Мирзиёев аз мансабдорони носоз раҳоӣ меёбад
Хабар:
Санаи 26-уми июн додгоҳи шаҳри Тошканд нисбати собиқ прокурори генералии Ӯзбекистон Рашидҷон Қодиров ва 13 нафари дигар қарори айбномавӣ эълон намуд, иттило дод хадамоти матбуотии Додгоҳи олии Ӯзбекистон.
Тибқи қарори додгоҳ, Рашидҷон Қодиров зимни дар мансаби прокурори генералӣ будан аз соли 2000-2015 бо як гурӯҳ шахсони баландпояи мақомоти прокуратура ва ҳифзи ҳуқуқ бо маслиҳати пешакӣ ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин содир намудаанд.
Собиқ прокурори генералӣ ва як қатор шахсон дар гирифтан ва додани пора, қаллобӣ ва як қатор ҷиноятҳо айбдор дониста мешаванд.
Додгоҳ Қодировро айбдор дониста ба мӯҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум намуд ва ба маблағи 500 нишондоди маоши ҳадди ақал ҷарима баст.
Шарҳ:
Хабар дар хусуси ҷазогирии мансабдорони баландпоя аз дастаи президенти марҳум Каримов дар нигоҳи аввал эҳтимол аст мушоҳидони вазъиятро дар Ӯзбекистон хушнуд гардонад, бале чунин ҳам шуда истодааст. Вале, ба чунин хушнуди асосе вуҷуд дошта бошад?
Собиқ прокурори генералӣ Рашидҷон Қодиров на якум ва на охирин аст, ки аз дастаи мансабдорони марҳум президент Каримов пушти панҷара фиристода шуд ва ё мешавад. Дар кишвар таассуроте пайдо карда шудааст, ки гӯё Мирзиёев мардуми ӯзбекро аз мансабдорони қаллоб ва порахур озод менамояд. Ин бо вуҷуди он аст, ки худи Мирзиёев аз ҳамон даста мебошад ва яке аз иштирокчии фаъоли тамоми ҷиноятҳоест, ки дар замони ҳукмронии Каримов ба вуқуъ пайваста буд. Яъне, ҳам собиқ прокурорҳои генералӣ Рашидҷон Қодиров ва Отабек Муродов ва ҳам собиқ раиси хадамоти амнияти давлат Ихтиёр Абдуллоев, ва муовини раиси хадамоти амнияти давлат генерал Шӯҳрат Ғуломов, ҳамаи онҳо ҳамсафони Мирзиёев буда дар якҷоягӣ солҳои дароз кору фаъолият мекарданд. Имрӯз бошад Мирзиёев ба хотири ба даст овардани муҳаббати мардум аз ҷинояткорон даст мекашад, гӯё ӯ ба онҳо ягон алоқае надорад.
Суоле пайдо мешавад: дар ҳақиқат Мирзиёев шогирд, хатмкунандаи мактаби Каримов инсони хуб ва ҳокими одил аст, ки барои манфиати мардум муҷодала мекунад? Чи тавр порахурони мазкур дар мансабҳои худ тавонистанд солҳои дароз боқӣ бимонанд? Наход дар замони Каримов дар хусуси ҷиноятҳои ин тӯдаи мансабдорон касе огоҳ набуд?
Агар ба қарорномаи нисбати собиқ мансабдорони баландпояи ӯзбек, ки дар дастаи собиқ президент кор мекарданд эътибор диҳем, шоҳиди он мегардем, ки мансабдорҳои мазкур баландпоя мебошанд. Онҳо дар сохторҳои давлатӣ даҳсолаҳо кору фаъолият кардаанд.
Барои он ки дар режимҳои ҳукмравоӣ адолат вуҷуд надорад, инсонҳое, ки ҷиноят содир мекунанд ҷазо дода намешаванд, дар баъзе ҳолатҳо аз тарафи ҳукумат дастгири карда мешаванд.
Пас аз марги Каримов, Мирзиёев ба сари қудрат омад ва аз мансабдорони носоз раҳоӣ ёфтанро шурӯъ намуд, бо ин мақсад дар айбнома ҳаракатҳои коррупсионии 15 сол сипарӣ шуда низ оварда шудааст, ки ин аз тамоми ҷиноятҳои мансабдорон огоҳ будани мақомотҳои махсус далолат мекунад. Инчунин, мутахассисон ёдрас мекунанд, ки барои режимҳои ҳукмравои Осиёи Марказӣ ташаккул додани дастаи шахсии худ кори одатӣ мебошад, ки ба он на инсонҳои лаёқатдор, балки фармонбардор гирифта мешавад: ҳамчун қоида барои ба ҷои кор қабул шудан дар навбати аввал алоқаҳои хешутаборӣ ва эътимоди шахсии роҳбар нақши муҳим мебозад.
Аз ин рӯ, тозакунии Мирзиёевро дурусттараш раҳоӣ ёфтан аз мансабдорони носоз гӯем ба ҳақиқат наздик мебошад ва чунин ҳолат то даме тӯл мекашад, ки тамоми мансабҳо ба клани роҳбари давлат мегузарад. Дар он замон онҳо аз фош шавии ҷиноятҳояшон ба тамоми кишвар натарсида, метавонанд мутлақ бойгарии кишварро толон тороҷ намоянд.
Умари Форсӣ
04.06.2019