Ҳукумати Тоҷикистон хадамоти навро таъсис хоҳад дод. (Видео)

Ҳукумати Тоҷикистон хадамоти навро таъсис хоҳад дод

Хабар:

Санаи 29-уми май депутатҳои палатаи поини парлумони Тоҷикистон даровардани иловаҳоро дар қонуни «Оид ба ҷосусии харбӣ қувваҳои мусаллаҳи ҶТ», ки ташкил намудани чорабиниҳои ҷосусиро дар дохили кишвар муқаррар менамояд, ба тасвиб расонданд.

Муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дар вақти пешниҳод кардани иловаҳо ба намояндагони халқ қайд намуд, ки айни замон хадамотҳои ҷосусии харбӣ мутобиқи қонунгузории амалкунанда дар хориҷи ҷумҳурӣ кору фаъолият менамоянд. Вале, ба гуфтаи ӯ барои истодагарӣ карда тавонистан алайҳи терроризм ва экстремизм дар дохили кишвар то ҳол асосҳои ҳуқуқӣ вуҷуд надорад. «Қабули тағйиру иловаҳо барои таъсиси манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ фаъолиятҳои хадамоти ҷосусӣ, ба роҳ мондани фаъолиятҳои махфӣ ва барои гузаронидани чорабиниҳои ҷосусии ғайримахфӣ  имкон медиҳад…», гуфт Собирзода Эмомалӣ.

Муовини якуми вазири мудофиа таъкид кард, ки таъсис додани хадамоти ҷосусӣ дар дохили кишвар кори ҳатмист, зеро дар қаламрави Тоҷикистон эҳтимоли вуҷуд доштани террористҳои хобида вуҷуд дорад. «Вазъияти зудивазшаванда дар ҷаҳон ва минтақа, афзоиши хатарҳои нав ба нави терроризм ва экстремизм, инчунин эҳтимоли вуҷуд доштани ҳалқаҳои террористии хобида метавонанд ба амнияти ҳарбии кишвар таъсири манфӣ расонанд. Бинобар ин, хадамоти ҷосусии ҳарбӣ, бояд ба воқеияти хатарҳои нави замонавӣ ҷавобгӯ бошад», — хабар  медиҳад муовини якуми вазири мудофиа.

 

Шарҳ:

Ёдрас мекунем, ки санаи 17-уми май Раҳмон дар конфронси «Ҳамкории байналмиллалӣ ва минтақавӣ оиди мубориза алайҳи терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он…», ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардидааст иброз намуд, ки гурӯҳҳои исломӣ мехоҳанд дар минтақа ҳокимиятро ба даст дароранд. «Агар дар хусуси минтақаи мо сухан ронем, бояд қайд намуд, ки ҳаракатҳои гурӯҳҳои экстремистӣ ва радикалӣ барои кишварҳои Осиёи Миёна низ хатари ҷиддӣ эҷод мекунанд. Мақсадҳои ғаразноки худро зери шиорҳои исломӣ пинҳон намуда, пайравони худро барои мубориза алайҳи адолати иҷтимоӣ даъват менамоянд. Вале дар амал бошад онҳо тағйир додани сохти дунявии давлатҳои минтақаро мақсад карда, барои ба даст овардани ҳокимият ҳамаи восита ва услубҳоро ба кор медароранд», иброз намуд Раҳмон.

Сипас, санаи 21-уми май Раҳмон боз мавзӯи мубориза алайҳи терроризм ва экстремизмро дар майдони дигар, дар маросими 46-уми ҷаласаи Шӯрои сарварони хадамотҳои амниятӣ ва хадамотҳои махсуси собиқ кишварҳои Иттиҳоди шӯравӣ баррасӣ намуд. «Дар мубориза алайҳи терроризм ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, Тоҷикистон мунтазам дар сафи пеш қарор дорад ва барои пешгирии хатари ҳалокатовари он на фақат барои амнияти кишвари худ, балки барои тамоми кишварҳои дар минтақа буда чораҳои ҷиддӣ меандешад», иброз намуд ӯ.

Илова бар ин, дар байни ин ду ҳодиса, яъне шаби 19-ум ба 20-уми май дар колонияи рақами 3/2 шаҳри Ваҳдат, ки дар ҷануби Тоҷикистон ҷойгир аст, дар вазъияти ғалат зиёда аз 30 нафар маҳкумшудагон ба қатл расонида шуд. Ҳамаи онҳо гӯё бо «айбҳои динӣ» аз озодӣ маҳрум шуда буданд. Зимнан дар миёни кушташудагон мухолифони шуҳратманд низ вуҷуд доштанд. Ҳарчанд ҳукумати Тоҷикистон ҳодисаи мазкурро ҳамчун исён номида бошад ҳам, вале шахсоне, ки аз ҳаёти даруни колония воқифанд бар он ақидаанд, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби маъмурияти системаи пенитенсиарӣ барангехта шудааст, ё ин ки эҳтимол худи маъмурият онро ташкил кардааст.

Ҳамин тавр, афкори омма пешакӣ барои таъсис додани хадамоти нави махсус бо баҳонаи таъмини амнияти дохилӣ тайёр карда шудааст.

Алоҳида бояд зикр кард, ки дар асл депутатҳои тоҷик назорати пурраи вуҷуд доштаро аз болои ҳар як сокин қонунӣ гардониданд. Агар пештар таъқиб намудани ҳар як сокин ғайриқонунӣ бурда шуда бошад, минбаъд ба чунин кори ҳукумат сатҳи қонунӣ дода шуд. Фарқияти аслӣ дар он аст, ки пештар агар таъқибкуниро КДАМ ва ВКД Тоҷикистон амалӣ намояд, акнун ҳукумати Тоҷикистон қарор намуд хадамоти наверо бо хароҷоти калон таъсис диҳанд. Ин ба он далолат мекунад, ки таҳдиди ба ном «хатари исломӣ» имрӯз режими кунуниро хеле безобита мекунад.

Қарори мазкури режими Раҳмон касеро ба ҳайрат намеорад. Имрӯз дар қаламрави кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бисёр тағйирёбиҳои нақшаҳо ва стратегияҳои режимҳоро нисбати бедории исломӣ мушоҳида кардан мумкин аст, зимнан тағйиротҳои мазкур баночор ҷавобан ба дигаргуниҳои зуди воқеӣ сиёсӣ, пайдошавӣ дар мардуми мусулмонон хиради сиёсиву динӣ, айнияти мусулмонӣ ва ҳамфикрӣ рӯй медиҳанд.

Аллоҳи Бузург мефармояд:

إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُوا يُنفِقُونَ أَمْوَالَهُمْ لِيَصُدُّوا عَن سَبِيلِ اللَّهِ فَسَيُنفِقُونَهَا ثُمَّ تَكُونُ عَلَيْهِمْ حَسْرَةً ثُمَّ يُغْلَبُونَ وَالَّذِينَ كَفَرُوا إِلَى جَهَنَّمَ يُحْشَرُونَ

«Кофирон амволашонро харҷ мекунанд, то мардумро аз роҳи Худо боздоранд. Молҳояшонро харҷ хоҳанд кард ва ҳасрат хоҳанд бурд, сипас мағлуб мешаванд. Ва кофиронро дар ҷаҳаннам гирд меоваранд!»   (8:36)

 

08.06.2019

Муҳаммади Мансур

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads