Забони арабӣ ҷузъи ҷудонашавандаи Ислом аст
Қуръони карим китоби Парвардигори бузургамон аст, ки онро ба забони арабӣ нозил кардааст. Аллоҳ муқаррар кард, ки саодати тамоми башарият дар пойбандӣ ва пайравӣ ба Қуръон аст ва ба ҳар касе, ки аз он рӯй гардонад, бадбахтиву ранҷ хоҳад расид. Аллоҳи Мутаъол фармуд:
قَالَ اهۡبِطَا مِنۡهَا جَمِيۡعًاۢ بَعۡضُكُمۡ لِبَعۡضٍ عَدُوٌّ ۚ فَاِمَّا يَاۡتِيَنَّكُمۡ مِّنِّىۡ هُدًىۙ فَمَنِ اتَّبَعَ هُدَاىَ فَلَا يَضِلُّ وَلَا يَشۡقٰى ﴿123﴾ وَمَنۡ اَعۡرَضَ عَنۡ ذِكۡرِىۡ فَاِنَّ لَـهٗ مَعِيۡشَةً ضَنۡكًا وَّنَحۡشُرُهٗ يَوۡمَ الۡقِيٰمَةِ اَعۡمٰى ﴿124﴾ قَالَ رَبِّ لِمَ حَشَرْتَنِي أَعْمَىٰ وَقَدْ كُنْتُ بَصِيرًا ﴿125﴾
«Агар аз ҷониби Ман ба шумо ҳидоят ояд, ҳар кӣ аз ҳидоятам пайравӣ кунад, гумроҳ ва бадбахт нахоҳад шуд. Ва ҳар кӣ аз ёди Ман рӯй гардонад, ӯро зиндагии сахте интизор аст ва дар рӯзи қиёмат нобино зиндааш мекунем. Ӯ гӯяд: «Парвардигоро! Чаро маро нобино зинда кардӣ, дар ҳоле ки ман бино будам?» (20:123-125).
Қуръон ва қоидаҳои забони арабӣ, ки дар китобҳои сарф ва наҳв (морфология ва синтаксис) мавҷуданд, яклухти ҷудонопазир мебошанд. Агар қоидаҳои забони арабӣ намебуданд, фаҳмиши Қуръон бароямон имконнопазир мешуд ва агар Қуръон намебуд, мо наметавонистем забони арабиро ҳифз кунем. Ҳамин тариқ, забони арабӣ ҷузъи ҷудонашавандаи Ислом аст. Бе забони арабӣ Исломро фаҳмидан ва аз нусуси Қуръон ва Суннати Паёмбар ﷺ истинбот намудани аҳком ғайриимкон буда, даъвати исломӣ дар баробари забон паҳн мешавад. Аз ин рӯ, мусалмонон забони арабиро хеле дӯст медоштанд ва ба ҳифзи он эътибор медоданд.
Саҳобагон (Аллоҳ аз онҳо розӣ бод) Исломро ҳамчун рисолат ва ҳидоят, ҳамчун нур ва раҳмат ба ҷаҳониён паҳн карданд. Дар даъвати худ онҳо ба се асос такя намуданд: Қуръони карим, Суннати шариф ва забони арабӣ. Салафи солеҳи мо бар асоси ин се рукн ба фарзандони худ ва дигарон Исломро таълим медоданд. Онҳо Қуръони карим, ҳадисҳои шарифи Расулуллоҳ ﷺ ва забони арабиро меомӯхтанд.
Душманони Ислом дарк карданд, ки сирри қувват ва тавоноии мусалмонон дар эътиқоди онҳо ба ақидаи исломӣ ва дар татбиқи аҳкоме ниҳон аст, ки аз ин ақида бармеоянд. Ин ақида аз шинохти Аллоҳи ягона ва пайравӣ ба Қуръон иборат мебошад.
Кофирон дарк карданд, ки то замоне, ки дарки Ислом ва татбиқи он дар дили мусалмонон заиф нашавад, онҳо Давлати Исломиро шикаст дода наметавонанд. Онҳо роҳеро барои дар байни мусалмонон суст намудани фаҳмиши дин ҷустанд.
Онҳо ба забони арабӣ ҳамла карда, онро аз Ислом ҷудо карданӣ шуданд, зеро татбиқи Ислом маҳз бо ҳамин забон сурат мегирад. Дар Давлати Исломӣ ба қудрат расидани одамоне, ки аҳамият ва арзиши забони арабиро дарк намекарданд, ба онҳо кӯмак намуд. Беэътиборӣ ба забони арабӣ иҷтиҳодро қатъ кард ва ба иллати надонистани қоидаҳо ва илмҳои забонӣ истинботи аҳком номумкин гардид. Ҳамин тавр, забони арабӣ аз Ислом дур карда шуд, ки боиси суст шудани дарки Ислом ва суст шудани татбиқи он гардид. Ин давлатро хеле заиф гардонд. Дар натиҷа фаҳмиши воқеият заиф шуда, ин боиси ба миён омадани муаммоҳое гардид, ки ҳалли онҳоро намеёфтанд ва ё ҳалли ёфтаашон нодуруст буд. Муаммоҳо зиёд шуда, давлат мавқеъи худро аз даст дод… Ҳамин тавр душманони Ислом мусалмононро заиф сохтанд. Аммо пирӯзии онҳо дер давом нахоҳад кард, зеро Аллоҳи Мутаъол намегузорад, ки нури Ӯ хомӯш карда шавад. Аллоҳ кори худро ба анҷом мерасонад, ҳарчанд бештари мардум аз ин бехабаранд.
Бетаваҷҷӯҳӣ ба забони арабӣ боиси кам шудани теъдоди муҷтаҳидон шуд ва нофаҳмии оёти Қуръон дар миёни мусалмонон афзуд. Мутаассифона, ба давлатҳои мустамликадор муяссар гардид, ки моро аз дин дур сохта, бар мо ҳукмрон шаванд.
Ин дар пасманзари вуҷуд надоштани ҳокимияти исломӣ ва ҳукмронии ҳокимони рувайбиза рўй дод. Аз Аллоҳ илтиҷо мекунем, ки моро бо беҳтарин роҳ ба дин бозгардонад ва моро ба он чизе, ки Ӯ дӯст медорад ва аз он розӣ аст, ҳидоят кунад. Аз Аллоҳ мепурсем, ки ба мо, ҷонибдорони Ҳизб-ут-Таҳрир, барои анҷоми лоиҳаи бузургамон — барпо намудани Хилофати Рошидаи дуюм, ки ҳукмронӣ дар он бар минҳоҷи нубувват сурат мегирад, кӯмак кунад. Бо ситоиши Аллоҳ ва раҳмати Ӯ мо дустури Давлати Исломиро омода кардем. Ин дустур сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодиро дарбар мегирад. Он муаммоҳои башариятро аз рӯи шариат ҳал мекунад. Инчунин, бо лутфи Аллоҳ, мо барои насли наврас як барномаи беназири таълимӣ, низоми таълим ва маърифатро омода кардаем.
Ин давлат дар ҳаққи илму олимон ғамхорӣ карда, дар ҷомеа ба олимону муаллимон обрӯю мавқеи баландро бармегардонад.
Ин давлати ҷавон арзиш ва аҳамияти забони арабиро медонад ва ба он таваҷҷӯҳи лозим хоҳад дод ва онро забони расмии давлат ва омӯзиши онро барои кулли мусалмонони манотиқи мухталифи кишвар воҷиб хоҳад кард. Забони арабӣ, услуби фасеҳи он ба тамоми соҳаҳо, аз ҷумла дар кӯдакистонҳо, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олӣ, васоити ахбори омма ва ғайра ҷорӣ хоҳад шуд.
Давлате, ки субҳаш дамидааст, бо изни Аллоҳ, дар ҷаҳон пешсаф хоҳад буд. Ё Аллоҳ, моро шоҳиди бунёди Давлати Исломӣ ва аз ҷумлаи сарбозону шаҳидони он бигардон. Ё Аллоҳ, ба ин танҳо Ту қодир ҳастӣ, Ту шунавову наздик ва иҷобаткунанда ҳастӣ.
«Мегӯянд: Ин кай мешавад? Бигӯ: «Шояд ба зудӣ рӯй диҳад». (17:51).
Махсус барои радиои Дафтари марказии иттилоотии Ҳизб-ут-Таҳрир, Муҳаммад ан-Нади
26-уми Зулҳиҷҷа, соли 1443ҳ, 24-уми июли соли 2022м