Кӯмак ё ҳиллаи навбатӣ?
Хабар:
Оҷонсии оид ба рушди байналмилалии ИМА (USAID) дар доираи созишномаи «DOAG» барои рушди таҳсилоти мактабӣ дар Ӯзбекистон 5,35 миллион доллари иловагӣ ҷудо кард.
Маблағҳои мазкур ҳамчун маблағгузории нав илова ба созишномаи грантӣ ба Вазорати маорифи Ӯзбекистон ҷудо карда шудааст. Дар чорчӯбаи лоиҳаи мазкур ҷониби Амрико бояд барои барномаи оиди ислоҳоти куллии системаи маорифи Ӯзбекистон дар солҳои 2019-2026 55 миллион доллар ҷудо бояд кард.
Шарҳ:
Ҷудошавии ин маблағҳо аз ҷониби Оҷонсии Рушди Байналмилалии ИМА аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Амрико саъй дорад ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Ӯзбекистон, дар ҳама бахшҳо, аз ҷумла маориф нуфуз пайдо кунад. Амрико бешубҳа аз заиф шудани Русия дар ҷанги зидди Украина, ки минтақаро то ҳол дар дасти худ нигоҳ медорад, истифода хоҳад кард. Нашрияи GIS менависад, ки Иёлоти Муттаҳида хоҳиш дорад, то Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз Русия дур шаванд ва дар робита ба ин Вашингтон ният дорад ҳамкориҳоро бо ин ду кишвари бузурги Осиёи Марказӣ афзоиш диҳад.
Ба Қирғизистон омадани як ҳайати низомии Амрико рӯзи 16 октябр таҳти сарварии директори захираҳо ва таҳлили Фармондеҳии марказии ИМА Роберт Ангер аз он шаҳодат медиҳад, ки Амрико ба минтақа аз наздик нигоҳ мекунад ва мехоҳад нуфузи худро дар он афзоиш диҳад.
Аммо хатарноктарин бахши тарҳи Амрико ворид шудан ба минтақа, бахусус ба Ӯзбекистон ва ба бахши маориф мебошад. Зеро мустамликадор медонад, ки пеш аз ҷорӣ кардани ягон лоиҳа фикру ақидаро тағйир дода, зеҳни одамонро тоза кардан лозим аст, ки ин дар оянда масъалаи асорат ва истисмори ҷомеаро осонтар карда, мардумро ба асорати тобеияти фарҳангӣ мебарад. Муҳаммади Иқбол (раҳмати Аллоҳ бар ӯ бод), шоир ва мутафаккири маъруфи Ҳинд гуфтааст:
“Мустамликадорӣ аз фиръавн, ки сиёсати қатли кӯдаконро ба кор бурдааст, донотар аст, зеро ӯ барои онҳо мактабу муассисаҳои таълимӣ накушод, то он ҷо онҳоро нобуд созад ва кӯдакон ҳатто эҳсос намекунанд, ки ҳамаи инро мустамликадорон анҷом медиҳанд.» Мустамликадор дар зери пардаи ҳаяҷон ва шиорҳои дурахшон ин заҳрро медиҳад. “Маориф як воситаи пурқуввати коҳиш додани камбизоатӣ ва беҳбуди саломатӣ, баробарӣ, сулҳу субот аст. Вақте ки кӯдакон ва ҷавонон омодаанд, ки ба мактаб раванд, таҳсил кунанд ва малакаҳои заруриро барои зиндагӣ ва кор ба даст оранд, онҳо метавонанд барои худ, оила, ҷомеа ва кишвари худ ояндаи беҳтареро бунёд кунанд”,
гуфт директори миссияи USAID Микаэла Мередит.
Амрико низ барои афзоиши нуфузаш дар ин минтақа аз Туркия истифода мекунад, зеро маълум аст, ки Туркия дар чаҳорчӯби тарҳи «Тӯрони Бузург» дар он ҷо муаррифӣ мешавад. Шубҳае нест, ки Амрико дар паси ин лоиҳа қарор дорад. Дар матлаби GIS гуфта мешавад, ки Иёлоти Муттаҳида аз вуруди Туркия ба минтақа бештар истиқбол мекунад, зеро ба андешаи онҳо, аҳолии Осиёи Марказӣ ба далели муштараки решаҳо ва фарҳанги худ омадани Туркияро бо хушнудӣ қабул хоҳанд кард. Нашрия рушду густариши иқтисоди Ӯзбекистонро дар солҳои ҳукмронии президент Шавкат Мирзиёев қайд намуда, ислоҳоти ӯро бо кишварҳои Аврупо дар як сатҳ гузоштааст. Ин нишон медиҳад, ки Амрико аз сиёсати бисёрҷонибаи Мирзиёев розӣ мебошад.
Акнун суоле ба миён меояд, ки агар дар давраи Мирзиёев ривоҷ ва рушди иқтисоди Ӯзбекистон натиҷаҳои баланд дода бошад, ки онҳо бо кишварҳои аврупоӣ муқоиса карда шудаанд, пас оё сатҳи зиндагии мардуми ӯзбек ҳадди ақалл то ба сатҳи ақибмондатарин кишвари Аврупо баробар шудааст? Албатта на! Изҳороти нашрияи Амрико комилан дурӯғ аст!
Инчунин бояд зикр кард, ки аксари қарзҳое, ки кофирон медиҳанд ба ҷайби президент ва дигар мансабдорон медарояд ва миллиардҳо қарз бар дӯши мардум меафтад.
Чи тавре ки пештар гуфта будем, ҷори намудани маърифати капиталистӣ воситаи хавфноктарини мустамликадорон мебошад. Бинобар ин, мо мусулмонони Ӯзбекистон инро бояд хуб дарк кунем. Ҳамчунин бояд дарк кунем, ки ягона роҳи раҳоӣ ёфтан аз ин воқеият азнавсаркунии ҳаёти исломӣ дар сояи давлати Хилофати Рошида мебошад. Он гоҳ ҳама хароҷоти кофирон ба пушаймонӣ табдил хоҳад ёфт! Аллоҳи мутаол мефармояд:
«Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!». [8:36]
Махсус барои радиои Бахши иттилоотӣ-марказии Ҳизби Таҳрир
Ислом Абӯ Халил, Ӯзбекистон
2 Раббиуссонӣ соли 1444 ҳиҷрӣ