Бозгашт ба оянда:
Мирзиёев Ӯзбекистонро ба замони Каримов бармегардонад
Хабар:
Аз ҳамин ҳафта шурӯъ карда дар масҷидҳои шаҳри Намангон аз баландгӯяк ба намоз даъваткуниро манъ карданд, дар ин хусус яке аз фаъолони Намангон Аббос Асад хабар дод. Намояндаи Идораи Рӯҳонии Мусулмонони Ӯзбекистон (ИРМӮ) бо шарти ниҳонӣ ба хабарнигорон иттило додааст, ки ИРМӮ ба масҷидҳо тавсия додааст, ки баландгӯякро дар вақти даъват ба намоз истифода набаранд. Инчунин, манбаи ниҳонии Озодлик дар ҳукумати Ӯзбекистон хабар медиҳад, ки дар фармони махфии раисҷумҳур Мирзиёев аз 4-уми сентябри соли 2019 оиди маҳдудкунии овози азон дар масҷидҳои кишвар супоришҳо гузошта шудааст. Дар санаде, ки нусхаи он дар ихтиёри таҳририяти ӯзбекии «Радиои Озодӣ» қарор дорад, ба Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ фармон дода шудааст, ки хулосаҳои дақиқ оиди ба саломатии инсон зарар доштани садо аз баландгӯяки масоҷид пешниҳод карда шавад.
Шарҳ:
Ёдрас мекунем, ки дар Ӯзбекистон пахши азон бо воситаи баландгӯяк ҳанӯз дар соли 2005 пас аз ҳодисаҳои мудҳиши Андиҷон ба вуқуъ пайваста буд, ки дар он замон қӯшунҳои қудратӣ бо фармони Каримов ба садҳо нафар сокинони маҳаллӣ аз силоҳ оташ кушода буданд. Он вақт режим аз болои масҷидҳо ва намозгузорон назоратро пурзӯр намуд, садои азон бошад аз девори масҷид берун намебаромад. Мамнӯи мазкур то соли 2007 амалӣ гардида буд. Пас аз ба сари қудрат омадани Мирзиёев дар чорчӯбаи як қатор тағйиротҳо дар соҳаи дин мамнӯияти мазкурро бекор намуд. Акнун бошад, чи тавре ки мушоҳида мекунем раванди баръакс шурӯъ гардид.
Мушоҳидон қайд мекунанд, ки тӯли моҳҳои охир ҳукумати Ӯзбекистон услубҳои кӯҳна ва нави мубориза алайҳи Исломро ҷасурона ворид менамояд. Эҳтимол аст, ки нуқтаи саршавии чунин корҳо алайҳи Ислом бо сабаби фармони махфии раисҷумҳур шурӯъ гардид, ки дар аввали моҳи октябри соли ҷорӣ аз тарафи хабарнигорон паҳн гардидааст. Дар санади мазкур дар бораи саршавии маърака алайҳи ришу ҳиҷоб гуфта шудааст. Ғайр аз ин, бар асоси фармони мазкур дар қаламрави кишвар рӯйхати занони ҳиҷобпӯш тартиб дода шудааст, ки бояд бо онҳо корҳои профилактикӣ гузаронида шавад. Тибқи фармони махфии мазкур ба сохторҳои қудратӣ супориш дода шудааст, ки аз болои сокинони кишвар назорати ҷиддӣ (аз моҳи сентябр то моҳи декабри соли 2019) бурда шавад.
Дар аввали моҳи октябр дар вилоятҳои Фарғона, Андиҷон ва Намангон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ якҷоя бо кумитаи маҳалла ва омӯзгорон маҷлиси «Беҳтар намудани муҳити динӣ» — ро баргузор намуданд. Тибқи иттилои ВАО, дар маъракаи мазкур ки 4-уми октябр дар ноҳияи Шаҳрихони вилояти Андиҷон бо иштироки ҷавонони 18-19 сола баргузор гардидааст, ки дар он корманди ШКД ноҳияи Шаҳрихон Элмурод Аҳмадалиев изҳор намуд: «Мо турк нестем, эронӣ нестем, мо — ӯзбек ҳастем. Биёед, ба урфу одатҳои аҷдодонамон пайрави намоем. Бигзор, Аллоҳ дар қалбҳои мо бошаду дастҳоямон бо кор машғул бошад. Ин як ҳолати хандаовар аст, ки бобоямон риш нагузоштааст, вале писараш ва ё наберааш риш мегузорад».
Миёнаҳои моҳи октябр Хадамоти Амнияти Давлатии Ӯзбекистон силсила амалиётҳои дастгиркунӣ дар якчанд шаҳрҳои кишвар ташкил намуданд, ки дар рафти амалиёт даҳҳо аъзоёни гурӯҳи Ҳизби Таҳрир дастгир шуданд. Ҷолиби диққат аст, ки аксарияти дастгиршудагон пас аз як соли озодшавӣ аз зиндон ки 19 сол адои ҷазо намуда буданд, иловатан пушти панҷара ирсол гардидаанд.
Эҳтимол аст, ки Мирзиёев ва кураторони хориҷии ӯ аз он бармеоянд, ки ислоҳотҳо дар кишвар, бо вуҷуди он ки табиати худнамоӣ ва косметикӣ дошта бошанд ҳам, натиҷаҳои муборизаи чандинсолаи зидди эҳёи Исломро дар кишваре, ки дар он ҷо аз нисф зиёди аҳолии тамоми минтақаи Осиёи Марказиро ташкил мекунад, зери хатар қарор медиҳад. Ҳамин тавр, мушоҳида карда мешавад, ки режим нақшаи муборизаи фикрии худро алайҳи фаъолони исломӣ ба канор гузошта, ба услубҳои шадиди зӯроварӣ, мамнӯият ва истибдод бармегардад.
Муҳаммади Мансур
15.11.2019 сол.