Оё Толибон хилофат барпо мекунанд?
Мо дар абри хаёлот нестем. Душворӣ он аст, ки аз Толибон таъсиси хилофатро дархост кунем. Насби хилофат ин тавр ба осонӣ ба даст намеояд.
Хилофат як лоиҳа аст. Ин лоиҳа бояд воқеан амалӣ карда шавад. Ин барои касоне аст, ки омодаанд Хилофату Исломро мукаммал, яъне комилан — ба маънои умумӣ бардоранд. Ғарб ба Хилофат маънои буридани даст, фаранҷӣ ва манъ кардани машруботро надодааст. Ба Арабистони Саудӣ як нигоҳ кунед, солҳои зиёд аст, ки занони маҳаллӣ фаранҷӣ мепӯшанд, кумитаҳои шаръӣ ҳастанд, риш мондаанд, сигоркашӣ манъ аст … Ҳамаи ин Амрикоро ба ташвиш намеорад! Шумо метавонед хоҳ риш дошта бошед ва ё фаранҷӣ пӯшед — Ғарб ба инҳо парвое надорад. Вақте ки ба онҳо лозим аст, онҳо дар ин бора фиғон мезананд, дар бораи ҳуқуқ ва ҳимояи занон, фарёд мебардоранд… Аммо дар маҷмӯъ Ғарб ба ин ҳама парвое надорад. Онҳо аз Ислом ва равобити байналмилалӣ нигаронанд, ки умматро эҳё мекунанд ва бар зидди Ғарб қиём мекунонанд. Лоиҳаи хилофатро дар як сония барпо кардан мумкин нест! Аввалан, шумо бояд ин лоиҳаро дар маҷмӯъ дарк кунед, ба кор оғоз карда онро созед ва қувват ҷамъ оваред, то ки баъдтар ба хилофат бирасед. Агар шумо дар Афғонистон хилофат эълон карданӣ бошед, пас шумо бояд минтақаҳои ҳамсояро пешакӣ омода созед, то ки Тоҷикистону Ӯзбекистон фавран ба он ҳамроҳ шаванд. Барои ин, шумо бояд дар он ҷо пешакӣ алоқаҳоро барқарор намоед, ҷонибдорон ва дастгирикунандагонро ҷустуҷӯ кунед. Мардуми маҳаллӣ бояд донанд, ки ин лоиҳаи шумост. Аз ин рӯ, мо аз Толибон талаб намекунем, ки фавран хилофатро эълон кунанд! Ин кори содда нест. Мо талаб мекунем, ки онҳо бо ин лоиҳа розӣ бошанд ва онро бо самимият қабул кунанд.
Онҳо бояд:
- Исломро мукаммал бардоранд.
- Бо тамоми Уммат муттаҳид шаванд.
- Аз ҳама намуди таъсироти Ғарб эмин шаванд.
Ҷудоӣ аз Ғарб барои таъсиси лоиҳаи хилофат аҳамияти ҳалкунанда дорад. Ҳар касе, ки дар бораи хилофат ҳатто фаҳмиши сатҳӣ дошта бошад, тасаввур карда наметавонад, ки чӣ гуна дар доираи қарорҳои Ғарб ва дар низоми байналмилалӣ ва минтақавӣ вуҷуд доштан мумкин аст. Ҳар касе, ки чунин фикр карданро идома диҳад, лоиҳаи Хилофатро ба ҳеҷ ваҷҳ амалӣ карда наметавонад. Ӯ ҳатто бо он мувофиқ фикр намеронад. Имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ки ин лоиҳаро пайгирӣ намоем, дар асоси он бо Уммат робита барқарор кунем ва касонеро ҷӯем, ки самимона омодаанд ба лоиҳаи Хилофат кӯмак кунанд. Барои ин заминаро омода кардан лозим аст. Хамаи ин кор, ғайрат, тайёрй ва тартиби корро талаб мекунад. Хилофат танҳо барои шумо як калима нест — шумо фарёд задед, дарҳол натиҷа дод.
Ҳар касе мегӯяд, ки иҷрои қатъномаҳои Ғарб ва дар низоми байналмилалӣ зиндагӣ кардан ва ҳамкорӣ кардан бо онҳо муваққатан ҷоиз аст, бигзор чунин фиребхӯриро бас кунад. Ин худфиребист. Мо дар тӯли 100 сол мекӯшем, ки бо Ғарб робита дошта бошем. Аллакай миллионҳо ҷамоатҳо, миллионҳо лоиҳаҳо ва миллионҳо суханҳо мавҷуданд, аммо натиҷа сифр зарби сифр мешавад. Мо ин баҳонаҳоро пештар ҳам дар Фаластин ва ҳам дар Афғонистон шунида будем. Он рӯзҳо низ муҷоҳидон гуфта буданд: «Мо ин ҷо аз Русия халос мешавем ва баъд лоиҳаи худро таъсис медиҳем.» Дар охир ҳеҷ чиз ба даст наомада буд! Вақте Толибон омаданд, гуфтанд: «Мо лоиҳаи худро бунёд хоҳем кард.» Дар Сомалӣ ва Судон низ дар замони Ҷаъфар Нуморӣ ҳамин тавр буд. Мо чунин кӯшишҳоро аллакай миллион маротиба дидаем. Вақти он расидааст, ки Исломро пурра гирифта бар муқобили ҳамаи системаҳои куфри дар ҷаҳонбуда муқобилат кунем ва бо тамоми уммат муттаҳид шавем. Ин равиш ба заҳмат ниёз дорад. Ҳеҷ кас намегӯяд, ки Толибон бояд дар як рӯз Хилофат барпо кунанд. Ҳатто дар он мавқее, ки имрӯз Афғонистон дорад. Ҳеҷ кас инро намегӯяд ва талаб намекунад. Барои Хилофат бояд кор карда шавад, тартибот ҳатман лозим аст. Барои хилофат, бояд самимона кӯшиш кунед ва Исломро пурра қабул кунед, то бо тамоми Уммат дар лоиҳаи Хилофат муттаҳид шавед. Роҳи халосӣ танҳо ин аст. Мо аз Толибон чизи имконнопазирро намепурсем. Мо чизеро талаб мекунем, ки уммат воқеан ҳамонро талаб дорад.
Уммати исломӣ ду чизро талаб мекунад:
- Уммат мехоҳад Исломи мукаммалро бо тамоми таъсироташ ба ҷаҳон бубинад, аз низоми байналмилалӣ даст кашад ва аз пайравии дастурҳои давлатҳои кофир дур шавад.
- Аз ҳамаи лоиҳаҳои миллӣ, минтақавӣ, мазҳабӣ, сектантӣ ва шабеҳи онҳо даст кашад.
Шахсе, ки дар чунин лоиҳаҳои кӯчак ғарқ шудааст, ҳеҷ гоҳ хилофатро барпо карда наметавонад. Ӯ дар бораи Хилофат фикр намекунад. Ӯ новобаста аз он ки нияти нек дорад ё бад, дар бораи Хилофат ғамхорӣ намекунад. Ҳар касе, ки бо лоиҳаҳои миллӣ, ватандӯстӣ, мазҳабӣ ва сектантӣ розӣ аст, онҳоро қабул дорад ва омода аст, ки дар зери таъсири низоми байналмилалӣ ҳаракат мекунад, дар ниҳоят таъсири ҳалкунанда дошта наметавонад. Ғарб мубориза мебарад. Вай барои нигоҳ доштани нуфузи худ дар минтақа мубориза мебарад. Бо Ғарб гуфтушунид кардан мумкин нест, бо ӯ на махфӣ ва на ошкоро созишнома баста намешавад. Ба Ғарб чизеро додан ҷоиз нест. Вай душмани ашаддии мост. Ин шӯхӣ нест. Ишқбозӣ бо ӯ боиси марг мешавад. Вай бо уммат меҷангад ва танҳо бо мубориза аз коми ӯ гурехта метавонем. Хуб, ҳамаи ин гуфтушунидҳо, вохӯриҳо, созишномаҳо, шӯхиҳо бо онҳо гӯё ки «мо ӯро фиреб медиҳем ӯ низ моро фиреб медиҳад» ҳамаи ин аблаҳии тамом аст, зеро Ғарб дар ин соҳа чунон имкониятҳоро дорад, ки мо ҳатто тасаввур карда наметавонем, зеро дар тӯли солҳо ӯ аллакай дар сарзамини мо реша давондааст ва ӯ дар гирду атрофи мо гурӯҳи гумоштаҳоеро дорад, ки мехоҳанд бар зидди Ислом мубориза баранд. Дар натиҷа, ба мӯъминон танҳо парҳезгорӣ, ростгӯӣ. Уммат ва Ислом барои муқовимат бо Ғарб ва юғи фитнаҳо кӯмак хоҳад кард … Аммо дар доираи низоми байналмилалӣ ҳилаву манёврҳо набояд истифода шаванд.