Нома ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Нома ба президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев

بسم الله الرحمن الرحيم

(Тарҷума)

Ҳамду сано бод ба Аллоҳ дуруду салом ба Паёмбари Аллоҳ ﷺ ба аҳли байт ва асҳобашон (р.а).

Ҷаноби Шавкат Мирзиёев шумо дар соли 2021 дар суханронии худ дар иҷлосияи 46-уми Шӯрои ҳуқуқи башари СММ чунин изҳор доштед: «Дар доираи татбиқи механизми миллии пешгирии шиканҷа, мо ҳама шаклҳои шиканҷа, муносибати ғайриинсонӣ ё таҳқиромезро қатъиян қатъ мекунем. Чунин ҷиноятҳо мӯҳлати даъво надоранд. Мо ният дорем, ки протоколи ихтиёрии Конвенсияи зидди шиканҷаро тасдиқ кунем.” Ва маълум аст, ки ҳукумати Узбекистон ба ин созишнома ҳамроҳ шуда, ӯҳдадор шудааст, ки мардуми Узбекистонро аз шиканҷа муҳофизат кунад.

Худи ҳамон сол шумо қарори нави «дар бораи такмил додани системаи пешгирии шиканҷа»-ро имзо кардед. Бо ин мақсад курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи мубориза бо шиканҷа барои шахсони тафтишоти оперативӣ, тафтишот, чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва пешакии тафтишотӣ, инчунин барои кормандони муассисаҳои иҷрои ҷазо ташкил карда шуданд. 19 июли соли 2023 дар вилояти Тошканд курси таълимӣ дар мавзӯи «Баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти давлатӣ дар робита ба омодасозии гузориши шашуми даврии Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи иҷрои Конвенсияи СММ алайҳи шиканҷа ва дигар намудҳои бадрафторӣ, ғайриинсонӣ ё паст задани шаъну шараф ва ҷазо баргузор гардид. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти суди Олии Ҷумҳурии Узбекистон, имрӯз Узбекистон беш аз ҳаштод санади байналмилалиро дар соҳаи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон тасдиқ кардааст. Робита ба ин, дар дохили кишвар бисёр вохӯриҳо ва семинарҳо гузаронида шуда инчунин қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бо вуҷуди тадбирҳо ва қарорҳои андешидашуда оид ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Узбекистон, 4 январи соли 2024 кормандони корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо хадамоти амнияти давлатӣ (ХАД) субҳи барвақт ба хонаҳои баъзе бародарони мо, ки дар Шаҳри Тошканд зиндагӣ мекунанд, ворид шуданд. Онҳое, ки мавриди кофтукоб қарор гирифтаанд, аъзои Ҳизб ут-Таҳрир мебошанд, ки қаблан байни солҳои 1999-2000 маҳкум шуда, дар маҳбасҳо мӯҳлатҳои бузург (тақрибан 20 сол)-ро сипарӣ кардаанд. Баъзеи онҳоро бо истифода аз қувваи бераҳмонаи кормандони ситоди махсус бо ниқобҳо боздошт карданд. Пас аз ин, боздоштшудагонро ба бинои Вазорати корҳои дохилӣ оварда дар он ҷо онҳоро ба шиканҷаҳои шадид дучор карданд.

9 майи соли равон дар Ноҳияи Шайхон-Таҳури Тошканд мурофиаи ин 23 имондор оғоз шуда онҳо ба довари маҳкама дар бораи шиканҷаҳое, ки нисбати онҳо дучор шуд, нақл карданд. Аз ҷумлаи таҳқирҳо нисбати онҳо:

  • Боздоштшудагонро ба идораи корҳои дохилӣ бурда, ба сари онҳо халтаҳо пӯшонида давоми ду рӯз нисбаташон фишор оварданд, аз ҷумлаи шиканҷа, ки дар як рӯз аз соати 2-и рӯз то соати 6-и субҳ идома меёфт.
  • 2) Боздоштшудагон маҷбур шуданд, ки ба имзои шаҳодатномаҳои эътирофӣ, ки аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ пешакӣ омода карда шуда буданд, имзо гузоранд, то ки баъдтар онҳо ба асоси хулосаи айбдоркунӣ гузошта шаванд. Ҳамчун унсурҳои фишор, чунин истифода мешуд:

а) Агар касе аз имзои эътироф саркашӣ кунад, ба ӯ таҳдид мекарданд, ки ҳамсарашро ба идораи корҳои дохилӣ оварда он ҷо ӯро таҷовуз мекунанд.

б) Ба яке аз боздоштшудагон таҳдид карда шуд, ки писари дар хориҷа таҳсил кардаашро бо ёрии сафорат ба Узбекистон меоранд.

в) Писари дигари боздоштшударо ба шӯъба оварда, баъдан ба падараш фишор овардаанд, ки агар падар ба эътирофи гуноҳ имзо накунад, писарашро зиндонӣ мекунанд.

г) Боздоштшудаи дигар пеш аз оғози тафтишот мавриди бозпурсӣ қарор гирифта алайҳаш бо барқ шиканҷа мекарданд.

Маълум аст, ки конститутсия ва қонунгузории Узбекистон боздоштҳои худсаронаро қатъиян манъ мекунад. Аммо мақомоти давлатӣ то ҳол ин амалро идома медиҳанд. Ва ин бо вуҷуди набудани ягон далели моддӣ, ки айби шахсони дар боло зикршударо дар Тошканд дастгирӣ мекунад, инчунин бо вуҷуди набудани ҷабрдидагон. Дар ҳоле, ки онҳо бе асос дастгир карда шуданд. Гарчанде ки Ҷумҳурии Узбекистон Конвенсияи СММ-ро алайҳи шиканҷа тасдиқ кард, аммо фаъолони Ҳизб ут-Таҳрир ба шиканҷаҳои шадид дучор шуданд. Бо фишори муфаттишон онҳоро маҷбур карданд, ки баёноти эътирофӣ диҳанд. Баъдан ба ҳамаи боздоштшудагон бо моддаи 159 ва моддаи 244 кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Узбекистон гумонбар карда шуд. Маҳз ҳамин моддаҳо бар зидди аъзои Ҳизбу ут-Таҳрир дар замони Каримов истифода мешуданд.

Ин ҷо саволи табиӣ ба миён меояд:

Чаро режими Узбекистон ба боздошт ва шиканҷа кардани шаҳрвандоне, ки «Парвардигори Ман Аллоҳ Аст», мегӯянд: иҷозат медиҳад, касоне, ки танҳо дар бораи некӣ фикр карда барои манфиати кишвар, шаҳрвандон ва ҷомеаи худ зиндагӣ мекунанд.

Дар айни замон, мақомот ба ҷинояткорон ва бадкорон имкон медиҳанд, ки фасод, ғоратгарӣ ва харобкориро дар кишвар бо озодии комил ва осоиштагӣ паҳн кунанд. Чаро чунин рӯйдодҳо рух медиҳад? Куҷост шиорҳои бо овози баланд эълоншуда «озодии фикр ва эътиқод» ва «фикр бар зидди фикр, идея бар зидди идея»…»?

Он чизе, ки дар Узбекистон рух дод ва рӯй медиҳад, шикасти зеҳнии режими дунявиро тасдиқ мекунад ва инчунин далели он аст, ки ҳокимони имруза аз паи қатлгар Каримов мераванд…

Дар акси ҳол, чаро режим ба боздошт ва шиканҷаи аъзои Ҳизб Ут-Таҳрир, ки зиёда аз бист соли умри худро дар зиндонҳои Узбекистон гузаронидаанд, бармегардад? Ва чаро режим дурӯғ мегӯяд ва айбҳои беасосро сохтакорӣ мекунад?!

Таъқиб ва маҳкум кардани касе, танҳо барои андеша ва эътиқод барои мардуми Узбекистон чизи нав нест. Мусулмонони Узбекистон аз замони режими Каримов ба ин одат кардаанд, ки ҳар як шахси бегуноҳро гунаҳкор карда метавонад. Аммо он чизе, ки тааҷҷубовар аст, ӯҳдадории давомдори раҳбарони режими кунунии роҳи золими пешин аст, дар пасманзари изҳороти онҳо, ки ба «сиёсати репрессия ва саркӯб кардани овозҳо»пайравӣ намекунанд!

Дар зер мо рӯйхати номҳои бародаронамонро, ки дар додгоҳи Ноҳияи Шайхон-Таҳури Тошканд суд мешаванд, пешкаш мекунем:

1) Ёкубов Муродҷон Неъматҷонович.

2) Абзалов Махмуд Дадабоевич.

3) Агламов Исамитдин Ҷалолович.

4) Хикматов Фахритдин Шарафович.

5) Фозилбеков Давронбек Улуғбекович.

6) Ахунҷанов Умед Абдурахимович.

7) Мамуров Дилмурод Мухторович.

8) Тулаганов Мирзохит Мирвохидович.

9) Мирзахмедов Машраб Шамилевич.

10) Гафуров БахтиёрТалатович.

11) Миртолибов Абдураззоқ Абдупаттахович.

12) Ашрапов СадриддинСалохиддинович.

13) Алимухаммедов Азиз Агзамович.

14) Мирзахметов Отабек Абдухалилович.

15) Рахматов Анвар Саматович.

16) Юлдашев Анварджон Сабитович.

17) Низомов Мурат Тахирович.

18) Камолов Хайрулло Абдуллоевич.

19) Махмудов Дилмурод Рахимович.

20) Абдуллаев Забихулла Халилуллоевич.

21) Абдурахманов Шавкат Абдурашидович.

22) Рахимов Ибодулло Рахмонович.

23) Шамсиев Олим Туляганович.

Ва инчунин рӯйхати аъзои Ҳизбу ут-Таҳрирро, ки дар вилоятҳои Тошканд, Андиҷон, Қӯқанд, Қаршӣ ва Самарқанд ноодилона дастгир шудаанд, меорем. Онҳо ба Тошканд оварда шуда инчунин таҳти тафтиш қарор доранд:

1) Мусоев Шукрулло Садуллаевич.

2) Салимов Дилшод.

3) Тохтасинов Абдулхамид.

4) Мухаммедов Мухаммадджон.

5) Масалиев Равшан.

6) Омонтурдиев Абдуғаффор.

7) Темиров Торакул.

8) Эргашев Хуршед.

9) Химматов Отабек.

10) Азизов Бахтиёр.

11) Хакимов Бахтиёр.

12) Ёлдошев Камол.

13) Розиқов Бабур.

14) Абдуррохмонов Анвар.

15) Тагаев Шавкат.

16) Арабов Улуғбек.

Мо аз сарнавишти шахсони зикршуда хеле нигарон ҳастем, зеро медонем, ки онҳо дар давоми тафтишот шиканҷа ва фишорро аз сар мегузаронанд.

Ҳизбу Ут-Таҳрир созмони террористӣ нест ва ҳизбе, ки дар тӯли беш аз ҳафтод сол аз замони таъсисёбии худ беш аз дар панҷоҳ кишвар фаъолият мекунад, ба содир кардани ягон амали зӯроварӣ ё диверсия айбдор нашудааст. Беш аз бисту панҷ сол мешавад, ки мақомоти Узбекистон алайҳи Ҳизбу ут-Таҳрир ҷанг эълон карданд. Бо вуҷуди ҳамаи ҷиноятҳои даҳшатнок, куштору шиканҷаҳои бераҳмона, ки аксар вақт ба марг оварда мерасонданд, инчунин даҳсолаҳои зиндон, ки дар паси онҳо гурӯҳи ҷинояткорони сохторҳои қудратии Узбекистон истода буданд, ҳеҷ як ҳодисаи зӯроварӣ ё хушунат аз Ҷониби Ҳизб Ут-Таҳрир нисбати кормандони мақомоти қудратӣ сабт нашудааст ва ҳатто исбот нашудааст!

Шомил кардани Ҳизб Ут-Таҳрир ба рӯйхати созмонҳои террористии Узбекистон комилан беасос ва ҳатто хатои бузург аст.  Аз ин рӯ, мо аз идораи Маънавии мусулмонони Узбекистон, Кумитаи корҳои дин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар шахсони расмӣ талаб менамоем, ки барои қабули қарор дар бораи аз рӯйхати террористон хориҷ кардани Ҳизб Ут-Таҳрир мусоидат намоянд!

Дар бораи коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар минтақаҳое, ки ин шахсони пок, одил ва бошараф зиндагӣ мекарданд, ба ҳама маълум аст, аммо чунин шахсҳоро беадолатона ва зуроварона суд мекунанд. Зеро онҳо даъватҳои Исломиро ба ҷинояткорон ва дуздони бепарво расониданд, ки дар натиҷа, бо раҳмати Аллоҳ тарзи зиндагии худро тағйир дода, ба одамони одил табдил ёфтанд.

Онҳое, ки дар додгоҳҳо қарор доранд, манфиатҳо ва амнияти мардуми Узбекистонро аз манфиатҳои худ ва амнияти шахсӣ болотар мегузоранд!

Онҳоеро, ки имрӯз суд мекунанд, шахсони Имондоранд, ки аз қатраи мунофиқӣ дур буда ҳақиқатро эълон мекунанд ва аз танбеҳи дигарон ҷуз Аллоҳ наметарсанд. Инҳо шахсони идеологӣ буда ба методологияи дуруст риоя мекунанд.

وَمَنْ أَحْسَنُ قَوْلًا مِمَّنْ دَعَا إِلَى اللَّهِ وَعَمِلَ صَالِحًا وَقَالَ إِنَّنِي مِنَ الْمُسْلِمِينَ٣٣

“Ва кист некӯтар ба эътибори сухан аз шахсе, ки мардумонро ба сӯи Аллоҳ даъват кунад ва кори шоиста кунад ва гӯяд: “Ба ростӣ ки ман аз мусулмононам”.  (41:33)

Чаро имрӯз одилон ва покон маҷбур мешаванд, ки ватани худро тарк карда ба хориҷа раванд, то аз беадолатӣ, зиндон ва куштор наҷот ёбанд??!

Мо ба ҷаноби Шавкат Мирзиёев мегӯем:

Ҳамаи аъзои Ҳизб ут-Таҳрир, ки дар зиндонҳои Узбекистон нигоҳ дошта мешаванд, ҳоло дар суд ва тафтишот қарор доранд, инчунин онҳое, ки маҷбуранд дар муҳоҷират зиндагӣ кунанд, қисми ҷудонопазири мусулмонони Узбекистон мебошанд. Аллоҳ ба онҳо ҳақ додааст, ки фикри худро ба манфиати ин кишвар ва мардуми он баён кунанд… Гузашта аз ин, вақте ки Шумо ба мақоми президентӣ расидед, Шумо дар асосҳои конститутсионӣ савганд ёд кардед, ки ҳуқуқи изҳори ақида ва озодии ибодатро тасдиқ мекунед. Ҳамин тариқ, режим дар амал на фармони Аллоҳ ва на чаҳорчӯбаи конститутсиониро иҷро накард!

Хулоса, мо талаб мекунем:

  • Гирифта шудани мақоми «ташкилоти террористӣ» Аз Ҳизбут-Таҳрир.
  • Фавран озод кардани ҳамаи боздоштшудагони аъзои Ҳизб Ут-Таҳрир, ки ғайриқонунӣ дар зиндонҳои Узбекистон нигоҳ дошта мешаванд, ки баъзеи онҳо бисту панҷ сол боз дар ҳабс қарор доранд.
  • Аз байн бурдани ҳамаи айбдоркуниҳо нисбати аъзоёни Ҳизб Ут-Таҳрир, ки имрӯз дар Тошканд муҳокима мешаванд, озод кардани онҳо, инчунин ошкор ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки онҳоро шиканҷа ва зулм кардаанд.
  • Қатъи тафтишот дар бораи ҳамаи парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати аъзои Ҳизб Ут-Таҳрир.
  • Қатъи таъқиби аъзоёни Ҳизб ут-Таҳрир, ки дар ҷустуҷӯ қарор доранд, аз ҷумла онҳое, ки маҷбур шуданд кишварро тарк кунанд.

 

29 Зулҳиҷҷа 1445 ҳ.қ Хизб ут-Таҳрир / Узбекистон

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads