Тилло моликияти умумӣ буда, давлат онро танҳо барои манфиати мардум тасарруф мекунад

hizb-tojikiston.info hizb-tojikiston.info

Тилло моликияти умумӣ буда, давлат онро танҳо барои манфиати мардум тасарруф мекунад

Хабар:

Бонки марказии Судон дар гузориши нимсолаи худ эълом кард, ки содироти тилло дар нимаи аввали соли 2022, 1 миллиарду 140 миллион доллар нисбат ба нимаи аввали соли гузашта ба 1 миллиарду 315 миллион доллар афзоиш ёфтааст, яъне, содирот ба 300,9 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Раиси ширкати маъданҳои табии Судон, Муборак Абдурраҳмони Ардул шарикон ва ҷонибҳои манфиатдори бахши маъданҳои табииро табрик гуфт.  Вай тавзеҳ дод, ки афзоиши пайвастаи истихроҷи тилло аз соли 2020 ба шарофати заҳматҳои бахши филизсозӣ, бахшҳо ва вазорату муассисаҳои он мебошад. Ардул аз ин муваффакиятҳо, ки бо факту рақамҳо тасдиқ карда шудаанд, изҳори ифтихор кард, ки ба гуфтаи ӯ, китоби кушоду равшан барои онҳое мебошад, ки мехоҳанд коргарон ва сармоягузоронро аз сектори маъдании Судон битарсонанд.

Шарҳ:

Сухан дар бораи кадом шахсони манфиатдор меравад, Муборак Абдуррахмони Ардул киро табрик кард? Оё он аҳолии кишвар аст?  Ё соҳибкорон, ҳокимон ва сиёсатмадорон ҳастанд?  Мардуми Судон шоҳиди ин хабар шуданд, аммо парвое надоранд, зеро ин хабар онҳоро сер намекунад ва гуруснагии онҳоро дафъ намекунад.  Чунин хабар ба мардуми Судон ба ҳеҷ вачҳ таъсир намерасонад, зеро онҳо аз ин тилло ҳатто як тин ҳам намегиранд, зеро кишвар ба сохти капиталистй, ки дар Судон дар шакли бадтарин татбиқ мешавад, ғарқ шудааст. Ҳамаи ин сарват ба воситаи фурудгоҳи Ҳартум ошкоро ба хориҷа, ба ҷеби ҳукмдорон ва хоҷаҳои онҳо бурда мешавад. Онҳо ба қонунҳои Ислом беэътиноӣ мекунанд, зеро шариат тиллоро дар чунин ҳаҷмҳо ҳамчун моликияти умумӣ муқаррар кардааст.

Канданиҳои тамомнашаванда моликияти умумӣ мебошанд. Тирмизӣ аз Абяд ибни Ҳаммол ривоят мекунад:

أَنَّهُ وَفَدَ إِلَى رَسُولِ اللَّهِ ﷺ فَاسْتَقْطَعَهُ الْمِلْحَ فَقَطَعَ لَهُ، فَلَمَّا أَنْ وَلَّى قَالَ رَجُلٌ مِنْ الْمَجْلِسِ: أَتَدْرِي مَا قَطَعْتَ لَهُ؟ إِنَّمَا قَطَعْتَ لَهُ الْمَاءَ الْعِدَّ. قَالَ: فَانْتَزَعَهُ مِنْهُ

«Ӯ ба назди Паёмбар (с) омада, аз эшон ҷудо карда додани намакро (кӯҳи намакро) пурсид. Паёмбар (с) ба ӯ ҷудо карда доданд. Пас аз он ки ӯ баргашт, марде аз нишастагон гуфт: «Ё Расулуллоҳ оё медонед, ки чиро ҷудо карда додед? Шумо оби равонро ҷудо карда додед». Он гоҳ Паёмбар (с) аз ӯ бозпас гирифтанд».

Намакро ба об қиёс карданд, то тамомнашаванда будани онро нишон диҳанд.  Ин далели он аст, ки маъданҳои гуногун, аз қабили оҳан, мис, фосфор, уран, тилло ва ғайра, агар онҳо ба манбаи тамомнашаванда тааллуқ дошта бошанд, моликияти хусусӣ шуда наметавонанд.

Агар касе аз сокинони Судон мустақилона ба истихроҷи тилло машғул шавад, пас давлат аз ӯ барои хидмати сифр андоз меситонад!  Давлати мо капиталистӣ аст, он давлати андоз аст, на ғамхор.

Хукумати Судон низоми капиталистиро ба рохбарӣ гирифта, ин моликияти умумиро аз они давлат муқаррар намуд. Вазири молия ва банақшагирии иқтисоди Судон Ҷибрил Иброҳим тасдиқ кард, ки тилло аз они давлат аст, на  шахсони алоҳида. Ӯ афзуд: «Аммо мо ба афроди хусусӣ иҷоза додем, ки тиллоро кашф ва содир кунанд, аммо ин муваффақ нашуд.»  Намедонем, ин фатвои фосидро ӯ аз куҷо гирифтааст! Ин тааҷҷубовар нест дар шароите, ки кишвар ба ҷуз аз чӣ гуна бо ҳар роҳу восита пул ҷамъ кардан ташвиши дигаре надорад.

Дар мавриди давлати Хилофат бошад, дар ин бора назари хосе мавҷуд аст. Моликияти умумӣ яке аз ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлат буда, халифа онро зери назорат гирифта, барои манфиати мардум ғамхорӣ мекунад.

Доруқутнӣ ҳадиси аҷиби Моликро нақл кардааст, Ҳофиз ибни Ҳаҷар онро дар китоби «Фатҳ» овардааст ва аз ҷониби Ибни Абушайба низ дар «Мусаннаф» бо санади хуб ривоят шудааст.  Муҳаммад ибни Фузайл аз Ҳорун ибни Антор, ӯ аз падараш ривоят мекунад, ки гуфт: «Падарам дӯсти Канбар (хизматгори Алӣ) буд ва гуфт: «Ман бо Қанбар назди Алӣ рафтам, сипас Қанбар гуфт: «Эй амири мўъминон, биёед аз паси ман биравем, барои шумо чизе пинҳон кардам” ва Алӣ ҳамроҳаш ба манзилаш рафт. Пас аз расидан ба манзил Қанбар як зарфи пур аз тиллову нуқра нишон дод ва гуфт: Эй амири мӯъминон, барои худ чизе намегузоред, ҳама чизро тақсим мекунед ва ман инро барои шумо гузоштам.  Алӣ шамшерашро баровард ва гуфт: Вой бар ҳоли ту, хонаамро оташ заданӣ? Сипас Алӣ бо шамшери худ зарфро зад ва он ду пора шуд. Алӣ ҳамроҳи ёваронаш буд ва ба онҳо фармуд, ки ин тилло ва нуқраро ба қисмҳо тақсим кунанд.  Пас ёварони онро ба қисмҳо тақсим карданд ва Алӣ гуфт: «Эй тиллои зард, эй нуқраи сафед! Касеро хоҳед фирефта кунед, аммо маро не!”, “Ин беҳтарин чизест, ки ман ҷамъ овардаам, зеро ҳар ҷамъкунанда беҳтаринашро дар даҳони худ мегузорад!”. Алӣ (р) инчунин гуфтааст: «Дар байтулмол говрона, сӯзан ва хироҷ ҳаст, ки аз ҳар миллату коргар ҷамъоварӣ шуд».  Ба ёваронаш гуфт, ки «тақсим кунед» ва онҳо ҷавоб доданд: «Лозим нест».  Алӣ (р) дар ин бора гуфт: «Савганд ба зоте, ки ҷонам дар дасти ӯст, албатта ман ҳамаи инро тақсим мекунам».

Низоми капиталистӣ ягон ҳуқуқи инсонро эҳтиром намекунад. Танҳо давлате, ки бар ақидаи исломӣ бунёдшуда ҳуқуқи ҳар як инсонро риоя мекунад. Замони Хилофати Рошида бо изни Аллоҳ хеле наздик аст.

 

Махсус барои радиои Бахши иттилоотии марказӣ Ҳизби Таҳрир

Абдулхолиқ Абдун Алӣ

Аъзои бахши иттилотии Ҳизби Таҳрир дар Судон

17 Сафари соли 1444 ҳ.

Шояд ба шумо писанд ояд

Хабарҳои тоза
post-image Гуногун

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд!

Бурдани даъват барои барпои Хилофат вазифаи ҳамаи мусалмонон аст, ва онҳое ки барандагони даъватро шиканҷа мекунанд, — ҷинояткоронанд! Моҳи майи соли ҷорӣ кормандони истихборот...
post-image Гуногун

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ — Ношукрӣ нисбати шавҳар

БО ҲАМРОҲИИ ҲАДИСИ ШАРИФ Ношукрӣ нисбати шавҳар Мо шуморо, бародарони азиз, дар барномаи навбатии худ «Бо ҳадиси шариф» хушомадед мегӯем. Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи...
post-image Ар-Рая Матбуоти ҷаҳонӣ

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад!

Муовини вазорати корҳои хориҷаи Туркия Исроилро ба ҷиноят муттаҳам кард, аммо кишвараш кӯмакрасониро идома медиҳад! Рӯзи 27 феврали соли 2024 Хабаргузории Анадолу гузориш дод,...
Бештар
ads