Чин дар Туркистони Шарқии истилошуда муслима занҳои уйғурро тамъиз мекунад
Хабар:
Ҳуҷҷатҳои давлатии Шинҷон-Уйғуристони Мухтор нишон медиҳанд, ки мақомоти Чин мехоҳад, ҳазорҳо муслима занҳои уйғурро тамъиз намояд. Дар бораи чунин шакли қиркунии мақомоти Чин маҷаллаи амрикоии Foreign Policy гузориш медиҳад. Дар мавод иқтибосҳо аз буҷа барои банақшагирии оила дар соли 2019 дар шаҳри Ҳотан ва музофоти ҳамсояи Гума оварда шудааст, ки дар ҳарду маҳал асосан уйғурҳо зиндагӣ мекунанд. Тибқи маълумоте, ки нашрия аз ин ҳуҷҷат гирифтааст, давлат барои тамъизкунии 14,8 ҳазор зани шаҳр ва каме бештар аз 8 ҳазор дар вилоят, инчунин насби спиралҳои контрасептивӣ барои бачадон маблағ ҷудо кардааст.
Гуфта шудааст, ки шумораи тамъизкуниҳои дар як сол пешбинӣ шуда, дар муқоиса бо 20 соли охир аз ҳар сари аҳолӣ зиёдтар мебошад. Foreign Policy қайд мекунад, ки ин сиёсат махсус ба минтақаҳое дахл дорад, ки дар он ҷо аксариятро уйғурҳо ташкил мекунанд. 80 фисади спиралҳое, ки дар соли 2018 дар Чин гузаронида шудааст бар дӯши Шинҷон рост меояд, ин дар ҳолест, ки аҳолии минтақа ҳамагӣ 1,8 фисад аз тамоми аҳолии Чинро ташкил медиҳад. «Мо Ҳизби Коммунистии Чинро даъват мекунем, ки ба ин амалияи мудҳиши худ фавран хотима бахшад ва ҳамаи кишварҳоро даъват мекунем, ки барои хотима додан ба ин таҳқирҳои ғайриинсонӣ ба ИМА ҳамроҳ шаванд», — иброз намуд котиби матбуотии ИМА Майк Помпео.
Шарҳ:
Ёдрас мекунем, ки 17 июни соли ҷорӣ Трамп қонунеро дар бораи таҳримот алайҳи Чин бо сабаби поймол кардани ҳуқуқи уйғурҳо имзо карда буд. Ба чораҳои маҳдудкунандаи ИМА метавонанд он ашхос ва созмонҳое дохил шаванд, ки ба таъқиби уйғурҳо ҷалб карда шудаанд. Масъулини таҳқир метавонанд ба дороиҳои амвол ё маҳдудиятҳои воридшавӣ ба Иёлоти Муттаҳида дучор шаванд. Дар соли 2019, Вашингтон алайҳи 28 созмон аз Чин таҳримот ҷорӣ кард, ки ба ақидаи ИМА созмонҳои мазкур ба поймолкунии ҳуқуқи инсон ва боздошти уйғурҳо алоқаи зич доранд. Дар он замон ин маҳдудиятҳо оид ба содирот ва воридот, инчунин барои радкунии иҷозатдиҳӣ тааллуқ доштанд.
Ғайр аз ин, дар санаи 1-уми июл Хадамоти гумрук ва назорати сарҳадии ИМА интиқоли 13 тонна парик ва дигар маҳсулоти мӯйи одамиро боздошт кард. Қайд карда мешавад, ки маҳсулот бо истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар Шинҷон истеҳсол шудааст. Дар ин хусус портали Аксиос (Axios) ба манбаъҳои худ дар роҳбарияти ИМА такя карда хабар додааст. Тибқи маълумоти портал, арзиши маҳсулот тақрибан 800 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Қаблан Хадамоти назорати гумрукӣ ва сарҳадӣ ба бандарҳои амрикоӣ амр дода буд, ки тамоми чизҳое, ки ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавассути ширкати Мейксин Хейр Продукт (Meixin Hair Product) оварда шудааст, дастгир шаванд.
Инчунин, чанде пеш рӯзномаи Ню Йорк Таймс (New York Times) гузориш дода буд, ки як гурӯҳи муҳоҷирони уйғур мехостанд дар Додгоҳи Ҷиноии Байналмиллалӣ алайҳи роҳбарияти Чин ҳамчун як иддаои қиркунӣ ва ҷиноят алайҳи башарият тафтишот гузаронанд.
Ҳамин тавр, аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида як қатор амалҳои пайдарпай содир шуд, ки ба Чин барои ҷиноятҳои он алайҳи мусулмонон фишор мегузаронад. Баъзе мусулмонон, аз ҷумла худи уйғурҳо, амалҳо ва изҳороти ИМА-ро хеле қадр намуда, онҳоро ҳамчун як давлати мададгор ва одил мешуморанд.
Аммо, таҳлилгарон қайд мекунанд, ки ИМА таъқиби уйғурҳоро ҳамчун кузур дар ҷанги тиҷорӣ бо Чин истифода мекунад ва аз ин рӯ ҳама амалҳои ИМА дар ин самт танҳо ба манфиати вазъиятӣ вобастаанд, на бо ҳамдардии самимӣ ба мусулмонони мазлум. Фикри мазкурро гуфтаҳои ҳайратангези Ҷон Болтон, собиқ мушовири Доналд Трамп тасдиқ мекунад, ки чанде пеш дар китоби худ «Хонае, ки он ҷо рух додааст» нашр шудааст, иттило медиҳад шабакаи телевизионии ИМА CNN. Дар он Болтон қазияеро, ки дар вақти хӯрокхӯрии нисфирӯзӣ дар вохӯрии G-20 дар шаҳри Осака моҳи июни соли 2019 ба вуқуъ пайваст шуда буд нақл менамояд, ки онҷо танҳо сарварони давлатҳо ва тарҷумонҳо ҳузур доштанд. Сипас, тавре ки собиқ мушовири Трамп менависад, вақте Котиби генералии Ҳизби коммунисти Чин, Си Ҷин Пин дар бораи мақсади бунёди чунин лагерҳои консентратсионӣ дар Шинҷон ба Трамп нақл кард, Трамп ба Си Ҷин Пин маълум кард, ки кори карда истодаи ӯ комилан дуруст аст ва ба ӯ ҷасорат бахшид, ки корашро идома бидиҳад. Ба гуфтаи Болтон, корманди Шӯрои Амнияти Миллӣ дар Осиё Метю Поттингер ба вай гуфт, ки Трамп ҳангоми сафари худ ба Чин дар моҳи ноябри соли 2017 низ чунин изҳороти ҳаммонандро кардааст. Болтон инчунин қайд кард, ки Трамп аз посух додан ба чунин иқдомҳои Чин бо таҳримотҳо худдорӣ намуд, бо истинод ба он, ки «музокироти тиҷорӣ» миёни кишварҳо то ҳол идома доранд.