Духтарҳои Мирзиёев аз пайи духтари Каримов мераванд

Духтарҳои Мирзиёев аз пайи духтари Каримов мераванд

Хабар:

 

Санаи 1-уми октябри соли 2019 дар қасри Humo Arena — и шаҳри Тошканд консерти сарояндаи рус Полина Гагарина баргузор гардид. Дар миёни аҳолӣ на худи консерт, балки зиёфати мастона бо иштироки духтарон ва домодҳои Мирзиёев ки мансабҳои баландпояро ишғол мекунанд хашми мардумро ба вуҷуд овард.

Диққати истифодабарандагони сомонаҳои иҷтимоиро навори видеоие, ки худи сароянда нашр кардааст ҷалб намуд. Дар миёни сароида истодагон дар атрофи мизи зиёфат Саида Мирзиёева — муовини директори Оҷонсии иттилоот ва коммуникатсияи оммавӣ намоён шудааст. Дар паҳлӯи ӯ духтари хурди раисҷумҳур Мирзиёев — Шаҳноза Мирзиёева, роҳбари Сарраёсати ташаккулдиҳи ва бурдани сиёсати соҳаи маорифи то мактабӣ бетакаллуф месароид. Домодҳои Мирзиёев низ мансабҳои баландпояро дар ҳукумат ишғол мекунанд: Ойбек Турсунов, муовини аввали раиси дастгоҳи президент мебошад, Отабек Умаров бошад муовини раиси хадамоти амниятии давлат мебошад, хабар медиҳад радиои Озодлик.

 

Шарҳ:

Таҷрибаи алоқаи зич доштани фарзандони диктаторони Осиёи Марказӣ бо намояндагони шоу-бизнеси хориҷӣ аз ҷониби Гулнора Каримова, духтари золим, ки ба мардуми Ӯзбекистон 27 сол азобу шиканҷа додааст ва соли 2016 даргузаштааст, дар шакли ошкора ҷорӣ шудааст. Дар тӯли солҳои дароз, тамоми кишвар бо ғазаб бадахлоқии «маликаи» ӯзбекро тамошо мекард ва аҳволаш то ҷое расидааст, ки бо овозхонҳои хориҷӣ алоқа дошта номи саҳнавии Googoosha — ро ба худ гирифта, бо забони англисӣ сурудҳо месароиду бо либосҳои бадахлоқ клип ба навор мегирифт. Пас аз вафоти падараш аз тарафи режими нав ба мӯҳлати маҳрумият аз озодӣ ҳукм карда шудааст ва айни замон дар яке аз зиндонҳои кишвар адои ҷазо менамояд.

Чи тавре ки мушоҳидон қайд мекунанд, солҳои аввали ҳукмронии Мирзиёев духтарони ӯ худро ошкор накарда дар канор қарор доштанд ва ба президенти нав бо истифодаи ислоҳотҳои хаёлӣ имконияти ба даст овардани ҳадди аққал як сармояи сиёсӣ ва бо истифодаи ислоҳоти хаёлӣ дар назари мардуми Ӯзбекистон кӯшиш мекарданд симои «шоҳи нек» ро намоиш диҳанд. Акнун бошад онҳо худро аз ҳеҷ чиз маҳрум намекунанд ва аз ҳеҷ кас шарм намедоранд. Ин яке аз хусусиятҳои мавҷудияти ҳокимияти мутлақ дар режимҳои ҳумравоии кишварҳои Осиёи Марказӣ аст — вақте, ки инсон худро аз ҳеҷ чиз маҳдуд намекунад, дар натиҷа ӯ худро фаромӯш мекунад ва андармон мешавад. Ҳамоно ба хотири инсон раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгули Бердимуҳамедов меояд, ки соли 2007 ба сари қудрат омада пас аз вафоти «Туркманбоши» Сапармурат Ниёзов аксарият ҳайкалҳои ӯро таҷзия намуда ҳамчун ниҳод шахсият парастии собиқ раисҷумҳурро бартараф намуд. Вале сиёсати пешгирифтаи ӯ тӯл накашид — аллакай пас аз якчанд сол дар пойтахти кишвар якумин ҳайкали зарандудшудаи Бердимуҳамедов пайдо шуд. Айни замон дар кадом ҳолат қарор доштани ӯ ба касе пӯшида нест.

Бинобар ин, ба таназзул рӯ овардани режими Мирзиёев касеро ба ҳайрат намеорад, зеро нақши ӯ ба монанди нақши пешгузаштааш ва нақши ҳар як золимони кишварҳои Осиёи Марказӣ роҳ надодани гузаштани марҳилаи бедоршавии исломиву сиёсии мардумест, ки алҳол тамоми Уммат азсаргузаронида истодааст. Вале, ҳамд ба Аллоҳ шавад, ки ҳеҷ яке аз тоғутҳои минтақа дар иҷрои вазифаҳои худ муваффақияти ҷиддӣ ба даст наовардааст, магар ин ки чизи ногузирро дар муддати кӯтоҳе таъхир бикунад.

Дар натиҷа, чунин ҳолатҳо ба мардум хеле ибратнок аст, ки дар аввал бо дигаргуниҳои хаёлии Мирзиёев пас аз зулми шадиди замони Каримов каме фирефта шуд. Режим аз як тараф пӯшидани ҳиҷобро дар таҳсилотгоҳҳо манъ карда, фаолияти маърифати диниро монополия мекунад, фаолони мустақили  исломиро шиканҷа намуда аз дигар ҷиҳат консерти сарояндаҳои русро аз ҳисоби давлат маблағгузорӣ менамояд, ки ин ошкоро нақши хоинӣ ва супориши махсус доштани ҳокимонро намоиш медиҳад.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст

Ҳамроҳ бо ҳадиси шариф Раҳмати Аллоҳ дар дигаргунӣ аст, ғазаби Аллоҳ дар беамалӣ аст Бародарони мӯҳтарам, мо шуморо ба дидори навбатӣ дар барномаи “Ҳамроҳ...
Бештар
ads