтақа имрӯз барои давлатҳои абарқудрати  мустамликадор вазифаи муҳимро иҷро карда истодаанд: бо боздоштани густариши Ислом онҳо назорати мустаҳкамро аз болои кишварҳои минтақа таъмин менамоянд. Ба касе пӯшида нест, ки суръати эҳёшавии Ислом дар солҳои 90-ум ва 2000-ум чунин буд, ки баъзе маҳалҳои зисти аҳолӣ дар Ӯзбекистон тибқи Шариат зиндагӣ карданро шурӯъ намуда буданд, дар Тоҷикистон бошад мутлақо инқилоби исломӣ шурӯъ гардида буд. Агар дар охирҳои солҳои 90-ум ва аввалҳои солҳои 2000-ум кампанияи оммавӣ оиди манъи Ислом ва бартараф намудани фаолони динӣ намебуд, Осиёи Марказӣ дар кадом ҳолат қарор медошт ба ҳама маълум аст.

Муҳим он аст, ки режими Раҳмон бо мардуми тоҷик сар ба сар шуда натавонист ва агар дар дигар кишварҳо золимон муҳити тарсро ҷорӣ карда тавониста бошанд, вале ҳолати Тоҷикистон дигаргун мебошад. Аҳолии Тоҷикистон бо пайравии қавӣ худ ба Ислом, инчунин бо фаъолшавии иҷтимоиву сиёсӣ режимро метарсонад. Бинобар ин, режим маҷбур аст мунтазам услубҳои нав ба нав оиди мубориза алайҳи бедории исломӣ эҷод намояд.

Аллоҳи Мутаъол фармуд:

يُرِيدُونَ أَن يُطْفِئُوا نُورَ اللَّهِ بِأَفْوَاهِهِمْ وَيَأْبَى اللَّهُ إِلَّا أَن يُتِمَّ نُورَهُ وَلَوْ كَرِهَ الْكَافِرُونَ

«Мехоҳанд нури Худоро (яъне Исломро) бо даҳони худ (бо суханони дурӯғ ва шубҳаҳояшон) хомӯш кунанд ва Худо намехоҳад магар ба камол расонидани нури худро. Ҳарчанд кофиронро хуш наёяд».  [9:32].

 

Муҳаммади Мансур

08.07.2019 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads