Воҷибияти тасдиқ кардани фикрҳое, ки барои фаъолияти гурӯҳ заруранд

Воҷибияти тасдиқ кардани фикрҳое, ки барои фаъолияти гурӯҳ заруранд

Шариат на танҳо мавҷуд будани гурӯҳ, балки таъсис додани маҳз он гурӯҳеро талаб менамояд, ки вазифаи муайянро иҷро мекунад. Ин аз далелҳое, ки ба воҷибияти мавҷудияти гурӯҳ ишора мекунанд, равшан ба назар мерасад.

  • Аллоҳ мегӯяд:

وَلْتَكُن مِّنكُمْ أُمَّةٌ يَدْعُونَ إِلَى الْخَيْرِ وَيَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنكَرِ وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

«Дар миёни шумо гурӯҳе бояд бошад, ки ба некӣ даъват менамоянд, амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар мекунанд. Маҳз онҳо растагор мешаванд» (3: 104).

Шариат барпо кардани гурӯҳи сиёсиеро воҷиб гардонид, ки ба мафкураи Ислом асос ёфтааст ва идеяҳо ва тасмимҳои шаръиро, ки барои ба ҳадаф расидан заруранд пеш мебарад, хоссатан —  олӣ кардани дин аз болои ҳама динҳои дигар, имконияти риоя кардани дини худ ва халифагӣ дар рӯи замин. Ҳамин тавр, гурӯҳ на танҳо барои вуҷуд доштанаш, балки барои иҷрои вазифаи ба зиммааш гузошташуда – даъват ба некӣ, амр ба маъруф ва наҳӣ аз мункар барпо карда мешавад. Аммо худи даъват низ, амр ва наҳӣ набояд беҳадаф сурат гиранд, балки бояд барои расидан ба ҳадаф – олӣ намудан, қоим кардани дин ва халифагӣ нигаронида шаванд.

  • Расули Аллоҳ ﷺ гуфтанд:

لَا يَحِلُّ لِثَلاثَةِ نَفَرٍ يَكُونُونَ بِأَرْضِ فَلاةٍ، إِلَّا أَمَّرُوا عَلَيْهِمْ أَحَدَهُمْ

«Се нафаре, ки дар ягон сарзамин ҷамъ мешаванд, бояд яке аз онҳоро амир интихоб намоянд» (Аҳмад).

Шариат нишон додааст, ки барои вазифае, ки иҷрои он аз тарафи якчанд мусалмонҳо ба амал меояд, зарур аст, ки амир интихоб намуда, дар ин кор ба ӯ итоат карда шавад. Ҳамин тавр, гурӯҳ ба фармони амир риоя мекунад, то ба натиҷаи фаъолияти худ мувофиқи Шариат ноил гардад.

  • Вақте мо дидем, ки Аллоҳ ба дӯши мусалмонон вазифаҳои зиёде гузошт ва онҳоро бо як халифа вобаста намуд, барои иҷрои ин вазифаҳо зарурати таъйини халифа пайдо шуд. Азбаски барпо намудани халифа ва Хилофат танҳо аз ҷониби гурӯҳ имконпазир аст, ба мавҷуд будани гурӯҳе зарурат пайдо шуд, ки бо ин кор машғул шавад. Ва ин мувофиқи қоидаи шаръии зерин аст: «Он чизе, ки бидуни он иҷрои воҷиб ғайриимкон аст, худ воҷиб мебошад».

Ҳамин тавр, маълум мешавад, ки мавҷудияти гурӯҳ бо мавҷудияти ҳадафи талабшудаи шаръӣ вобастагии ногусастанӣ дорад, зеро ин гурӯҳе нест, ки танҳо ба Ислом даъват мекунад ё фақат ба хотири расонидан динро мерасонад. Баръакс, ин гурӯҳ барои  эҳёи Ислом дар ҳаёти мусалмонон бо роҳи барпо намудани Давлати Исломӣ пайдо мешавад, ки он тариқати шаръии иҷрои тамоми қонунҳои Ислом ба ҳисоб меравад, хоҳ  бо фард ё хоҳ бо ҷомеа вобаста бошанд. Аз ин рӯ, пайдо шудани гурӯҳ барои расидан ба ҳадафи муайян зарур аст.

Барои он ки ин гурӯҳ дар худ ҳама чизеро, ки аз он талаб карда мешавад дошта бошад, инҳо заруранд:

  • Тасдиқ (табаннӣ) – ҳамаи идеяҳо, қарорҳо ва фикрҳои шаръӣ, ки дар фаъолияти гурӯҳ заруранд, бо вазифадор кардани пайравони худ риоя кардани чизҳоеро, ки дар суханҳо, корҳо ва фикрҳои худ тасдиқ намудаанд, чунки ин ягонагии гурӯҳро нигоҳ медорад. Агар дар гурӯҳ идеяҳо ва иҷтиҳодҳои гуногун шаванд, ҳатто ҳангоми ягонагии пайравонаш дар ҳадаф ва дар маҷмӯъ дар Ислом, он ногузир ба касалии тақсимшавӣ гирифтор мешавад, пароканда шуда, дар дохили гурӯҳ иттиҳодияҳои хурд ба вуҷуд меоянд, ки онҳо гурӯҳҳо дар дохили гурӯҳ мешаванд. Ва он гоҳ аъзоёни гурӯҳ ба ҷои он ки дигаронро барои иҷрои ин фарз ба фаъолият намудан бо ин гурӯҳ даъват кунанд, бо даъвати якдигар овора шуда,  сипас ҳар боре, ки касе мехоҳад фикри худро дар дохили гурӯҳ ҳукмрон созад, байни худ ҷанҷол мекунанд. Аз ин ҷо зарурати тасдиқи идеяҳо, қарорҳо ва фикрҳои шаръӣ равшан мегардад. Ягонагии гурӯҳро Шариат тақозо мекунад, аммо ягонагии он танҳо дар сурати тасдиқи ҳама идеяҳои зарурӣ барои пеш бурдани фаъолият ва ба зиммаи пайравонаш гузоштани ӯҳдадории риояи чизҳои тасдиқшуда нигоҳ дошта мешавад. Ин мувофиқи қоидаи: «Он чизе, ки бидуни он иҷрои воҷиб ғайриимкон аст, худ воҷиб мебошад» аст.

То он даме, ки идеяҳо, қарорҳо ва фикрҳое, ки бо  фаъолияти тамоми гурӯҳ вобастаанд шаръӣ мебошанд, ва то замоне, ки ин гурӯҳ аз боварии пайравонаш бархурдор аст, бо идеяҳои  ба фаъолияти гурӯҳ вобаста маҳдуд кардани онҳо қобили қабул аст. Тасдиқ ба он ин далел аст, ки ба мусулмон иҷозат дода шудааст, то  фикри худро тарк карда, мувофиқи фикри дигарон амал намояд. Вақте ба Усмон ибни Аффон (р.а.) байъат мекарданд, ӯ розӣ шуд, ки иҷтиҳоди худро канор гузорад ва иҷтиҳоди Абӯбакр (р.а.) ва Умар (р.а.)-ро бипазирад, бо вуҷуди он, ки фикри онҳо бо фикри ӯ ихтилоф доштанд. Саҳобагон ин ваъдаро аз ӯ гирифтанд ва ӯро халифа интихоб намуданд. Аммо ин фақат ҷоиз аст на ин, ки  воҷиб, зеро Алӣ (р.а.) розӣ нашуд, ки иҷтиҳоди худро тарк намояд ва иҷтиҳоди Абӯбакр (р.а.) ва Умар (р.а.)-ро бипазирад ва айни замон касе ӯро маҳкум накардааст. Инчунин аз Шаъбӣ ба таври саҳеҳ ривоят шудааст, ки Абӯ Мусо (р.а.) бар нафъи Алӣ(р.а.) аз фикри худ даст кашид, Зайд (р.а.) бар нафъи фикри Убай ибни Каъб (р.а.) аз фикраш даст кашид, Абдуллоҳ (р.а) бошад — ба фоидаи Умар (р.а.). Ривоят мешавад, ки Абӯбакр (р.а.) ва Умар (р.а.) ба тарафдории фикри Алӣ (р.а.)  фикри худро канор гузоштаанд. Ҳамаи ин ба он далолат мекунад, ки муҷтаҳид метавонад аз иҷтиҳоди худ даст кашида, бо боварӣ кардан ба иҷтиҳоди ӯ, фикри дигар касро бипазирад. Пайравони ин гурӯҳ бояд ин гуна фаҳмишотро риоя намоянд ва дар онҳо бояд ягонагии идеявӣ ва эҳсосӣ ба вуҷуд ояд.

  • Чи хеле ки гурӯҳ бояд барои худ қарорҳоеро тасдиқ намояд, ки бо фаъолияти он вобаста аст, айнан ҳаминхел он бояд роҳҳоеро, ки барои ба рӯёб баровардани ин қарорҳо ҳатмианд, тасдиқ намояд. Роҳ маънои онро дорад, ки қарори шаръӣ чӣ гуна иҷро мешавад. Роҳ — ин ҳам қарорест, ки бо қарори асосӣ, ки далели шаръӣ дорад, вобаста аст. Масалан, аз гурӯҳ талаб карда мешавад, ки пайравони худро дар шакли мутамарказонидашуда бо пайравӣ аз Расули Аллоҳ ﷺ маърифатнок намоянд. Ва ин – қарор (ҳукм) аст, ки онро риоя намудан лозим аст. Аммо ин қарори шаръиро имрӯз чӣ гуна бояд амалӣ намуд? Барои ин роҳи муайяне лозим аст, ки бо ёрии он ҳукм иҷро карда мешавад. Ба ин роҳ метавонад таҳсил дар маҳфилҳо (ҳалқаҳо), таълим дар доираи оилавӣ ва ё дигар корҳо шомил гардад.

Интихоби роҳ оқилона сурат мегирад. Яъне инсон муносибтарин амалеро интихоб менамояд, ки бо он ин қарори шаръӣ амалӣ мешавад. Асосан ин роҳ ба доираи амалҳои мубоҳ дохил мешавад. Шариат иҷрои қарори шаръиро вазифадор намуд, аммо роҳи иҷрои онро ба ихтиёри худи мусалмон гузошт.

Аз сабаби гуногун будани роҳҳо барои як қарори шаръӣ гурӯҳ маҷбур аст роҳи муайянеро тасдиқ намояд ва пайравони худро ба он  чунон роҳнамоӣ созад,  ки чизи тасдиқшуда дар гурӯҳбандӣ иҷро шавад. Аз ин рӯ, роҳи тасдиқшуда аз нуқтаи назари иҷроиш қувваи худи қарорро касб мекунад, яъне роҳе мегардад, ки чун худи қарори шаръӣ, қувваи  ҳатмӣ дорад.

Агар гурӯҳ низоми ҳалқаҳоро ҳамчун роҳи таълими мутамарказонидашуда интихоб намояд, он бояд ин роҳро ҳамчун воҷиб тасдиқ кунад. Ҳангоми тасдиқи роҳ имконияти расидан ба мақсади дилхоҳ, яъне – ба таълими мутамарказонидашударо ба назар гирифтан лозим аст. Инчунин дар низоми ҳалқаҳо  ҳар он чизе, ки ба амалӣ гардидани мақсад мебарад тасдиқ карда мешавад. Масалан: шумораи иштирокчиёни ҳалқа бояд ба ҳадаф мувофиқат кунад. Агар шумора аз зарурат зиёд бошад, метавонад ба мутамарказкунӣ зарар расонад ва агар камтар бошад, шумораи ҳалқаҳо зиёд мешавад, ки барои гурӯҳ бори гарон шуда, ҳаракати онро боздоштанаш мумкин аст.. Ин шумора бояд  барои раванди мутамарказкунии идеяҳо мувофиқ бошад, на зиёдатӣ ва на норасо. Муайян кардани шумора ба ақли инсон вогузор мешавад. Айнан ҳамин хел давомнокии ҳалқа бояд тавре бошад, ки дар он донишҷӯён (дорисҳо) идеяҳои омӯхташавандаро азхуд намоянд, зеро агар ҳалқа бисёртар давом кунад, фаҳмиш коҳиш меёбад ва агар камтар давом ёбад фикрҳо ҳамаҷониба азхуд карда намешаванд. . Ҳалқа кай бояд баргузор шавад — ҳар рӯз, ҳар ҳафта ё ду маротиба дар як моҳ? Чунин вақтеро интихоб намудан зарур аст, ки ба даъват халал нарасонад, яъне вақт  танҳо ба ҷанбаи назариявӣ нигаронида шуда, ба ҷанбаи  амалӣ зарар ворид нашавад. Ҳамин тавр, тамоми роҳҳои  мувофиқ барои татбиқи қарори шаръӣ (табаннӣ) тасдиқ карда мешаванд. Он чизе, ки дар бораи роҳҳо гуфта шудааст, айнан ҳамон чиз тақрибан дар бораи воситаҳо гуфта мешавад. Амир вобаста ба талаботи иҷрои фаъолият метавонад роҳу воситаҳоро тағйир диҳад.

  • Фаъолияти гурӯҳ ҳудуди калонро дар бар мегирад ва дар байни кишварҳо паҳн мешавад. Ҳаҷми вазифае, ки ба зиммаи гурӯҳ ё ҳизб гузошта шудааст мавҷудияти дастгоҳи маъмуриро талаб мекунад, ки бо ёрии он ӯ метавонад дар тамоми қаламрави фаъолият даъватро идора намояд ва ба ҳадафҳояш ноил шавад, ҳаракати даъватро ташкил ва назорат кунад, мутамарказшавии пайравонашро назорат намояд ва фазои ҷамъиятиро ба идея омода созад, ба муборизаи идеологӣ ва сиёсӣ дохил шуда, Умматро чун ҷисме, ки  роҳи иҷрои ин вазифаро пеш гирифтааст, сарпарастӣ намояд. Аз ин рӯ, бояд сохтори ташкилӣ вуҷуд дошта бошад, ки барои  ҳарчи беҳтар ба ҳадаф расидан мусоидат мекунад ва инчунин самараҳои фаъолиятро мушоҳида менамояд ва нигоҳ медорад.
  • Комилан тасдиқ (табаннӣ) кардани ҷиҳози маъмурӣ ё сохтори ташкилӣ зарур аст, ки даъвати ба натиҷахои зарурӣ ноил гардонандаро бомуваффақият идора карда метавонанд.

Пас аз он тасдик кардани қонуни маъмурӣ лозим аст, ки мувофиқи он тамоми ҷисм ва ҳаракати ҳизб ташкил карда мешавад. Он ваколатҳои амир (роҳбар)-ро муайян мекунад, ӯ ҳизбро чӣ тавр идора мекунад, ӯро чӣ тавр интихоб мекунанд, масъулони минтақаҳо ё вилоятҳоро кӣ таъин менамояд, ҳудудҳои салоҳияти онҳо чӣ гуна ҳастанд. Ин қонунест, ки тамоми фаъолияти ҳизбро ба таври маъмурӣ ташкил менамояд, ҳадди ваколатҳои ҳар якеро муайян месозад.

Ҳамаи ин ба бахши роҳ ва воситаҳое, ки барои татбиқи қарорҳои шариат заруранд дохил мешавад, ки бо фаъолияти ҳизб вобастаанд. Роҳҳои тасдиқшудаи маъмурӣ то он даме воҷибанд, ки амир онро зарур медонад, зеро итоати амир воҷиб аст.

  • Ҳамаи он чизе ки тасдиқ (табаннӣ) шудааст бояд риоя шавад. Ҳизб дар сурати вайронкунии қоидаҳо чӣ тавр амал мекунад? Оё он бо танбеҳ ё ҷазои маъмурӣ маҳдуд мешавад?

Гурӯҳбандӣ бояд нисбати ҳар касе, ки яке аз муқаррароти тасдиқшударо вайрон мекунад ё аз хатти муқарраркардаи шариат берун меравад, ҷазои маъмурӣ татбиқ намояд. Қонунӣ будани ин ҷазоҳо ба бахши «вайрон кардани фармонҳои амир» рост меояд. Қарори шаръӣ мавҷуд будани амирро талаб менамояд, инчунин ба  ӯ итоат карданро талаб мекунад ва вайрон кардани қарорҳои ӯро дар корҳое, ки дар он ваколатдор аст, манъ менамояд. Вагарна вуҷуд доштани амири гурӯҳ ягон маъное надорад.

Расули Аллоҳ ﷺ гуфтанд:

مَنْ أطَاعَنِي فَقَدْ أطَاعَ اللهَ وَمَنْ عَصَانِي فَقَدْ عَصَى اللهَ وَمَنْ يُطِعِ الأَمِيرَ فَقَدْ أطَاعَنِي وَمَنْ يَعصِ الأميرَ فَقَدْ عَصَانِي

«Ҳар кӣ ба ман итоат кунад, ба Аллоҳ итоат кардааст ва ҳар кӣ ба ман нофармонӣ кунад, ба Аллоҳ нофармонӣ кардааст. Касе, ки ба амир итоат кунад, ба ман итоат кардааст ва касе, ки ба амир нофармонӣ кунад, ба ман нофармонӣ кардааст» (Муслим).

Ҷазоҳои маъмурӣ бояд нисбат ба ҳама, аз амир то охирин аъзои ҳаракат дахл дошта бошад ва танҳо ҳангоми вайрон кардани қоидаи тасдиқ (табаннӣ) – шуда татбиқ карда шавад. Касе, ки муқаррарот ва  услубҳои шаръии барои гурӯҳ тасдиқшударо вайрон мекунад, ё мавҷудияти ҷиҳози маъмурӣ ё қонуни маъмуриро ба эътибор намегирад, ё аз ҳудудҳои ваколати худ дур меравад, бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад.

Ҳамин тавр, сохтори идеявӣ бояд бо базаи маъмурии интизомӣ ҳамроҳ бошад, ки инъикоси дақиқи идеяҳо ва муқарраротҳои бо фаъолият вобастаи тариқатро таъмин менамояд. Ҳар яки мо дидаем, ки чӣ гуна ташкилотҳои исломӣ ва ғайриисломӣ аз сабаби аҳамият надодан ба ташаккул додани гурӯҳбандӣ пош хӯрда рафтанд.

Вақте ки гурӯҳ фикри тасдиқ (табаннӣ) карданро ба инобат намегирад, он гирифтори ихтилофҳо гашта, дар давраи сарбаста дар бетартибӣ ва бесарусомонӣ умр ба сар мебарад, ё ин ки ба ифрот даст мезанад ва касе ёфт намешавад, ки ҳолати онро ислоҳ намояд. Аз ин сабаб он гурӯҳе шуда наметавонад, ки  аз ӯҳдаи амалӣ намудани вазифаи шаръӣ барояд.

Агар интихоби аъзо ва шахсони масъул на аз рӯи шартҳои сахти шаръӣ, балки аз рӯи хешутаборӣ, мақоми иҷтимоӣ ва ё мавқеъ дар арсаи илм сурат бигирад, пас ин ҳама ба тақсимоти вазифаҳо зарар мерасонад ва онҳоро дӯстдори мансаб мегардонад.

Агар қонунҳои маъмурие, ки ҳама ба он итоат мекунанд, набошад, онгоҳ ба ҷавобгарӣ кашидан аз шахс ба шахс фарқ мекунад, мувозинат бошад вайрон карда мешавад.

Агар ҷазоҳои маъмурие, ки ба ҳама дахл доранд, набошад, пас содир кардани вайронкуниҳои ҷиддӣ, чун вайронкуниҳои хурд, ҳамон қадар тез-тез рӯй медиҳад, ба камбудиҳо дар фаъолият роҳ дода мешаванд, хатоҳо бошанд зиёд мешаванд.

Бинобар ин, ба ҷихати ташкилӣ диққатро нигаронида, ҷисми ҳизбиеро ташаккул додан лозим аст, ки дар ҳаракати худ таъсирбахш бошад, то ки идеяҳои даъват ва барандагони он дар чаҳорчӯбаи ҳамин ҷисм ташкил карда шаванд, зеро ин кор бурдани фаъолиятро осон менамояд. Ҳайати ҳизб ё гурӯҳ бояд ба вазифаи ноил шудан ба ғояе, ки вай барои он ташкил карда шудааст, комилан мувофиқ бошад.

Бигзор касе гумон накунад, ки ташаккули ҳамоҳангӣ дар гурӯҳ – кори дуюмдараҷа аст, баръакс, ин характери муҳимро соҳиб мешавад. Агар гурӯҳ ба шакл ва таркиби худ эътибор надиҳад, барои ин кор муқаррароти зарурӣ тасдиқ  накунад ва пайравони худро ба риояи чизҳои тасдиқшуда маҷбур  насозад, онгоҳ тамоми он чизҳое, ки гурӯҳ пештар ба даст овардааст, метавонад ба осонӣ фурӯ рафта, аз байн равад.

Ичрои супоришҳои ҳизбӣ ба дӯши ҳизб ё гурӯҳ бори муайяни молиявӣ мегузорад: баъзе одамоне, ки гурӯҳ ба онҳо ниёз дорад, бояд тамоми вақти худро ба корҳои даъват сарф намоянд, инчунин як қисми хароҷоти нақлиёт, хароҷоти чоп ва ғайраро пӯшонанд, ки барои бурдани даъвати исломӣ талаб мешаванд. Ин бори молиявӣ бояд ба дӯши тамоми ҳайати ҳизб бор шавад. Касе, ки худро ба даъват бахшидааст, кореро , ки сабуктар мебошад ба осонӣ  анҷом дода метавонад.

Ҳизб бояд эҳтиёт бошад, ки ба ғайр аз пайравонаш аз дигарон дастгирии молиявӣ напурсад, новобаста аз он, ки ӯ шахси алоҳида, гурӯҳ ва ё ҳукумат бошад. Ин шояд оғози барҳам хӯрдани  гурӯҳ гардад, зеро душманони даъват мехоҳанд аз эҳтиёҷи гурӯҳ ба молия истифода баранд ва бо ин мақсад ба гурӯҳ кӯмаки бебозгашт пешниҳод мекунанд, аммо дере нагузашта ин кӯмакро хеле зуд  ҳадаф ва манфиат ҳамроҳӣ хоҳад кард.

Аз китоби «Даъват ба Ислом», Аҳмад Маҳмуд  

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads