Заминларза дар Қаҳрамонмараш Сурияро низ фаро гирифт: 5189 нафар ба ҳалокат расиданд

Заминларза дар Қаҳрамонмараш Сурияро низ фаро гирифт: 5189 нафар ба ҳалокат расиданд

Бар асари заминларзаи 7,7 дараҷа, ки маркази он дар ноҳияи Пазарчики вилояти Қаҳрамонмараш ҷойгир буд, дар Сурия дастикам 5189 нафар ҷон бохтанд.

Дар натиҷаи заминларза, бахусус дар шимоли Сурия, харобиҳои зиёд ба бор оварда, дастикам 5189 нафар ҳалок ва беш аз 7285 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Як созмони ғайридавлатии ихтиёрии “Худҳои сафед”, ки дар Сурия фаъолият мекунад, гуфт: “Теъдоди кушташудагон ва маҷрӯҳон метавонад афзоиш ёбад, зеро тамоми хонаводаҳо дар зери харобаҳо мондаанд.  Гурӯҳҳои мо амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷотро идома медиҳанд.»

Тасвирҳое, ки дар расонаҳо мунташир шудаанд, нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳои наҷотбахш дар бисёре аз шаҳрҳо талош мекунанд, то ба афроде, ки зери харобаҳо мондаанд, дар шароити борони шадид кӯмак бирасонанд.

Суриягиҳо, ки аз куштори режими Асад ва Русия фирор карда, дар шимоли кишвар паноҳ бурдаанд, дар хаймаҳо зиндагӣ ба сар мебаранд.  Дар миёни хабарҳое, ки аз минтақа мерасад, ҳамчунин иттилое ҳаст, ки биноҳои дар натиҷаи бомбардимони Русия дар Ҳалаб харобшуда низ дар заминларза тахриб шудаанд. Аксари сокинони осоиштае, ки аз дигар минтақаҳои кишвар бар асари ҷанг муҳоҷират карда буданд, дар биноҳое, ки асосан аз бомбаборон хароб шудаанд, барои наҷоти ҷони худ дар онҷо мезистанд.

Созмонҳои имдодӣ гуфтанд, ки бархе аз биноҳо ва бемористонҳое, ки хизматҳои пизишкӣ мерасонданд, барои муолиҷаи захмиён тахлия шудаанд.

Фаолони минтақа мегӯянд, заминларзаи шадиде, ки дар 10 вилояти Туркия рух дод, дар Сурия низ харобиҳои зиёд ба бор овард ва он ҷо низ ба кӯмак эҳтиёҷ доранд.

 

Манбаъ:

«Köklü Değişim Medya»

11.02.2023

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads