Хабар:
Санаи 2-уми августи соли 2019 раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо фармони хеш дар хусуси барҳамдиҳии колонияи маъруфи пуралами «Жаслиқ» — ро ки дар Қароқалпоқистон ҷойгир аст имзо намуд.
«Қарори мазкури таърихӣ бо мақсади баланд бардоштани таъсири ислоҳот ба маҳкумшудагон қабул шудааст, ки дар маҳкумшудагон пайдо намудани атвори ба қонун итоаткунанда, муносибати нек нисбати ашхос ва ҷомеа, инчунин таблиғи имиҷи мусбати кишвар дар арсаи байналмилалӣ мувофиқи вазифаҳое, ки Стратегияи амалӣ оид ба панҷ самти афзалиятноки рушди ҷумҳурии Ӯзбекистон дар солҳои 2017-2021 нигаронида шудааст,»- иттило дод хадамоти матбуотии ВКД Ӯзбекистон.
Шарҳ:
Ёдрас мекунем, ки колонияи ислоҳии «Жаслиқ» дар қисми шимоли-ғарбии кишвар ҷойгир шудааст, ки ба онҷо танҳо бо роҳи оҳан рафтан мумкин аст. Дар тобистон ҳарорати ҳаво зиёда аз 50 дараҷа гарм буда, зимистон бошад 20-25 дараҷа хунук мешавад. Колонияи мазкур дар Ӯзбекистон ҳамчун муассисаи пенитенсиарии шадид ба ҳисоб рафта, тӯли 20 соли охир садҳо маҳкумшудагон бо шиканҷаҳои сахт кушта шудаанд. Зимнан, ба колонияи мазкур тамоми маҳкумшудагон ирсол карда намешаванд, танҳо маҳкумшудагони динӣ, ки аксарияти онҳо аъзоёни гурӯҳи Ҳизби Таҳрир мебошанд ирсол карда мешаванд.
Ҷолиби диққат аст, ки ҳарчанд ислоҳотҳои аз ҷониби Мирзиёев эълон шуда рӯякӣ ҳастанд, дар системаи пенитенсиарӣ дигаргуниҳо куллӣ набошанд ҳам, каме ҳисшаванда аст. Вақтҳои охир дар ҳақиқат аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ садҳо маҳкумшудагоне, ки 20 сол пеш маҳбасӣ гардида буданд ба озодӣ баромаданд. Дар аксарияти одамон суоле пайдо мешавад, ки чаро дар соҳаҳои боқимонда ислоҳотҳои шурӯъ гардида то охир бурда нашудааст, вале нисбати маҳбусони сиёсӣ ислоҳот то охир бурда мешавад?
Дар асл Шавкат Мирзиёев аз пешгузаштаи худ фарқ мекунад, на барои бо мардум муносибати нек карданаш, балки намехоҳад мардум ӯро ҳамчун золими хунхор бишносад ва намехоҳад дар миёни мардум мардуд бошад. Баръакс, мехоҳад ҷаҳонгардӣ намояд ва дар тамоми ҷо ӯро ҳамчун ислоҳотчии либерал, озодкунандаи мардум аз системаи истибдоди Каримов қабул намоянд. Бо ВАО ба ғарб тобе буда, ки дар Ӯзбекистон фаолият доранд хушомадгӯӣ мекунад, кӯшиш дорад бо ташкилотҳои ҳимоятгарони ҳуқуқ муносибати некро ба роҳ монад, воқеан маҳбусони сиёсиро озод карда истодааст, акнун бошад рамзи машҳури шиканҷадиҳии Каримов «Ҷаслиқ» — ро баста истодааст.
Бояд дарк намуд, ки тамоми корҳои амалӣ гардида истода, на бо сабаби пушаймон будани режим ва на бо сабаби хоҳиши Мирзиёев риоя намудани ҳуқуқҳои инсону барҳам додани шиканҷаҳои сазовор набудаи мардум, балки танҳо имиҷи худро дар назар дорад. Ба тариқи мисол баёноти ӯ дар санаи 10-уми январи соли 2019 дар маҷлиси селекторӣ бо сардорони хадамотҳои ҳифзи ҳуқуқ дода шуда мебошад. «Корҳое, ки бо чӯбдастҳо, ниқоби зидди газ анҷом дода мешуд — ин корҳои гузашта буда, ба Ӯзбекистон лозим нест. Тамоми ҷаҳон ба мо нигоҳ карда истодааст, ҳар рӯз дар интернет дар хусуси Ӯзбекистон ҳазорҳо мақолаҳо мебарояд, ҳадди ақал 700-800 мебарояд. Ҳатто дар Ҳабашистон низ дар хусуси Ӯзбекистон менависанд. Ҳар як қадами мо дар зери назорати ҷомеаи ҷаҳонӣ аст…», — иброз дошт Мирзиёев. Ҳамин тавр, Мирзиёевро шиканҷаҳо на бо сабаби он ки ҷиноят аст, балки бо сабаби он ки «Дар интернет мақолаҳо мебароянд» ки ҷиноятҳои мазкурро фош мекунад, ноором месозад.
Бояд қайд намуд, ки ҳарчанд дар аввали ҳукмронии Мирзиёев дар миёни мардум хурсандии муайян намоён шуда бошад ҳам, дар асл касеро ба ҳайрат намегузорад, зеро дар аснои ҳукмронии ваҳшиёнаи Каримов ҳар як дигаргуниҳо низ ҳамчун «неъмати бузург» намоён мешуд. Вале, вақтҳои охир эҳсосотҳо каму беш ба сӯи дигар рафта, бисёре аз мардум дарк карданд, ки дар асл дар Ӯзбекистон танҳо ивазшавии рӯйҳо амалӣ гардидасту режими кӯҳна, бар ҳамон асосҳо бунёдшуда ва ҳамон вазифаҳои ҳанӯз дар солҳои 90-ум аз тарафи давлатҳои абарқудрат барои кишварҳои Осиёи Миёна гузошта шуда, яъне пеши роҳи бедории исломии мардумро боз доштан ва ба ҳар як исён ва туғёни мардумӣ монеа гузорӣ кардан амалӣ мегардад.
Муҳаммади Мансур
08.08.2019 с