Эй мардуми Ӯзбекистон, бархезед! Ҳаётро мувофиқи Шариати Аллоҳи Бузург интихоб кунед!

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Эй мардуми Ӯзбекистон, бархезед! Ҳаётро мувофиқи Шариати Аллоҳи Бузург интихоб кунед!

Пас аз он ки Додгоҳи олии Тошканд эъломияи расмӣ дар бораи боздошти занон барои нашри маводи мамнӯъ дар Фейсбукро нашр кард, баёнияи матбуоти шӯъбаи занони Дафтари марказии иттилоотии Ҳизби Таҳрир чунин навишт:

«Ин ҳодиса пеш аз он рух дод, ки мардум ба кӯчаҳо баромада, истеъфои Шавкат Мирзиёевро дар интихоботи президентии 24 октябр таъиншуда талаб кунанд; мардум аз камбизоатӣ, таъқибот, фасод ва беадолатӣ хаста шудаанд.»

Дар изҳорот қайд карда мешавад, ки пас аз ҳукмронии чандинсолаи диктатории Каримови золим, танҳо ном тағир ёфт, аммо режим ҳамон боқӣ монд. Занони мусалмоне, ки зиндонӣ шуда буданд, бо талаби иҷозат барои аёдати шавҳарони худ дар зиндонҳо, ба кӯчаҳо баромаданд. Дар натиҷа, онҳо барои паҳн кардани маводи мамнӯи мазҳабӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд, зеро ҳукумати Ӯзбекистон бар ин назар аст, ки зиндонӣ кардани шахсоне, ки аз ваҳшиёнат шикоят мекунанд, мушкилотро ҳал мекунад. Муроҷиат ба мардуми Ӯзбекистон чунин аст: бархезед ва мувофиқи шариати Аллоҳ Таъоло ҳаётро интихоб кунед!

Танҳо системаи илоҳӣ метавонад ба зулм ва шиканҷа хотима бахшад. Интихоботи президентиро бойкот кунед ва ҳокими нав талаб кунед, вагарна, агар ба ҷои пешина касе биёяд ва мувофиқи ҳамон қонунҳои инсонӣ ҳукмронӣ кунад, ҳеҷ чиз тағир намеёбад. Дар охири баёноти матбутӣ гуфта мешавад: итоат ба Аллоҳ ва Расули Ӯ (с.а.в.) танҳо дар зери соябонии давлати одилонаи Хилофат имконпазир аст. Имрӯз мо ба ин давлат ниёз дорем, ки мувофиқи қонунҳои Ислом зиндагӣ кунем. Дар мавриди ҳукумати дунявӣ бошад, вай бо мусулмонон меҷангад ва ҳатто аз ба қатли онҳо даст зада, ақаллан шарм намедорад.

 

Баррасии ахбор рӯзномаи «Ар-Рая»

13/10/2021

Ӯзбекистон

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Ар-Рая Гуногун

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед!

Ҳокимони ғарбпарастро сарнагун карда, Хилофатро баргардонед! 14.01.22 Дафтари иттилоотии Ҳизби Таҳрир дар Покистон бо нашри як изҳорот чунин баён кард: “Ҳокимони гумоштаи Покистон аз...
post-image Ар-Рая Гуногун

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом

Олимони дарборӣ ва мубориза бо Ислом 12.01.2022 Ҳокимони кунунии мусалмонон, низомҳо, қонунҳо ва конститутсияҳо на орзуҳои уммат ва на эҳсосоти онро инъикос намекунанд. Баръакс,...
Бештар
ads