Режими Мирзиёев таъқиби барандагони даъватро идома медиҳад

Режими Мирзиёев таъқиби барандагони даъватро идома медиҳад

Хабар:

Дар вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон кормандони хадамоти махсус аъзоёни ҷамоати исломӣ-сиёсии Ҳизби Таҳрирро боздошт карданд. Дар ин хусус дафтари матбуоти ВКД рӯзи 28-уми май хабар дод.

Ҳамаи боздоштшудагон қаблан барои даъват ба Ислом дар сафи ҷамоати исломии-сиёсӣ Ҳизби Таҳрир ҷазои тӯлонии зиндонро адо карда буданд. Аммо, пас аз адои тӯлонӣ дар зиндонҳои Ӯзбекистон, онҳо паҳнкунии даъвати исломиро дар минтақа идома доданд, аз ин рӯ,  боздошт шуданд, гуфта шудааст дар хабар.

Дар гузориши Вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон инчунин гуфта шудааст, ки ҳангоми кофтукови шахсони дастгиршуда аз онҳо адабиёти исломии ҷамоати Ҳизби Таҳрир мусодира шудааст. Нисбати дастгиршудагон парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, барои муайян кардани сокинони маҳаллӣ аз вилоятҳои Андиҷон, Фарғона, Намангон, Тошканд ва Сурхандарё, ки бо боздоштшудагон иртибот доштанд, чорабиниҳои тафтишотӣ идома дорад.

Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли 2019 аъзоёни ҳизби исломӣ, ки қаблан ҷазои маҳбасро адо карда буданд, дастгир карда шудаанд.

 

Шарҳ:

Бояд қайд кард, ки аъзоёни ҷамоати исломии-сиёсӣ Ҳизби Таҳрир дар Ӯзбекистон аз солҳои 90-ум, замони  ҳукмронии режими истибдоди  Каримов ки бо сиёсати бераҳмона нисбати Ислом ва мусулмонон ва хусусан ба барандагони даъват маъруф аст, мавриди таҳқир, шиканҷа ва ҳабс қарор гирифтаанд.

Режими пешинаи Каримов ба ҷавонони ҳизб хеле бераҳмона буд ва онҳоро дар шароити вазнин ба мӯҳлатҳои тӯлонии ҳабс маҳкум мекард, ҳар дафъа пас аз гузаштани мӯҳлат онҳоро бо айбҳои сохта такроран мӯҳлати адои ҷазоро дароз мекард.

Вале, дар оғози ҳукмронии худ, президент Мирзиёев ки худро дар минтақа ҳамчун ислоҳотгар маъруф намудааст, ба ном «ислоҳот» — ро оғоз кард, ки ба гуфтаи ӯ, ислоҳоти мазкур ба маҳкумшудагони динӣ низ дахл дошт ва ҳатто бисёре аз маҳкумшудагон озод карда шуданд. Аммо, тавре ки мебинем, сабукӣ кӯтоҳмуддат шуд ва ҳар касе, ки пас аз ба озодӣ баромадан даъват ба исломро тарк накардааст аз ҷониби режим дубора ба ҳабс гирифта шудаанд.

Ҳамин тариқ, Шавкат Мирзиёев аз мураббии худ Ислом Каримов дур нарафтааст ва дар мубориза бо Ислом ва барандагони он чандон фарқе надорад.

Ҷавонони ҳизб аз ягона нафароне нестанд, ки имрӯз боздошт ва ҳабс карда мешаванд. Масалан, дар тӯли се соли охир даҳҳо воизоне, ки аз муҳоҷират баргаштанд ва ба ваъдаҳои президент Мирзиёев эътимод карданд, бо сабабҳои динӣ ба мӯҳлатҳои гуногун маҳкум карда шуданд.

Сиёсати таъқибкунӣ иборат аз боздоштани бедории исломӣ мардуми Ӯзбекистон тавассути таъқиб, ҳабс кардан ва бофташавии парвандаҳои ҷиноӣ идома дорад. Эътимод кардан ба ваъдаҳои режими Мирзиёев ки вориси Каримов мебошад оиди беҳтар шудани вазъият бо фишорҳои сиёсӣ дар кишвар ин як соддагист. Гузашта аз ин, дар заминаи нуфузи афзояндаи Москва дар Ӯзбекистон, набояд аз режими имрӯза ягон имтиёзи ҷиддиро нисбат ба Ислом ва барандагони он интизор шуд.

 

Умари Форсӣ

10.06.2020

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads