Яҳудиён Ғаззаро бомбаборон мекунанд, ҳокимони мусалмон бошанд, конфронси осоишта баргузор мекунанд. Халқи мусалмон бархостанд  лашкарҳо бошанд, хобидаанд!

Яҳудиён Ғаззаро бомбаборон мекунанд, ҳокимони мусалмон бошанд, конфронси осоишта баргузор мекунанд. Халқи мусалмон бархостанд  лашкарҳо бошанд, хобидаанд!

Баёнияи матбуотӣ

Навори Ғазаро бомбаборон мекунанд, хун мерезанд ва ҷойҳои муқаддасро таҳқир мекунанд; халкхои мусулмон ва ғайримусалмон дар шаҳрҳои худ бо нишони эътироз бар муқобили ҷиноятҳои вуҷуди яҳудӣ ба майдонҳо баромаданд. Дар баробари ин,  лӯхтак — ҳокимони  мо барои сафед кардани Ғарб шитоб мекунанд, бо куфр бар зиёни Уммати исломӣ забон як мекунанд, хуни шаҳидон ва гиряҳои мазлумонро ба эътибор намегиранд. Онҳо ба як ҳамоиши дигари нангин мешитобанд, то манофеи Амрикоро ҳифз кунанд ва вуҷуди  яҳудиёнро, ки ҳамчун ханҷаре ба бадани уммати мо халонида шудааст, абадӣ созанд. Ин нишастро золими Миср дар пойтахти нави арвоҳ ташкил кардааст. Ин нишаст барои таҳияи нақшаи низомӣ барои озод кардани Ал-Ақсо ё пуштибонӣ аз мардуми Фаластин нест. Ин  нишаст як забоняккунӣ алайҳи Фаластин ва умуман Уммат аст, ки дар он тасмимҳо мувофиқи нуқтаи назари Амрико гирифта мешаванд. Онҳо нишаста фикр мекунанд, ки  аз хуни мусалмонон ва шӯриши мардумӣ чӣ гуна истифода кунанд, то сохтори яҳудӣ – пойгоҳи низомии Амрикоро, ки дар қалби Уммати исломӣ воқеъ аст, таҳким бахшанд.

Ҳокимон аз мушкилоти Фаластин нигарон нестанд, онҳоро бештар  қудрат, нуфуз ва сарвати ларзонашон ташвиш медиҳад. Гузашта аз ин, онҳо тарафдорони асосии вуҷуди яҳудӣ мебошанд. Уммат инро дарк кардааст ва мефаҳмад, ки ҳокимони мусалмон манфиатҳои  онҳоро ҳимоя намекунанд, аммо лашкарҳои Уммат куҷоянд?! Куҷост лашкари тавонои Миср, ки сипари Уммат буд ва ҳамеша душманонашро шикаст медод?! Куҷост он лашкаре, ки Ақсоро озод кард ва таҳти қумондонии Салоҳиддин салибдоронро шикаст дод?! Куҷост он лашкаре, ки таҳти фармондеҳии Кутуз муғул-тоторҳоро торумор карда, ҳамлаи онҳоро қатъ намуд?! Оё имруз рохбарони лашкари Миср дар хакикат, чуноне ки онхоро меноманд, «генералхои пулакӣ» шудаанд, ?!

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ مَا لَكُمْ إِذَا قِيلَ لَكُمُ انفِرُواْ فِي سَبِيلِ اللهِ اثَّاقَلْتُمْ إِلَى الأَرْضِ أَرَضِيتُم بِالْحَيَاةِ الدُّنْيَا مِنَ الآخِرَةِ فَمَا مَتَاعُ الْحَيَاةِ الدُّنْيَا فِي الآخِرَةِ إِلاَّ قَلِيلٌ

«Эй касоне, ки имон овардаед! Чаро вақте шуморо ба ҷанг дар роҳи Аллоҳ даъват мекунанд, худро сахт ба замин меафканед?  Оё ба ҷои зиндагии ухравӣ ба зиндагии дунё розӣ шудаед?   Аммо лаззатҳои муваққатии дунё дар баробари охират ночиз аст» (9:38).

Авлоди Салоҳиддин чӣ гуна метавонанд хомӯш бошанд, дар ҳоле ки Ақсо аз ҷониби яҳудиён таҳқир шудааст?! Авлоди Салоҳиддин чӣ гуна метавонад бефаъолият бимонад, дар ҳоле ки мероси ӯ дар асорат ишғол, муҳосира ва хору зор шудааст?! Чаро дар ҳоле ки Уммати исломӣ кушта мешавад, бар муғул-тоторҳо ғолибшудагон хомӯшанд?! Чаро мероси Амр ибни Ос, Салоҳиддин ва Қутузро ҳифз намекунед?! Қасам ба Аллоҳ, ки сукут ва беамалии шумо дар баробари ҷиноятҳои ҳокимони лӯхтак ва фитнаҳои онҳо алайҳи Уммат ҷинояти аз ин ҳам бузургтар аст! Шумо медонед,  ҳокимон аз авлоди фиръавнҳое ҳастанд, ки ба ҳудуди ҳалол таҷовуз карданд, Худованди мутаъол дар рӯзи Қиёмат онҳоро бо чеҳраҳои сиёҳ зинда карда, ба оташи дӯзах мепартояд. Ё тақводоронро пайравӣ мекунед ё худ ба золимон пайрав мешавед, интихоб кунед!

Эй генералхо ва афсарон, эй сохибони шараф! Вақте ки уммататонро мекушанд, чаро сукут мекунед?! Шумо аз рехтани хуну таҳриби маҳаллаҳои истиқоматӣ, ҳатто бемористону масҷидхо хиҷил ва нороҳат намешавед, чаро сукут мекунед?! Аз унвону маош кӯру кар шудаед?! Оё фирефтаи ин дунё, манфиату имтиёзи режими мавчуда шудаед?! Қасам ба Аллоҳ, шумо дар оянда чизе намегиред, ин ҳама муваққатист! Савганд ба Аллоҳ, луқмаҳо аз режим харом аст, онҳо шуморо ба дӯзах мекашанд. Агар фикр карда ба худ оед, пас Аллоҳ бар ивази ин ба шумо Ҷаннатро пешниҳод кардааст.

Эй генералхо ва афсарон, эй сохибони шараф! Хомӯшӣ баробар ба шарикӣ аст. Шумо шоҳиди ҷамъомади фитнагарон будед, ки таҳти сарпарастии сарвари режим баргузор шуд. Он шуморо аз қафои деволҳои пойтахти нав ҳукмронӣ мекунад. Дар хоки шумо ва таҳти ҳимояи шумо фитнаи нав барои несту нобуд кардани кори Фаластин ва ба роҳ мондани вуҷуди яхудиён дар минтақа cap мешавад. Ин нишаст дар болои хуни шаҳидон ва боқимондаҳои ҷасади онҳо баргузор шуд.  Вақте ки мардум бар зидди Худоро бахашмоваранда, исён карданд, шумо дар куҷо будед?!

Эй сарбозони поквиҷдони лашкари Миср! Ҳокимони шумо худо нестанд, авлиё нестанд, хукмронии онхо ҳаром аст, бинобарин шумо низ мисли кулли Уммат ба итоъати онхо вазифадор нестед, баръакс бояд ба Аллоху Расулаш (с.а.с) ва дини Ӯ итоат кунед.  Максад ва ӯҳдадории шумо ҳифзи дин, давлати исломӣ ва муқаддасоти  он мебошад. Ҳокимони шумо бар зидди Ислом меҷанганд. Ғарб давлати исломро ба қисмҳо тақсим кард ва дар он ҷо малайҳои худро ҷойгир намуд.  Яҳудиён муқаддасоти Исломро таҳқир карданд. Эй сарбозон, куҷост вазифаҳои бевоситаи шумо, куҷост ҳифзу ҳимоя?! Чун Парвардигоратон дар ин бора бипурсад, чӣ ҷавоб медиҳед?! Вақте ки Паёмбари Худо (с) аз шумо, дар бораи умматашон, дар бораи хуни рехташуда ва зиёратгоҳҳои таҳқиршуда бипурсанд ва ҳисобот талаб кунанд, бо Эшон (с.а.с) бо кадом чеҳра рӯбарӯ мешавед?!

Эй сарбозони диловари лашкари Миср! Беҳбудӣ ва ободӣ ба он вобаста аст, ки оё ба Аллоҳи мутаъол итоат карда, фармудаҳои Ӯро иҷро мекунед ё на?! Он ба итоъати ҳукумате, ки ба Худо нофармонӣ мекунад ва бо дини Ӯ меҷангад, иртиботе надорад. Онҳо дар бораи сарзамини Фаластин музокира мекунанд, то ҳукмронии яҳудӣ бар он барқарор шавад, ҳарчанд ин сарзамин аз они Уммати исломӣ аст ва маҳз ҳамин Уммат масъули озодкунии он мебошад.

Эй лашкари Миср! Ягона роҳи дуруст барои шумо ин аст, ки аз ҳокимон даст кашида, ҷонибдори Уммат бошед ва лоиҳаи бунёди Давлати исломиро, ки Аллоҳи таъолоро хушнуд месозад, пуштибонӣ кунед. Ин Давлат дини шуморо зинда карда, мусалмононро муттаҳид месозад ва лашкарҳоро на ба музокира дар бораи таслим ва супоридани сарзаминҳои исломӣ, балки барои озод кардани онҳо ва кӯмак ба мазлумони тамоми ҷаҳон сафарбар мекунад.

Эй сарбозони далер ва диловари лашкари Миср! Агар шумо набошед, кӣ ба даъвати ёрӣ ҷавоб медиҳад?! Куҷост бародарӣ, бузургӣ ва ғазаби шумо ба хотири Аллоҳ?! Агар шумо набошед, кӣ ба Ислом кӯмак мекунад?! Бидонед, ки маҳз шумо вазифадор ҳастед, то фурсатро аз даст надода, бо ёрӣ ба фарзандони ростгӯйи Уммат нақшаҳои фитнагаронро барбод диҳед. Ба Ҳизб-ут-Таҳрир, ки барои таъсиси Хилофати дуввуми одилона талош мекунад, ёрӣ расонед. Ин давлат шуморо бар асоси Ислом идора мекунад, он гоҳ даромади шумо поку ҳалол мегардад. Бо озод кардани сарзаминҳои Ислом ва дастгирии заифону ятимону бевазанон шумо ризогии Аллоҳи таъолоро дарёб мекунед. Ба Аллоҳу Расулаш (с.а.с.) лаббай гӯед ва  давлату қудрати Исломиро барқарор кунед. Шояд Худованд хатоҳои гузаштаи шуморо биёмӯрзад ва бо дасти шумо пирӯзӣ ато кунад, то ба савоби бузург ноил шавед. Дар ёд дошта бошед, мо дар ин бора шуморо огоҳ кардем ва корамонро ба Аллоҳ вомегузорем, зеро Аллоҳ аз бандагонаш доимо огоҳ аст.

وَلَوْ أَنَّ أَهْلَ الْقُرَى آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ وَلَٰكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْنَاهُمْ بِمَا كَانُوا يَكْسِبُونَ

«Агар мардуми деҳаҳо имон оварда, парҳезгорӣ пеша карда буданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон муохазашон (уқубат) кардем.»   (7:96)

Дафтари иттилооти Ҳизб ут-Таҳрир дар Миср

Шанбе, 6 Рабиус-сони 1445 ҳиҷрӣ

21 октябри соли 2023

№ 08/1445

Ғазза ҲТ Миср

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads