Раҳмон алайҳи Ислом қонунгузориро сахт мекунад

НАВОР:

https://www.youtube.com/watch?v=cSf_1_5YsjA&t=11s

Раҳмон алайҳи Ислом қонунгузориро сахт мекунад

 

Хабар:

 

2-уми январи соли 2020 Эмомалӣ Раҳмон як қатор қонунҳоро имзо намуд, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардид ва Маҷлиси Миллӣ онро дасгири намуд. Дар миёни ин қонунҳо — қонун «Дар бораи вокуниши ифротгароӣ» мавҷуд аст. Гуфта мешавад, ки қонуни нав аз ҷониби Додситонии куллӣ Тоҷикистон тибқи дастурҳои раисҷумҳур таҳия шудааст.

 

Шарҳ:

 

Ёдрас мекунем, ки дар соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумони кишвар иброз намуда буд, ки қонуни кунунии вокуниш алайҳи ифротгароӣ ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест, пас аз ин аз аввали соли 2019 Шӯъбаи мубориза алайҳи терроризм ва ифротгароӣ Прокуратураи генералии ҶТ барои коркарди лоиҳаи қонуни мазкур шурӯъ намуд. Тибқи иттилои расмӣ, мақсад аз ташаббуси мазкур — пешгирии ҷалб шудани шаҳрвандон ба гӯён ташкилотҳои «террористӣ ва ифротгароӣ», инчунин баргаштан ба ватан касоне, ки пештар ба гурӯҳҳои радикалии хориҷӣ насб шуда буданд.

Коршиносон дар тааҷҷуб ҳастанд, ки чи эҳтиёҷе буд ба қонуни нав, ҳол он ки дар кишвар қонун «Дар бораи мубориза алайҳи ифротгароӣ» дар соли 2003 қабул шуда амалӣ гардида истодааст, ки онро режими Раҳмон барои таъқиби ҳаргуна ҳаракатҳои исломии ба мақомот тобеъ набуда ва бар зидди ҳаргуна зуҳуроти Ислом дар ҳаёти мардуми кишвар истифода мебарад. Ба касе пӯшида нест, ки дар кишвар пӯшидани ҳиҷоб манъ аст, донишгоҳҳои исломӣ ва ҳазорҳо масоҷид баста шудаанд, таълим додани дин ба кӯдакон дар хона манъ шудааст, рафтани кӯдакон ба масҷид ва ғайра. Мушоҳидон бар он ақидаанд, ки ба режими кунунӣ қонуни муфассалтар лозим гардидааст, ки барои рӯпӯш кардани кирдукорашон ҳамаи асосҳои ҳуқуқӣ дошта бошанд, то ин ки касе имконияти кирдукорҳои онҳоро мубоҳиса карда натавонад ва дар чорчӯбаи қонунгузорӣ боқӣ бимонад. Масалан, моҳи декабри соли 2019 сокини шаҳри Душанбе Нилуфар Раҷабова дар вақти рейд алайҳи ҳиҷоб дастгир гардида, барои майдаавбоши ҷарима шудааст, аз болои кормандони милиса ба Додситони куллии Тоҷикистон шикоят намудааст. Нилуфар пештар ба ВАО хабар дода буд, ки дар бинои ШВКД Сино-2 ки аз тарафи рейд кардагон оварда шудааст ба таҳқиркунӣ дучор гардидааст.

Аз ин рӯ, блогери тоҷик Шерзод Маҳмадҷонов ки дар хориҷа зиндагӣ мекунад ба дастгоҳи раисҷумҳур занг мезанад ва гуфтугӯи телефониро сабт мекунад, корманди дастгоҳ ба суоли оиди пӯшидани ҳиҷоб эътироф намуд, ки дар Тоҷикистон пӯшидани ҳиҷоб манъ аст, аммо намояндагони Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ баён мекунанд, ки барои дин касе дар кишварамон таъқиб карда намешавад, инчунин барои пӯшидани либоси исломӣ низ мамнӯъият вуҷуд надорад. Ин намунаи бархӯрди назарҳо ва нофаҳмиҳо оиди ҳиҷоб аст, зеро якчанд сол мешавад, ки мақомотҳои гуногуни ҳукумат ва рӯҳониён дар Тоҷикистон баёнотҳои ба якдигар зид ва баёнотҳои баъзан ба худ зид оиди ҳиҷоб иброз менамоянд.

Ҳамин тавр, режими Раҳмон барои вайроншавии қонунгузории амалкунанда ва қабулшавии актҳои қонунгузории ба якдигар зид ҳеҷ нороҳат намешавад. Тоҷикистон давлатест, ки аз ҷиҳати ҳуқуқ хеле ақибмонда мебошад, вале ба ин нигоҳ накарда мақомот маҷбур аст мунтазам қонунгузории зиддиисломии кишварро такмил диҳад, то ин ки фаъолон ин ё он ҳаракатҳои мақомотро бо роҳи додситонӣ барои мубоҳиса кардан заминае пайдо карда натавонанд, бо ин режими Раҳмон баҳонаҳои информатсионӣ ташкил намуда ба фикри омма таъсир мегузаронад.

 

 

Муҳаммади Мансур

08.01.2020 с.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads