Созмони кишварҳои туркзабон Русияро барканор мекунанд
Хабар: 11 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд вохӯрии сарони кишварҳои туркзабон баргузор гардид. Вохӯри таҳти раёсати президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев оиди мавзӯи «Давраи нави тамаддуни туркҳо: дар роҳи пешрафт ва шукуфоии муштарак» баргузор шуд.
Дар нишаст сарони давлатҳои Ӯзбекистон, Туркия, Қирғизистон, Қазоқистон ва Озарбойҷон ширкат варзидаанд, инчунин раиси палатаи болоии парлумони Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳамедов ва сарвазири Маҷористон Виктор Орбан ба ҳайси нозирон ширкат доштанд.
Аз ҷумла, афзалияти самти ҳамкорӣ, таъмини амният дар минтақа муайян карда шуд. Сарони давлатҳо аҳамияти робитаҳои доимӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои қудратӣ ва хадамоти махсусро дар самти мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи инсон, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳо ба ҷомеа ва кибербехатарӣ қайд карданд.
Шарҳ: Туркия таҳти роҳбарии Эрдӯғон чанд сол аст, ки кӯшиш дорад дар атрофи худ давлатҳои туркзабонро, ки аксари онҳо дар ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) шомиланд ва дар қаламрави нуфуз ва назорати мустамликавии Русия ҳастанд, муттаҳид созад. Мисоли равшани талошҳои Эрдӯғон дар амалигардонии ин тарҳи миллӣ, иҷрои ҳама талаботи режимҳои диктатории Ӯзбекистон ва Туркманистон аст, бахусус таъқиби шаҳрвандони ин кишварҳо аз тарафи режимҳои мазкур дар Туркия мебошад.
Вақти он расидааст, ки ташаббусро аз Русия гирифт, ки давлатҳои Осиёи Марказиро муттаҳид карда, аксари равандҳои сиёсии минтақаро зери назорат гирифтааст. Дар натиҷаи нокомии комили низомиаш дар Украина Русия ба як суқути шадид афтод, ки аз он берун шуданаш дар гумон аст. Барои аксарият аллакай маълум аст, ки режими Путин ба охир мерасад ва мо мебинем, ки бисёре аз мансабдорон ва элитаи собиқ, ки замоне ба ин режим хидмат кардаанд, аз Русия мисли мушҳо аз киштии ғарқшуда фирор мекунанд.
Албатта, золимони Осиёи Марказӣ низ инро эҳсос мекунанд, зеро амнияти шахсии онҳо аз низомиёни Русия вобаста аст. Табиист, ки режимҳои минтақа ба ҷустуҷӯи марказҳои дигари қудрат шурӯъ карданд, ки дар оянда бо онҳо дар мавриди сарнавишт ва амнияти худ гуфтушунид кунанд.
Аз ин рӯ, то замоне, ки тамоюли заиф шудани Русия идома дорад, нақш ва нуфузи созмонҳои таҳти сарпарастии Туркия танҳо тақвият хоҳад ёфт. Аммо, барои хурсанд шудан ҳоло вақт аст, бо назардошти он, ки Туркия дар сиёсати хориҷии худ умуман мустақил набуда, балки танҳо нақшаҳои ҷаҳонии геополитикии ИМА-ро амалӣ мекунад.
Махсус барои радиои Бахши марказии иттилоотӣ Ҳизби Таҳрир
Муҳаммад Мансур
24 Рабиуссонии соли 1444 ҳ.