Қирғизистон: мубориза алайҳи ҳиҷоб идома дорад
Хабар:
Дар деҳоти Жани-Пахтаи ноҳияи Сокулукскӣ вилояти Чуйскиӣ Қирғизистон хонандагони ҳиҷобпӯшро ба мактаб роҳ надоданд, дар ин хусус AKIpress ба бародари яке аз хонандагони мактаби мазкур такя намуда иттило медиҳад.
Вазорати маориф ва илми Қирғизистон ба хоҳиши хабарнигорон оиди шарҳи ҳодиса гуфтанд, ки тибқи сарқонун Қирғизистон давлати дунявӣ мебошад ва табиист, ки таҳсилотгоҳҳо низ дунявӣ бошанд. «Аз тарафи ҳукумат барои либоси мактабӣ тавсияҳо муқаррар карда шудааст, аз ҷумла боло сафед ва поён сиёҳ. Тибқи қонуни «Дар бораи маориф» муқаррар карда шудааст, ки ташкилотҳои таҳсилӣ бояд хусусияти дунявӣ дошта бошад», — изҳор намуданд дар хадамот. «Бо духтарони ҳиҷобпӯш маъмурияти мактаб корҳои тавзеҳӣ мегузаронад», — илова намуданд дар вазорат.
Шарҳ:
Ёдрас мекунем, ки кӯшишҳои ҳукумати Қирғизистон оиди манъ намудани ҳиҷоб дар таҳсилотгоҳҳои умумӣ якчанд сол аст, ки идома дорад, вале то ҳол бо муваффақият анҷом наёфтааст. Ҳамин тавр, моҳи июли соли 2015 собиқ сарвазири кишвар Темир Сариев иброз намуд буд: «Ин маданияти мо нест, исломгароён моро ба он маҷбур карда истодаанд. Мо мусулмон ҳастем. Мо бояд пӯшидани ҳиҷобро манъ намоем. Мо маданияти худро дорем, ки бояд ба он риоя кунем. Мо бояд дар хусуси ҳамаи ин мардумро воқиф намоем». Пас аз ҳодисаи мазкур дар моҳи августи ҳамон сол вазири маориф ва илм Элвира Сариева дар хусуси манъ намудани ҳиҷоб баромад намуд. «Сарвазир возеҳу равшан баён намуд, ки дар давлати дунявӣ бояд бар асосҳои дунявӣ такя намуд, вале нуқтаи назари диниро низ эҳтиром бояд кард. Мо ақида дорем, ки дар чорчӯбаи мактаб либоси мактабии муқаррар карда шуда ҳамчун стандарт қабул шуда, талабагон бояд ба он риоя намоянд», — иброз намуд ӯ.
Ҷолиби диққат аст, ки кӯшиши ҳукумати Қирғизистон нисбат ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ оиди манъи ҳиҷоб дар мактабҳо мунтазам ва системавӣ гуфта наметавонем. Зеро дар дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мубориза алайҳи ҳиҷоб то ҷое расидааст, ки коркунони милиса бо талаби бадар намудани ҳиҷоб аз занҳои калонсол рейдҳо мегузаронанд, чи тавре ки алҳол дар Тоҷикистон шуда истодааст ва ё он ки дар Ӯзбекистон пештар шуда буд. Вале, ба ин нигоҳ накарда мо мебинем, ки ҳукумати Қирғизистон дер ё зуд ба кӯшишҳои манъ намудани ҳиҷоб дар мактабҳои кишвар бармегардад.
Мушоҳидон дар Қирғизистон ақида доранд, ки кӯшишҳои мазкури ҳукумат натиҷаи назорати мустамликадории Русия бар болои Қирғизистон мебошад, яъне, ҳукумати маҳаллӣ ба сиёсати хоҷаҳояшон дар Маскав бо пуррагӣ риоя мекунанд, ки мақсади асосии онҳо дар Осиёи Марказӣ пеши роҳи рушди Исломро гирифтан ва роҳ надодани бедории сиёсӣ мардумони ин минтақа мебошад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҳеҷ як кишвари Осиёи Марказӣ — на дар Қирғизистон, на дар Тоҷикистон, на дар Ӯзбекистон ва на дар Қазоқистон новобаста аз он ки занон ва духтарони ҳиҷобпӯшро таҳқир ва таъқиб менамоянд, мамнӯъияту маҳдудиятҳо эҷод мекунанд, ҳукумат аз болои қонуни Аллоҳ муваффақ нагардид ва мусулмонон дар дини худ устувор мебошанд. Масалан, дар Ӯзбекистон замони ҳукмронии Каримов барои пӯшидани ҳиҷоб мамнӯъият ҷорӣ буд. Дар натиҷаи он аксарияти занҳо тарҷеҳ намуда буданд, ки ба ҷои бидуни либоси шаръӣ берун шудан дар манзили зист қарор бигиранд. Имрӯз бошад, пас аз марги золим дар кӯчаҳои шаҳр бисёр занҳои ҳиҷобпӯшро мушоҳида кардан мумкин аст, гӯё ки 20 соли ҳукмронии Каримов вуҷуд надошт. Инчунин дар Тоҷикистон низ дар наздикӣ ҳодисае ба вуқуъ пайвастааст, ки ба қонуни Аллоҳ мухлис будани мусулмононро намоиш медиҳад: Дар шаҳри Кӯлоб корманди милиса барои кӯшиши бадар намудани ҳиҷоб аз зане кушта шудааст.
Ҳамин тавр, бигзор мамнӯъиятҳои гуногун ҷорӣ намоянд ва бо тасвибҳои гуногун таҳдид намоянд ҳам, муслима занҳо ба таври муносиб посух медиҳанд, чи тавре ки дар соли 2017 шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаббатхон Давлатова посух дода буд, дар вақти рейдҳо кормандони милиса аз ӯ талаб намудааст, ки рӯймолашро бадар намояд. Ӯ дар посух гуфта буд: «Ман муслима ҳастам ва ҳеҷгоҳ ҳиҷобамро бадар намекунам».
Мухаммади Мансур
08.09.2019 с.